Маснавии Маънавӣ - Дафтари аввал - Бахши 39 - Каж мондани даҳони он мард, ки номи Муҳаммадро, саллалоҳу алайҳи ва саллам, ба тасхар хонд
Он даҳон каж карду аз тасхар бихонд
Мар Муҳаммадро, даҳонаш каж бимонд.
Боз омад, к-эй Муҳаммад, афв кун,
Эй туро алтофу илми «мин ладун».
Ман туро афсӯс мекардам зи ҷаҳл,
Ман будам афсӯсро мансубу аҳл.
Чун Худо хоҳад, ки пардай кас дарад,
Майлаш андар таънаи покон барад.
В-ар Худо хоҳад, ки пӯшад айби кас,
Кам занад дар айби маъюбон нафас».
Чун Худо хоҳад, ки-мон ёрӣ кунад,
Майли моро ҷониби зорӣ кунад.
Эй хунук чашме, ки он гирёни ӯст
В-эй ҳумоюн дил, ки он бирёни ӯст.
Охири ҳар гиря охир хандаест,
Марди охирбин муборак бандаест.
Ҳар куҷо оби равон, сабза бувад,
Ҳар куҷо ашке равон, раҳмат шавад.
Бош чун дӯлоб нолон, чашмтар,
То зи саҳни ҷон-т баррӯяд хузар.
Ашк хоҳӣ, раҳм кун бар ашкбор,
Раҳм хоҳӣ, бар заифон раҳм ор.
https://ganjoor.net/moulavi/masnavi/daftar1/sh39
Он даҳон каж карду аз тасхар бихонд
Мар Муҳаммадро, даҳонаш каж бимонд.
Боз омад, к-эй Муҳаммад, афв кун,
Эй туро алтофу илми «мин ладун».
Ман туро афсӯс мекардам зи ҷаҳл,
Ман будам афсӯсро мансубу аҳл.
Чун Худо хоҳад, ки пардай кас дарад,
Майлаш андар таънаи покон барад.
В-ар Худо хоҳад, ки пӯшад айби кас,
Кам занад дар айби маъюбон нафас».
Чун Худо хоҳад, ки-мон ёрӣ кунад,
Майли моро ҷониби зорӣ кунад.
Эй хунук чашме, ки он гирёни ӯст
В-эй ҳумоюн дил, ки он бирёни ӯст.
Охири ҳар гиря охир хандаест,
Марди охирбин муборак бандаест.
Ҳар куҷо оби равон, сабза бувад,
Ҳар куҷо ашке равон, раҳмат шавад.
Бош чун дӯлоб нолон, чашмтар,
То зи саҳни ҷон-т баррӯяд хузар.
Ашк хоҳӣ, раҳм кун бар ашкбор,
Раҳм хоҳӣ, бар заифон раҳм ор.
https://ganjoor.net/moulavi/masnavi/daftar1/sh39
❤1
Маснавии Маънавӣ - Дафтари аввал - Бахши 40 - Итоб кардан оташро он подшоҳи ҷуҳуд
Рӯ ба оташ кард шаҳ, к-эй тундхӯ,
Он ҷаҳонсӯзи табиихӯт ку?
Чун намесӯзӣ? Чӣ шуд хосийятат?
Ё зи бахти мо дигар шуд нийятат?
Менабахшоӣ ту бар оташпараст,
Он ки напрастад туро, ӯ чун бираст?
Ҳаргиз, эй оташ, ту собир нестӣ,
Чун насӯзӣ? Чист, қодир нестӣ?
Чашмбанд аст ин аҷаб! Ё ҳушбанд?
Чун насӯзонад чунин шуълай баланд?
Ҷодуӣ кардат касе? Ё симиёст?
Ё хилофи табъи ту аз бахти мост?»
Гуфт оташ: «Ман ҳамонам, эй шаман,
Андаро, то ту бибинӣ тоби ман.
Табъи ман дигар нагашту унсурам,
Теғи ҳаққам, ҳам ба дастурӣ бурам.
Бар дари хиргаҳ сагони туркмон
Чоплусӣ карда пеши меҳмон.
В-ар ба хиргаҳ бигзарад бегонарӯ,
Ҳамла бинад аз сагон шерона ӯ.
Ман зи саг кам нестам дар бандагӣ,
Кам зи турке нест Ҳақ дар зиндагӣ.
