Тарбияи занон аз ҷониби шавҳар
8 subscribers
1 photo
Ассалому алейкум ва Раҳматуллоҳ каналро барои он сохтем ки доир ба масъалаҳои эҳтироми зану шавҳар далоил пешниҳод кунем Тибқи Қуръон ва суннат
Download Telegram
Ассалому алейкум ва Раҳматуллоҳ мавзуъҳо бештар аз 3 китоб пешниҳод карда мешаванд Ин Шаа Аллоҳ беҳтарин дарсҳо ва беҳтарин насиҳатҳоро барои шумо хоҳем расонд
1. Барои ҳамсарат худро зинат…

Одатан шавҳар аз занаш талаб
мекунад, ки худро барояш зинат диҳад ва ҳамеша дар беҳтарин сурат бошад. Боке надорад, лекин оё худи шавҳар худро барои ҳамсараш зинат медиҳад ва завҷааш ўро ҳамеша дар беҳтарин сурат мебинад? Оё шавҳар гумон мекунад, ки зинат додан махсуси занҳосту бас ва барои мард боке надорад, ки ғуборолуду жулидамўй ва бадманзар бошад? Ва оё зан аз шаклу шамоили шавҳараш мутаассир намешавад? Агар инчунин бошад, пас чаро шавҳар қабл аз шаби аввали арўсӣ ва ҳангоми номзад будан худро зинат медиҳаду ва либоси зебо ба бар мекунад, баъд аз он вақте ақди никоҳ мебанданд ва тўй мекунанд, муддате нагузашта нисбати афту андоми худ, сару либоси худ бепарво мегардад? Чӣ боис гардид, ки дигаргун шуд? Беҳтар он аст, ки ба ҳамон шакл боқӣ монад ва нисбати шаклу шамоили худ бепарво набошад. Ибни Аббос (р) мегўяд: «Ҳамоно ман барои ҳамсарам худамро зинат медиҳам, тавре ки мехоҳам ў ху бароям зинат диҳад».
Зане назди Умар (р) омада, аз шавҳари худ шикоят намуда, аз халифаи мусалмонон талаб намуд, ки ўро талоқ диҳад. Умар (р) мардеро назди шавҳари ў равон карда, назди худ хонд. Шавҳари зан омад ва Умар (р) ўро дид, ки либосҳои даридаву фарсуда ва мўйи жулида дораду ба покии бадану сару либоси худ бепарво аст. Пас Умар (р) асҳоби худро амр намуд, то он мардро бурда сару либосашро дигар кунанд ва ба ў бигўянд, то гармоба равад ва мўйи сарашро ба тартиб дарорад ва ба худ аҳаммият диҳад. Ҳангоме ки мард ин фармудаҳоро иҷро кард, Умар (р) ўро назди ҳамсараш даровард. Ҳине ки назди ҳамсараш ворид шуд, дар лаҳзаи аввал ҳамсараш ўро нашинохт ва аз ў ҳаё намуд. Мард гуфт: ман шавҳари ту ҳастам, оё маро намешиносӣ?! Чун зан бо диққат назар кард, шавҳарашро шинохт ва хушнуд шуд. Зан дарк намуд, ки амирулмўъминин
Умар (р) сабаби ислоҳи шаклу андоми
шавҳараш ва ислоҳи ҳоли ҳардуи
онҳо шудааст.
Умар (р) дар он ҳангом фармуд: «Савганд ба Худо (ҷ), ҳамоно занҳо дўст доранд, ки шумо мардҳо барояшон худро зинат диҳед, ҳамчуноне шумо мехоҳед, ки онҳо бароятон худро зинат диҳанд». Ҳамоно дини мубини Ислом дини покию назофат ва интизом аст, мову шумо мардону занонро ба аҳаммият додан ба покию назофат ва ҳайати зебо амр мекунад. Паёмбари гиромӣ (с) мефармоянд:
«Шахсе, ки дорои мўйи дароз бошад, пас бояд онро нигоҳубин намояд».
Яъне ба покию тозагии он аҳаммият
диҳад, онро шона занад. Худи
Паёмбар (с) дар чашмаи об нигариста
мўяшро шона мезад, яъне чашмаи
обро ҳамчун ойина истифода
мебурданд.
Паёмбар (с) аз беҳтарин хушбўиҳо
истифода мебурд. Ў (с) ба ёрони худ мефармуд, ки ба касе аз онҳо хушбўие
пешниҳод карда шавад, набояд онро
рад намояд:
«Шахсе, ки ба ў райҳон пешниҳод карда шавад, набояд онро рад намояд, зеро он бўйи хуш дорад».



