📕 Дарси 9 | Тавсияҳо барои раҳоӣ аз вобастагии зиёд ба смартфон
🖍 Ҳаёти имрӯзаи моро бидуни смартфонҳо тасаввур кардан анқариб ғайриимкон шудааст ва он ба «одати ҳамешагӣ» мубаддал гаштааст. Зангу суҳбатҳои телефонӣ, ирсолу қабули паёмакҳо, мубодилаи аксу садо, тамошои наворҳо, хондани ахбору маводи гуногуни шабакаҳои иҷтимоӣ аз як ҷиҳат то ҷое ба меъёри зиндагии ҳамарӯзаи мо табдил ёфтааст ва аз ҷиҳати дигар, мо «вобаста»-и ҳамаи он шудаем. Тадқиқот нишон медиҳад, ки дар баробари бартариятҳо, истифодаи аз меъёр зиёди дилхоҳ дастгоҳи рақамӣ, хоса смартфону телефон сарчашмаи асосии стресс ва баъзе бемориҳои дигар аст.
🖍 Аз ин рӯ, зарурати риояи беҳдошт ё гигиенаи истифодаи телефонҳои мобилӣ ба миён омадааст. Муоширати зинда бо аҳли оилаву пайвандон, сайру гашт дар ҳавои тоза, китоб хондан, машғул шудан бо шуғли дӯстдоштаи худ ба шумо кӯмак мекунад, то бо стресс мубориза баред ва аз бемории «вобастагӣ» ба телефон раҳоӣ ёбед!
@factcheck_tj
___
#factchecktj
#дарс
#омӯзиш
#роҳнамо
#бехатариирақамӣ
#смартфон