ДУРДОНАИ ШАРҚ
420 subscribers
554 photos
160 videos
3 files
465 links
Маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон

🏛 Муассисон :

Шӯъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд

📩 E-mail: durdonai_sharq@mail.ru
Download Telegram
«МАН, МАҲАЛЛАТӢ!»

Б о ин ном китоби яке аз мардони зарифтабъи Самарқанд шодравон Баҳодури Ҷаббор аз нашриёти «МAHORAT» рӯйи чопро дид.

Ин китоб дардномаи як марди зариф аст, ки бо гиряҳои беҳисоб хандида-хандида навиштааст. Дар ин китоб қаҳрамони асосӣ худи муаллиф асту ҳаёту мардуми маҳаллаи истиқоматкардаи худро хеле моҳирона ба қалам додааст. Шодравон Баҳодури Ҷаббор марди зарофатгӯю ҳозирҷавоб ва дорои хотираи қавӣ буд. Номи варзишгарони зиёдеро медонист ва бо намояндагони мамлакатҳои гуногун доир ба қаҳрамонҳои варзиши он кишвар баҳс намуда, ғолиб омадааст. Ҳангоми мутолиаи китоб Шумо тафсилоти ин баҳсҳоро мехонед ва ба соддагию хушбоварӣ ва дилсафедии мардуми Маҳалла қоил мемонед.
Шояд барои Маҳаллатӣ дар даромадгоҳи Маҳалла пайкараи азиме гузоранду сайёҳон ба тамошои он раванд. Зеро латифаҳои ҳаётии Маҳаллатӣ баъзан Афандию гобровийҳоро ҳам дар ҳайрат мегузорад.
Китобро хонед, худатон ба хуллосаи дуруст меоед.

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик

https://t.me/DURDONAI_SHARQ
7-уми июн зодрӯзи олими адабиётшинос, академики Академияи илмҳои Турон, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон марҳум Абдусалом САМАДОВ

Чунон кун зиндагонӣ дар замона,
Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона.
Ҳақ асту рост аст, ки медонем, “Куллу нафсин зоиқат-ул-мавт”, яъне хамеша ғайричашмдошту ғайриинтизор, ногаҳон дармерасад марг ва дили хешу пайвандон, ёру дӯстонро реш-реш мекунад. 12 августи соли 2021 хабари шуми фавтидани олими адабиётшинос, академики Академияи илмҳои Турон, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон марҳум Абдусалом САМАДОВ, ки тайи беш аз сӣ сол дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд мақом ва ҷойгоҳи хосса дошту маҳфили адабу фарҳанги тоҷикро зинат мебахшид, бештар дар ҳайрату тааҷҷуб гузошт.
Соли гузашта анҷумани байналхалқие бо иштироки олимону аҳли адаби ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар савияи баланд гузашта буд Дар ин ҷо мақолаи яке аз шогирдони устод А. Самадов олимаи забоншинос устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Сабоҳат Маҷидоваро, ки пур аз зикри хайр аст, ин ҷо бознашр намуданро ҷоиз донистем.
Охирати ин марди хирад обод бошад.

Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабӣ,
илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ”


Telegram | Web-сайт | Facebook
АЗ Ӯ “НИШОНИ МЕҲР” МОНД...

ПУРРА : 👉👉👉 https://durdonaisharq.uz/index.php?newsid=83

✍️ Сабоҳат МАҶИДОВА, 
муаллимаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Telegram | Web-сайт | Facebook
Имрӯз шоир, нависанда, рӯзноманигор, тарҷимон ва ношир, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" Асадуллоҳ Шукуров (Исмоилзода) зодрӯз дорад

ПУРРА: 👉👉👉 https://durdonaisharq.uz/index.php?newsid=84

Ҷамоаи маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" Асадулло Шукуровро бо зодрӯз муборакбод намуда, барояш ҷӯши илҳом таманно менамоянд.

