Азия-Плюс TJ
24.6K subscribers
21.1K photos
4.74K videos
1 file
28.4K links
Таблиғ - https://t.me/asiaplus_ads_bot

Сомона - www.asiaplustj.info/tj

Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj

Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/asiaplustoj
Download Telegram
Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар шаҳри Душанбе ҳамоиши “Ташаккули ояндаи осоишта: пешбурди озодии матбуот барои ҳуқуқи инсон, рушд ва амният” оғоз шуд.

Дар ин чорабинӣ, ки дар меҳмонхонаи "Ҳаёт реҷенсӣ" (Hyatt Regency) ҷараён дорад, рӯзноманигорон, коршиносон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ ширкат доранд.

Онҳо дар ҳамоиш мушкилоти имрӯзи расонаҳои кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram ва MAX
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
4👍3
“30 ҳазор доллари мардро барои нашр накардани аксҳои урёнаш гирифтааст”. Боздошти як зан бо гумони тамаъҷӯйӣ

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як зани 35-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки ба тамаъҷӯйӣ гумонбар мешавад. Ин ниҳод рӯзи 2-юми май навишт, ки гумонбар аз як марди 45-солаи ин шаҳр барои нашр накардани аксу наворҳои маҳрамонааш дар интернет 30 ҳазор доллар гирифтааст.

Ба гуфтаи мақомот, боздоштшуда моҳи декабри соли 2025 бо мақсади тамаъҷӯйӣ расму наворҳои уриёни марди 45-соларо, ки ҳангоми муносибати маҳрамонаашон бардошта будааст, тариқи “Вотсап” ба ӯ равон кардааст. Гумонбар, ба қавли Вазорат, ин мардро таҳдид кардааст, ки агар ба ӯ 30 ҳазор долар надиҳад, расму наворҳои мазкурро дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн мекунад.

Ҳамин тавр, ба иттилои мақомот, зани 35-сола бар ивази аз хотираи телефонаш нобуд сохтани тасвирҳои мард, 30 ҳазор доллари ҷабрдидаро гирифтааст.

Маълум нест, ки дастгиршуда ба ин гуфтаҳои мақомот чӣ назар дорад. Алайҳи ӯ бо қисми 4 моддаи 250-и Кодекси ҷиноӣ (тамаъҷӯйӣ) парванда боз шудааст. Иттиҳоме, ки аз 5 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram ва MAX
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
😁106🤣6👍2🤔1
Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

МУФАССАЛ
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍3
Азия-Плюс TJ
“Хандасарой” - и Холиқназар Ҷумъазода чоп шуд
📖Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Китоби нави Холиқназар Ҷумъазода, нависанда ва ҳаҷвнигори шинохта, бо номи “Бозиҳои қисмат” нашр шуда ва дастраси аҳли адаб гардид. Он маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои дар солҳои 2006-2010 иншошударо фаро мегирад.

Ин асар бо таҳрири шоир Салими Зарафшонфар ва бо пешгуфтори адиб Зариф Ғулом рӯи чоп омадааст. Муаллиф ин маҷмӯаро “фарзанди панҷуми маънавӣ”-и худ хонда, зикр мекунад, ки бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Ҷумъазода дар ин маҷмӯа бештар ба мавзуъҳои доғи рӯз, аз ҷумла ҳаёти оилавӣ, муносибатҳои мураккаби зану шавҳар ва мушкилоти зиндагии ҳамсарон таваҷҷуҳ намудааст.

Дар қиссаҳои китоб фоҷиаҳои хонадорӣ ва талошҳои қаҳрамонон барои ҳифзи номи неку ободии хонадон бо маҳорати баланди бадеӣ инъикос ёфтаанд.

Холиқназар Ҷумъазода кӯшиш ба харҷ додааст, ки тавассути образони сохтааш ба хонанда роҳҳои беҳтари ҳалли масъалаҳои оиладорӣ, тарбияи дурусти фарзанд ва эҳтироми волидонро нишон диҳад.

Худи муаллиф дар асарҳои худ ба масъалаи хиёнати ҳамсарон ва оқибатҳои ногувори он низ дахл карда, дар баъзе қиссаҳо, аз ҷумла “Ҷодари хунини гуларӯс”, навоварӣ нишон додааст.

Ӯ дар ҷараёни кушодани гиреҳҳои ҷиноятӣ на танҳо кормандони мақомотро, балки нақши рӯзноманигоронро низ дар ошкор кардани ҳақиқат муҳим арзёбӣ мекунад. Инчунин, нависанда ба мавзӯи безурётӣ ҳамчун як фоҷиаи рӯҳии инсонӣ рӯ оварда, ҳолати равонии қаҳрамонони худро дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ бо диди нав тасвир намудааст.