ТаҳқиқотиУмари Ҳанафӣ
3
Ассалому алейкум ва Раҳматуллоҳ маълумоти баъди дар бораи издивоҷ аз дидгоҳи ислом мебошад ки баъди чандсоат равон хоҳем кард би изни Аллоҳ
3
Издивоч

издивоч аз дидгохи ислом
Хукми издивоч, аз дидгохи шариат дар баъзе холатхо вочиб, дар баъзе холатхои дигар суннат, хамчунин мубох ва хатто макрух низ мегардад.
Аммо вочиб буданаш дар шароитест, ки чун шахвати инсон зиёд асту агар издивоч накунад, шояд муртакиби гунох, яъне зино, ливота (бачабозй) ё дигар кори харом бишавад. Аллох субхонаху ва таъоло
мефармояд: : فانكخوا ما ظاب لكم من النساء.....} (النساء } (3 « Пас аз заноне, ки шуморо хуш ояд, издивоч, бикунед...» (Сураи Нисо, ояти 3.) Расули акрам алайхис-салоту
вас-салом мефармояд:
إذا تزؤج العنذ فقد استكمل نضف الذين فليتق الله في النضف الباقي ."(عن انس مرفوعات رواه الطبراني و البيهقى فى شعب أكيمان 4/382 ،حبيث رقم 5486 و روأه الحاكم و : صححه فهو حديث حسن لغيره صحيح الجامع (430: رقم

"Шахсе, ки зан бигирад, ба ростӣ нисфи динашро комил кардааст, пас дар нисфи боқимондаи динаш аз Худо битарсад."
Уламои киром ба оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ назар карда, гуфтаанд, ки корҳои зишт, мисли зино ва ливота дар шариъат ҳароманд ва иҷтиноб (худдорӣ намудан, ҳазар кардан) аз ҳаром воҷиб аст. Аз ҳамин лиҳоз, издивоҷ, ки сабаби дур будан аз ҳаром шуда метавонад, ҳукмаш воҷиб аст, то бо сабаби издивоҷ шахс аз корҳои ҳаром парҳез карда тавонад. Ин воҷибияти никоҳ бар ӯҳдаи
ашхосест, ки қудрати издивоҷ карданро доранд, яъне ба адои маҳр, нафақа ва таъмини манзили зист қодиранд. Аммо ашхосе, ки ба адои маҳру нафақа қодир нестанд, издивоҷ бар онҳо воҷиб нест. Дар ин ҷо суоле ба миён меояд,
ки пас ин ашхос чӣ кор бикунанд, то муртакиби гуноҳ нашаванд? Ҷавоб бар эшон чунин аст: Чунин ашхос бояд яке аз ин амалҳои зеринро ихтиёр намоянд:
1. Агар ба издивоҷи духтари бокира қодир нест, вале издивоҷи зани шавҳардида барояш муяссар аст, бо чунин зан издивоҷ бикунад, гарчанде он зан аз вай ба синну сол бузургтар ва соҳиби чанд фарзанд бошад. Зеро пешвои башарият ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки барои умматонаш беҳтарин улгу, яъне намунаанд, ҳангоми 25-солагиаш бо модари мӯъминон ҳазрати Хадича (разияллоҳу анҳо) издивоҷ кардааст, ки он вақт Хадича чиҳил сол умр доштанд ва соҳиби чанд фарзанд буданд.
2. Босабру таҳаммул ва ҷаҳду кӯшиш барои ҳосил кардани пулу мол аз Аллоҳ таъоло бояд талаб намояд, то пайдо намудани маҳру нафақаро барояш осон гардонад.
Зеро розигӣ ва ёварии Аллоҳ бо шахсонест, ки дар амалҳои дину дунё сабркунандаанд:
(153 : säJl ) (Seylal
«Ба дурустӣ, ки Аллоҳ бо собирон аст». (Сураи Бақара, ояти 153).

3. Икдом ба амале бикунад, ки сабаби паст шудани шахвоният бишавад. Яъне, шахс ба тоъату ибодат, касбу кор ва мехнати халоли пурмашаккат, ки боиси масрафи зиёди неру ва кудрати чисмонй мебошанд, машгул гардад. Чуноне бароямон маълум аст, аз чумлаи василахои муфид барои кам кардани шахват руза доштан аст ва дар ин мавзуъ Пайгамбар (саллалоху алайхи ва саллам) мефармояд:
يا مغشر الشباب من استطاغ منكم الباعة " فليتزؤج، ومن لم يشتطغ فعليه بالضؤم فإنة لة وجاغ" (متفق عليه عن عبد ألله بن مسعود (... مرفوعا