Зодрӯзатон муборак бод, шоири тозанигору ҷавҳарбин!

Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ"

Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 @DURDONAI_SHARQ
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Ғазали Асадуллоҳ Исмоилзода дар қироати Саодат Сангинова (Сариосиё)

@DURDONAI_SHARQ
Дили бекарорам
Мансуржон Норов
Ғазали Асадуллоҳ Исмоилзода, иҷрокунандаи суруд Мансурҷон Норов (Самарқанд)

@DURDONAI_SHARQ
Audio
Ғазали Асадуллоҳ Исмоилзода дар қироати Саодат Сангинова (Сариосиё)

@DURDONAI_SHARQ
Имрӯз яке аз фарзандони обрӯманди Самарқанд, олим, шоир ва тарҷумони шинохта, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” БАҲОДУРИ УБАЙДУЛЛОҲ (Раҳмонов) зодрӯз дорад.

Аз номи тамоми фарҳангдӯстони Самарқандӣ ва муштариёни бешумори маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” Баҳодури Убайдуллоҳро бо зодрӯз муборак намуда, ба ӯ иродаи мустаҳкам, ҷӯши илҳом ва комёбиро таманно дорем.

Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ"

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
УНВОНИ МО

То ба кай, эй чарх, пушти шиша монад ҷони мо?!
Косаи тоқат шикаст андар сари ҳайрони мо!
Чарх зад ақлам, вале дигар нашуд мазмуни рӯҳ,
Маънии умр аст бемазмунии даврони мо.
Аз парешонии фикри худ парешонем боз,
Вақт ҷӯяд ҳар нафас андешаи сомони мо!
Ку ҳиҷобат? Ҳастии мо сӯхт аз тоби назар,
Заъфаронрез аст акнун чеҳраи тобони мо.
Ақломӯзии мо бар ҳукми дил маҳкум намуд,
Рӯҳ ҳам бигзашт баҳри ишқ аз фармони мо.
Ин ҷаҳони бекаронро ҷустуҷӯ кардем бас,
Умри мо поён биёфт аз майли бепоёни мо.
Манфиат аз эҳтиёҷи ишқварзӣ шуд баланд,
Ишқ ҳам рағбат накард аз дарду аз дармони мо.
Як назар сӯйи таманнои ситора – ормон,
То хаёли ишқомӯзӣ бишуд унвони мо!

✍️ БАҲУДУРИ УБАЙДУЛЛОҲ

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Forwarded from ОРИЁН
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
#гузориш
Ҷашни 70-солагии шоири зиндаёд Абдулло Раҳмон дар зодгоҳаш воҳаи Сурхон оғоз ёфта, дар шаҳри донишҷӯиаш Самарқанд ҷамъбаст гардид.

(То наворҳоро бо рухсати махсус ба даст овардан, фурсати тӯлонӣ гузашт. Барои наворҳо ба телевизиони вилоятии Сурхондарё ва муҳаррири он С.Норманова миннатдорӣ баён мекунем
)

Бо мо бошед:👇👇👇
https://t.me/oriyonsamarqand
#ЗОДРЎЗ_МУБОРАК

ОЛИМАИ СУХАНДОН

Имрӯз олимаи шинохта, сухандони бомаҳорат,  масъули шабакаи “Ориён”, роҳбари маҳфили "АДАБ" дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ДИЛРАБО НАЗАРОВА зодрӯз дорад.

Соҳибҷашнро аз номи тамоми муштариёни маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” муборакбод менамоем. Ин дуои Шайх Саъдӣ армуғонест аз номи дӯстон:

Эй баландахтар, худоят умри ҷовидон диҳад,
Он чӣ хушбахтию хушрӯзӣ дар он аст, он диҳад.
Эй муборакрӯз, ҳар рӯзат ба коми дӯстон,
Ҳақ таолло аз наими охират товон диҳад.

