🔎Factcheck.tj
273 subscribers
501 photos
18 videos
612 links
Первая фактчек-платформа Таджикистана

🔎Проверка высказываний, разоблачение фейков
🔺Борьба с фейками, манипуляцией и ложной информацией
🔍Журналистские расследования
🔻Тренинги/Инструменты
___
О нас 🔎 taplink.cc/factcheck.tj
Для связи 📲 @jmb_pictures
Download Telegram
🔺Сокинони Тоҷикистон то ҳоло танҳо ба воситаи ду ширкат – «Расул-Сохтмон» ва «Ормон» – метавонистанд, ба ҳаҷҷи умра раванд. Ин ширкатҳо барои сорбонӣ ё роҳбарии ҳаҷҷи умра «ҳаққи ягона» ё истисноӣ доштанд. Вале акнун муҳлати қарордоди ихтисосии онҳо бо Кумитаи дин ба поён расидааст ва эҳтимоли зиёде нест, ки он давом дода шавад. Шояд бо ду ширкат маҳдуд будани ҳаҷ яке аз сабабҳои гаронии сафари зоирон дар қиёс бо баъзе аз ҳамсоякишварҳо буд.

🔎Ба гуфтаи манбаъҳои мо, ба зудӣ ҷойи ин ду сорбони ҳаҷро як ширкати нав мегирад ва мумкин аст, бо монополитар ва гаронтар шудани ин сафар ҳаққу имкони шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Каъба боз ҳам маҳдудтар хоҳад гашт.

👉Таҳқиқоти мо дар ин бора бештар нақл мекунад!
___
#factchecktj
#ҳаҷҷ
#таҳқиқ
🔺Бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон, ҳар сол мавзӯи сафари ҳаҷ дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегирад. Factcheck.tj соли гузашта дар робита ба масъалаи сафари ҳаҷҷи умра таҳқиқотеро таҳти унвони «Монополия ва монеаҳои сафари ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон» анҷом дода буд.

☝️Ҳоло, ки ин мавзӯъ дубора дар Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад, метавонед маълумоти бештарро аз таҳқиқоти мо пайдо намоед!

👉Ба тоҷикӣ аз ин ҷо хонед!
👉А на русском можете тут прочитать!
___
#factchecktj
#ҳаҷҷ
#хадж
#таҳқиқ
#расследование