«Эй ҷамоъати ҷавонон, ба касе аз шумоён масорифи издивоҷ муяссар аст, пас бояд издивоҷ бикунад! Аммо касе чунин қудрат надошта бошад, пас бояд рӯза бигирад, чун рӯза (сабаби) ҳифзи вай ҳоҳад шуд".
Зиндагии муштараки заношӯӣ
масъулияти бузургро талаб менамояд, аз ҳамин лиҳоз, ашхосе, ки барои издивоҷ намудан шароити молиявӣ надоранд, беҳтараш то муҳайё кардани шароити мусоид аз издивоҷ худдорӣ намоянд. Тасдиқи ин гуфтаҳо ояти 33-и Сураи Нур мебошад, ки дар он Худованд чунин фармудааст:
"Ва онон, ки василаи никоҳ намеёбанд, бояд ки бар покдоманӣ устувор бошанд, то он ки Худо онҳоро аз фазли худ тавонгар гардонад…"
Суннат будани издивоҷ дар ҳолати эътидол аст, яъне дар ҳолатест, ки шаҳват зиёд набошад ва худро аз амалҳои зишт, амсоли зино ва ливота (бачабозӣ) нигаҳ дошта тавонад. Аммо ба хотири пайравӣ ва гиромидошти суннати пайғамбарамон Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) бояд издивоч, кард. Дар ин мавзуъ Саъд Ибни Абиваккос (разияллоху анху) чунин
ривоят кардааст: عن سنن أبي وقاص قال: لما كان من أمر " عثمان بن مظعون الذي كان من ترك النساء بعث إليه رسول الله صلي الله عليه و سلم فقال يا عثمان أني لم أومر بالرهبانية أرغبت عن سنتي؟ قال: يا رسول الله! قال: ان من سنتي ان أصلي وأنام وأصوم وأطعم وأنكح وأطلق فمن رغب عن سنتي فليس مني يا عثمان! أن هلك عليك حقا ولنفسك عليك حقا (رواه الدارمي و قال حسين سليم أسد: إسناده صحيح والحديث ( 179 / 2: متفق عليه كما في سنن الدارمي
"Хангоме Усмон ибни Мазъун иродаи тарки издивОЧ кард, Пайгамбар (саллалоху алайхи ва саллам) ба вай гуфт: Эй Усмон, ман маъмур нашудаам, ки рохибиро суннат бикунам ва анчом бидихам, оё ту аз суннати ман руй мегардонй? Усмон гуфт: Ha! Пайгамбар (саллалоху алайхи ва саллам) гуфт: Аз чумлаи суннати ман ин аст, ки кисмате аз шабро намоз хонаму кисмати дигари онро хоб равам, баъзе рузхоро руза дорам ва баъзе рузхои дигарро ифтор кунам ва издивоч, кунам ва талок, дихам. Аз ин ру, бидон эй Усмон, ки касе аз суннати ман ру гардонад, аз уммати ман набошад. Завчаи ту болои ту хак дорад ва нафсат болои ту хак, дорад".
Бинобар ин, хар касе, ки бе узр издивоч накунад, тарки суннат кардааст ва хар шахсе, ки тарки суннат мекунад, гунахгор мешавад. Чуноне дар ривояти «Сахехи Бухорй» Пайгамбар (саллалоху алайхи ва саллам) худаш фармудааст:
كل أمتي يدخلون الجنة من أبي ! قالوا يا " رشول الله ومن يأبي؟ قال من أطاعني دخل الجنة ومن غضاني فقذ أبى." (صحيح البخاري ( 9/ 92 - عن أبي هريرة مرفوعا -
"Хамаи умматам ба чуз он касоне, ки аз даромадани бихишт ибо (хазар) мекунанд, ба бихишт медароянд. Пурсиданд: касе аз даромадани бихишт ибо мекунад? Гуфт: Касе маро итоъат мекунад, ба бихишт медарояд ва касе маро итоъат намекунад аз даромадани бихишт ибо кардааст".
Аммо мубох (халол) будани издивоч дар холатест, ки мард як зан дорад, вале мехохад, ки боз издивоч, бикунад. Макрух буданаш
издивоч накунад, издивоч накунад, тарки суннат кардааст ва хар шахсе, ки тарки суннат мекунад, гунахгор мешавад. Чуноне дар ривояти «Сахехи Бухорй» Пайгамбар (саллалоху алайхи ва саллам) худаш фармудааст:
كل أمتي يدخلون الجنة من أبى ! قالوا يا " رشول الله ومن يأبى؟ قال من أطاعني دخل الحنة ومن عصاني فقد أبي (صحيح البخاري ( 9/ 92 - عن أبي هريرة مرفوعا -
"Хамаи умматам ба чуз он касоне, ки аз даромадани бихишт ибо (хазар) мекунанд, ба бихишт медароянд. Пурсиданд: касе аз даромадани бихишт ибо мекунад? Гуфт: Kace маро итоъат мекунад, ба бихишт медарояд ва касе маро итоъат намекунад аз даромадани бихишт ибо кардааст".
Аммо мубох (халол) будани издивоч, дар холатест, ки мард як зан дорад, вале мехохад, ки боз издивоч, бикунад. Макрух буданаш дар холатест, ки ба алокаи чинсй ё адои нафак, ва мухаё кардани манзил кодир нест, вале дуруг мегуяд ва занеро фиреб медихад ва бо вай издивоч мекунад.


