🔎Factcheck.tj
273 subscribers
501 photos
18 videos
612 links
Первая фактчек-платформа Таджикистана

🔎Проверка высказываний, разоблачение фейков
🔺Борьба с фейками, манипуляцией и ложной информацией
🔍Журналистские расследования
🔻Тренинги/Инструменты
___
О нас 🔎 taplink.cc/factcheck.tj
Для связи 📲 @jmb_pictures
Download Telegram
📕 Дарси 1 | Чӣ гуна хабарҳои бофтаро муайян кард?

🖍 Дар асри иттилоот маҳорати хондану навиштан дигар нишондиҳандаи савод маҳсуб намешавад... Сарфи назар аз он ки чӣ гуна мо дастрасӣ ба хабарро дорем, хоҳ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, хоҳ тариқи расонаҳои мухталиф ва ë тариқи васоити ахбори оммаи давлативу хусусӣ, хатари бархӯрд бо хабарҳои бофтаю сохта ва ё ҷаълӣ (фейкӣ) дар ҳар лаҳза моро таҳдид мекунад.

🖍 Ҳоло чанд тавсияеро доир ба муайян кардани ахбори бофта дар шакли баргаҳои иттилоотӣ бароятон гирд овардаем, ки ин ҷо пешкашатон медорем.

@factcheck_tj
___
#factchecktj
#дарс
#омӯзиш
#роҳнамо
📕 Дарси 2 | Манбаъҳои расмӣ доир ба COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

🖍 Хонандагони арҷманд, ҳанӯз дар соли 2020 рӯйхати чанд манбаи расмиеро дар шакли баргаҳои иттилоотӣ ва бо пайванд ба сарчашмаи онро гирд оварда будем, ки ҳангоми зарурат метавонед, аз он истифода намоед.

@factcheck_tj
___
#factchecktj
#дарс
#омӯзиш
#роҳнамо
📕 Дарси 3 | Панҷ рафтори масъулиятшиносонаи онлайн

🖍 Ҳангоми кор дар олами маҷозӣ (Интернет) бояд эҳтиёткорона рафтор кард. Ин ҷо чанд тавсияеро дар шакли баргаҳои иттилоотӣ пешкаш мекунем, ки метавонед аз онҳо истифода баред.

🖍 Агар хоҳед, ки дар олами маҷозӣ рафтори бо масъулият дошта бошед, пас ин ҳама тавсияҳо маҳз барои шумост!

@factcheck_tj
___
#factchecktj
#дарс
#омӯзиш
#роҳнамо
#бехатариирақамӣ
📕 Дарси 4 | Идораи хатарҳои рақамӣ

🖍 Ҳифозати рақамӣ худ раванд аст. Раванде, ки аз ҳар як корбар вобастагӣ дорад.

🖍 Ин ҷо чанд қоидаҳои таҳкими ҳифозати рақамиро бароятон пешкаш мекунем, ки риояи он дар шароити кунунӣ басо муҳим ва зарурист, хусусан агар шумо ҳамарӯза дар олами маҷозӣ сару кор мегиред.

@factcheck_tj
___
#factchecktj
#дарс
#омӯзиш
#роҳнамо
#бехатариирақамӣ
📕 Дарси 5 | Вижагиҳои гузарвожа (парол)-и мураккаб

🖍 Мавзӯи бехатарӣ дар Интернет паҳлӯҳои зиёде дорад. Дар баробари манфиатҳои бешумор Интернет ба аслиҳае шабоҳат дорад, ки агар корбар истифодаи дурусти онро надонад, метавонад ба худаш зарар расонад.

🖍 Аз қоидаҳои одитарини он, мисли интихоби гузарвожа (парол)-и мураккаб, зуд-зуд иваз намудани гузарвожаҳо, яксон набудани онҳо дар ҳама таҷҳизоти истифодашаванда, боргирӣ намудан танҳо аз сомонаҳои расмӣ, нагузоштани аломатҳои «писанд» (like) ба расму мавзӯъҳои тарғиботии гурӯҳҳои харобкор, баҳсу мунозира накардан бо троллҳо, ки чӣ гуна бо кибербуллингҳо (сайберозорӣ) муносибат кардан, бояд огоҳ буд.

🖍 Бо истифода аз ин тавсияҳо шумо метавонед, гузарвожаҳои худро боз ҳам мураккабтару мустаҳкамтар гардонед!

