Digital Tajikistan
118 subscribers
266 photos
21 videos
58 links
🇹🇯Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

🇬🇧Agency of Innovation and Digital Technologies under the President of the Republic of Tajikistan

https://linktr.ee/digital.gov.tj
Download Telegram
Дар доираи Саммит, 18 ноябр дар шаҳри Токио бо мақсади муаррифии зарфиятҳо ва имкониятҳои соҳаи технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии канорӣ таҳти унвони «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, директор Агентӣ Ҳуршед Мирзо вобаста ба имкониятҳо, афзалиятҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои инноватсия ва технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Чорабинии мазкур ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ равона гардида, дар он резидентҳои IT Park Dushanbe ва ширкатҳои пешрафтаи соҳаи IT-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Намояндагони ширкатҳои ватанӣ бо ширкатҳо ва доираҳои соҳибкории Ҷопон вохӯриҳои судманд анҷом дода, таҷрибаи пешқадам, имкониятҳои ҳамкорӣ, лоиҳаҳои муштарак ва маҳсулоту хизматрасониҳои рақамии худро муаррифӣ намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои рушди стартапҳо, ҷалби сармоягузорӣ, содироти хизматрасониҳои рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши робитаҳои мустақими тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гузаронидани чорабинии «Tajik-Japan Digital Business Connect» қадами муҳим дар самти муаррифии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ гардида, он ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия мусоидат менамояд.
🔥3👍1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Bridging Tajikistan and Japan through technology, innovation, and shared ambition. The Tajik–Japan Digital Business Connect opened new conversations, new ideas, and new opportunities for collaboration.
#Innovation #DigitalEconomy #Tajikistan #Japan
🔥42
Имзои Ёддошти тафоҳум байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва ширкати ҷопонии MASUI CO., LTD дар доираи Форуми тиҷоратии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон»

Санаи 20 декабр, дар доираи нахустин Саммити сарони давлатҳои «Муколаммаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон», Форуми тиҷоратии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷопон ва дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ таҳкими минбаъдаи муносиботи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, хусусан бо таваҷҷуҳ ба самтҳои рушди иқтисоди сабз ва устувор, рақамикунонӣ, молия, зарфияти инсонӣ ва низоми иҷтимоӣ барои тиҷорат мебошад.
6
Дар чорабини мазкур директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баромад намуда, дастовардҳо, имкониятҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои инноватсия ва технологияҳои рақамии кишварро муаррифӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар Форуми мазкур байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати MASUI CO., LTD-и Ҷопон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Санади мазкур ба рушди ҳамкории дуҷониба дар самти татбиқ ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи кишоварзӣ равона гардида, ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологиҳои рақамии муосир ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум қадами муҳиме дар таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешрафтаи Ҷопон арзёбӣ гардида, барои рушди кишоварзии рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва табодули донишу таҷриба заминаи мусоид фароҳам меорад.
👍5
Имзои санади ҳамкорӣ байни паркҳои технологии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон

Санаи 20 декабр дар шаҳри Токио дар доираи Форуми тиҷоратии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» байни IT Park Dushanbe Ҷумҳурии Тоҷикистон, IT Park-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Astana Hub Ҷумҳурии Қазоқистон санади сеҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Санади мазкур ба таҳким ва густариши ҳамкории сеҷониба дар самти иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва рушди экосистемаҳои инноватсионӣ равона гардида, заминаи мусоид барои ҳамгироии инфрасохтори рақамӣ ва иқтидори инсонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фароҳам меорад.
IT Park Dushanbe ҳамчун маркази муҳими рушди ширкатҳои технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи санади имзошуда ният дорад ҳамкориро бо шарикони минтақавӣ тақвият бахшида, барои резидентҳои худ имкониятҳои нави табодули таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва воридшавӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалиро муҳайё намояд.
👍5
Чонибҳо дар самти табодули донишу таҷриба оид ба идоракунӣ ва рушди IT Park-ҳо, дастгирии стартапҳо, соҳибкории инноватсионӣ, татбиқи ҳалли рақамӣ дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак бо иштироки намояндагони бахши давлатӣ ва хусусӣ ҳамкории зич ба роҳ мемонад.
Имзои санади ҳамкорӣ қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамгироии рақамии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани рақобатпазирии минтақа дар бозори ҷаҳонии технологияҳои рақамӣ ва рушди устувори соҳаи инноватсия мусоидат менамояд.
👍3
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Бо мақсади таъмини шаффофият, дастрасӣ ва самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2025, таҳти рақами 1046 «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ» ба тасвиб расид.
Хизматрасониҳои давлатӣ марҳила ба марҳила ба шакли рақамӣ гузаронида шуда, тавассути портали ягонаи «khizmat.ehukumat.tj» бо баҳисобгирии дақиқ ва шаффоф пешниҳод мегарданд.
Ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки дар портал ташаккул меёбанд, эътибори ҳуқуқии баробар бо ҳуҷҷатҳои коғазии бо имзои дастӣ тасдиқшударо доро мебошанд.
Ҳалли рақамӣ нишонаи ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қадами устувор ба сӯи ояндаи беҳтар.
👍4🔥3
Мепурсанд, ки инноватсия чист?
Ҷавоб ба ин савол ҳар рӯз навишта мешавад.
🔥5
Вохурии корӣ вобаста ба натиҷаҳои бадастомада дар доираи барномаи Бонки Ҷаҳонӣ PARWONA