Таҳқиқоти Умари ҳанафӣ
2
Ай бани одам дар ин дунё нақшатро хуб бози кун
Чун филме ки дар қабр мебинӣ дар нақши асоси худат ҳасти
Чуноне ки Шайх Саъди мефармояд

Зи мукофоти амал ғофил мешав

Гандум зи гандум бирӯяд ҷав зи ҷав

Насиҳати Умари Ҳанафӣ
👍4🔥2
Духтаре ба дугонааш мегуяд дирӯз чун дар хона касе набуд дустписарамро ба хона даъват кардам то бо ҳам хушҳолӣ кунем ва дустписарам ба ман 17:32 навишт ман то он вақт интизор шудам вале наомад


Савол ба шумо чаро писар ба назди духтар наомад

Таҳиягар Умари Ҳанафӣ
👍3
Гар ту дори нияте рафтан ба сӯи як зане,
Ё ба сӯи хоҳаре ё бар канори духтаре.
Дон ки дигарҳо раванд ҳатман ба сӯи ҳамсарат,
Ҳам ба сӯи хоҳарат,ҳам канори духтарат.

على فقير.

Зино Қарз Аст Бародарон Имрӯз Карди Фардо ба худат мегардад
💯2
Ассалому алейкум ва Раҳматуллоҳи ва баракатуҳу бародарон ва хоҳарони аҳли ислом Мавзуъи баъди дар мавриди интихоби ҳамсар ва интихоби дуруст баъди як чанд соат пешниҳод карда мешавад дустон ва рафиқонатонро даъват кунед то би изни Аллоҳ соҳиби садақаи ҷория шавед
Бо шумо буд Умари Ҳанафӣ
👍2
мавзуъи интихоби хамсар


ба зикри баъзе иршодоти Аллох (чалла чалолуху) ва рахнамоихои Пайгамбар (саллаллоху алайхи ва саллам) иктифо мекунем:
1. Аллох таъоло дар ояти бисту шашуми сураи "Нур"мефармояд: الخبيثات للخبيثين والخبيثون للخبيثات } { والظنتاث للظتبين والظينون للظيبات
(26 : النور ) "Занони нопок лоиканд бар
мардони нопок ва мардони нопок лоиканд бар занони нопок ва занони пок лоиканд бар мардони пок ва мардони пок лоиканд бар занони пок.
2. Пайгамбар (саллаллоху алайхи ва саллам) дар ривояти имомон
Бухорй ва Муслим мефармояд:
تنكخ المزأة لقالها ولحشبها وجمالها " ولدينها فاظفر بذات الذين ترب ي ذ اك" (رواه 3706: البخاري حديث : 5090 و مسلم حديث
( عن أبي هريرة مرفوعا
"Занро метавон ба эътибори чахор хислат ба хамсарй интихоб кард: 1) Ба эъти-бори сарватмандй;
2) Ба эътибори обрумандй; 3) Ба эътибори хусну чамол.4) Ба эътибори диндорй.Зани худотарсу диндорро интихоб намо,баракат хохй ефт".
3. Дар ривояти Имом Ахмад бо санади хасан Пайгамбар (саллаллоху алайхи ва саллам) мефармояд:
عن جابر بن عبدالله قال: قال رسول اله صلى " الله عليه وسلم: { إذا خطت أحذكة المزأة فإن اشتظاغ أن ينظر إلى ما يذغوة إلى تكاحها فليفعل " فخطبت امرأة من بني سليم، فكنت أتخبأ لها في أصول النخل حتى رأيت منها ما دعاني إلى نكاحها، فتزوجتها. ( ورواه أحمد 3/334 رقم 14626 وقال اااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااااا : 2082 حسن، و رواه أبو داود : 2/565 رقم وابن أبي شيبة : 4/355 والحاكم في المستدرك ، حدبث رقم: 2696 و قال: هذا حديث صحيح
( على شرط مسلم، وأقره الذهبي
"Хазрати Чобир ибни Абдуллох
мегуяд, ки Пайгамбар саллаллоху алайхи ва саллам фармуд: "Kace иродаи издивоч, бо занеро дошта бошад, пас агар кодир аст ончиро аз он зан назар намояд, ки боиси издивоч, бо вай мегардад (яъне хусну чамол ва каду комат) анчом бидихад. Ман иродаи издивочи занеро аз кабилаи Бани Салим доштам ва барои дидани вай дар зери дарахтони хурмо пинҳон шудам, то ки вайро дидам ва ба ман писанд омад ва бо ӯ издивоҷ кардам".


