РИВОЯТ
Дар як деҳа ҷавоне зиндагӣ мекард, ки ҳамеша аз камии вақт шикоят мекард. Ӯ мегуфт:
— Кор бисёр аст, вақт намерасад, дилам ором нест.
Рӯзе марди донишманде ба ӯ гуфт:
— Рӯзи ҷумъа танҳо барои истироҳат нест, балки барои пок кардани дил ҳам ҳаст.
Ҷавон ҳайрон шуд ва пурсид:
— Чӣ тавр дил пок мешавад?
Марди донишманд табассум карда гуфт:
— Бо се чиз: сухани нек, бахшидани дигарон ва ёд кардани некиҳои Худо.
Он ҷавон ҳамон рӯзи ҷумъа ба чанд нафаре, ки аз онҳо ранҷида буд, салом дод, аз модараш аҳвол пурсид ва ба як ниёзманд ёрӣ кард. Шомгоҳ дид, ки дилаш сабук ва рӯҳаш ором шудааст.
Марди донишманд гуфт:
— Баъзан инсон барои хушбахтӣ пули зиёд не, балки дили пок лозим дорад. Ҷумъа рӯзи беҳтарин барои оғоз кардани некиҳост.
Панд:
Ҳар рӯзи ҷумъа фурсатест барои тоза кардани дил аз кина ва пур кардани он аз меҳрубонӣ.
https://t.me/Xirad

❤3👍1
Forwarded from ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 📙 🇸🇱 (Наргиси Масъудхон)
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.
Бузургон накарданд парвои мол,
Ки амволро ҳаст рўзе ба завол.
Инон сӯйи илму адаб тофтанд,
Ки номи наку аз адаб ёфтанд.
Абулқосим ФИРДАВСӢ
https://t.me/Xirad
Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.
Бузургон накарданд парвои мол,
Ки амволро ҳаст рўзе ба завол.
Инон сӯйи илму адаб тофтанд,
Ки номи наку аз адаб ёфтанд.
Абулқосим ФИРДАВСӢ
https://t.me/Xirad
❤2
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Илоҳо субҳи имрӯзат зи ғам дур,
Дилат аз ҳасрати ҳар бешу кам дур.
Худо ёрат, нигаҳдорат, ба ҳар ҷо,
Аз иқболат, ду чашми пур зи нам дур.
Насибат ҳоли хуш, шодӣ ва лабханд,
Лабат аз нолаҳои дам ба дам дур.
РӮЗИ ХУШУ ОЛИЕ ДОШТА БОШЕД!
https://t.me/Xirad
Дилат аз ҳасрати ҳар бешу кам дур.
Худо ёрат, нигаҳдорат, ба ҳар ҷо,
Аз иқболат, ду чашми пур зи нам дур.
Насибат ҳоли хуш, шодӣ ва лабханд,
Лабат аз нолаҳои дам ба дам дур.
РӮЗИ ХУШУ ОЛИЕ ДОШТА БОШЕД!
https://t.me/Xirad
❤3👍2
ҲИКОЯИ "ҲУШТАК"
Шӯҳратҷон аз овози ҳуштак бедор шуд. Дар паҳлўяш падару бародараш масти хоб буданд. Вай оҳиста атрофро аз назар гузаронд. Ҳама ҷо хомӯш, касе наменамуд. Танҳо моҳтоб замини бепоёни чӯлро равшан карда, гӯё ба чайлае, ки онҳо мехобиданд, менигарист. “Ягон кас харбуза дуздӣ омада бошад?”– фикр кард ӯ. –“Ё эҳтимол дар паси буттаҳои саксавул пинҳон шуда, бо ин ҳуштаки худ посбон доштан, ё надоштани полизро донистан мехоҳад? Ё ҳамроҳашро ҷеғ мезада бошад?”.
Шӯҳратҷон ба буттаҳои саксавул, ки гирдогирди полизро печонда гирифта буданду дар ҳавои форами шабона маҳин–маҳин сар меҷунбонданд, чашм дӯхта, аз паси онҳо баромадани шахси пинҳоншударо нигарон шуд.

