Tajik Technical University named after academician M.S.Osimi🇹🇯
260 subscribers
428 photos
17 videos
12 files
106 links
🇹🇯 Шабакаи расмии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

🇷🇺 Официальный телеграм-канал ТТУ имени академика М.С.Осими

https://www.facebook.com/ttu.m.s.osimi
https://www.ttu.tj
Download Telegram
ТАШРИФИ САФИРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ТСЗИ ШУМИН БА ДОНИШГОҲ
6 феврал сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе Тсзи Шумин ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ташриф овард. Ҷаноби сафирро ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар истиқбол намуда, робитаҳои илмӣ – таҳқиқотиро дар доираи фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи Лубан бо муассисаҳои таҳсилоти олии Чин, ки соли 2022 дар Донишгоҳ бунёд гардид, баррасӣ намуданд. 
Нахуст, Тсзи Шумин аз иқтидори илмию таълимии донишгоҳ боздид ба амал оварда, бо имкониятҳои мавҷуда ва дурнамои татбиқи иқтидори илмии донишгоҳ шинос гардид. Таъкид гардид, ки иқтидори илмӣ – таҳқиқотӣ ва таълимии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бузург буда, дорои шароити хуби таҳсил ва омода намудани мутахассисони самтҳои гуногуни муҳандисиро доро мебошад.
МАЪРУЗАИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ПРОФЕССОР ДАВЛАТЗОДА ҚУДРАТ ДАР ШУРОИ РЕКТОРОН

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҷаласаи навбатии Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Пеш аз оғози ҷаласа ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ дидан намуда, ба иқтидори моддӣ, илмӣ ва техникии Донишгоҳ баҳои баланд доданд.

Сипас дар толори донишгоҳ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ва муовини вазири маориф ва илс Абдухолиқзода Лутфия ва раиси Шурои ректорон Маҳмадшоҳ Гулзода ҷаласаи навбатии Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар он аъзои Шуро - ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар рафти баргузории Шурои ректорон ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат оид ба вазъи рақамикунонӣ дар Донишгоҳ суханронӣ намуд.