Оташи табъат агар ғамгин кунад,
Сӯзиш аз амри малики дин кунад.
Оташи табъат агар шодӣ диҳад,
Андар ӯ шодӣ малики дин ниҳад.
Чунки ғамгинӣ, ту истиғфор кун,
Ғам ба амри холиқ омад, кор кун.
Чун бихоҳад, айни ғам шодӣ шавад,
Айни банди пойи озодӣ шавад.
Боду хоку обу оташ бандаанд,
Бо ману ту мурда, бо Ҳақ зиндаанд.
Пеши Ҳақ оташ ҳамеша дар қиём,
Ҳамчу ошиқ рӯзу шаб печон мудом.
Санг бар оҳан занӣ, берун ҷаҳад,
Ҳам ба амри Ҳақ қадам берун ниҳад.
Оҳану санги ситам бар ҳам мазан,
К-ин ду мезоянд ҳамчун марду зан.
Сангу оҳан худ сабаб омад, валек
Ту ба боло барнигар, эй марди нек!
К-ин сабабро он сабаб овард пеш,
Бесабаб кай шуд сабаб ҳаргиз зи хеш?
В-он сабабҳо, к-анбиёро раҳбаранд,
Он сабабҳо з-ин сабабҳо бартаранд.
Ин сабабро он сабаб омил кунад,
Боз гоҳе бебару отил кунад.
Ин сабабро маҳрам омад ақлҳо
В-он сабабҳорост маҳрам анбиё.
Ин сабаб чӣ бвад? Ба тозӣ, гӯ, расан,
Андар ин чӣ, ин расан омад ба фан.
Гардиши чарха расанро иллат аст,
Чархагардонро надидан заллат аст.
Ин расанҳои сабабҳо дар ҷаҳон,
Ҳону ҳон! З-ин чархи саргардон мадон,
То намонӣ сифру саргардон чу чарх,
То насӯзӣ ту зи бемағзӣ чу марх.
Бод оташ мехурад аз амри Ҳақ,
Ҳар ду сармаст омаданд аз хамри Ҳақ.
Оби ҳилму оташи хашм, эй писар,
Ҳам зи Ҳақ бинӣ, чу бигшоӣ басар.
Гар набудӣ воқиф аз Ҳақ ҷони бод,
Фарқ кай кардӣ миёни қавми Од?
Ҳуд гирди муъминон хатте кашид,
Нарм мешуд бод, к-он ҷо мерасид.
Ҳар кӣ берун буд з-он хат ҷумларо,
Пора-пора мегусаст андар ҳаво.
Ҳамчунин Шайбони роъӣ мекашид
Гирд бар гирди рама хатте падид.
Чун ба ҷумъа мешуд ӯ вақти намоз,
То наёрад гург он ҷо турктоз,
Ҳеҷ гурге дарнарафтӣ андар он,
Гӯсфанде ҳам нагаштӣ з-он нишон.
Боди ҳирси гургу ҳирси гӯсфанд
Доирай марди Худоро буд банд.
Ҳамчунин боди аҷал бо орифон
Нарму хуш ҳамчун насими юсуфон.
Оташ Иброҳимро дандон назад,
Чун гузидай Ҳақ бувад, чунаш газад?
З-оташи шаҳват насӯзад аҳли дин,
Боқиёнро бурда то қаъри замин.
Мавҷи дарё чун ба амри Ҳақ битохт,
Аҳли Мӯсоро зи қибтӣ вошинохт.
Хок, Қорунро, чу фармон даррасид,
Бо зару тахташ ба қаъри худ кашид.
Обу гил чун аз дами Исо чарид,
Болу пар бикшод, мурғе шуд, парид,
Ҳаст тасбеҳат бухори обу гил,
Мурғи ҷаннат шуд зи нафхи сидқи дил.
Кӯҳи Тур аз нури Мӯсо шуд ба рақс,
Сӯфии комил шуду раст ӯ зи нақс.
Чӣ аҷаб, гар кӯҳ сӯфӣ шуд азиз,
Ҷисми Мӯсо аз кулӯхе буд низ.
https://ganjoor.net/moulavi/masnavi/daftar1/sh40
Рӯ ба оташ кард шаҳ, к-эй тундхӯ,
Он ҷаҳонсӯзи табиихӯт ку?