Мавзуъ ИНТИХОБИ ДУРУСТ

Дар баъзе ҳолатҳои махсус барои мардон интихоби ҳамсари шавҳардидаи бо таҷриба, аз интихоби духтари бикр хӯбтар ва ба манфиъат аст. Чуноне медонем ҳангоме модари муъминон Ҳадиҷа разияллоҳу анҳо вафот кард ва баъзе духтарони Пайғамбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) хурдсол буданд, Пайғамбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) барои сарпарастии онҳо бо зани шавҳардидаи бо таҷриба, яъне бо модари муъминон Савда разияллоҳу анҳо издивоҷ кард. Дар муҳорибаи "Уҳуд" саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ҳаром шаҳид шуд ва баъди худ як писар ва чанд духтареро ятим гузошт. Писараш ҳазрати Ҷобир ибни Абдуллоҳ разияллоҳу анҳумо барои тарбия ва сарпарастии хоҳаронаш бо зани беваи бо таҷрибае издивоҷ кард. Чобир разияллохv анхv хангоме сабаби бо зани шавхардида издивоч карданашро ба Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) гуфт, он хазрат барояш дуои баракат кард ва чунин гуфт: يارك اللة لك» أؤ قال : «خيزا." (صحيح البخاري " ( 7/ 66 \ 5367 عن جابر مرفوعا - баракат бидихад"
"Аллох туро гуфт: "Кори хубе кардай."

ТаҳқиқотиУмари ҳанафӣ
👍21🥰1
Ассалому алейкум
👍4
Дар паноҳи Аллоҳ бошед
👍4
Дуогуи Мо бошед
👍4
Ассалому алейкум ва Раҳматуллоҳ мавзуъи баъди пешниҳоди издивоҷ ва анвои издивоҷ(маҳр) баъди як чанд соат пешниҳод карда мешавад
👍2🥰1
пешниходи издивоч


Чуноне мардон ба занон пешниходи издивоч карданро медиханд, инчунин занон низ хаки чунин пешниходро доранд. Дар ривояти "Сахехи Бухорй" сахобии бузургвор Сахл ибни Саъд разияллоху анху чунин гуфтааст:
، أن امرأة أتت النبئ صلى اللة عليه وسلم " فعرضث علنه نفسها، فقال: «ما لي اليؤم في 18 /7- النساء من حاجة" ( صحيح البخاري ( 5141 - عن سهل سغد مرفوعا
"Зане назди Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) омад ва пешниход кард, то бо вай издивоч бикунад ваПайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) гуфт: Ман имруз ба издивоч хочат надорам." Дар дигар ривояти "Сахехи Бухорй" Анас разияллоху анху чунин гуфтааст:
حاءت امرأة إلى رسول الله صلي اللة عليه " وسلم تغرض عليه نفسها، قالث: يا رشول الله، ألك بي حاجة؟ " فقالث بنث أنس: ما أقل ها، وا سؤاتاه وا سؤأتاة، قال: «هى خير منك، زغبث في النبي صلي اللة عليه وسلم \13 /7- فعزضث عليه نفسها»(صحيح البخاري ( 5120 - عن أنش مرفوعا.
"Зане назди Пайғамбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) бо мақсади пешниҳоди издивоҷ омад ва чунин гуфт:Эй Пайғамбари Аллоҳ, ба издивоҷи бо ман ҳоҷат дорӣ?
Ҳангоме
ин ривоятро духтари ҳазрати Анас (разияллоҳу анҳу) аз забони падараш шунавид, гуфт: Чӣ қадар зани камҳаё будааст, воҳ бар ин шармандагияш, воҳ бар ин шармандагияш!!!
Ҳазрати Анас ба духтараш гуфт: Он зан аз ту беҳтар аст, зеро ба Пайғамбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) муҳаббат ва рағбат
кардааст ва нафси худашро
барои издивоҷ бо вай пешниҳод кардааст."

АНВОИ ИЗДИВОҶ

Издивоҷи ҷорӣ дар байни башарият ду навъ аст:
1.Издивоҷи доимӣ, ба мақсади
оила бунёд кардан, насли худро ба дунё овардан. аз
шириниҳои ҳамдигар лаззат ва манфиъат бурдан ва дар шодиҳо ва мусибатҳои зиндагӣ дар канори ҳамдигар шарику ёвар будан.
2.Издивоҷи муваққатӣ ба мақсади
аз ширинҳои ҳамдигар манфиъат
бурдан ва ё ба ҳадафе аз ҳадафҳои
дунявӣ расиданд. Чуноне дар замони мо ба ҳадафи ҳосил кардани
ҷинсияти хориҷӣ муваққатан бо занон ё мардони кишварҳои хориҷӣ тавофуқи издивоҷ
мекунанд.
Дар ин мавзӯъ бояд чанд нуктаро дониста шавад:
НУКТАИ АВВАЛ:
ТАЪРИХИ ҲАРОМ ШУДАНИ
НИКОҲИ МУВАҚҚАТ
Издивоҷи муваққатӣ, ки онро никоҳи мутъа ва сеға низ меноманд, қабл аз зуҳури дини мубини ислом ҳалол ва раво дониста мешуд ва дар ибтидои ислом низ то соли ҳафтуми ҳиҷрӣ мутобиқ бо 629 милодӣ, яъне нуздаҳ соли аввали ислом низ ҳукмаш тағйир наёфт ва мусулмонон никоҳи муваққати мекарданд. Бори аввал дар соли ҳафтуми ҳиҷрӣ дар рӯзҳои ҷанги дар минтакаи Хайбари атрофи Мадина вокеъшуда, Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) аз манъ шудани никохи муваккат мусулмононро хабардор кард.
Дар ин мавзуъ дар ривояти "Сахехи Бухори" чунин омадааст:
وفي صحيح البخاري -7/ 12 \ 5115 - أن علبا " رضى اللة غنة، قال عباس: «إن النبت صلي اللة عليه وسلم نهى عن الفتعة، وغن لخوم الخفر « ا2فلية، زمن خيبر
"Хамоно Али разияллоху анху ба Ибни Аббос разияллоху анхумо гуфт: Ба ростй Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) дар даврони чанги Хайбар никохи мувак,кат ва хурдани гушти хархои хонагиро мань карда буд." Аммо дар соли хаштуми хичрй мутобик, бо 630 милодй, яъне дар бистсолагии зухури дини мубини ислом, баъди фатх шудани шахри Макка, Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) барои лашкариён хамагй се руз никохи мувак,катро ичозат додааст ва баъди гузаштани се руз харом будани никохи муваккатро катьй ва абадй гардонидааст.

