🔎Factcheck.tj
277 subscribers
480 photos
18 videos
607 links
Первая фактчек-платформа Таджикистана

🔎Проверка высказываний, разоблачение фейков
🔺Борьба с фейками, манипуляцией и ложной информацией
🔍Журналистские расследования
🔻Тренинги/Инструменты
___
О нас 🔎 taplink.cc/factcheck.tj
Для связи 📲 @jmb_pictures
Download Telegram
🔺Корбарони қирғизии Facebook навори сӯхтори хонаҳоеро байни ҳамдигар паҳн карда истодаанд, ки дар он садои марде бо лаҳни тоҷикӣ бобати сӯхтани хонаҳои қирғизҳо шунида мешавад. Дар болои навор навишта шудааст, тоҷикон хонаҳои қирғизҳоро сӯзонида истодаанд.

🔎Навори мазкур кӯҳна буда, он дар вақти муноқишаҳои марзии 28-30-уми апрели соли 2021 васеъ паҳн шудааст. Корбарони қирғиз ин навори кӯҳнаро дубора дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун «навори тоза» паҳн карда истодаанд, ки ба ҳодисаҳои марзии ахир ҳеч иртиботе надорад.

📌Ҳукмнома: ДУРӮҒ
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#марз
#дурӯғ
#сӯхтори_хонаҳо
🔺Ахиран навори зарбазании тариқи бесарнишини БПЛА Bayraktar TB2, ки гуфта мешавад, аз тарафи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон анҷом дода шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо паҳн гардид.

🔎Бо вуҷуди он ки мақомоти Қирғизистон то ҳол пинҳон медорад, вале омӯзиши чанд ҷузъиёти навор маълум намуд, ки дарвоқеъ ҳолати аз ҷониби марзбонони Қирғизистон, рӯзи 16-уми сентябр истифода шудани бесарнишини «Байрактар» сабт шудааст.

📌Ҳукмнома: ҲАҚИҚАТ
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#марз
#ҳақиқат
#байрактар
🔺Саҳифаи қирғизие бо номи Kyrgyzkabar дар Instagram бо нашри матлабе хабар додааст, ки гӯиё дар муноқишаи марзии ахир аз Тоҷикистон 178 нафар фавтида, 300 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

🔎Матлаби саҳифаи қирғизии Kyrgyzkabar дар Instagram дар мавриди шумораи кушташудаҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари даргириҳои ахири марзӣ беасос аст. Чун Тоҷикистон то ба ҳол расман дар бораи хисороти ҳарбӣ ва ҷароҳатбардоштагон аз муноқишаҳои ахир иттилое пахш накардааст.

Пас, суоле ба миён меояд, ки Kyrgyzkabar дар такя ба кадом манобеи расмии Тоҷикистон ин маълумотро нашр кардааст.

📌Ҳукмнома: ДУРӮҒ
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#марз
#дурӯғ
#хисорот
🔺Санҷиш маълум кард, ки ҳеч кадоме аз расонаҳои хабарии Тоҷикистон дар ин бора чизе нанавиштаанд, ба ҷуз як канали телеграмии Ворух ТВ, ки асалан дар Тоҷикистон бо чунин ном расонае вуҷуд надорад.

🔎Ин дар ҳолест, ки сомонаҳои Марал FM, KNEWS, Вечерний Бишкек ва саҳифаҳои ин сомонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ айнан дар такя ба маводи Ворух ТВ хабари дасткоришудаеро омода намуда, матлаби як канали телеграмиро ҳамчун матлаби «расонаҳои Тоҷикистон» номидаанд.

📌Ҳукмнома: ДАСТКОРӢ
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#сурия
#марз
#дасткорӣ
#масҷид
#расонаҳо
#сӯхташуда
🔺19-уми сентябри соли ҷорӣ, яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Бежан Асанбеков дар саҳифаи фейсбукии худ ва гурӯҳи «Акыркы маалыматтар», ки бештар аз 148 ҳазор корбар дорад, навиштааст, гӯиё Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мебоист, бо мардуми кишвараш муроҷиат мекард, вале он лағв шуд, чун ӯ гирифтори сактаи мағзӣ шудааст.

