Forwarded from Адаш ИСТАД
Адабиёт чист?
Ҳар як адиби тоҷик имрӯз онро ба тарзи худ мефаҳмад.
Ман низ.
Ба фикри ман адабиёти тоҷик бояд пеш аз ҳама дарди мардумро ифода кунад.
Ман ҳама услуб ва ҷараёни адабиётро, ки ба дарди миллат намехӯрад, ба як пули пучак намегирам.
Эҳтимоли қавист ки баъзе навпардозон эътироз кунанд ки замона нав шуд ва адабиёти тоҷик низ бояд ҳамқадами замон навпардозӣ кунад. Агар навпардозӣ ғоя ва консепсияро дар назар дорад, ҳатман эҳтиёҷоти хонандагони адабиёти тоҷикро ба назар мегирад.
Адабиёт, хусусан насри бадеӣ он қадар мураккаб шудааст ки масалан асари постмодернро қодир аст танҳо китобдӯст бифаҳмад. Ба ғайри ин метамодернизм ба вуҷуд омадааст.
Унсурҳое аз ин парадимгаҳо дар эҷодиёти камина ҳастанд.
Аммо хонандагони тоҷик ба тагмаъно эътибор надодаанд, онҳо ба асарҳои содаи замони шӯравӣ одат кардаанд ва тарки одат амри муҳол аст.
Дар як суруди хуб мисрае ҳаст: Шишта будам ними шаб ки тақ-тақи дарвоза шуд.
Дар як ҳикоя хонда будам ки охирзамон шудааст, ҳамаи Замин дар асари ҷанги ҳастаӣ сӯхта хокистар мешавад.Танҳо як кас дар як хона зинда мемонад. Дунё хомӯш.Садое нест. Инсони танҳо монда тамоман ноумед. Ҳамин вақт дари хонаи ӯро тақ-тақ мекунанд.
Боварам комил аст ки ба маҷоз асари асили адабӣ ҳамин гуна тақ-тақи дарвоза аст.

Ночизтарини ифтихорҳо ифтихори миллӣ аст. Ин ифтихор дар шахс набудани сифатҳои олии фардӣ аст, ки боиси фахр буда метавонанд ва ӯро имкон намедиҳанд ки мероси гузаштагонро моли худ ҳисобида фахр кунад.Касе, ки соҳиби сифатҳои олии инсонӣ аст,доим миллати худро назорат карда камбуду нуқсони онро ошкор намуда фошофош мегӯяд,то ки миллати худро аз қафомонӣ бираҳонад. Аммо инсони бефарҳанг нуқсону арзишҳои мусбати миллатро баробар ситоиш мекунад ва боиси ифтихор меҳисобад.
Артур Шопенгауэр.
Ба қавли Лев Толстой нобиғатарин файласуфи ҷаҳон аст.

❤1🔥1
Forwarded from ФОНУС (fonews)
Нагӯяд кас ба хуршед аз куҷо хезу куҷо биншин,
Хушо бар ҳоли он кас, ки мақоми хеш медонад.
✍Рустам Ваҳоб

