Zulfiqori aziz Зулфикори азиз
1.53K subscribers
258 photos
6 videos
191 links
Сарояндаи зиндаёде, ки сурудҳояш дар дили мухлисонаш абадан ҷой гирифтааст.
Download Telegram
Шуд баҳору гузашт мавсими дай, Метавон кард фикри шоҳиду май. Магзарон умр бе маю соқӣ,
Огаҳӣ гар зи чарху гардиши вай.
Сӯи ман ёр омаду бигузашт,
Рафт бар бод умри ман ҳай-ҳай.
Зери ин қаср сад ҳазор гузашт
Ҳамчу Ковусу Қайсару Ҷаму Кай.
Дил ба дунё мабанд, агар мардӣ,
3-он, ки дунёст шеаи лошай.
Ёр бо мост рӯзу шаб, Ҳофиз,
Ҳамчу ҷоне, ки ҳаст дар рагу пай.
Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ

https://t.me/gazaltj
Мухаммаси Садриддин Айнӣ бар ғазали Соиби Табрезӣ

Рафтам ба ҷустуҷӯяш дар кӯчаҳо давида,
Ҳам ҷома чок карда, ҳам пераҳан дарида.
Дар кӯйи ӯ фитодам дар хоку хун тапида,
«Он маҳлиқо баромад аз хона май кашида,
Моил ба уфтодан чун меваи расида».


Гесуи мушкбӯро тоби каманд дода, Анворбахш рӯро хуршедсон кушода, Дар ошиқ орзуро карда басе зиёда, «Нози баҳонаҷӯро дар як тараф ниҳода,
Шарми ситезахӯро дар хоку хун кашида».


Рӯйи чу маҳ гирифта андар паноҳи соид,
Бар маҳ фурӯғ дода аз тоби моҳи соид,
Дар қатли ишқбозон бикшода роҳи соид,
«Молида остинро то бӯсагоҳи соид, То ноф пераҳанро чун субҳдам дарида».


Бурқаъ зи рӯ кушода, боғи Ирам намуда,
Пайвастаабрувонро теғи дудам намуда,
Дилро ба дом баста, зулфон чу хам намуда,
«Барқе зи абр ҷаста, ҳар ҷо карам намуда,
Сарве зи хок раста, ҳар ҷо, ки орамида».


Қад нахлаи назокат, тан пайкари латофат,
Лаб чашмаи ҳаловат, рӯ матлаи саодат,
Айнӣ чу дида он маҳ боре ба ин қиёфат,
«Дигар надида худро то домани қиёмат,
Соиб, касе, ки ӯро масту хароб дида».

Рафтам ба ҷустуҷӯяш....
Садриддин Айнӣ (сурудааст Зафар Нозим)

https://t.me/gazaltj
Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад
В-ин рози сар ба мӯҳр ба олам самар шавад. Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,
Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.
Хоҳам шудан ба майкада гирёну додхоҳ,
К-аз дасти ғам ҳалоси ман он ҷо магар шавад.
Аз ҳар карона тири дуо кардаам равон,
Бошад, к-аз он миёна, яке коргар шавад.
Эй ҷон, ҳадиси мо бари дилдор бозгӯ,
Лекин чунон магӯ, ки саборо хабар шавад.
Аз кимиёи меҳри ту зар гашт рӯйи ман,
Оре, ба юмни лутфи шумо хок зар шавад.
Дар тангнои ҳайратам аз нахвати рақиб,
Ё Раб, мабод он, ки гадо мӯътабар шавад.
Бас нукта ғайри ҳусн бибояд, ки то касе
Мақбули табъи мардуми соҳибназар шавад.
Ин саркашӣ, ки кунгураи кохи васлрост,
Сарҳо бар остонаи ӯ хоки дар шавад.
Ҳофиз, чу нофаи сари зулфаш ба дасти туст,
Дам даркаш, ар на, боди саборо хабар шавад.

https://t.me/gazaltj
Қасида аз Авҳадӣ
Лофи дониш мезани, худро намедони чи сӯд?
Даъвии дил карда эй, чун ғофил аз ҷони чи сӯд?