Дар
ривояти "Сахехи Муслим" сахобии бузургвор Саллама ибни Акваъ
разияллоху анху чунин гуфтааст: :1405 - 18 \1023 /2- وفي صحيح مسلم " عن إياس بن سلمة، عن أبيه، قال : «زخص ، رشول الله صلي اللة عليه وسلم عام أؤظاس « في المثقة ثادثا، ثم نهى غنها
"Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) дар соли чанги дар водии Автос вокеьшуда се руз никохи муваккат карданро ичозат дод ва баъди (гузуаштани се руз) онро манъ кард." Аз ин ривоят ду чизро дониста мешавад:
1. Баъди дар соли фатхи Хайбар, яъне соли хафтуми хичрй харом
кардани никохи муввак,кат, дар соли фатхи Макка, яъне дар соли хаштуми хичрй Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) танхо барои се руз никохи муваккатро дубора халол кардааст.Зеро водии Автос дар байни Макка ва Тоиф карор дорад ва чанги дар он водй баъди фатхи Макка дар соли хаштуми
хичрй вокеъ шудааст. 2.Чунин ичозати се pvза аз чихати холати лашкариён будааст, ки моххо солхо аз хамсаронашон дур мемонданд ва хамчун зарурати башарй ба кадри зарурат барояшон чунин ичозат додааст. Чуноне аз чихати зарурат изхор калимаи куфр ё хурдани харом ба кадри зарурат чоиз мешавад. Дар ин мавзуъ дар ривояти "Сахехи Бухорй" сахобии бузургвор Абдуллох ибни Масъуд разияллоху анху чунин гуфтааст:
وفي صحيح البخاري -6/ 53 4615 - غن " غند الله رضى اللة عنة، قال: " كنا نغزو مع النبي 2 صلي أللة عليه وسلم وليس مغنا انشاء، فقلنا: أ تختصي؟ فنهانا عن ذلك، فرخص لنا بغد ذلك أن " تتزؤج المزأة بالثؤب
"Хамрохи Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) ба мухорибахо мерафтем ва занхоямон хамрохи мо набуданд. Мо аз Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) ичозат хостем, то худамонро ахта бикунем. Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) аз ахта кардан моро манъ кард ва ичозат дод то ба занон (занони сигакунанда ба чои махр) либос бидихем ва издивоч бикунем."


