Zulfiqori aziz Зулфикори азиз
1.58K subscribers
229 photos
6 videos
176 links
Сарояндаи зиндаёде, ки сурудҳояш дар дили мухлисонаш абадан ҷой гирифтааст.
Download Telegram
БА МОДАРАМ
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад нийят,
Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!

Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,
Чи дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!

Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният,
Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.
Бикун бо гӯшаи қарси сафедат пок ашкатро,
Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пои худ...
Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯӣ,
Аё модар, аё модар!

Бурун аз деҳа норафта, надидӣ рӯи дунёро,
Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.
Ба гирди русто домони гардун гӯӣ часпида
Туро барбаст роҳи нийяту азми ҷаҳонгардӣ.
Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту,
Аё модар, аё модар!

Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,
Ту доим «Ҳафтяк» мондӣ ба зери болиши кӯдак,
Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.
Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак...
Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,
Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ,
Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда, пухтӣ кулчаи ширӣ,
Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,
Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,
Аё модар, аё модар!

Бубинӣ хоб шаб фарзандҳои мурдаи худро,
Биёбӣ саҳнаи дидорбиниҳои рӯҳонӣ.
Ба назди остонат дом монад сояи маргат,
Туро хонад ба сӯи олами торику зулмонӣ.
Матарс аз марг, охир безаволӣ ту,
Аё модар, аё модар!

Ҳазорон маргро, андӯҳу ғамро пушти сар кардӣ,
Нахурдиву напӯшидиву бо сад ранҷ парвардӣ
Маро бигрифта зери пар.
Барои он ки дар ман зиндаю ҳозир бубинӣ боз
Ҳамон сайёдҳои сайдгашта – рафтагонатро,
Шудӣ хуни ҷигар, модар.
Кунун имрӯз фарзандат – ҷигарбандат ҳунар омӯхт.
Ки ёбад нони беминнат.
Ба номат дафтаре бикшод,
Дуои хайр гӯ, модар,
Ки ӯ бо номи ту дар роҳи раҳҷӯӣ қадам бинҳод.
Варо ту мағфират кун, раҳнамоӣ кун,
Аё модар, аё модар!

Зи лабҳои фурӯрафта, зи ожанги пурасрорат,
Агар дурам, агар наздик, хонам панди ногуфта:
Чӣ суд аз он гуле, ки зеби як кокул шуду афтод?
Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.
Ту охир ибтидои ибтидоҳоӣ,
Аё модар, аё модар!
Ту ҳоло дар дами пирӣ нафасҳои ғаниматро
Ба нақши гул, ба рӯи сӯзаниҳо сабт месозӣ.
Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо
Барои субҳи фардо ҳадя месозию менозӣ.
Гулу нуру шарофат ёдгор аз ту,
Аё модар, аё модар!

Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар!
Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз!
Агар дасторхону ҷомаи нав дӯзӣ бо уммед,
На танҳо баҳри ман,
Баҳри ҳама фардоиён ҳам дӯз!
Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош,
Аё модар, аё модар!
(Лоиқ Шералӣ)

БА МОДАРАМ

https://t.me/gazaltj
Модар, модар ёди парешон МОДАР,
Модар, модар чароги сӯзон МОДАР.
Афсурдаву хушкида дар чашми тарам.
Пайваста чу шохаи шукуфон МОДАР.

Пармоли Қизилқалъа ҳама зарду кабуд,
Зардаш ҳама зардобу кабудаш ҳама дуд.
Рӯзе, ки анори боғҳо пӯхта расид,
Зардоби дили модари ман ру зада буд.

Мегуфт балои сари ту дар ҷонам,
Носудаву саргашта балогардонам.
Дардам ба дилаш гирифту доғам ба ҷигар,
Зардобу заҳир гашта модарҷонам.

Найзори раҳи хонаи модар ҳама дам,
Фарёди найи хушки найистон ба алам.
Рафтам раҳи найзору бидидам модар,
Қадраш шуда афзуну мадораш ками кам.

