Zulfiqori aziz Зулфикори азиз
1.58K subscribers
223 photos
6 videos
176 links
Сарояндаи зиндаёде, ки сурудҳояш дар дили мухлисонаш абадан ҷой гирифтааст.
Download Telegram
Аз сурудаҳои Нуруллоҳи Куҳистонӣ

1
Пас чаро ёди Худоро накнем?

Меҳрубон аст Ӯ барои ҳама кас
Бе ризогияш наҷунбад сари хас
Медиҳад ризқи ҳама муру магас.
Пас чаро ёди Худоро накнем?

Меҳрубон, ризқи калон додаст маро,
Дасту бозуи равон додаст, маро.
Чашми бинову забон додаст маро,
Пас чаро ёди ХУДОРО накунам?

Номи покат дар дилу дар ҷони ман аст
Ин ҷаҳон дурӯза даврони ман аст
Марг, ки дар банди гиребони ман аст,
Пас чаро ёди Худоро накунам ?
https://t.me/gazaltj

2
Шарбати мардӣ чашидан кори ҳар номард нест!
Ҳар касе номард бошад, қадри ӯ чун гард нест.

3
Гар тавони байни ёрон гавҳари ноёб шав,
Рӯзи торик байни мардум шӯълаи офтоб шав.

4
Аз руйи замин, ки рушнойиш наравад,
Аз одами хуб ошногиш наравад.
Ҳар куҳнагадо, ки бадавлат бирасид,
Садсол гузарад, буйи гадойиш наравад.
https://t.me/gazaltj
Аз сурудаҳои Нуруллоҳи Куҳистонӣ

5
Бе рузаву бе намоз эмон маталаб,
Бе хайру закот биҳишти ризвон маталаб.
Хоҳи ки пули сирот осон гузари,
Озори дили ҳеҷ мусалмон маталаб.


6
Сад дареғо меравем, мо навҷавонон дар лаҳат,
Бо дили пурҳасрату бо чашми гирён, дар лаҳат.
Хурдани морону кирмон мешавем дар зери хок,
Чашмҳои пурхумор, лабҳои хандон дар лаҳат.
Дар фироқи тоқати неши як замбурам набуд,
Мезананд сад нешҳо, морону кирмон дар лаҳат.
Ҷабр ба мардум макун, аз баҳри зану фарзанди хеш,
Зан ба гурат кай дарояд Марди нодон! Дар лаҳат.
Зан дар андешаву, фарзандат дар ёди мол ...
Гар ту шоҳу, гар ту мири , гар ту султон дар лаҳат.
https://t.me/gazaltj

7
Фарёд зи умри кутаҳи одамизод, не рузаву не намоз, не хайру закот,
Рузе, ки Худо қозӣ мешавад, дар арасот, пеши назармон чарх занад пули сирот.
https://t.me/gazaltj
Ҳама халқи ҷаҳон, эй нури дида,
Худо аз нури Аҳмад офарида.
Зи ашё халқ шуд нураш муқаддам,
Зи нури Ӯ Худо афрӯхт ъолам.
Ба нураш карда Ҳақ қандил пайдо,
Дар он қандил ҳамчун шӯъла шуд ҷо.
Худои Қодир аз қудратнамоӣ,
Аз Ӯ пайдо намуд ин мосивоӣ .
Тамоми ъаршу курсию қаламро,
Чунон лавҳи ъазими мӯҳтарамро.
Биҳишту дузаху сабъа фалакро,
Замину осмон ҷамъи малакро.
Маҳу хуршеду кавкабҳои тобон,
Шамолу раъду ҳам барқу чароғон.
Ҳама деву парию одамизод,
Ҳама ваҳшу туюру ҷумла бунёд.
Зи нури Аҳмадӣ омад ба эҷод,
Ҳамин аст эътиқоди аҳли иршод.
Ҳамон рӯзе, ки дар одам дамид дам,
Бидид андар қафояш нури Хотам.
Бигуфто: "Кист ё Раб дар қафоям,
Намесозад ҷудоӣ аз вафоям?".
Худо гуфташ: "Ки нури Мустафоӣ ,
Надорад ъумрҳо аз ту ҷудоӣ .
Ба ту фарзанд, бо Мо Ӯ Ҳабиб аст,
Ба дарди уммати ъосӣ табиб аст".
Бигуфт: " Ё Раб ба ман бинмой нураш,
Ба чашми сар бубинам бо ҳузӯраш". Худо овард аз пас, байни абрӯ ,
Дурахшон чун кавокиб шӯълаи Ӯ .
Худо фармуд бо Ризвони ҷаннат,
Биёр оина Одамро ба талъат,
Зи ҷаннат дод оина ба Одам,
Ба он оина дидӣ нури Хотам.
Ки шуд Ӯ ошиқи нури Муҳаммад,
Дурӯдҳо бар равонаш бод беҳад.

https://t.me/gazaltj
Друзья пиров, бесед, друзья души —
Из трех родов друзей все ль хороши?
Друзей пиров корми и — прочь от двери,
Друзей бесед беседы не лиши.
И лишь друзей души почти доверьем,
За них и чашу с ядом осуши! (Саади Ширази). 

https://t.me/gazaltj
Тоҷикистон [تاجیکستان]



با عرض و طول و پهنا دنیاست به کنارت
پرنور و گرم و زیبا مُلک است بی‌شمارت
 
اما به زیر گردون یکتاست تاجیکستان
مابین جمله افزون تنهاست تاجیکستان
 
در هر کنار عالم یکپارچه نان توان یافت
نتوان ولیک بی‌غم دیگر چنین جهان یافت
نتوان ولیک بی‌غم دیگر چنین جهان یافت
 
از هر چرا و هر چون بالاست تاجیکستان
در زیر چرخ گردون یکتاست تاجیکستان
 
با خون ما چو آخر آمیخته و به خاکش
هستیم زنده دیگر با آب و خاک پاکش
هستیم زنده دیگر با آب و خاک پاکش
 
چون جان تازه در خون ماراست تاجیکستان
از هر حساب بیرون دنیاست تاجیکستان
 
https://t.me/gazaltj
Бегуфтугӯ ба кулбаам, эй ошно, биё,
Бегона нестӣ, ки бигӯям: биё, биё.
Дар зиндагӣ наёмадӣ рӯзе ба пурсишам,
Мурдам кунун, ба фотиҳа баҳри Худо биё.
Як мӯ зиён ба шавкати ҳуснат намерасад,
Рӯзе суи шикастадили бенаво биё.
Ҷонам ба лаб расида зи Порис рафтанат,
Як рӯз дар таёра зи роҳи ҳаво биё.
Гар аз падар иҷоза надорӣ ба сӯи мо,
Пешаш баҳона кун, зи раҳи синамо биё.
Бар ҷои ғайр чанд равӣ, бевафо санам,
Имшаб ба сӯи Ашқарии бенаво биё.

Сӯфӣ Ғуломнабии Ашқарӣ

https://t.me/gazaltj
Zulfiqori aziz Зулфикори азиз
Photo
Онҳое ки сурудҳои сарояндаро ҷустуҷӯ мекунед!!!