🔎Factcheck.tj
271 subscribers
480 photos
18 videos
607 links
Первая фактчек-платформа Таджикистана

🔎Проверка высказываний, разоблачение фейков
🔺Борьба с фейками, манипуляцией и ложной информацией
🔍Журналистские расследования
🔻Тренинги/Инструменты
___
О нас 🔎 taplink.cc/factcheck.tj
Для связи 📲 @jmb_pictures
Download Telegram
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
🔎Дарси 5 | Кор бо YouTube DataViewer

Дарси навбатии мо доир ба «YouTube DataViewer» – яке аз воситаҳои муфиди далелсанҷӣ, маълумот медиҳад, ки он барои ҷустуҷӯи видеои асл ё ба он шабеҳ ва санаи дақиқи навор, ки дар YouTube гузошта шудааст, пешбинӣ гаштааст.

Абзори мазкур аз худи видеои аслӣ кадрҳои алоҳида месозад ва имкон медиҳад, ки тавассути Google Image Search ҷустуҷӯ намоед.
___
#видеоурок
#навори_дарсӣ
#factchecktj
#Internews
#Интерньюс
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
🔎Дарси 6 | Кор бо Who.is

Дарси шашуми Factcheck.tj боз ба яке аз абзорҳои муҳими далелсанҷӣ бахшида шудааст. Ин абзор Who.is ном дошта, он бештар барои дарёфти маълумоти зарурӣ/иловагӣ оид ба ин ё он сомона пешбинӣ гаштааст.
___
#видеоурок
#навори_дарсӣ
#factchecktj
#Internews
#Интерньюс
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
🔎Дарси 7 | Кор бо EXIF

Jeffrey’s Image Metadata Viewer – аз маъмултарин маъхазҳо барои дарёфти маълумоти таркиби акс (метамаълумот) пешбинӣ гардидааст. Акс ва маълумоте, ки тавассути ин абзор санҷида мешавад, ба касе дода нахоҳад шуд ва ҳатто зимни санҷиш маълумоти он сабт карда намешавад.

Дарси ҳафтуми мо дар ин бора бештар нақл мекунад👇👇👇
___
#видеоурок
#навори_дарсӣ
#factchecktj
#Internews
#Интерньюс
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
🔎Дарси 8 | Кор бо Webmii

Дарсҳои омӯзишии мо дар самти абзорҳои далелсанҷӣ идома дорад. Ин навбат доир ба абзори онлайнии Webmii маълумт медиҳем, ки он барои санҷидан ва тафтиш кардани фаъолияти одамон кӯмак мерасонад. Кофист, ки ному насаби ягон нафарро дар ҷустори абзори мазкур нависед, то саҳифаҳои он шахсро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бароятон пешкаш намояд. Инчунин, барои санҷиш ё тайиди коршиносону мутахассисон василаи хубест.
___
#видеоурок
#навори_дарсӣ
#factchecktj
#Internews
#Интерньюс
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
🔎Дарси 2 | Манбаъҳои расмӣ доир ба COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (баргаҳо)

Хонандагони арҷманд, дар зер рӯйхати чанд манбаи расмиеро дар шакли баргаҳои иттилоотӣ ва бо пайванд ба сарчашма гирд овардем, ки аз он метавон ҳамчун маълумоти боэътимод доир ба коронавирус дар Тоҷикистону ҷаҳонро пайдо кардан мумкин аст☝️☝️☝️
___
#баргаҳо
#корт
#factchecktj
#Internews
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
🔎Дарси 10 | Кор бо Google Images ва Яндекс.Картинки

Google Images ва Яндекс.Картинки – аз абзорҳои вижаест, ки барои дарёфти тасвирҳо/акс/сурат дар Интернет пешбинӣ шудааст.

Муфассалтар дар маводи FactCheck.TJ👇👇👇
___
#видеоурок
#навори_дарсӣ
#factchecktj
#Internews
#Интерньюс
​​#Эдьютон2021 идома дорад 😊

Ҷаласаи аввали рӯзи сеюми семинари инноватсионии #Эдьютон2021 ба далелсанҷӣ бахшида шуда буд.

Барандаи сессия Ҷамшеди Маъруф- ҳаммуаллифи платформаи #FactCheck_TJ дар Тоҷикистон, мураббии саводнокии расонаиву рақамӣ буд.

Ҷамшед давоми ҷаласаи худ абзорҳои санҷиши далелҳоеро гуфт, ки қариб барои ҳама кор меоянд:

👉 Archive >> http://archive.today/ >> - абзор барои сабти сомонаҳо. Агар ба маводе, ки шумо сарукор мегиред, тағйирот ворид кунанд, шумо бо истифодаи ин абзор шакли маводи аслиро барои худ сабт карда метавонед.