Вале касе берун намеомад. “Аз афташ маро бедор дида, интизор аст, ки хобам барад. Ҳамин ки хобам бурд, ба харбузазор медарояд. Не, не, ман аноӣ не, ки хоб равам!”– аз дил гузаронд Шӯҳратҷон ва барои он ки хешро хобрафта вонамояд, худро дарунтари ҷогаҳ кашида, чашм аз паси буттаҳо наканд.
Ҳуштак ин дафъа баландтар садо дод. Шӯҳратҷон акнун чӣ хел ба даст афтондани дуздро фикр мекард. Ё бародарашро бедор кунад? Не, он гоҳ ӯро тарсончак меҳисобанд. Ҳар чӣ бошад ҳам, харбузадуздро бояд худаш дастгир кунад. Баъд номашро дар газетаҳо чоп мекунанд...
Дирӯз вақте ки ҳамроҳи бародараш падарашро хабаргирӣ меомад, гумон надошт, ки дар чӯл ӯро ин хел имтиҳон интизор аст... Падарашон сиҳату саломат, харбузаи хоҷагиро обёрӣ карда гашта будааст. Шӯҳратҷону бародараш то бегоҳӣ ба ӯ ёрӣ доданд. Инак, баъди кор падару бародараш бофароғат хобидаанд. Ҳаракатҳои бепаю пои дузд гурги борондидаро мемонд. Лекин аз дасти Шӯҳратҷон халос шуданаш душвор.
Шӯҳратҷон аз хомӯш хобидани сагашон ҳайрон буд. Вай ба ҳуштак эътибор намедод. Ақаллан ягон бор ҳам аккос намезад. Ё пир шуда, гӯшаш намешунавад?
Шӯҳратҷон ба умеди саг нашуда, худаш боз ҳам бодиққаттар ба атроф, ба тарафи буттаҳо назар афканда, ба шарфаи по гӯш андохт.
Моҳтоб ғуруб карда, нурҳои худро аз рӯи замин ғундошта гирифт. Чӯл гӯё болопӯши сиёҳ дар рӯ кашид. Аз ҳар ҷо–ҳар ҷо замини фароху беканори чӯл гунҷишкон парида, ба якдигар ҳамроҳ мешуданд ва села–села шуда, чуруқ–чуруқкунон ба тарафи гандумзор парида мерафтанд. Ин нишонаҳои рӯзшавӣ буд.
Шӯҳратҷон аз ҷогаҳаш оҳиста хеста, сӯи буттае, ки ҳуштак аз паси он шунида мешуд, нӯк–нӯки по равон шуд. Дар он ҷо чизе набуд.
- Наход ҳеҷ кас набошад? Пас кӣ ҳуштак кашид?!– ба фиреб хӯрданаш бовар накарда, аз дил гузаронд Шӯҳратҷон.
Дар ҳамин вақт ҳуштак боз такрор шуд. Шӯҳратҷон як қад парид. Аз ҳаракати ғайричашмдошти ӯ сӯфитурға (тӯрғайи кокулдор)-е хӯсида парвоз кард. Шӯҳратчон як қад парида, бо ҳайрат ба он нигарист. Вай ҳамон ҳуштаккашон рафта, дар пушти анбӯҳи саксавулу буттаҳои дигар боз пинҳон шуд.
Чоршанбеи ДЕҲНАВӢ

❤1
ҲИКОЯИ "ДОРУИ ДОНОШАВӢ"
Саидҷон шастро ба об партофтан замон пҳкак ба бозӣ даромад. Вай шастро саросема бардошт. Дар шаст моҳии тиллоӣ дум мезад. Саидҷон онро аз шаст озод карда буд, ки моҳӣ бо илтиҷо гуфт:
- Эҳ, бачаяки хубрӯ, илтимос мекунам, маро ба дарё баргардон. Дар ивазаш ҳар чӣ хоҳӣ медиҳам...
Саидҷон аввал ҳайрон шуд, баъд нобоварона пурсид:
- Чӣ дорӣ?
- Ҳама чиз.
- Фиреб намедиҳӣ?
- Ҳаргиз! Мо, моҳиён, фиребро намедонем. Агар бовар накунӣ санҷ.
- Ба ман ҳеҷ чиз даркор нест.

