Рустам Эмомалӣ 🇹🇯
21.3K subscribers
8.46K photos
285 videos
1.31K links
Шабакаи расмии Рустам Эмомалӣ
Download Telegram
Имрӯз дар Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Сегодня в Управлении капитального строительства Исполнительного органа государственной власти города Душанбе состоялось торжественное мероприятие, посвящённое 35-летию Государственной независимости Республики Таджикистан.

Today, a ceremonial event dedicated to the 35th anniversary of the State Independence of the Republic of Tajikistan was held at the Department of Capital Construction of the Executive body of the state authority of Dushanbe city.
@RustamEmomali
👍7619👏5🕊5
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон!!!
Доброе утро, Таджикистан!!!
Good morning, Tajikistan!!!
@RustamEmomali
👍10546🕊12🙏7👏2
8 сентябр дар «Театри Миллӣ» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳузур доштанд.

8 сентября в «Театри Милли» с участием Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона состоялось торжественное собрание, посвящённое 35-летию Государственной независимости Республики Таджикистан, на котором присутствовал Председатель Маджлиси миллии Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали.

On September 8, a solemn gathering dedicated to the 35th anniversary of the State Independence of the Republic of Tajikistan was held at the «Teatri milli» with the participation of the President of the Republic of Tajikistan, Leader of the Nation, Honourable Emomali Rahmon, where the Chairman of the Majlisi milli of the Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan, the Chairman of the city of Dushanbe, Honourable Rustam Emomali, was also present.
@RustamEmomali
👍10337🕊9👏4
Суратгузориш аз қисмати фарҳангии маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Театри миллӣ”

Фоторепортаж с культурной части торжественного собрания, посвящённого 35-летию Государственной независимости Республики Таджикистан, состоявшегося в «Театри милли».

Photo report from the cultural programme of the solemn gathering dedicated to the 35th anniversary of the State Independence of the Republic of Tajikistan, held at the “Teatri milli”.
@RustamEmomali
👍7126👏7🙏6🕊3🆒1
👍3019🙏2🕊2🤩1
Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати 35-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Ҳамватанони азиз!
Сокинони ватандӯсти пойтахт!
 Дар ин лаҳзаҳои пуршукӯҳ ҳамаи шумоёнро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ самимона табрик ва муборакбод мегӯям.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ, ки мардуми шарафманди мо ҳамасола онро 9 сентябр бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ таҷлил менамояд, санаи муқаддасу сарнавиштсоз ва рамзи соҳибихтиёрии миллӣ, озодӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад.
Истиқлолият бузургтарин неъмати миллӣ, пояи ҳастии давлати соҳибихтиёр, кафили ҳифзи ҳувияти миллӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад.
Сиву панҷ соли соҳибистиқлолӣ роҳи пурифтихор, вале ҳамзамон пур аз озмоишу мушкилоти таърихӣ буд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ҳаёти ҷомеа, иқтисоди кишвар ва пояҳои давлатдорӣ зарари ҷиддӣ расонида, хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда гардидани миллатро ба вуҷуд овард.
Барқарор гардидани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ, ки бо шарофати талошу заҳмат ва фидокориҳои беназири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон муяссар гардид, муҳимтарин дастоварди таърихии даврони истиқлол ба шумор меравад.
Маҳз бо роҳбарӣ ва раҳнамоиҳои хирадмандонаву оқилонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 35 соли истиқлол Тоҷикистон дар роҳи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, пойдевори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд.
Бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, рушди инфрасохтор ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги миллӣ симои кишварро ба куллӣ дигаргун сохтанд.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли кишвар на танҳо санаи муқаддаси таърихӣ, балки масъулияти бузург дар назди наслҳои оянда мебошад.
Бинобар ин, вазифаи муқаддаси насли имрӯза, бахусус, ҷавонон ин ҳифзи истиқлолу озодӣ, арҷгузорӣ ба арзишу дастовардҳои он, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо иродаи қавӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саъю талоши созанда Тоҷикистонро ба марҳалаҳои нави рушду пешрафт хоҳад расонд.
Бо ибрози ниятҳои нек, бори дигар, ин санаи фархундаро ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, зиндагии шоиста ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи пойдор, рушди устувор ва ояндаи дурахшонро орзу менамоям.
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Зиндаву поянда бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Дорогие соотечественники!
Патриотичные жители столицы!
В эти торжественные минуты искренне поздравляю и от всей души желаю счастья и благополучия всем вам по случаю 35-летия Государственной независимости Республики Таджикистан великого и священного национального праздника.
Праздник Государственной независимости, который наш достойный народ ежегодно отмечает 9 сентября с гордостью и благодарностью за государство и национальную государственность, является священной и судьбоносной датой, символом национального суверенитета, свободы и возрождения государственности таджикского народа.
Независимость является величайшим национальным достоянием, основой существования суверенного государства, гарантией сохранения национальной идентичности, языка, культуры и исторических ценностей таджикского народа.
Тридцать пять лет независимости стали славным, но в то же время наполненным историческими испытаниями и трудностями путём.
Навязанная гражданская война нанесла серьёзный ущерб общественной жизни, экономике страны и основам государственности, создав угрозу исчезновения государства и распада нации.
33👍24🙏2🕊1