👉 WebMii >> https://webmii.com/ >> абзор барои ҷустуҷӯйи одамон.

👉 TinEye >> https://tineye.com/ >> ҷустуҷӯйи тасвирҳо дар интернет. Ин абзор натиҷаҳои дақиқро нисбат ба Google ва Yandex таъмин мекунад. Ҳатто як пора ва ё тасвири пастсифат барои ҷустуҷӯй кофист.

👉 Jeffrey's Image Metadata Viewer >> http://exif.regex.info/exif.cgi >> ин абзор барои тафтиши метамаълумот ва маълумоти EXIF кӯмак мекунад. Он ба шумо имконият медиҳад, ки рӯз, вақт, макон, модели камера ва ҳама маълумотро дар бораи акс дарёфт кунед. Мутаассифона, на ҳама тасвирҳо дар Интернет маълумотҳои мета ва EXIF-и худро ​​ҳифз карда метавонанд. Вале ҳамеша бояд ҷустуҷуй кардан лозим аст.

👉 Youtube DataViewer >> https://citizenevidence.amnestyusa.org/ >>
абзор барои ҷустуҷӯйи навор аст. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки намунаи аслӣ ва бори аввал зеркашӣ шудани наворро дарёфт кунед.

Ҷаласа дар доираи семинари инноватсионии #Эдьютон2021 доир мегардад.

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии #MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

#internewstj #MediaCAMP
#rasonasozon #Эдьютон2021
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
🔎Дарси 3 | Панҷ рафтори масъулиятшиносонаи онлайн (баргаҳо)

Ҳангоми кор дар олами маҷозӣ (Интернет) бояд эҳтиёткорона рафтор кард.
Агар хоҳед, ки дар олами маҷозӣ рафтори бо масъулият дошта бошед, пас ин ҳама тавсияҳо маҳз барои шумост☝️☝️☝️
___
#баргаҳо
#корт
#factchecktj
#Internews
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
🔎Дарси 4 | Идораи хатарҳои рақамӣ (баргаҳо)

Ҳифозати рақамӣ худ раванд аст. Раванде, ки аз ҳар як корбар вобастагӣ дорад.

Ин ҷо чанд қоидаҳои таҳкими ҳифозати рақамиро бароятон пешкаш мекунем, ки риояи он дар шароити кунунӣ басо муҳим ва зарурист, хусусан агар шумо ҳамарӯза дар олами маҷозӣ сару кор мегиред☝️☝️☝️
___
#баргаҳо
#корт
#factchecktj
#Internews
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
🔎Дарси 5 | Вижагиҳои гузарвожа (парол)-и мураккаб (баргаҳо)

Мавзӯи бехатарӣ дар Интернет паҳлӯҳои зиёде дорад. Дар баробари манфиатҳои бешумор Интернет ба аслиҳае шабоҳат дорад, ки агар корбар истифодаи дурусти онро надонад, метавонад ба худаш зарар расонад. Аз қоидаҳои одитарини он, мисли интихоби гузарвожа (парол)-и мураккаб, зуд-зуд иваз намудани гузарвожаҳо, яксон набудани онҳо дар ҳама таҷҳизоти истифодашаванда, боргирӣ намудан танҳо аз сомонаҳои расмӣ, нагузоштани аломатҳои «писанд» (👍) ба расму мавзӯъҳои тарғиботии гурӯҳҳои харобкор, баҳсу мунозира накардан бо троллҳо, ки чӣ гуна бо кибербуллингҳо (киберозорӣ) муносибат кардан, бояд огоҳ буд☝️☝️☝️
___
#баргаҳо
#корт
#factchecktj
#Internews
​​Инак, Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаиро кушода гуфта эълон мекунем 📣

Ҷашнвора рӯзҳои 20, 21, 22-уми майи соли равон, аз соати 17:00 то 19:00 дар формати онлайнӣ ва оффлайнӣ дар "Хонаи СИР"-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Маросими ифтитоҳии ҷашнвора доир гардид ва иштирокчиёни он бо якдигар ошноӣ пайдо карда, бо барнома шинос шуданд.

Пас аз маросими ифтитоҳи ҷаласаи панелӣ дар мавзуъи "СИР дар ҳаёти рӯзмара" доир гардид.

Дар он коршиносони соҳа аз нақши СИР дар ҳаёти рӯзмарраи мо нақл намуда, таъкид карданд, ки донандаи саводнокии иттилотиву расонаӣ будан на танҳо барои рӯзноманигорон, балки барои ҳама хеле муҳим аст.