Адиби шинохта Зариф Ғулом дар пешгуфтори китоб навиштааст, ки Холиқназар Ҷумъазода аз уҳдаи ин вазифаи масъулиятнок бо сари баланд баромада, қиссаҳои шавқангез ва таъсирбахш офаридааст.

Ӯ таъкид мекунад, ки забони маҷмӯа хеле сода, оммафаҳм ва равон буда, муаллиф ҳангоми таълифи он аз мақолу зарбулмасалҳои халқӣ ва шеъри шоирони классику муосир фаровон истифода бурдааст.

Ба ақидаи Зариф Ғулом, Холиқназар Ҷумъазода ҳоло дар авҷи камолоти эҷодӣ қарор дорад ва ин китоб бешак писанди хонандагони соҳибзавқ хоҳад гашт.

Бояд гуфт, ки ин китоби панҷуми Холиқназар Ҷумъазода аст. Қаблан китобҳои “Парандаҳои муҳоҷир” (соли 2013), “Биё, ки фолат бинам” (соли 2021), “Ашкҳои зери борон” (соли 2022) ва “Хандасарой” (соли 2024)-яш ба дасти хонандагон расида буд. Китоби ҳаҷвии “Биё, ки фолат бинам”-и ӯ соли 2021 “Китоби сол” эълон шудааст.


Хабарҳои бештар ➡️ Telegram ва MAX
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
4👍1
Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

МУФАССАЛ
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
3👍2
⚡️“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд


Бонки “Арванд” дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, сазовори ҷои аввал дониста шуд.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍52
#СОҲИБҶАШН

♦️Соли 1914 – Мавлуди Зиёдулло Шаҳидӣ, арбоби ҷамъиятию фарҳангӣ, оҳангсоз.


Зиёдулло Шаҳидӣ барои ташаккули санъати мусиқии касбии тоҷик саҳми арзанда дорад. Асарҳои эҷоднамудаи ин поягузори мусиқии касбии тоҷик на танҳо дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, балки дар бисёр кишварҳои олам мақоми махсус дорад. Шаҳидӣ муаллифи беш аз 225 асари мусиқӣ буда, ҳар яки онҳо дар санъати мусиқии тоҷик ҷойгаҳи худро дорад.

Шаҳидӣ бо осори классикон, аз қабили Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Хайём ва Бедил, аз дурдонаҳои беназири “Шашмақом” огаҳии хос дошт ва албатта ин ганҷинаи бебаҳои ниёгони миллати мо ба эҷодиёти пурғановати ӯ таъсири амиқ расонидааст. Зиёдулло Шаҳидӣ 25 феврали соли 1985 дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.


♦️Соли 1972 – Зодрӯзи Ҷамшед Муртазозода, ҳуқуқшинос, вакили собиқи парлумони Тоҷикистон.

Ҷамшед Муртазозода яке аз мутахассисони варзидаи риштаи ҳуқуқи гражданӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Ӯ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва Шӯрои илмию машваратии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аст.

Ӯ факултети ҳуқуқшиносӣ ва шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шуъбаи докторантураи Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Русияро хатм карда, дар Донишгоҳҳои Маҷористон, Итолиё, Шветсия, Русия такмили донишу ихтисос кардааст.

Муртазозода аз соли 2015 то 2020 ба унвони вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар узви Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон буд. Моҳи марти соли 2020 дубора ба унвони узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.


Хабарҳои бештар ➡️ Telegram ва MAX
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
4👍1
Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

МУФАССАЛ
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
😭4👍21🤯1😢1
❗️Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри муваффақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.


Дар Душанбе марҳилаи ниҳоии озмуни “Miss Dushanbe – 2026” (“Зебосанами Душанбе – 2026”) баргузор шуд. Фариштамоҳ Асламова ғолиби озмун гардид ва соҳиби 150 000 сомониву тоҷи тиллоӣ шуд.

Ҳамчунин, ду чеҳраи дигар дар номинаҳои “Miss Intellect” (Зебосанами зирак) ва “Miss Popular Choice” (Зебосанами маҳбуби дилҳо) низ интихоб шуданд.

Ин зебосанамҳо кистанд ва сирри мувафақиятҳои онҳо дар чӣ аст? Дар гузориши вижаи навбатдори мо дар шаҳр бубинед.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👎95😁4🤬2
❗️Ҳушдори ҳавошиносон аз омадане сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон

Пагоҳ, 5-уми май, дар минтақаҳои доманакӯҳиву кӯҳии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, инчунин, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ омадани сел пешбинӣ мешавад.