🔎Омӯзиши чанде аз расонаҳои расмӣ ва каналҳои телеграмии бахши тоҷикӣ нишон доданд, ки ин навиштаи корбари қирғиз асоси воқеӣ надорад, чун 20-уми сентябр Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

📌Ҳукмнома: ФЕЙК
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#ӯзбекистон
#марз
#фейк
#президент
#сактаимағзӣ
🔺Содир Ҷабборов, Раисҷумҳури Қирғизистон 20-уми сентябри соли равон дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА суханронӣ намуда, Тоҷикистонро ба таҷовуз ба хоки кишвари зери роҳбариаш муттаҳам кард. Зимни суханрониаш Содир Ҷабборов чанд нуктаҳои шубҳанокро зикр намуд, ки дар ин мавод суханони ӯро мавриди санҷиш қарор додем.

🔎Санҷиши чанд нуктаи суханронии Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ нишон дод, ки ӯ дар суханрониаш аз Дурӯғ, Дасткорӣ ва Популизм истифода кардааст.

📌Ҳукмнома: ДУРӮҒ ва ДАСТКОРӢ
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#СММ
#марз
#дурӯғ
#дасткорӣ
#президент
#содир_ҷабборов
🔺Пойгоҳи далелсанҷии Factcheck.kg бо нашри аксе навиштааст, ки «Рӯзноманигорон тавассути моҳвораи NASA исбот карданд, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳамла кардааст». Пойгоҳи далелсанҷӣ ин хабарро ҳатто дар саҳифаи инстаграмии худ низ нашр намудааст. Акси дар мавод истифодашуда бидуни ишора ба манбаъ, бори аввал кай ва дар куҷо нашр шудааст, пешкаши хонандагон гардидааст. Аммо ин акс то куҷо ба муноқишаҳои марзии 14-17-уми сентябри соли равон тааллуқ дорад, мавриди санҷиш қарор гирифт.

🔎Пойгоҳи далелсанҷии Factcheck.kg дар маводи мазкур аксеро истифода кардааст, ки ба низои марзии ахир (14-17-уми сентябр) дахл надошта, он баргирифта аз муноқишаҳои марзии моҳи апрели соли 2021 аст.

📌Ҳукмнома: ДУРӮҒ БО УНСУРҲОИ ДАСТКОРӢ
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#NASA
#марз
#дасткорӣ
#дурӯғ
#акси_сӯхтор
🔺19-уми сентябри соли равон YouTube-канали NF Mеdia навореро нашр кардааст, ки дар он тавре дида мешавад, як гурӯҳи калони низомиён ба кӯҳ баромада истодаанд. Дар навор омадааст, ки гӯиё ин гурӯҳи низомиёнро Туркия ҳамчун кӯмак ба Қирғизистон фиристодааст.

🔎Омӯзиши чанд ҷузъиёти навор нишон дод, ки ин гурӯҳи низомиёни дар наворбуда аз ҷониби Туркия ҳамчун кӯмак ба Қирғизистон фиристода нашудаанд. Ҳатто дар ин бора ягон расонаҳои расмии дохиливу хориҷӣ маълумоте нашр накардаанд.

📌Ҳукмнома: ФЕЙК
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#туркия
#марз
#фейк
#низомиён
🔺Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҳаракати қатори нақлиёти ҳарбӣ таҳти унвони «Эрон ба Тоҷикистон кӯмак мекунад» нашр шудааст. Ин навор дар ҳоле паҳн мешавад, ки аз 14-ум то 17-уми сентябри соли равон дар чанд минтақаи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон даргириҳо миёни нерӯҳои ҳарбии ду кишвар рух дод.

🔎Ин навор ба муноқишаҳои марзии 14-17-уми сентябр ва байни Тоҷикистону Эрон ҳеч иртиботе надошта, қатори нақлиёти ҳарбӣ дар яке аз шаҳрҳои Русия сабт шудааст.

📌Ҳукмнома: ФЕЙК
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#эрон
#марз
#фейк
#кӯмаки_ҳарбӣ
🔺Охири моҳи декабри соли гузашта байни корбарони гурӯҳи фейсбукии «АХБОР БАРОИ АФКОР» акси Раисҷумҳури Қирғизистон бо кӯдаке, ки дар даст бозичаи худсохти яроқгунае дорад, паҳн шуд. Дар паҳлӯи Раисҷумҳур Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев низ дида мешавад.

🔎Раисҷумҳури Қирғизистон воқеан ҳам зимни сафари худ дар вилояти Бодканд бо кӯдаке, ки дар даст бозичаи худсохти яроқгунаро дорад, акс гирифтааст. Ин аксро дар сомонаи расмии Раисҷумҳури Қирғизистон низ дидан мумкин аст.

📌Ҳукмнома: ҲАҚИҚАТ
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#бодканд
#марз
#ҳақиқат
#президент