Чун намесӯзӣ? Чӣ шуд хосийятат?
Ё зи бахти мо дигар шуд нийятат?
Менабахшоӣ ту бар оташпараст,
Он ки напрастад туро, ӯ чун бираст?
Ҳаргиз, эй оташ, ту собир нестӣ,
Чун насӯзӣ? Чист, қодир нестӣ?
Чашмбанд аст ин аҷаб! Ё ҳушбанд?
Чун насӯзонад чунин шуълай баланд?
Ҷодуӣ кардат касе? Ё симиёст?
Ё хилофи табъи ту аз бахти мост?»
Гуфт оташ: «Ман ҳамонам, эй шаман,
Андаро, то ту бибинӣ тоби ман.
Табъи ман дигар нагашту унсурам,
Теғи ҳаққам, ҳам ба дастурӣ бурам.
Бар дари хиргаҳ сагони туркмон
Чоплусӣ карда пеши меҳмон.
В-ар ба хиргаҳ бигзарад бегонарӯ,
Ҳамла бинад аз сагон шерона ӯ.
Ман зи саг кам нестам дар бандагӣ,
Кам зи турке нест Ҳақ дар зиндагӣ.
Оташи табъат агар ғамгин кунад,
Сӯзиш аз амри малики дин кунад.
Оташи табъат агар шодӣ диҳад,
Андар ӯ шодӣ малики дин ниҳад.
Чунки ғамгинӣ, ту истиғфор кун,
Ғам ба амри холиқ омад, кор кун.
Чун бихоҳад, айни ғам шодӣ шавад,
Айни банди пойи озодӣ шавад.
Боду хоку обу оташ бандаанд,
Бо ману ту мурда, бо Ҳақ зиндаанд.
Пеши Ҳақ оташ ҳамеша дар қиём,
Ҳамчу ошиқ рӯзу шаб печон мудом.
Санг бар оҳан занӣ, берун ҷаҳад,
Ҳам ба амри Ҳақ қадам берун ниҳад.
Оҳану санги ситам бар ҳам мазан,
К-ин ду мезоянд ҳамчун марду зан.
Сангу оҳан худ сабаб омад, валек
Ту ба боло барнигар, эй марди нек!
К-ин сабабро он сабаб овард пеш,
Бесабаб кай шуд сабаб ҳаргиз зи хеш?
В-он сабабҳо, к-анбиёро раҳбаранд,
Он сабабҳо з-ин сабабҳо бартаранд.
Ин сабабро он сабаб омил кунад,
Боз гоҳе бебару отил кунад.
Ин сабабро маҳрам омад ақлҳо
В-он сабабҳорост маҳрам анбиё.
Ин сабаб чӣ бвад? Ба тозӣ, гӯ, расан,
Андар ин чӣ, ин расан омад ба фан.
Гардиши чарха расанро иллат аст,
Чархагардонро надидан заллат аст.
Ин расанҳои сабабҳо дар ҷаҳон,
Ҳону ҳон! З-ин чархи саргардон мадон,
То намонӣ сифру саргардон чу чарх,
То насӯзӣ ту зи бемағзӣ чу марх.
Бод оташ мехурад аз амри Ҳақ,
Ҳар ду сармаст омаданд аз хамри Ҳақ.
Оби ҳилму оташи хашм, эй писар,
Ҳам зи Ҳақ бинӣ, чу бигшоӣ басар.
Гар набудӣ воқиф аз Ҳақ ҷони бод,
Фарқ кай кардӣ миёни қавми Од?
Ҳуд гирди муъминон хатте кашид,
Нарм мешуд бод, к-он ҷо мерасид.
Ҳар кӣ берун буд з-он хат ҷумларо,
Пора-пора мегусаст андар ҳаво.
Ҳамчунин Шайбони роъӣ мекашид
Гирд бар гирди рама хатте падид.
Чун ба ҷумъа мешуд ӯ вақти намоз,
То наёрад гург он ҷо турктоз,
Ҳеҷ гурге дарнарафтӣ андар он,
Гӯсфанде ҳам нагаштӣ з-он нишон.
Боди ҳирси гургу ҳирси гӯсфанд
Доирай марди Худоро буд банд.
Ҳамчунин боди аҷал бо орифон
Нарму хуш ҳамчун насими юсуфон.