Дар ин хусус, Оҷонсии ҳавошиносии кишвар хабар дода, ба сокинон тавсия кардааст, ки дар ҳавои номусоид эҳтиёткор бошанд.

Бояд гуфт, дар рӯзҳои аввали моҳи май дар кишвар боронҳои шадид борид, ки боиси омадани сел дар бархе минтақаҳо шуд. Дар пайи обхезиҳо, аз ҷумла, се нафар дар шаҳри Кӯлоб ҷон бохт. Дар шаҳри Турсунзода бошад, як нафар дар натиҷаи раъду барқ ҷонашро аз даст дод.

Мақомот, ҳамчунин, мегӯянд, дар пайи офатҳои табиӣ чанд кас захмӣ ва садҳо хонаву сохтмонҳои гуногун осеб дидаанд.

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram ва MAX
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
😭4👎21
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
❗️Сокинон гуфтаанд, ки аз ҳама бештар дар кадом ниҳод фасод ҳаст

⚡️Як назарсанҷии ду ниҳоди давлатии Тоҷикистон ҳолатҳои зиёди бо фасод рӯбарӯ шудани сокинонро ошкор кардааст
.

Оҷонсии зиддифасод ва Маркази тадқиқоти стратегӣ пас аз як назарпурсии густарда эълон кардаанд, ки соли 2025 беш аз 35 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо ҳолатҳои фасод рӯбарӯ шудаанд. Аз ин миён, тақрибан 26 дарсади шаҳрвандон иқрор шуданд, ки барои ҳалли мушкилоти худ маҷбур шудаанд пора диҳанд.

Бар асоси ин тадқиқот, соҳаи маориф бо 20 дарсад дар садри феҳристи соҳаҳои фасодзада қарор гирифтааст. Дар зинаҳои баъдӣ ниҳодҳои марбут ба Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, додгоҳҳо ва бахши таъминоти барқ ҷойгир шудаанд.

Аҳолӣ сабаби асосии густариши фасодро дар маоши паст ва шароити душвори зиндагӣ гуфтааст.

Ҳамчунин, кӯшиши ба даст овардани даромади иловагӣ аз ҷониби кормандони мақомоти давлатӣ низ яке аз омилҳои асосӣ номбар шудааст. Аммо, нуктаи нигаронкунанда ин аст, ки 86 дарсади одамоне, ки бо фасод рӯбарӯ мешаванд, ба ягон ниҳод шикоят накардаанд.

МУФАССАЛ

#Якхабар
12👎1
❗️“Ҳамдигарро табрик мекунем, баъд аз мушкил мегӯем”. Таҷлили Рӯзи озодии матбуот бидуни фазои идона

Барои рушди расонаҳои мустақил 15 миллион евро ваъда шуд.

МУФАССАЛ
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
2👎1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
⚽️Ин #набзиварзиш аст — муҳимтарин хабарҳои варзишии рӯз дар “Азия-Плюс”.

Дар Душанбе яке аз марҳилаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо - Dushanbe Grand Slam 2026 - баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон натиҷаи хуб нишон дод - чор медал, аз ҷумла 3 тилло ба даст овард.

Дар Испания “Реал Мадрид” силсилаи тӯлонии шикастҳоро  қатъ кард. Даста “Эспаньол”-ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, пас аз нӯҳ бозӣ бори аввал дарвозаи худро аз гол эмин нигоҳ дошт.

Муфассали ин хабарҳо дар навори мо.

____
Таблиғ: Пешниҳоди муфидро аз сарпарасти барнома — 1XBet аз даст надиҳед, тафсилот дар саҳифаҳои расмии он.
👍1
Азия-Плюс TJ
🔴 Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰 💬 Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард МУФАССАЛ 💬Изҳори таслияти Рустами Эмомалӣ ба қурбониёни обхезии Кӯлоб МУФАССАЛ 💬 Муҳиддин Асадуллоев қаҳрамони…
🔴 Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰

💬 Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд
МУФАССАЛ

💬 “Ҳамдигарро табрик мекунем, баъд аз мушкил мегӯем”. Таҷлили Рӯзи озодии матбуот бидуни фазои идона
МУФАССАЛ

💬 “30 ҳазор доллари мардро барои нашр накардани аксҳои урёнаш гирифтааст”. Боздошти як зан бо гумони тамаъҷӯйӣ
МУФАССАЛ

💬 Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод
МУФАССАЛ

💬 Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?
МУФАССАЛ

💬 Трамп: Барои убури киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз иқдом мекунем. Эрон: Ба ҳар нерӯе, ки наздик шавад, ҳамла мекунем
МУФАССАЛ

💬 Ҳушдори ҳавошиносон аз омадане сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон
МУФАССАЛ

Хабарҳои бештар ➡️ Telegram ва MAX
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
2