🕊3❤1👍1
"Ҷабҳа"-и Рӯшангар
Яке аз бунёдҳои Тамаддуни башарӣ бегонаситезӣ будааст. Ҳамин аст, ки ҳар кас дар як ҷабҳае қарор дорад: ҷабҳаи маҳал, қабила, қавм, миллат, нажод, дин, мазҳаб ва ғайра. Як сухани хуберо ба Нютон нисбат медиҳанд, ки мегӯяд:
"Мо девор бисёр, аммо пул хеле кам месозем".
Чунин зеҳнияти қабилавии авом аз гиребони зиёиёну рӯшангарон ҳам мегирад, ки "Ҷабҳаи ту кадом аст?!"
Бар хилофи ин интизории авом, вазифаи рӯшангар шикастани деворҳо ва марзҳо дар байни мардумони ҷаҳон мебошад.
Аммо бештари зиёиён хилофи ин корро мекунанд: Яке аз қазоро дар Арабистон ва ё Эрон аст, шабу рӯз аз бузургии марзҳои мазҳабии он мегӯяд. Дигаре аз Девори бузурги Чин. Сеюмӣ аз марзҳо ва деворҳои Ғарб ва ё Шарқ.
Рисолати як рӯшангар аз ин ҷабҳаҳо фаротар будан аст, то ҳамаро бо як чашм дида тавонад, то ба ҷойи девор дар байни мардум пул бисозад. Рисолати рӯшангар шикастани деворҳо ва марзҳо аст. Ба ҳамин хотир, ӯ нақд мекунад, на ба хотири кадом ҷабҳае, ки аз деворҳо ва марзҳои қадим ҳимоят мекунад.
© Ҳафиз Бобоёр

💯1
Forwarded from ФОНУС (fonews)
Се навъи худхоҳӣ вуҷуд дорад: худхоҳоне ки худашон зиндагӣ мекунанд ва мегузоранд дигарон ҳам зиндагӣ кунанд; худхоҳоне ки худашон зиндагӣ мекунанд, аммо намегузоранд ки дигарон зиндагӣ кунанд; ва ниҳоят худхоҳоне ки на худашон зиндагӣ мекунанд ва на ба дигарон имкони зиндагӣ карданро медиҳанд...
✍ Иван Тургенев
@fonustj
#иқтибос
✍ Иван Тургенев
@fonustj
#иқтибос
🔥2💯2
Forwarded from ФОНУС (fonews)
Бештари сокинони Русия дар як назарсанҷӣ гуфтаанд, ки китоб қудрати иваз кардани зиндагии инсонро дорад. Ин назарсанҷиро Литрес, "Читай-город" ва LiveLib гузарондаанд.
75,5%-и пурсидашудаҳо эътироф кардаанд, ки худи онҳо чунин тағйирро дар зиндагӣ таҷриба кардаанд.
Бештари хонандаҳо гуфтаанд, ин тағйир дар наврасӣ - 12-18-солагӣ, сеяки пурсидашудаҳо дар 19-30 ва 17% — дар 31-45-солагӣ будааст.
Китобҳое ки бештар сабаби тағйир дар зиндагии инсонҳо шудааст:
🔸Романи Михаил Булгаков - "Мастер ва Маргарита"
🔸Силсилаи китобҳо дар бораи Гарри Поттер
🔸 "Шаҳзодаи хурдакак", Антуан де Сент-Экзюпери
🔸"Рӯзномаи Анна Франк"
🔸"К себе нежно", Олга Примаченко
Чӣ тағйир дар зиндагӣ сурат гирифтааст?
📖 17,5% гуфтаанд, арзишҳоро шинохтаанд ва дарк кардаанд, ки барояшон чӣ арзиш дорад
📖16% — худро беҳтар шинохтаанд
📖13,5% — таҳаммули мушкилотро ёд гирифтаанд
📖11% — шукргузориро омухтаанд
📖8% — таҳаммулпазир шудаанд
КИТОБ САБАБИ ТАҒЙИРҲОЕ ДАР ЗИНДАГИИ ШУМОРО ҲАМ ШУДААСТ?
@fonustj
#китоб

❤2
Forwarded from ТАФАККУР
Мусибати мо ин аст:
• оила бунёд мекунем, аммо — дӯст намедорем;
• фарзандро зиёд мекунем — тарбия намедиҳем;
• бино месозем — таълим намедиҳем;
• намоз мехонем — тақво намекунем;
• кор мекунем — мукаммал иҷро намекунем;
• сухан мекунем — аммо рост сухан намекунем.
©️ Ҷуброн Халил Ҷуброн
#гуфтори_бузургон
Ба дӯстон ирсол намо:
👇👇👇
@tafakkur_tjk

🔥4