Оташ Иброҳимро дандон назад,
Чун гузидай Ҳақ бувад, чунаш газад?
З-оташи шаҳват насӯзад аҳли дин,
Боқиёнро бурда то қаъри замин.
Мавҷи дарё чун ба амри Ҳақ битохт,
Аҳли Мӯсоро зи қибтӣ вошинохт.
Хок, Қорунро, чу фармон даррасид,
Бо зару тахташ ба қаъри худ кашид.
Обу гил чун аз дами Исо чарид,
Болу пар бикшод, мурғе шуд, парид,
Ҳаст тасбеҳат бухори обу гил,
Мурғи ҷаннат шуд зи нафхи сидқи дил.
Кӯҳи Тур аз нури Мӯсо шуд ба рақс,
Сӯфии комил шуду раст ӯ зи нақс.
Чӣ аҷаб, гар кӯҳ сӯфӣ шуд азиз,
Ҷисми Мӯсо аз кулӯхе буд низ.
https://ganjoor.net/moulavi/masnavi/daftar1/sh40
👍1🔥1
Маснавии Маънавӣ - Дафтари аввал - Бахши 41 - Танзу инкор кардани подшоҳи ҷуҳуд ва қабул нокардани насиҳати хосони хеш
Ин аҷоиб дид он шоҳи ҷуҳуд,
Ҷуз ки танзу ҷуз ки инкораш набуд.
Носеҳон гуфтанд: «Аз ҳад магзарон,
Маркаби истезаро чандин марон».
Носеҳонро даст басту банд кард,
Зулмро пайванд дар пайванд кард.
Бонг омад, кор чун ин ҷо расид:
«Пой дор, эй саг, ки қаҳри мо расид».
Баъд аз он оташ чиҳил газ барфурӯхт,
Ҳалқа гашту он ҷуҳудонро бисӯхт.
Асли эшон буд оташ з-ибтидо,
Сӯйи асли хеш рафтанд интиҳо.
Ҳам зи оташ зода буданд он фариқ,
Ҷузвҳоро сӯйи кул бошад тариқ.
Оташе буданд муъминсӯзу бас,
Сӯхт худро оташи эшон чу хас.
Он ки будаст уммуҳу алҳовия,
Ҳовия омад мар-ӯро зовия.
Модари фарзанд ҷӯёни вай аст,
Аслҳо мар фаръҳоро дар пай аст.
Обҳо дар ҳавз агар зиндонӣ аст,
Бод нашфаш мекунад, к-арконӣ аст.
Мераҳонад, мебарад то маъданаш
Андак-андак, то набинӣ бурданаш.
В-ин нафас ҷонҳои моро ҳамчунон
Андак-андак дуздад аз ҳабси ҷаҳон.
То «илайҳи ясъад атёбу-л-калим,
Соъидан минно ило ҳайсу алим.
Тартақи анфосуно билмунтақо,
Мутҳафан минно ило дорилбақо.
Сумма таътино мукофоту-л-мақол,
Зиъфа зока раҳматан мин зилҷалол.
Сумма юлҷино ило амсолиҳо,
Кай янолу-л-абду миммо нолаҳо.
Ҳоказо таъруҷ ва танзил доимо,
Зо фало зилта алайҳи қоимо.
Порсӣ гӯем, яъне ин кашиш
З-он тараф ояд, ки омад он чашиш.
Чашми ҳар қавме ба сӯйе мондааст,
К-он тараф як рӯз завқе рондааст.
Завқи ҷинс аз ҷинси худ бошад яқин,
Завқи ҷузв аз кулли худ бошад, бибин.
Ё магар он қобили ҷинсе бувад,
Чун бад-ӯ пайваст, ҷинси ӯ шавад.
Ҳамчу обу нон, ки ҷинси мо набуд,
Гашт ҷинси мову андар мо фузуд.
Нақши ҷинсийят надорад обу нон,
З-эътибори охир онро ҷинс дон.
В-ар зи ғайри ҷинс бошад завқи мо,
Он магар монанд бошад ҷинсро.
Он ки монанд аст, бошад орият,
Орият боқӣ намонад оқибат.
Мурғро гар завқ ояд аз сафир,
Чунки ҷинси худ наёбад, шуд нафир.