Нафсро бирёну ҳалво медиҳи, Ӯ душманат,
Душманонро додани ҳалвову бирёнӣ чӣ суд?

Гар Худоро бандаи бигзор номи хоҷагӣ,
Пеши Ӯ чун сар ниҳоди, бозпешонӣ чӣ суд?

Номи худ Салмон ниҳоди, то мусалмон хонамат,
Чун намеварзи саломат, номи салмонӣ чӣ суд?

Рафта панҷоҳ солу ҳасрат мехури акнун, вале
Тир чун аз шаст берун шуд, пушаймонӣ чӣ суд?

Аспи чавгонӣ хариди, зин заринӣ сохти,
Чун нахоҳи бурд гове, аспи чавгонӣ чӣ суд?

Коре халқеро ба тадбири ту боз андохтанд,
Чун ҳама тадбири кори худ намедони чӣ суд?

Умру мол андар сари коре иморат кардаи,
Ин иморатҳо ки сар дорад, ба вайронӣ чӣ суд?
... давом дорад.
Қасида аз Авҳадӣ

https://t.me/gazaltj
Қасида аз Авҳадӣ
... давомаш

Мекуни дармони дарди мардум аз дониш, вале
Ин ҳама дармон дар он соат, ки дāрмони чӣ суд?

Номаи айби касон, гирам, ки бархони чу об,
Ними ҳарф аз номаи худ барнамехони чӣ суд?

Чанде пеш гуфти, ки дасти нек дорам дар ҳунар,
Бо чунин дасте чу дастомуз шайтонӣ чи суд?

Ҳар замон гӯйи: “К-аз ин пас пеш гирам ростӣ”
Ин ҳикоят худ бигуйи, лек натвони чи суд?

Беғараз касро нахоҳи дод ноне дар ҷаҳон,
Кафши меҳмон чун бихоҳи бурд, меҳмонӣ чӣ суд?

Аз барои суду зар ҷон дар миён андохти,
Чун намемониву ин зарҳо ҳама мони чӣ суд?

Қасида аз Авҳадӣ

https://t.me/gazaltj
Дар ғами дунё ба дунёбехабар бовар макун,
Эй сафарнодида ту бар навсафар бовар макун.

Дӯст бар сайри ҷаҳон хонад агар, бо ҷон бирав,
Душманат гӯяд баро то пушти дар, бовар макун.

То нарезад заҳр аз дандони мори куштаат,
Боз ҳам ҳушёр бош, аз ин зафар бовар макун.

Чун гувоҳи марги Сӯҳроб аст шамшери падар,
Дар набарди зиндагонӣ бар падар бовар макун.

Гар ба чашми дил набинӣ покии виҷдони кас,
Ҳеҷ гаҳ бар заррабини чашми сар бовар макун.

Тифлакон хобанд дар гаҳвораҳои чӯби бед,
Бедро гӯянд нахли бесамар, бовар макун.

Саидҷон Ҳакимзода

Дар ғами дунё ба ДУНЁБЕХАБАР...

https://t.me/gazaltj
Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо.

Ба бӯи нофае, к-охир сабо з-он турра бикшояд,
Зи тоби ҷаъди мушкинаш чӣ хун афтод дар дилҳо.

Маро дар манзили ҷонон чӣ амну айш, чун ҳар дам
Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо.

Ба май саҷҷода рангин кун, гарат пири муғон гӯяд,
Ки солик бехабар набвад зи роҳу расми манзилҳо.

Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо.

Ҳама корам зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охир,
Ниҳон кай монад он розе, к-аз ӯ созанд маҳфилҳо.

Ҳузуре гар ҳамехоҳӣ, аз ӯ ғоиб машав, Ҳофиз,
Мато мо талқа ман таҳвӣ даиддунё ва аҳмилҳо.

Ало ё айюҳассоқӣ... Ҳофизи Шерозӣ

https://t.me/gazaltj