📕 Дарси 7 | Шаш роҳи ҳимоя аз фишинг
🖍 Фишинг – як намуди хеле маъмули қаллобӣ дар Интернет аст. Ҳадафи асосии он ба даст овардани маълумоти шахсӣ, рамзу гузарвожа, рақамҳои корти бонкӣ ё дигар маълумоти муҳими корбарон дониста мешавад.
🖍 Рахнагарон ё қаллобон гоҳо барои ҷалби корбарон мағозаҳои интернетии қалбакӣ, бонкҳои сохта ва ҳар гуна бозиҳои бурдноку иқдомҳои қалбакӣ эҷод мекунанд. Ба таври визуалӣ, чизҳои сохтаи қаллобон аз шакли аслӣ чандон фарқ намекунад. Аз ин рӯ, як корбар аз беэҳтиётӣ маълумоти муҳими шахсии худро бо розигии худ ворид мекунад ва қаллобон зуд ба он соҳиб мешаванд.
🖍 Қаллобон метавонанд, бо истифода аз фишинг саҳифа ё почтаи электронӣ ва ё ҳамёнҳои электронии корбарро рахна кунанд ва ба маълумоти арзишманд, ба вижа суратҳисоби бонкии корбар дастрасӣ пайдо намоянд!
@factcheck_tj
___
#factchecktj
#дарс
#омӯзиш
#роҳнамо
#бехатариирақамӣ
#фишинг