Ахбори Руз
176 subscribers
1.49K photos
483 videos
291 links
@akhboriruz
https://youtube.com/@akhboriruz
📰 | Фатҳи қуллаҳои нави информатсионӣ
💡 | Маълумоти дақиқ ва саҳеҳ
🌐 | Ахбори дохил ва хориҷи кишвар
💹 | Қурби асъор
🔋 | 24/7
Download Telegram
"Тоҷиксуғурта" ба сокинони аз заминларза зарардида дар Рашту Тоҷикобод беш аз 480 ҳазор сомонӣ тақсим кард

Ин ниҳодро Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлатчанд рӯз пеш муваззаф намуд, ки новобаста аз мавҷудияти шартномаи суғуртавӣ ба ҳар оилаи зарардида маблағ ҷудо кунад.

Зимнан, КҲФ пули тақсимкардаи "Тоҷиксуғурта" -ро чунин ҳисоб кард:

🔹34 оилае, ки пурра хонаҳояшон вайрон шуд, 5000 сомонӣ гирифтанд;

🔹72 оила, ки қисман манзилҳояшон тахриб шуд, 2500 сомонӣ гирифтанд;

🔹89 оила бинобар зарари сабук 1500 сомонӣ гирифтанд.
Ҳиндистон равобитро бо Покистон қатъ намуд. Ҳиндустон ва Покистон пас аз ҳамлаи террористӣ дар остонаи ҷанг қарор доранд.

◾️Ҳоло Деҳлии Нав тамоми дипломатҳояшро аз сафоратхона дар Исломобод бозхонд ва дар навбати худ кормандони намояндагии дипломатии Покистонро аз ин кишвар ихроҷ мекунад.

Гузашта аз ин, Ҳиндустон ба ҳамаи шаҳрвандони Покистон амр додааст, ки то 27 апрел кишварро тарк кунанд.

Инчунин созишномаи обҳои Ҳиндро бо Покистон дар соли 1960 мутаваққиф кард. Азбаски сарчашмаи дарё дар қаламрави Ҳиндустон аст, он метавонад дар як шароит дар музофотҳои Покистон хушксолӣ ва гуруснагӣ ба вуҷуд орад.

◾️Дар посух Покистон ҳарими ҳавоиро ба рӯи Ҳиндустон баст

Сарҳадҳо низ бастаанд ва ба ҳамаи ҳиндуҳо дастур дода шудааст, ки дар давоми ду рӯзи оянда қаламрави Покистонро тарк кунанд.

Визаҳои шаҳрвандони Ҳиндустон бидуни истисно бекор карда шуданд.
Як шаҳрванди Узбекистон ҳангоми заминларза дар Туркия шокӣ шуда, ҷон бохтааст.

Ёдрас мешавем 23 апрел дар Истамбул заминларзаи 6 баллӣ рух дод. Беш аз 151 нафар зарар дидааст.

@akhboriruz- обуна шавед!
Довар ба саг корти сурх нишон дода, аз майдони футбол берун кард. Дар дақиқаи 20-уми бозии футбол миёни ду тими маҳаллӣ -Бейшехир Демирспор» ва «Куния Малиеспор» дар шаҳри Қунияи Туркия саге ба майдон мебарояд. Довар Мурод Балыкчи бо оромӣ ба сӯйи саг корти сурх нишон дода, пасон онро рӯйи дастонаш бардошта аз майдон берун мекунад. Ин амали довар боиси хушхолии хаводорони футбол гардид.
Сарвазирони Тоҷикистону Русия 25 апрел гуфтушунид доранд.

Расулзода ва Мишустин масоили кунунии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву гуманитарии Русияву Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.

Ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад, иттилоъ дод ҳукумати Русия.
Дар Тоҷикистон боз заминларза рух дод

Имрӯз, 25 апрел заминларзаи 4.2 дараҷаи магнитуда рух дода, маркази он дар 42 км шимоли ноҳияи Рашт ҷой дорад.

Ба иттилои маркази сейсмологии Аврупо ва баҳри Миёназамин (EMSC), заминларза соати 01:37 ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шуд.
Муҳоҷирон фарзандони худро дар Русия сари вақт ба қайд гиранд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба муҳоҷирон хотиррасон мекунад, ки дар Русия фарзандони худро сари вақт ба қайд гиранд ва талаботи қонуни ин кишварро риоя намоянд.

Тибқи қонунгузории Русия:

кӯдак бояд ҳамроҳ бо яке аз волидайн ё васии расмӣ ба қайди ҷойи зист гирифта шавад;

кӯдакони аз 6-сола боло, ки зиёда аз 90 рӯз дар Русия мебошанд, бояд раванди гирифтани изи ангушт ва аксбардориро гузаранд.