Санаи 23 декабри соли ҷорӣ дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии корӣ вобаста ба натиҷаҳои бадастомада дар доираи барномаи Бонки Ҷаҳонӣ PARWONA баргузор гардид.
Зимни вохурӣ намояндагон аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон, Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, акселератори малакаҳои «Ilmhona», субектҳои пешбарандаи савдои электронӣ ба монанди Avval, Alifshop ва LakLak, инчунин соҳибкорзанони маҳаллӣ, мутахассисони навкор, ки зимни барнома дарсҳои амалӣ барои фуруши маҳсулот дар платформаҳои тиҷоратӣ ширкат варзиданд, иштирок намуданд.
🔥4👏1
Чорабинӣ аз ду қисмат иборат буда, зимни қисми аввал иштирокчиёни болоқайдгардида вобаста ба дастовардҳои бадастомада дар доираи барномаи PARWONA дар соли 2025 натиҷагирӣ намуда, таассуроти худро оид ба омӯзиш ва ҷанбаҳои амалии ҳамкорӣ бо маркетплейсҳои маҳалии Avval, LakLak ва AlifShop-ро аз марҳилаи бақайдгирӣ ва омодасозии мундариҷа то фурӯш ва ҳисоббаробаркунӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар қисмати дуюм фикру андешаҳои иштирокчиён вобаста ба таҷрибаҳои омӯхташуда, дастгирии мураббиён, шарикон ва иштирокчиёни барономаи PARWONA дар муддати амалишавии Барнома мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ, ки дар фазои гарму самимӣ ба итмом расид изҳори боварӣ карда шуд, ки барномаи PARWONA тавонист масъалаҳои омӯзиш ва рушди соҳибкории рақамии занонро дар Тоҷикистон такон бахшад ва сатҳи муколамаи минбаъдаи мақомотҳои давлатӣ бо бахши хусусӣ дар самти тиҷорати рақамӣ боз ҳам пурзӯр гардонад.
🔥5
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ чораҳои иттилоотию фаҳмондадиҳиро тақвият медиҳад.
Дар ин замина, бо дарназардошти аҳамияти васоити электронии иттилоотӣ, дар сомонаи расмии Агентӣ Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия ва телефони боварӣ ҷой дода шудаанд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлат ҷиҳати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ чораҳои амалиро дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои хизматрасон андешида истодааст.
Бо мақсади баланд бардоштани амният ва соддасозии равандҳо, барномаи мобилии «ИМЗО» таҳия гардида, дар «Google Play» ва «App Store» дастрас аст. Ин барнома ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки тавассути шинохти чеҳра (Face ID) ба утоқи шахсӣ ворид шуда, бидуни омилҳои фардӣ сеюм аз хизматрасониҳо истифода намоянд.
🔥2🙏1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дорогие соотечественники!

Поздравляем с Новым 2026 годом!
Пусть он станет годом новых возможностей, полезных инноваций и цифровых решений, которые делают жизнь людей удобнее, а Таджикистан – сильнее и современнее.
🔥2