"Далелсанҷӣ дар давраи пандемия ва ё ҳангоми сар задани ин ё он низое, ки дар марз ба вуҷуд омад, бештар талабот пайдо кард. Зеро, ҷараёни иттилооти азими бардурӯғ боиси паҳн шудани хабарҳои ҷаълӣ ё фейкҳои гуногун миёни мардуми одӣ шуд", - мегӯяд Ҷамшед Маъруф, сармуҳаррир ва ҳаммуассиси аввалин платформаи далелсанҷии Тоҷикистон - Factcheck.tj

"Доимо дар донишгоҳ муаллимон ва ё дар ҷои корӣ муҳарриронамон ба мо мегуфтанд, ки пеш аз нашри ин ё он иттилоот ҳадди аққал аз се манбаъ онро бисанҷед. Вале таҷрибаи далелсанҷӣ нишон медиҳад, ки ин принсип ё талаботи журналистика, мутаассифона, на ҳамеша риоя карда мешавад. Танҳо он расонаҳое, ки ба фаъоляти худ арҷ мегузоранд ва онро қадр мекунанд, ба тафтиши дубораи иттилоот машғуланд".


Ҳамзамон камбудиҳои кориро низ мураббии расонаӣ таъкид кард:

"Аммо бояд баъзе мушкилотро низ қайд кунем. Мо дар кишвари худ манбаъҳои кушод кам дорем. Ё ҳастанду ғайрифаъоланд. Дар шароити кунунӣ, маълумоти боэътимоди манбаъҳои расмӣ басо муҳим ва саривақтист. Чун холигии фазои иттилоотӣ он ҳам бо камбуди манбаъҳои кушод, паёмадҳои худро низ дорад".

Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаиро шарики #internewstj - "Центр медиации и разрешения конфликтов" доир мекунад.

Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаӣ дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

#internewstj #MediaCAMP
#MIDLHouse #midlfest2021
#midlfest2021_sughd #Хонаи_СИР
#medialiteracy #rasonasozon
​​Рӯзи сеюми Ҷашнвораи саводнокии иттилотиву расонаӣ оғоз шуд🥳

Аввалин ҷаласароҶамшед Маъруф дар мавзуъи "Далелсанҷиро меомӯзам" доир мекунад.

"Далелсанҷӣ таҳлил намекунад, агар андешаи субъективӣ, фарзияву ҳисобу китоби тахминӣ ва далелҳои умумӣ бошад" - мегӯяд коршинос.

Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаиро шарики #internewstj - "Центр медиации и разрешения конфликтов" доир мекунад, ки метавонед ба саҳифаи онҳо дар Facebook ворид шуда, ҷашнвораро мустақиман тамошо кунед.

Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаӣ дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

#internewstj #MediaCAMP
#MIDLHouse #midlfest2021
#midlfest2021_sughd #Хонаи_СИР
#medialiteracy #rasonasozon
​​Ҷамшед Маъруф, сармуҳаррир ва ҳаммуассиси аввалин платформаи далелсанҷии Тоҷикистон - Factcheck.tj - ҷаласаи навбатии Ҷашнвораи СИР ро идома медиҳад.

Нуқтаҳои муҳими ҷаласаи коршиносро ба ҳам овардем:

‼️ Натанҳо рӯзноманигорон бояд далелсанҷӣ кунанд. Ин барои ҳар як шахс, ки истеъмолкунандаи иттилоот аст, зарур мебошад;

‼️ Андешаҳои субъективӣ, далелҳои умумӣ бошад, далелсанҷӣ гузаронида намешавад;

Ҳамзамон, мураббии расонаӣ аз кабудиҳои корӣ низ таъкид кард:

"Аммо бояд баъзе мушкилотро низ қайд кунем. Мо дар кишвари худ манбаъҳои кушод кам дорем. Ё ҳастанду ғайрифаъоланд. Дар шароити кунунӣ, маълумоти боэътимоди манбаъҳои расмӣ басо муҳим ва саривақтист. Чун холигии фазои иттилоотӣ он ҳам бо камбуди манбаъҳои кушод, паёмадҳои худро низ дорад".

Аз ин линк метавонед пахши мустақими Ҷашнвораро тамошо кунед:

https://fb.watch/5QpmfsatjT/

Ҷашнвораи СИР-ро шарики Интернюс - @MIDLHouseKhorog баргузор мекунад.
Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаӣ дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

#internewstj #MediaCAMP
#MIDLHouse #midlfest2021
#midlfest2021_sughd #Хонаи_СИР
#medialiteracy #rasonasozon