@factcheck_tj
___
#factchecktj
#дарс
#омӯзиш
#роҳнамо
#бехатариирақамӣ
📕 Дарси 6 | Хатари пайвандҳои ношинос

🖍 Ҳамарӯза тавассути почта ё суроғаҳои электронию шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо мо аз чандин нафари шиносу ношинос паёмакҳо қабул мекунем. Гоҳо мешавад, ки пайванд (ссылка)-ҳои гуногунро равон карда, хоҳиш мекунад, то ба он нохун занем ва ё ба «иқдоме» ширкат варзем. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳамаи пайвандҳо барои амнияти рақамӣ ва ҳифзи додаҳои мо бехатар ҳастанд.

🖍 Ҳангоми ворид шудан ба сомонаҳои фишингӣ, хатари дуздидани маълумоти шахсии корбар, аз ҷумла рамзу гузарвожаҳои саҳифаи иҷтимоӣ, ҳамёну почтаҳои электронии корбар, вуҷуд дорад. Яъне, бо доштани ин маълумот қаллобон метавонанд, дороиҳои рақамии корбарро ғайриқонунӣ истифода карда, ба ӯ зарар расонад.

🖍 Аз ин лиҳоз, тавсия дода мешавад, ки ба пайвандҳои шубҳанок набояд ворид шуд!

@factcheck_tj
___
#factchecktj
#дарс
#омӯзиш
#роҳнамо
#бехатариирақамӣ
🌷Кулли ҳамватанони азизро бо Наврӯзи оламафрӯз табрику муборакбод мегӯем!

🤝 Бо эҳтиром, Factcheck.tj
___
#factchecktj
#nawruz
#навруз
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
📕 Дарси 7 | Шаш роҳи ҳимоя аз фишинг

🖍 Фишинг – як намуди хеле маъмули қаллобӣ дар Интернет аст. Ҳадафи асосии он ба даст овардани маълумоти шахсӣ, рамзу гузарвожа, рақамҳои корти бонкӣ ё дигар маълумоти муҳими корбарон дониста мешавад.

🖍 Рахнагарон ё қаллобон гоҳо барои ҷалби корбарон мағозаҳои интернетии қалбакӣ, бонкҳои сохта ва ҳар гуна бозиҳои бурдноку иқдомҳои қалбакӣ эҷод мекунанд. Ба таври визуалӣ, чизҳои сохтаи қаллобон аз шакли аслӣ чандон фарқ намекунад. Аз ин рӯ, як корбар аз беэҳтиётӣ маълумоти муҳими шахсии худро бо розигии худ ворид мекунад ва қаллобон зуд ба он соҳиб мешаванд.

🖍 Қаллобон метавонанд, бо истифода аз фишинг саҳифа ё почтаи электронӣ ва ё ҳамёнҳои электронии корбарро рахна кунанд ва ба маълумоти арзишманд, ба вижа суратҳисоби бонкии корбар дастрасӣ пайдо намоянд!

@factcheck_tj
___
#factchecktj
#дарс
#омӯзиш
#роҳнамо
#бехатариирақамӣ
#фишинг
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
📕 Дарси 8 | Панҷ роҳи мубориза бо сайберозорӣ

🖍 Вақтҳои ахир вожаи «кибербуллинг» дар фазои рақамӣ хеле маъмул мешавад.

🖍 Кибербуллинг ё ба истилоҳи тоҷикӣ «сайберозорӣ» – ин таҳқиру озор ва таҳдид дар Интернет аст, ки аз ҷониби гурӯҳи одамон нисбати як шахс ё ширкат равона карда шудааст. Мисол, шарҳу нашрҳои оҳанги зӯроваридошта, эҷоди гурӯҳу каналҳо ва наворҳое, ки шахсро таҳқир мекунанд, интишори маълумоти шахсӣ ва ғайраҳо. Агар боз ҳам сода карда гӯем, «буллинг» дар маҷмӯъ як навъи хушунати ҷисмонӣ ё равонӣ нисбат ба дигарон буда, «кибербуллинг» ҳамон хушунат аст, вале танҳо дар фазои рақамӣ.

🖍 Тибқи таҳлилҳо ҳар чӣ қадаре, ки шабакаҳои иҷтимоӣ рушд кунанд, ҳамон қадар шаклҳои гунонуни таҳқири онлайнӣ зиёд мешаванд. Бинобар ин, волидайнро зарур аст, ки дар бораи сайберозорӣ бо фарзандони худ ҳамсуҳбат шуда, онҳоро огаҳ созанд ва роҳҳои ҳифозат бо онро фаҳмонанд!

@factcheck_tj
___
#factchecktj
#дарс
#омӯзиш
#роҳнамо
#бехатариирақамӣ
#кибербуллинг
#сайберозорӣ