Ташнаро гар завқ ояд аз сароб,
Чун расад дар вай, гурезад, ҷӯяд об.
Муфлисон ҳам хуш шаванд аз зарри қалб,
Лек он расво шавад дар дори зарб.
То зарандудит аз раҳ нафганад,
То хаёли каж туро чаҳ нафганад,
Аз Калила бозҷӯ он қиссаро
В-андар он қисса талаб кун ҳиссаро.
https://ganjoor.net/moulavi/masnavi/daftar1/sh41
Ин аҷоиб дид он шоҳи ҷуҳуд,
Ҷуз ки танзу ҷуз ки инкораш набуд.
Носеҳон гуфтанд: «Аз ҳад магзарон,
Маркаби истезаро чандин марон».
Носеҳонро даст басту банд кард,
Зулмро пайванд дар пайванд кард.
Бонг омад, кор чун ин ҷо расид:
«Пой дор, эй саг, ки қаҳри мо расид».
Баъд аз он оташ чиҳил газ барфурӯхт,
Ҳалқа гашту он ҷуҳудонро бисӯхт.
Асли эшон буд оташ з-ибтидо,
Сӯйи асли хеш рафтанд интиҳо.
Ҳам зи оташ зода буданд он фариқ,
Ҷузвҳоро сӯйи кул бошад тариқ.
Оташе буданд муъминсӯзу бас,
Сӯхт худро оташи эшон чу хас.
Он ки будаст уммуҳу алҳовия,
Ҳовия омад мар-ӯро зовия.
Модари фарзанд ҷӯёни вай аст,
Аслҳо мар фаръҳоро дар пай аст.
Обҳо дар ҳавз агар зиндонӣ аст,
Бод нашфаш мекунад, к-арконӣ аст.
Мераҳонад, мебарад то маъданаш
Андак-андак, то набинӣ бурданаш.
В-ин нафас ҷонҳои моро ҳамчунон
Андак-андак дуздад аз ҳабси ҷаҳон.
То «илайҳи ясъад атёбу-л-калим,
Соъидан минно ило ҳайсу алим.
Тартақи анфосуно билмунтақо,
Мутҳафан минно ило дорилбақо.
Сумма таътино мукофоту-л-мақол,
Зиъфа зока раҳматан мин зилҷалол.
Сумма юлҷино ило амсолиҳо,
Кай янолу-л-абду миммо нолаҳо.
Ҳоказо таъруҷ ва танзил доимо,
Зо фало зилта алайҳи қоимо.
Порсӣ гӯем, яъне ин кашиш
З-он тараф ояд, ки омад он чашиш.
Чашми ҳар қавме ба сӯйе мондааст,
К-он тараф як рӯз завқе рондааст.
Завқи ҷинс аз ҷинси худ бошад яқин,
Завқи ҷузв аз кулли худ бошад, бибин.
Ё магар он қобили ҷинсе бувад,
Чун бад-ӯ пайваст, ҷинси ӯ шавад.
Ҳамчу обу нон, ки ҷинси мо набуд,
Гашт ҷинси мову андар мо фузуд.
Нақши ҷинсийят надорад обу нон,
З-эътибори охир онро ҷинс дон.
В-ар зи ғайри ҷинс бошад завқи мо,
Он магар монанд бошад ҷинсро.
Он ки монанд аст, бошад орият,
Орият боқӣ намонад оқибат.
Мурғро гар завқ ояд аз сафир,
Чунки ҷинси худ наёбад, шуд нафир.
Ташнаро гар завқ ояд аз сароб,
Чун расад дар вай, гурезад, ҷӯяд об.
Муфлисон ҳам хуш шаванд аз зарри қалб,
Лек он расво шавад дар дори зарб.
То зарандудит аз раҳ нафганад,
То хаёли каж туро чаҳ нафганад,
Аз Калила бозҷӯ он қиссаро
В-андар он қисса талаб кун ҳиссаро.
https://ganjoor.net/moulavi/masnavi/daftar1/sh41
👍1👏1
Маснавии Маънавӣ - Дафтари аввал - Бахши 42 - Баёни таваккул ва тарки ҷаҳд гуфтани нахҷирон ба шер
Тоифай нахҷир дар водии х(в)аш
Будашон аз шер доим кашмакаш.
Бас ки он шер аз камин медаррабуд,
Ончиро бар ҷумла нохуш гашта буд.
