📕 Дарси 8 | Панҷ роҳи мубориза бо сайберозорӣ
🖍 Вақтҳои ахир вожаи «кибербуллинг» дар фазои рақамӣ хеле маъмул мешавад.
🖍 Кибербуллинг ё ба истилоҳи тоҷикӣ «сайберозорӣ» – ин таҳқиру озор ва таҳдид дар Интернет аст, ки аз ҷониби гурӯҳи одамон нисбати як шахс ё ширкат равона карда шудааст. Мисол, шарҳу нашрҳои оҳанги зӯроваридошта, эҷоди гурӯҳу каналҳо ва наворҳое, ки шахсро таҳқир мекунанд, интишори маълумоти шахсӣ ва ғайраҳо. Агар боз ҳам сода карда гӯем, «буллинг» дар маҷмӯъ як навъи хушунати ҷисмонӣ ё равонӣ нисбат ба дигарон буда, «кибербуллинг» ҳамон хушунат аст, вале танҳо дар фазои рақамӣ.
🖍 Тибқи таҳлилҳо ҳар чӣ қадаре, ки шабакаҳои иҷтимоӣ рушд кунанд, ҳамон қадар шаклҳои гунонуни таҳқири онлайнӣ зиёд мешаванд. Бинобар ин, волидайнро зарур аст, ки дар бораи сайберозорӣ бо фарзандони худ ҳамсуҳбат шуда, онҳоро огаҳ созанд ва роҳҳои ҳифозат бо онро фаҳмонанд!
@factcheck_tj
___
#factchecktj
#дарс
#омӯзиш
#роҳнамо
#бехатариирақамӣ
#кибербуллинг
#сайберозорӣ