Бо дуо ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ"

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Forwarded from ОМЎЗГОРИ ТОҶИК (Muhammadiqbol Shukurov)
#ТАБРИК

Муборак, иду айёми ниёгон,
Муборак, чеҳраҳои шоду хандон.
Намозу ҳам дуои мо қабулаш,
Муборак бар Шумо ин иди Қурбон!

Азизони дил иди Қурбон ба Шумо ва аҳли байтатон муборак бошад! То идҳои дигар Худованд мою Шуморо сиҳату саломат нигаҳ дорад!

Бо ниятҳои нек Асадуллоҳ Исмоилзода.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
🦋

Мушкиле дорам ба дил, мушкилкушоёнам кунед,
Ҷамъ гашта бар сарам в-аз меҳр эҳсонам кунед.

Дар дилам садҳо гиреҳи баста дорам бегумон,
Ин замон, эй хушдилон, во уқдаи ҷонам кунед.

Дар набарди буду нобуд он қадар фарсудаам,
Бо каломи шаҳдбор ин лаҳза дармонам кунед.

Ман ҳамон Исфандиёрам бо чунин рӯинтанӣ,
Мекушад Рустам ба ҷоду, ҳифзи чашмонам кунед.

Бо ҳама ҳоҷатбарорӣ ҳоҷате дорам кунун,
Ҷамъ оед, эй ҳабибон, мушкил осонам кунед.

Ин қадарҳо худнамоӣ кӯшиши беҳуда аст,
В-аз карам хоне биороеду меҳмонам кунед.

Эй Асад, оинаи дил з-оби имон пок соз,
Дар ҳама кавну макон ҳамдил ба инсонам кунед.


Асадуллоҳ Исмоилзодаи Самарқандӣ

🦋

@gazaltjk
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
📖 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ

БА РӮЗИ ХОДИМОНИ МАТБУОТ ВА ВАСОИТИ АХБОРИ ОММАВӢ БАХШИДА МЕШАВАД

"Дурдонаи Шарқ" аввалин ва ягона маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии соф тоҷикии Ҷумҳурии Ӯзбекистони соҳибистиқлол.

Манба: @oriyonsamarqand

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
#ТАБРИК

📖 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ

Имрӯз дар ҷумҳуриямон кормандони васоити ахбори оммавӣ  ҷашни касбиашонро ботантана истиқбол мегиранд. Кормандони ин касби бошараф ва мушкилписанд, ки доимо дар эътибори мардуманд барои равнақи диёр саҳми босазо мегузоранд. Дар ин рӯзи ҷашн тамоми ҳамкасбонамро бо ин ҷашни ҳақиқату адолат ва истеъдод - Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ самимона муборакбод мегӯям.  Қалами бурро, забони гӯё, чашми ҳақиқатбин ва дили адолатҷӯю некандеш ҳамроҳи доимии Шумо бошад рӯзноманигорони қаламбадаст.

Бо разолат доимо андар набард,
Аскари роҳи адолат – журналист.

Бо қалам сад мушкил осон мекунад,
Душмани ҷаҳлу ҷаҳолат – журналист.

Сулҳу осоиш, ҳақиқат ёри ӯ,
Маҳв бинмуда разолат – журналист.

Бо сухан битвон ҷаҳон обод кард,
Инчунин дорад рисолат – журналист.


✍️ АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА,
узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ"

👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик
Forwarded from ОМЎЗГОРИ ТОҶИК (Muhammad Iqbol)
ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

5-июл яке аз муаллимаҳои беҳтарин, дарёдил, чашми кордон, хоксору меҳрубон – ЛАТОФАТ ИСМАТОВА зодрӯз доранд. Аз фурсат истифода бурда Шумо – устоди азизу гиромиро бо ҷашни мавлудатон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон умри дарози саъдиёна ва табъи хуши ҳофизонаро таманно дорам. Латофатҷон, унвонҳои зиёдеро соҳибед; муаллимаи тоифаи олӣ, Аълочии маорифи халқии Ӯзбекистон, бонуи бофарҳангу болаёқат, модари мушфиқу меҳрубон, бибиҷони ғамхору ширинзабон, кадбонуи намунавӣ. Мехостам, дар қатори ҳамин унвонҳо боз унвони ҳоҷӣ- онаро соҳиб гардед! Ҳамеша хушбахту хушрӯзгор ва сарбаланду фирӯз бошед, дар марзаи бекорхобидаи дили шогирдон тухми илму маърифат ва бахту саодат коред!