Ҳузури кӯдак дар Русия бештар аз 90 рӯз танҳо дар сурате қонунӣ аст, ки падару модар санади иҷозаи кор, иҷозаи муваққатӣ ё доимӣ барои зист (РВП, ВНЖ), шаҳрвандии Русия ё мақоми донишҷӯӣ дошта бошанд.

Дар сурати набудани ин ҳуҷҷатҳо, будубоши кӯдак ғайриқонунӣ дониста мешавад. Ғайр аз ин, кӯдакони бақайдгирифтанашуда ба мактаб қабул намешаванд ва бояд санҷиши дониши забони русиро супоранд.
Табассуми осмон: Шаби гузашта дар осмон як падидаи нодир сабт шуд.

Зуҳал, Зуҳра ва Моҳ тавре дар баробари ҳам ҷой гирифтанд, ки шакли табассумро менамуд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори садамаи даҳшатноке чарх мезанад, ки гуфта мешавад дар шаҳри Кӯлоб рух додааст.

Навор аз камреаҳои назоратӣ гирифта шуда, дар он дида мешавад, ки як мошин дар самти муқобили роҳ бо суръати баланд ҳаракат карда, дар натиҷа ба мошини дигар бармехӯрад.

Гуфта нашудааст, ки ин ҳодиса кай рух додааст. Дар бораи зарардидагони садама низ маълумот нест.
Business Insider гузориш медиҳад, ки Microsoft ба коргарони камлаёқат имкон медиҳад, ки ихтиёран аз кор раванд бар ивази 4-моҳа маош ё аз омӯзиш гузаранд. Онҳое, ки тасмим гирифтанд, ки тарки кор кунанд дарҳол 4 моҳа маош мегиранд, онҳое, ки омӯзишро интихоб мекунанд, хатари аз ҷои кор мондан ва 4 моҳа маошро доранд, агар аз такмили ихтисос нагузаранд.

Чунин пешниҳодро Amazon ҳам ба коргаронаш карда буд.
Дар Эрон як мард духтарашро барои кор дар як толори зебоӣ ё кошонаи ҳусн куштааст. Расонаҳои эронӣ навиштаанд, ки марде баъди фаҳмидани он ки духтари 18 солааш Фотима Султонӣ дар яке аз кошонаҳои ҳусн кор мекунад, бо корд суи духтараш ҳамла кардааст.
Духтар аз тарси падар, пинҳонӣ ба кор шуруъ кард. Падараш макони ӯро тавассути Instagram муайян ва ҳамла кард. Пас аз ин ӯ хост сари ӯро бибурад, аммо вақте ки дигарон дод заданд, гурехт. Мард ба хамсараш занг зада гуфтааст ки "туро бо ин ғаму андуҳ мегузорам" ва ғайб задааст.
Дертар кормандони интизомӣ ин мардро боздошт карда, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд..
💬Боздошти марди 28-сола бо гумони сӯиқасд ба ҷони ҳамсари собиқаш дар Душанбе

Дар Душанбе як сокини 28-солаи Панҷакент бо гумони сӯиқасд ба ҷони собиқ ҳамсари 38-солааш боздошт шуд.

Тавре Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад, ӯ рӯзи 23 апрел бо корд ба собиқ ҳамсараш се зарба задааст.

Гумонбар баъд аз ҳодиса фирор кард, вале милитсия ӯро боздошт намудааст.

Зани ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнин ба узвҳои ҳаётан муҳим дар беморхона қарор дорад.
Абубакр Шеров ва Сомон Маҳмадбеков ба нимфинали Чемпионати Осиё баромаданд

Варзишгарони тоҷик Абубакр Шеров ва Сомон Маҳмадбеков ба нимфинали Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки дар Таиланд ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.

Тавре "Варзиш ТВ" хабар медиҳад, онҳо рақибонашон аз Ҷопон ва Қазоқистонро шикаст дода, маҳорати баланд нишон доданд.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Шеров барандаи нишони биринҷии Чемпионати Осиё гардид

Рақобати Сомон Маҳмадбеков барои нишони тилои ин мусобиқа ҳоло дар пеш аст.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Сомон Маҳмадбеков барандани нишони нуқраи Чемпионати Осиё - 2025 гардид.
Асланшо Раҳматуллоев даргузашт

Асланшо Раҳматуллоев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дар синни 70-солагӣ аз дунё чашм пӯшид. Наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз даргузашти ин ҳунарманд хабар доданд.

Раҳматуллоев солҳои зиёд дар синамо фаъолият дошт ва бо иҷрои нақшҳои равшану хотирмон маҳбуби мардум гашта буд.