Ҳила карданд, омаданд эшон ба шер,
К-аз вазифа мо туро дорем сер.
Баъд аз ин андар пайи сайде маё,
То нагардад талх бар мо ин гиё.
https://ganjoor.net/moulavi/masnavi/daftar1/sh42
Тоифай нахҷир дар водии х(в)аш
Будашон аз шер доим кашмакаш.
Бас ки он шер аз камин медаррабуд,
Ончиро бар ҷумла нохуш гашта буд.
Ҳила карданд, омаданд эшон ба шер,
К-аз вазифа мо туро дорем сер.
Баъд аз ин андар пайи сайде маё,
То нагардад талх бар мо ин гиё.
https://ganjoor.net/moulavi/masnavi/daftar1/sh42
👍1🔥1
Маснавии Маънавӣ - Дафтари аввал - Бахши 43 - Ҷавоб гуфтани шер нахҷиронро ва фоидаи ҷаҳд гуфтан
Гуфт: «Оре. Гар вафо бинам, на макр,
Макрҳо бас дидаам аз Зайду Бакр.
Ман ҳалоки феълу макри мардумам,
Ман газидай захми мору каждумам.
Мардуми нафс аз дарунам дар камин,
Аз ҳама мардум батар дар макру кин.
Гӯши ман «ло юлдағу-л-муъмин» шунид.
Қавли пайғамбар ба ҷону дил гузид».
https://ganjoor.net/moulavi/masnavi/daftar1/sh43
Гуфт: «Оре. Гар вафо бинам, на макр,
Макрҳо бас дидаам аз Зайду Бакр.
Ман ҳалоки феълу макри мардумам,
Ман газидай захми мору каждумам.
Мардуми нафс аз дарунам дар камин,
Аз ҳама мардум батар дар макру кин.
Гӯши ман «ло юлдағу-л-муъмин» шунид.
Қавли пайғамбар ба ҷону дил гузид».
https://ganjoor.net/moulavi/masnavi/daftar1/sh43
👍2🔥1
Маснавии Маънавӣ - Дафтари аввал - Бахши 44 - Тарҷеҳ ниҳодани нахҷирон таваккулро бар ҷаҳду иқтисоб
Ҷумла гуфтанд: «Эй ҳакими бохабар,
Алҳазар, даъ лайса юғно ъан қадар.
Дар ҳазар шӯридани шӯру шар аст,
Рав, таваккул кун, таваккул беҳтар аст.
Бо қазо панҷа мазан, эй тунду тез,
То нагирад ҳам қазо бо ту ситез.
Мурда бояд буд пеши ҳукми Ҳақ,
То наёяд захм аз раббулфалақ».
https://ganjoor.net/moulavi/masnavi/daftar1/sh44
Ҷумла гуфтанд: «Эй ҳакими бохабар,
Алҳазар, даъ лайса юғно ъан қадар.
Дар ҳазар шӯридани шӯру шар аст,
Рав, таваккул кун, таваккул беҳтар аст.
Бо қазо панҷа мазан, эй тунду тез,
То нагирад ҳам қазо бо ту ситез.
Мурда бояд буд пеши ҳукми Ҳақ,
То наёяд захм аз раббулфалақ».
https://ganjoor.net/moulavi/masnavi/daftar1/sh44
👍4❤1
Маснавии Маънавӣ - Дафтари аввал - Бахши 45 - Тарҷеҳ ниҳодани шер ҷаҳду иктисобро бар таваккулу таслим
Гуфт: «Оре, гар таваккул раҳбар аст,
Ин сабаб ҳам суннати пайғамбар аст».
Гуфт пайғамбар ба овози баланд:
«Бо таваккул зонуи уштур бибанд».
Рамзи «ал-косиб ҳабибуллаҳ» шунав,
Аз таваккул дар сабаб коҳил машав.
https://ganjoor.net/moulavi/masnavi/daftar1/sh45
Гуфт: «Оре, гар таваккул раҳбар аст,
Ин сабаб ҳам суннати пайғамбар аст».
Гуфт пайғамбар ба овози баланд:
«Бо таваккул зонуи уштур бибанд».