Носуда замистону баҳорон МОДАР,
Нодида ҷаҳони нобасомон МОДАР.
Бишкуфта гули умеду гулдонаи ӯ,
Хушкида ба мисли шохи райхон МОДАР.
(Назри Яздони)

https://t.me/gazaltj
Ба рӯзи марг чу тобути ман равон бошад,
Гумон мабар, ки маро дарди ин ҷаҳон бошад.

Барои ман магирию магӯ: Дареғ-дареғ,
Ба доми дев дарафтӣ, дареғ он бошад.

Ҷанозаам чу бибинӣ, магӯ: Фироқ-фироқ,
Маро висолу мулоқот он замон бошад.

Маро ба гӯр супорӣ, магӯ: Видоъ-видоъ,
Ки гӯр пардаи ҷамъияти ҷинон бошад.

Фурӯ шудан чу бидидӣ, баромадан бинигар,
Ғуруби шамсу қамарро чаро зиён бошад?

Туро ғуруб намояд, вале шуруқ бувад,
Лаҳад чу ҳабс намояд, халоси ҷон бошад.

Кадом дона фурӯ рафт дар замин, ки наруст?
Чаро ба донаи инсонат ин гумон бошад?

Кадом далв фурӯ рафту пур бурун н-омад,
Зи чоҳ Юсуфи ҷонро чаро фиғон бошад?

Даҳон чу бастӣ аз ин сӯй, он тараф бигшо,
Ки ҳой-ҳӯйи ту дар ҷавви ломакон бошад.
( Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ)

https://t.me/gazaltj
Саҳарам давлати бедор ба болин омад,
Гуфт: «Бархез, ки он Хусрави Ширин омад.

Қадаҳе даркашу сархуш ба тамошо бихиром,
То бибинӣ, ки нигорат ба чӣ оин омад?

Муждагонӣ бидеҳ, эй хилватии нофакушой,
Ки зи саҳрои Хутан оҳуи мушкин омад».

Гиря обе ба рухи сӯхтагон бозовард,
Нола фарёдраси ошиқи мискин омад.

Мурғи дил боз ҳаводори камонабруест,
Эй кабутар, нигарон бош, ки шоҳин омад.

Соқиё, май бидеҳу ғам махӯр аз душману дӯст,
Ки ба коми дили мо он бишуду ин омад.

Расми бадаҳдии айём чу дид абри баҳор,
Гиряаш бар суману сунбулу насрин омад.

Чун сабо гуфтаи Ҳофиз бишунид аз булбул,
Анбарафшон ба тамошои раёҳин омад.
(Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ)

https://t.me/gazaltj #Хофизишерози
Ишқат на сарсарист, ки аз сар бадар шавад,
Меҳрат на оразист, ки ҷои дигар шавад.
Ишқи ту дар вуҷудаму меҳри ту дар дилам
Бо шир дар дарун шуду бо ҷон бадар шавад.
Дардест дарди ишқ, ки андар илоҷи ӯ,
Ҳарчанд саъй беш намоӣ, батар шавад.
Аввал яке манам, ки дар ин шаҳр ҳар шабе
Фарёди ман зи ишқ бар афлоқ бар шавад.
Гар з-он, ки ман сиришқ фишонам ба Зиндарӯд.
Кишти Ироқ ҷумла ба якбор тар шавад.
Дӣ дар миёни зулф бидидам рухи нигор
Бар ҳайате, ки абр муҳити қамар шавад.
Гуфтам, ки: «Ибтидо кунам аз бӯса», Гуфт: «не!
Бигзор то, ки моҳ зи ақраб бадар шавад!»
Эй дил, ба ёди лаъли вай ар бода мехӯрӣ,
Магзор, ҳон, ки муддаиёнро хабар шавад.
Ҳофиз сар аз лаҳад ба дар орад ба пойбӯс,
Гар хоки ӯ ба пои шумо пайсипар шавад.
(Ҳофизи Шерозӣ)

https://t.me/gazaltj
Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Халқе ба Ту машғулу Ту ғойиб зи миёна.

Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки Туро металабам хона ба хона.

Ҳар кас ба забоне сифати ҳамди Ту гӯяд,
Мутриб ба суруди наю булбул ба тарона.

Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона Туйӣ Ту,
Мақсуд Туйӣ, Каъбаву бутхона баҳона.

Чун дар ҳама ҷо акси рухи Ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона.

Тақсири Хаёлӣ ба умеди карами Туст,
Яъне ки гунаҳро беҳ аз ин нест баҳона.

Хаёлии Бухороӣ

https://t.me/gazaltj
Қасида аз Авҳадӣ
Лофи дониш мезани, худро намедони чи сӯд?
Даъвии дил карда эй, чун ғофил аз ҷони чи сӯд?

Нафсро бирёну ҳалво медиҳи, Ӯ душманат,
Душманонро додани ҳалвову бирёнӣ чӣ суд?

Гар Худоро бандаи бигзор номи хоҷагӣ,
Пеши Ӯ чун сар ниҳоди, бозпешонӣ чӣ суд?

Номи худ Салмон ниҳоди, то мусалмон хонамат,
Чун намеварзи саломат, номи салмонӣ чӣ суд?

Рафта панҷоҳ солу ҳасрат мехури акнун, вале
Тир чун аз шаст берун шуд, пушаймонӣ чӣ суд?

Аспи чавгонӣ хариди, зин заринӣ сохти,
Чун нахоҳи бурд гове, аспи чавгонӣ чӣ суд?

Коре халқеро ба тадбири ту боз андохтанд,
Чун ҳама тадбири кори худ намедони чӣ суд?

Умру мол андар сари коре иморат кардаи,
Ин иморатҳо ки сар дорад, ба вайронӣ чӣ суд?
... давом дорад.
Қасида аз Авҳадӣ

https://t.me/gazaltj
Қасида аз Авҳадӣ
... давомаш

Мекуни дармони дарди мардум аз дониш, вале
Ин ҳама дармон дар он соат, ки дāрмони чӣ суд?

Номаи айби касон, гирам, ки бархони чу об,
Ними ҳарф аз номаи худ барнамехони чӣ суд?

Чанде пеш гуфти, ки дасти нек дорам дар ҳунар,
Бо чунин дасте чу дастомуз шайтонӣ чи суд?

Ҳар замон гӯйи: “К-аз ин пас пеш гирам ростӣ”
Ин ҳикоят худ бигуйи, лек натвони чи суд?

Беғараз касро нахоҳи дод ноне дар ҷаҳон,
Кафши меҳмон чун бихоҳи бурд, меҳмонӣ чӣ суд?

Аз барои суду зар ҷон дар миён андохти,
Чун намемониву ин зарҳо ҳама мони чӣ суд?

Қасида аз Авҳадӣ

https://t.me/gazaltj
Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад
В-ин рози сар ба мӯҳр ба олам самар шавад.
Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,
Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.
Хоҳам шудан ба майкада гирёну додхоҳ,
К-аз дасти ғам ҳалоси ман он ҷо магар шавад.
Аз ҳар карона тири дуо кардаам равон,
Бошад, к-аз он миёна, яке коргар шавад.
Эй ҷон, ҳадиси мо бари дилдор бозгӯ,
Лекин чунон магӯ, ки саборо хабар шавад.
Аз кимиёи меҳри ту зар гашт рӯйи ман,
Оре, ба юмни лутфи шумо хок зар шавад.
Дар тангнои ҳайратам аз нахвати рақиб,
Ё Раб, мабод он, ки гадо мӯътабар шавад.
Бас нукта ғайри ҳусн бибояд, ки то касе
Мақбули табъи мардуми соҳибназар шавад
Ин саркашӣ, ки кунгураи кохи васлрост,
Сарҳо бар остонаи ӯ хоки дар шавад.
Ҳофиз, чу нофаи сари зулфаш ба дасти туст,
Дам даркаш, ар на, боди саборо хабар шавад.

https://t.me/gazaltj