Баъзехо бар ин назаранд, ки никохи муваккат дар аснои хаччаи ваддоъ, яъне охирин хачи Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) дар соли дахуми хичрй мувофик, бо 631 милодй ба таври катьй харом шудааст. Барои исботи ин назар ривояти "Сунани Абудовуд"-ро далел карор додаанд, ки чунин аст:
وفي سنن أبي داود -2/ 226 2072 :نهى " عنها في حجة الوداع" (حكم المحقق:شاذ ( والمحفوظ زمن الفتح
"Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) дар хаччаи ваддоъ никохи мувак,кат-ро манъ карданд." Уламо ин назарро бо чанд далел рад кардаанд:
1.Дар ин ривоят хаччаи ваддоъ гуфта шудааст ва дар чанд ривоятхои дигар, ки ровиёнашон бештар сик,ка ва муътамаданд, соли фатхи Макка гуфта шудааст. Дар чунин холат ин ривояти хаччаи ваддоъ хукми шоз ва мардудро мегирад ва беэътибор мешавад.
2. Дар ин ривоят ровй хато кардааст ва ба чои соли фатхи Макка соли хаччаи ваддоъ гуфтааст. Зеро ба чуз ин ривоят гуфтааст. Зеро ба чуз ин ривоят дар тамоми дигар ривоятхо соли фатхи Макка гуфта шудааст.
3. Ба фарзи мисол, агар хуччат будани ин ривоятро бипазирем, маънояш чунин мешавад, ки дар хаччаи ваддоъ Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) харом будани никохи муваккатро такрор ва таъкид кардааст. Зеро дар ин хач, Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) аксари ахкоми динро баён кардааст, ки аз чумлаи он ахком, харом будани никохи мутьа ва муваккат аст. НУКТАИ ДУВВУМ: ХУЛОСАИ ДАЛЕЛХОИ МАВЗУъ Бо чанд далел харом будани никохи муваккат катьй мебошад:
1. Дар оятхои панчум ва шашуми сураи "Муъминун" чунин омадааст: والذين هم لفزو جهم حافظون .إذ على أزواجهم }
أؤ ما ملكت أيمانهم فإنهم غير ملومين .فمن { انتغي وزاء ذلك فأولئك هم العاذون
)7 -5 : المؤمنون
"Ва он касоне, ки шармгохи худро (аз зино) нигохдорандаанд, магар бар занони хеш ва канизоне, ки дар мулки онхост. Пас. чунин
ашхос маломатшуда нестанд. Пас хар ки гайри инро талаб кунад- онхо аз хадгузарандаанд." Дар ин оят Аллох таъоло танхо алокаи чинсии бо хамсарону канизони худро ичозат додааст ва дар никохи муваккат зан хамсар канизи худаш махсуб намешавад, балки занест, ки бо вай муддати муъайяне алокаи чинсй мекунад. Бинобар ин, он зани бо вай никохи мувак,кат кардааст, никохи дуруст надорад, талок, ва идда надорад ва аз шавхараш мирос намебарад. Дар ин мавзуъ дар ривояти "Сунани Дорукутнй" бо санади аз дидгохи Хофиз хасан, Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) чунин гуфтааст:
وفي سنن الدارقطني -4/ 383 \ 3644 - عن " , أبي هريرة , غن النبي صلى اللة عليه وسلم قال: «حزم أؤ هدم الفثعة النكاخ والظآدق والغذة والميزاث» (وقال الحافظ في التلخيص (. الحبير -3/ 333 : إسناذة خشن
"Мутъаро яъне издивочи муваккати ро, никохи домой, талок, идда ва мирос, харом кардаанд ва ё аз байн бурдаанд."
Никохи мувак,кат аз ду чихат
талок, надорад:
1. Аввалан бояд акди никох дуруст бошад, то мард молики талок, бишавад ва никохи муваккат акди дуруст нест.
2. Сониян чун муддати тавофукшуда ба итмом бирасад, марду зани акди муваккаткарда бидуни талок аз хам чудо мешаванд. Вочиб нашудани идда барои он аст, ки идда баъди талок, вокеъ мешавад ва дар никохи мувак,кат талок, вучуд надорад.
Аммо дар чунин никох зан барои он мирос намебарад, ки барои мард хамсар махсуб намешавад ва занонхо аз хамсаронашон мерос мебаранд
2.Дар ривояти "Сахехи Муслим" сахобии бузургвор Сабраи Чуханй разияллоху анху чунин гуфтааст:
- 28 \1027 /2- وفي صحيح مسلم "
1406 :عن سبرة الجهني أن رسول الله صلي اللة عليه وسلم نهى غن المتعة، وقال:أ2 إنها حزام من يومكم هذا إلى يؤم القيامة، ومن كان أغظي « شنثا فاد تاخذة
"Пайгамбар(саллаллоху ъалайхи ва саллам) никохи муваккатро мань кард ва гуфт: Огох бошед, ки никохи
муваққат, аз имрӯз то рӯзи қиёмат
ҳаром аст. Касе чизеро ба зане барои чунин никоҳ дода бошад, онро пас нагирад."
3. Идаои ин, ки никоҳи муваққат дар даврони Пайғамбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ҳалол буд ва онҳоро ҳазрати Умар ҳаром кардааст, мисли идаои ин, ки дар даврони Пайғамбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) бо як лафз се талок воқеъ намешуд ва ҳазрати Умар онро дуруст ҳукм кардааст ва ё намози таровиҳ ёздаҳ ракаъат буд ва ҳазрати Умар онро бист ракаъат кардааст ва ғайра, ҳама назарҳои хатоанд, гарчанде бо санади саҳеҳ ҳам ривоят шуда бошанд. Зеро ҳазрати Умар пайғамбар набуд, ки чизеро ҳалол ё ҳаром карда битавонад, балки ҳар ончиро кардааст, дар ҳузури ҷамоъати саҳобагон ва бо машварати онҳо ва мутобиқи гуфтаи Аллоҳ ва Расулаш анҷом додааст. Ба таври мисол ҳангоме баъзе
саҳобагон, мисли Ибни Аббос, Ҷобир ибни Абдуллоҳ ва Имрон Ибни Ҳусейн разияллоҳу анҳум чунин назар доштанд. ки никохи мутьа ва муваккат халол аст, хазрати Умар онхоро хабардор кард, ки назарашон нодуруст аст ва чунин никох харом аст. У гуфт: Агар касе шохид надошта бошад, ки Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) никохи муваккатро баъди харом карданаш дубора халол кардааст ва у чунин никох бикунад, сангсораш мекунад, яъне чазои зиноро бар вай чорй мекунад. Чуноне дар ривояти "Сунани Ибни Моча" бо санади хасан чунин омадааст:
وفي سنن أبن ماجه -1/ 631 \ 1963 - عن أبن " غمق، قال : لما ولي غمز نن الخظاب خطب الناش فقال : "إن رسول الله صلى اللة عليه وسلم، أذن لنا في المثعة ثادثا، ثم حزمها، والله 2 أغلم أحذا يتمتغ وهو مخصن بالحجارة، أن يأتيني بأزبعة يشهذون أن رشول الله أحلها بغد ( إذ حزمها» (وحكم المحقق: حسن
"Вак,те Умар ибни Хаттоб халифа интихоб гардид, ба минбар баромад ва мардумро чунин хитоб кард: Пайгамбар (саллаллоху ъалайхи ва саллам) хамагй се руз барои мо никохи мувак,катро ичозат дод ва баъди он, харомаш кард. Касам ба Аллох, агар мекунад ва ӯ муҳсан (яъне марди зандида ё зани шавҳардида) аст, вайро сангсор мекунам. Танҳо дар ҳолате сангсораш намекунам, ки чаҳор шоҳид биорад ва онҳо шаҳодат бидиҳанд, ки Пайғамбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) баъди ҳаром кардани никоҳи муваққат, онро дубора ҳалол карда буд". Чуноне медонем ҳеҷ касе дар даҳ соли хилофати ҳазрати Умар ва на дар даврони хилофати дигар халифаҳо барои исботи ҳалол будани никоҳи муваққат, ҳеҷ шоҳиде наовардааст. Ин суханони ҳазрати Умар дар ҳузури аксари саҳобагон гуфта шудаант, ки эътироз накарданашон далолат бар иҷмоъ ва иттифоқи онҳо бар ҳаром будани никоҳи мутъа ва муваққат мекунад.
НУКТАИ САВУМ:
ХУЛОСАИ МАВЗУИ НИКОҲИ МУТЪА ВА МУВАҚҚАТ
1. Ба иҷмоъ ва иттифоқи уламои аҳли суннат ва ҷамоъат ва фатво дар мазҳаби ҳанафӣ, моликӣ, шофеъӣ ва ҳанбалӣ бар ҳароми абадӣ будани никоҳи мутъа ва муваққат аст.
2.Никоҳи мутъа ва муваққат бо руҳи дини мубини ислом, ки иртиботи ҷинсии марду занро танҳо бо ақди никоҳи саҳеҳ ва дар доираи оила ҷоиз медорад, мухолафат мекунад.
3. Интишори никоҳи мутъа ва муваққат иртиботи марду занро аз доираи масъулияту муҳаббат хориҷ мекунад ва онро ба ботлоқи шаҳвату манфиъат мекашонад ва зарурати бунёд кардан ва асос гузоштани оиларо аз байн мебарад.
4. Интишори никоҳи мутъа ва муваққат сабаби бештар ба дунё омадани фарзандони номашруъ ва насабашон номаълум ва бепарастор ва бетарбия мондани онҳо мебошад.
5.Занони издивоҷи муваққаткунанда, оқибат бозичаи дастони мардони фосиқи шаҳватпараст мешаванд ва ҳар рӯзе ё ҳар ҳафтае ва ё ҳармоҳе онҳоро иваз мекунанд ва бо нав ба наваш издивоҷ мекунанд. Чунин
ҳолат дар ҷомеъа ба паст шудани иззату каромати занони никоҳи муваққаткунанда меанҷомад.