Рамзи «ал-косиб ҳабибуллаҳ» шунав,
Аз таваккул дар сабаб коҳил машав.
https://ganjoor.net/moulavi/masnavi/daftar1/sh45
👍7
❤6❤🔥3👍1👀1
꧁༺❀༻꧂
Тадбир кунад бандаву тақдир надонад,
Тадбир ба тақдир Худованд намонад.
~ Мавлоно @balkhiverse_bot
꧁༺❀༻꧂
Тадбир кунад бандаву тақдир надонад,
Тадбир ба тақдир Худованд намонад.
~ Мавлоно @balkhiverse_bot
꧁༺❀༻꧂
🔥8❤6❤🔥2👍2
Forwarded from Ҷалолуддин Балхӣ
🎲 Шеъри тасодуфӣ 🎲
Ба даргоҳи Худо пеш аз аҷал ой,
Гузашт умри азизат дар амал ой.
Ба ғафлат сарфа шуд умрат маҳу сол,
Биё бедор шав аз хоб имсол.
Замин рӯзе кунад се бор фарёд,
Чаро ту ғофилӣ эй одамизод?
Машав бар фурсати дурӯза мағрур,
Туро бошад дили ман хонаи гур.
Ба ҳасратҳо дароӣ дар дили ман,
Ғарибӣ оқибат дар манзили ман.
Ду чашмони ҷаҳонбинат хурад мур,
Маҷоле нест то онро кунӣ дур.
Шавӣ пӯсида мушти устухонӣ,
Бикун коре ки онҷо дар намонӣ!
Магӯ ҳарфи ҷунунӣ аз забон аст,
Ҳама чун шир аз пистони ҷон аст.
👍6👏5❤3🕊2❤🔥1🔥1
꧁༺❀༻꧂
Ҳамнишинони ту дар зери лаҳад хок шуданд
Чашми ибрат бикушо хоҷа агар инсонӣ.
Ба сари қабри яке рафтаму гуфтам чунӣ?
Гуфт: аҳвол чӣ пурсӣ, ки биёӣ донӣ.
Ҷомиё воқифи дам бош азизон ҳама рафтанд
Тарки дунё бикун охир ту ҳам меҳмонӣ.
~ @balkhiverse_bot
꧁༺❀༻꧂
Ҳамнишинони ту дар зери лаҳад хок шуданд
Чашми ибрат бикушо хоҷа агар инсонӣ.
Ба сари қабри яке рафтаму гуфтам чунӣ?
Гуфт: аҳвол чӣ пурсӣ, ки биёӣ донӣ.
Ҷомиё воқифи дам бош азизон ҳама рафтанд
Тарки дунё бикун охир ту ҳам меҳмонӣ.
~ @balkhiverse_bot
꧁༺❀༻꧂
👍16❤4❤🔥2🔥2🕊2👏1
꧁༺❀༻꧂
Як ҷамъ накӯшида расиданд ба мақсад,
Як қавм давиданду ба мақсад нарасиданд.
~ @balkhiverse_bot
꧁༺❀༻꧂
Як ҷамъ накӯшида расиданд ба мақсад,
Як қавм давиданду ба мақсад нарасиданд.
~ @balkhiverse_bot
꧁༺❀༻꧂
👍14💯4🔥2🥰2😢2👏1
꧁༺❀༻꧂
Инчунин зеру забар олам намемонад мудом,
Менишонад чарх ҳар касро ба ҷои хештан.
~ @balkhiverse_bot
꧁༺❀༻꧂
Инчунин зеру забар олам намемонад мудом,
Менишонад чарх ҳар касро ба ҷои хештан.
~ @balkhiverse_bot
꧁༺❀༻꧂
🔥6❤2👍2
Forwarded from Ҷалолуддин Балхӣ
🎲 Шеъри тасодуфӣ 🎲
Ба давлат маноз, ба меҳнат манол, ки ин ҳардуро зуд аст завол,
Ҳамин аст расми сарои дурушт, гаҳе зинсавору гаҳе зинбапушт.
❤10👍4
꧁༺❀༻꧂
Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,
Доиман яксон набошад ҳоли даврон ғам махӯр.
~ @balkhiverse_bot
꧁༺❀༻꧂
Доиман яксон набошад ҳоли даврон ғам махӯр.
~ @balkhiverse_bot
꧁༺❀༻꧂
❤16🔥4
balkhiverse pinned «https://play.google.com/store/apps/details?id=com.quran.tj.quranapp»