Бо дуо Дилором Назарова, ҷамоаи омӯзгорони мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиё ва шабакаи "Омӯзгори тоҷик"

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
Forwarded from Asadullo Shukurov
ЗОДРӮЗ МУБОРАК! 🌺

Имрӯз яке аз омӯзгорони пешқадами синфҳои ибтидоии ҷумҳуриамон Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, дорандаи ордени "Дӯстлик" аз ҳама асосиаш дустдору тарғибгари беҳтарини маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" ЛАТОФАТ ИСМАТОВА зодрӯз дорад.
Соҳибҷашн устоди садҳо нафар ҷавонони боистеъдодест, ки имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии мамлакатамон саҳми муносиб  мегузоранд. Дар ин рӯзи хурсандӣ муаллима Латофат Исматоваро бо ҷашни фархунда аз номи ҳамкасбону шогирдон ва пайвандон муборакбод намуда, барояш хушҳои зиндагиро таманно дорем. Дуоямон ин аст, ки дар таълиму тарбияи шогирдон доим қуллаҳои баландро забт намуда, соҳибобрӯю зиндадил бимонад.

Хоҳем ҳама умр шоду хандон бошед,
Дар сояи меҳри поки яздон бошед.

Бо эҳтиром ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ"

https://t.me/durdonai_sharq
#Туҳфаи_нашриёт

“АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО ВА ИЛМИ СИТОРАШИНОСӢ”

Китоби тозанашри Абдулҳай Комилӣ, Зуҳуриддин Муслиҳиддинов, дар бораи саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар илми ситорашиносӣ маълумот медиҳад. Китоб бо ду забон тоҷикӣ ва тарҷумаи он бо забони ӯзбекӣ ва алифбои лотинӣ чоп шудааст. Инчунин “Рисолаи ҳайати” Абӯалӣ ибни Сино бо ин ду забон дар ин китоб рӯйи чопро дидааст.
Омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё Зуҳуриддин Муслиҳиддинов бо устодаш Абдулҳай Комилӣ дар давоми таҳияи кори илмии худ ба он муваффақ шуд, ки чандин паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти Абӯалӣ ибни Синоро ба хонандагон пешкаш намояд.
Шайхурраис Абӯалӣ Сино яке аз он нобиғагони ҷаҳоншумуле ба ҳисоб меравад, ки хушбахтона ҳолномаи худро навиштааст. Баъзе паҳлӯҳои зиндагиномаи ӯ дар дигар сарчашмаҳо сабт гардидаанд. Вале ҳаройина, барои хонандагони асри XXI ҳанӯз ҳам саволҳои зиёде пайдо мешаванд, ки ҷавобашро танҳо мантиқан ҳосил кардан мумкин аст. Масалан, зану фарзанд дошт ё на, агар дошт, писар буд ё духтар ва ғайра ва ҳоказо.
Беҳтар он аст, ки китобро мутолиа намоеду ба саволҳои худ ҷавоб ёбед.

Муҳаммадиқбол Исмоилзода,
корманди Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Имом ал Бухорӣ


👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:

Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик

https://t.me/DURDONAI_SHARQ
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Ғазали зебои Ҳофиз дар иҷрои Ман ва Исфандиёрҷон дар саҳни Регистон

Баҳо додан аз Шумо)

غزل زیبای حافظ در اجرای من و اسفندیارجان در صحن ریگستان

بها دادن از شما )

T.me/firuz_abdumominov