Таҳқиқоти Умари Ҳанафӣ
👍31
Духтарчаи 11-сола худашро мекушад ва пеш аз куштанаш номае менависад ки дар нома чунин навишта шуда буд модарҷон зодурзат муборак шавад шумо маро аслан дуст надоштед ва ин гапро ҳаррӯз дар руям мегуед ва мегуфтед аз рузе ки ман ба дунё омадам Хушбахтиатро аз даст додет бо падарам ҷанг кардеду талоқатон дод имруз ман то рузи қиёмат аз шумо ҷудо мешавам шумо хушбахт шавед модарҷон гарчанде ки маро дуст намедоред,маро мезадед,ҷанг мекардед аммо бароям беҳтарин модар будед имрӯз ман барои ҳамеша аз барат меравам то шумо ба хушбахтӣатон бирасед

Зодрӯз муборак модарҷон духтаре ки шумо аз у безор будед (Шукрона)

Ин ҳодиса соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд рух додааст ки духтараки 11-сола худашро дор мезанад

Таҳқиқоти Умари Ҳанафӣ
👍1😭1
Ассалому алейкум ва Раҳматуллоҳи ва баракатуҳу бародарон ва хоҳарони аҳли ислом баъди чанд соат маълумот оиди маҳр пешниҳод карда мешавад

Бо шумо будУмари Ҳанафӣ