Чакидаҳо аз Бедил ва Соиб
29 subscribers
35 photos
6 videos
19 links
در پرده ساز ما نوا بسیار است
عیب و هنر و رنگ و صفا بسیار است
خواهی کف گیر و خواه گوهر بردار
ما دریاییم و موج ما بسیار است.

___________________

Барои дархосту пешниҳодҳо: @Faridun_Aslonov
Download Telegram
Даъвии дониш бувад,Соиб, ба нодони далел,
Ҳар ки нодон мешуморад хешро, донотар аст.

#Соиб

https://t.me/bedilvasaeb
Forwarded from ПАЁМИ КӮЛ پیام کول (فریدون)
Агар ба бандагӣ иршод мекунем туро,
Ишорае аст, ки озод мекунем туро.
Ту бо шикастагӣ по қадам ба роҳ гузор,
Ки мо ба ҷозиба имдод мекунем туро.

@payomi_kul
Аз тараҳҳум то мурувват, в-аз мадоро то вафо,
Ҳар чиро кардам талаб, дидам зи олам рафтааст.

Бедили Деҳлавӣ
Гар чӣ медонем охир сар ба сар афсонаем,
Пунбаҳо дар гӯш аз хоби гарон дорем мо.
Соиби табрезӣ
Нест сарв аз бебарӣ мамнуни эҳсони баҳор,
Бори миннат хам насозад гардани озодаро.
Бедил
دیدهٔ بیدار را خواب گران زیبنده نیست,
ای شرر تا چند خواهی کرد بالین سنگ را.

Дидаи бедорро хоби гарон зебанда нест,
Эй шарар, то чанд хоҳӣ кард болин сангро.

Бедил
Чакидаҳо аз Бедил ва Соиб
Video
Ҳайрати ҳар кас дар ин олам ба қадри биниш аст,
Ҳар ки бинотар дар ин ҳангома ҳайрон бештар.

Соиби Табрезӣ
Нигаҳи ҷаҳоннавардӣ қадаме зи худ бурун о,
Ки зи хеш агар гузаштӣ, ҳама ҷо расида бошӣ.

Ҳазрати Бедил
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Сурхии чашми кабутар ҳеч медонӣ зи чист?
Номае мебурду бар ҳоли дилам хун мегирист.

Соиби Табрезӣ
ز بزم وصل‌، خواهش های بیجا می‌ برد ما را
چوگوهر موج ما بیرون دریا می‌ برد ما را

Зи базми васл хоҳишҳои беҷо мебарад, моро
Чу гавҳар мавҷи мо беруни дарё мебарад, моро.

Бедили Деҳлавӣ
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дунё ба аҳли хеш тараҳҳум намекунад,
Оташ амон намедиҳад оташпарастро.

Соиби Табрезӣ
Forwarded from Файзи Ғелон (Рузибойи Курбониён)
Чун во намекунӣ гиреҳе, худ гиреҳ машав,
Абрӯкушода бош, чу дастат кушод нест.

چون وا نمیکنی گرهی خود گره مشو
ابروکشاده باش چو دستت کشاد نیست
Соиби Табрезӣ
Бар хати таслим сар неҳ, к-ин раҳи торикро,
Нақши пои гармрафторон чароғон карда аст.
Нақши пои рафтагон ҳамвор созад роҳро,
Маргро доғи азизон бар ман осон кардааст.

Соиби Табрезӣ