Танҳо мехоҳам, ки аз арифметика “панҷ” гирам, - гуфт хурсанд шуда Саидҷон.
- Хуб шудааст, - қабул кард моҳӣ,- боз ягон чизи дигар лозим шавад, омадан гир.
- Майлаш, - Саидҷон моҳиро ба об партофта, ба хона баргашт.
Гуфтаи моҳӣ шуд. Саидҷон аз арифметика “панҷ” гирифт. Боз ба дигар саволҳои муаллим ҷавоб дод. Баъд аз ин ба оддӣ набудани моҳӣ бовар кард. Вай аз дарс баромада, рост ба лаби дарё рафт:
- Эй, моҳӣ, моҳияки тиллоӣ!
Моҳӣ аз об сар баровард. Пулакчаҳои тиллоии он дар офтоб дурахшида, ба рӯи об заб-зард нур мепошиданд.
- Хизмат?- Даҳончаи хурду зебояшро кушода пурсид моҳӣ.
- Медонӣ-чӣ, моҳӣ, моҳияки тиллоӣ, ман аз забони модарӣҳам саводи хуб надорам. Омадам, ки ...
- Хуб шудааст, - сухани Саидҷонро бурид моҳӣ ва аз назар ғоиб шуд.
Саидҷон аз дарси забони модарӣҳам баҳои аъло гирифт. Вай хурсанд буд, аммо ҳамсинфонаш ҳайрон мешуданд.
- Эй, моҳӣ, моҳияки тиллоӣ!
- Хизмат?- Овози Саидҷонро шунида, рӯи об баромад моҳӣ.
- Хонишам суст аст. Хонданамро ҳам осон кун.
- Хуб шудааст.
Ҳамин хел Саидҷон аълочии синф шуд. Сураташро дар газетаи аълочиёни мактаб бароварданд. Дар мактаб, дар кӯча – дар ҳама ҷо гапи ӯ буд. Ҳама ӯро таъриф мекарданд.
- Эй, моҳӣ, моҳияки тиллоӣ, - рӯзе боз ба канори дарё омада ҷеғ зад Саидҷон.
- Хизмат? – аз об баромада пурсид моҳӣ.
- Ҳар рӯз омадан ба дилам зад. Ба ман доруе деҳ, ки онро хӯрда, ҳама чизро донам.
- Ин хел доруро дорӣ-ку. Чаро боз мепурсӣ? – ғайри чашмдошти Саидҷон пурсид моҳӣ.
- Чӣ? Доруи доношавӣ дорам? Дар куҷост? Чаро ман намебинам?
- Ту танбалӣ, барои ҳамин ҳам намебинӣ. Он дар болои мизат истодааст.- Моҳӣ инро гуфту таги об шуд.
- Эй, моҳӣ, моҳияки тиллоӣ...
Саидҷон аз овози худаш бедор шуд. Вай саросема ба гирду атрофаш нигарист. На дарё диду ва на моҳӣ! Дар гӯшаш суханони моҳӣ омехта садо медоданд: “Ту танбалӣ.- ...он дар болои мизат истодааст... Рав... Мебинӣ...”
Саидҷон аз ҷояш хеста, назди миз рафт. Дар болои миз «Китоби хониш», ки худаш кушода монда буд, меистод. Саидҷон беихтиёр нишаста, ба хондан сар кард.
Дар берун субҳ медамид...
Чоршанбеи Деҳнавӣ

Китоб чароғи ақл аст: ҳар кӣ бо китоб дӯст шавад, роҳи худро дар зиндагӣ равшан меёбад.
-----
Дониш сарватест, ки на дузд онро мебарад ва на вақт онро кам мекунад.
-----
Китоб беҳтарин дӯст аст: хомӯш аст, аммо бисёр чизҳоро меомӯзонад.
------
Ҳар саҳифаи китоб қадамест ба сӯи камол ва муваффақият.
-------
Инсони донишманд пеш аз сухан гуфтан меандешад ва пеш аз амал кардан меомӯзад.
-------
Мактаб дари донишро мекушояд, аммо китоб роҳро то қуллаҳои муваффақият нишон медиҳад.
---------
Касе, ки имрӯз китоб мехонад, фардо роҳбари фикру андешаи ҷомеа мешавад.
---------
Китоб хондан ғизои ақл аст, ҳамон гуна ки ғизо барои ҷисм зарур мебошад.
--------
Ояндаи дурахшон аз саҳифаҳои китоб оғоз меёбад.

❤2🔥1
Ростгӯӣ мисли риштаи тасбеҳ аст. Агар он канда шавад, ҳамаи фазилату хислатҳои неки инсон пароканда мегарданд.
https://t.me/Xirad
https://t.me/Xirad
👍6❤1
ҲИКОЯИ "ЗУЛФАК"
Рӯзе марди оҳангаре буд, ки зиндагии худро бо меҳнати ҳалоли касби оҳангарӣ пеш мебурд. Як рӯз подшоҳи мамлакат назди ӯ омад ва гуфт:
- Барои ман як «зулфак» бисоз!
Оҳангар розӣ шуд, вале дар дилаш ҳайрон монд, зеро намедонист, ки «зулфак» чист.
Як ҳафта гузашт. Ходими подшоҳ омаду пурсид:
- Зулфак тайёр шуд?
Оҳангар гуфт:
- Се рӯзи дигар мӯҳлат диҳед.
Боз чанд рӯз сипарӣ шуд. Ин дафъа худи подшоҳ омад ва пурсид:
- Зулфакро сохтӣ?

Оҳангар росташро гуфт:
- Не, эй подшоҳ, ман намедонам, ки зулфак чист.
Подшоҳ бо тааҷҷуб гуфт:
- Магар ту тоҷик нестӣ? Вой бар ҳоли ту! Чӣ гуна тоҷик ҳастӣ, ки маънои «зулфак»-ро намедонӣ? «Зулфак» ҳамон қулф аст!
Подшоҳ рафт, вале суханаш ба дили оҳангар сахт таъсир кард. Ӯ бо худ мегуфт:
- Чӣ гуна тоҷик ҳастам, ки калимаи забони модариамро намедонам? Вой бар ҳоли ман!
Аз шарм ва андеша деҳаро тарк карда, ба кӯҳ рафт. Хаста шуда, зери дарахте нишаст ва хобаш бурд.

Вақте бедор шуд, дид, ки шираи дарахт қатра-қатра мечакад. Пеш аз хоб шира кам буд, аммо акнун хеле зиёд ҷамъ шудааст.
Ба худ андешид:
- Ин шира ҳам қатра-қатра ҷамъ шудааст. Пас, ман ҳам метавонам калимаҳои забони тоҷикиро зарра-зарра омӯзам. Агар ҳар рӯз танҳо як калима ёд гирам, дар як сол 365 ё 366 калима меомӯзам. Бо ҳамин роҳ дониши ман рӯз ба рӯз бештар мешавад.
Аз ҳамон рӯз ӯ ба омӯзиши забони модарии худ ҷиддан машғул шуд ва фаҳмид, ки дониш қатра-қатра ҷамъ мешавад, аммо рӯзе ба дарё табдил меёбад.
Ҳикмати ҳикояи ин аст, ки дониш якбора ба даст намеояд. Ҳар рӯз каме омӯзем, бо гузашти вақт соҳиби дониши бузург хоҳем шуд.

👍1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Ассалому алайкум, ҳамватанон ва ҳамзабонони азиз!
Бо фарорасии фасли зебои тобистон бароятон рӯзгори пурнишот, қалби саршор аз меҳру муҳаббат ва зиндагии осудаву саодатмандона орзу менамоем.
Бигзор гармии офтоби тобистон ба дилҳоятон нуру умед бахшида, ҳар субҳи шумо бо хушхабарӣ, ҳар рӯзи шумо бо комёбӣ ва ҳар шоми шумо бо оромишу хотири ҷамъ анҷом ёбад.
Орзумандем, ки ҳамеша сиҳату саломат, сарбаланду хушбахт бошед, дар хонадонатон меҳру муҳаббат, файзу баракат ва шодиву хурсандӣ ҳукмфармо бошад.
Бигзор сулҳу осоиштагӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳамеша ҳамсафари зиндагии шумо гардида, ҳар рӯзи умратон аз рӯзи гузашта беҳтару пурфайзтар бошад!

Имрӯз, 1-уми июн, дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин рӯз яке аз идҳои муҳим ва дӯстдоштатарини ҷаҳонӣ буда, ба ҳимояи ҳуқуқ, манфиат ва хушбахтии кӯдакон бахшида шудааст.
Таърихи таъсиси ин сана ба соли 1925 рост меояд. Маҳз дар ҳамон сол дар шаҳри Женева зимни анҷумани ҷаҳонӣ оид ба вазъи кӯдакон масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва беҳбудии зиндагии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, заминаи таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакон гузошта шуд.
Дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон Рӯзи кӯдакон 20-уми ноябр таҷлил мегардад. Ин сана ба рӯзи қабули Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак рост омада, ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон эътироф шудааст.

Кӯдакон ояндаи миллат, идомадиҳандагони роҳи бузургони халқ ва сарвати бебаҳои ҳар ҷомеа ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ, рушди зеҳнӣ ва маънавии онҳо вазифаи муқаддаси ҷомеа ва ҳар як инсони соҳибвиҷдон мебошад.
Ба муносибати ин рӯзи фархунда дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ, варзишӣ ва фароғатӣ баргузор гардида, барои кӯдакон барномаҳои идона, озмунҳо, намоишҳои театрӣ, консертҳо ва маҳфилҳои шавқовар ташкил карда мешаванд. Ҳадаф аз ин чорабиниҳо болидаруҳии кӯдакон, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ мебошад.
Бигзор хандаи беғаши кӯдакон ҳамеша фазои зиндагии моро равшан созад, осмони орзӯҳояшон софу беғубор бошад ва ҳар як кӯдак дар муҳити сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат ва ғамхории ҷомеа ба камол расад. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак.