Forwarded from Шеър ва ғазал 🔵
Ман ғуломи қамарам, ғайри қамар ҳеҷ магӯ,
Пеши ман ҷуз сухани шамъу шакар ҳеҷ магӯ.
Сухани ранҷ магӯ, ҷуз сухани ганҷ магӯ,
В-ар аз ин бехабарӣ ранҷ мабар, ҳеҷ магӯ.
Дӯш девона шудам, ишқ маро диду бигуфт:
«Омадам, наъра мазан, ҷома мадар, ҳеҷ магӯ».
Гуфтам: «Ай ишқ, ман аз чизи дигар метарсам».
Гуфт: «Он чизи дигар нест, дигар ҳеҷ магӯ.
Ман ба гӯши ту суханҳои ниҳон хоҳам гуфт,
Сар биҷунбон, ки бале, ҷуз ки ба сар ҳеҷ магӯ».
Қамаре ҷонсифате дар раҳи дил пайдо шуд,
Дар раҳи дил чӣ латиф аст сафар, ҳеҷ магӯ.
Гуфтам: «Ай дил, чӣ маҳ аст ин?» Дил ишорат мекард,
Ки на андозаи туст ин, бигузар, ҳеҷ магӯ.
Гуфтам: «Ин рӯй фаришта-ст, аҷаб ё башар аст?»
Гуфт: «Ин ғайри фаришта-сту башар, ҳеҷ магӯ».
Гуфтам: «Ин чист, бигӯ, зеру забар хоҳам шуд».
Гуфт: «Мебош чунин зеру забар, ҳеҷ магӯ.
Ай нишаста ту дар ин хонаи пурнақшу хаёл,
Хез, аз ин хона бирав, рахт бубар, ҳеҷ магӯ».
Гуфтам: «Ай дил, падарӣ кун, на ки ин васфи Худост?»
Гуфт: «Ин ҳаст, вале, ҷони падар, ҳеҷ магӯ!»
Шеър аз Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ)
https://t.me/gazaltj

Telegram
Шеър ва ғазал 🔵
Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик
Forwarded from Шеър ва ғазал 🔵
Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо.
Ба бӯи нофае, к-охир сабо з-он турра бикшояд,
Зи тоби ҷаъди мушкинаш чӣ хун афтод дар дилҳо.
Маро дар манзили ҷонон чӣ амну айш, чун ҳар дам
Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо.
Ба май саҷҷода рангин кун, гарат пири муғон гӯяд,
Ки солик бехабар набвад зи роҳу расми манзилҳо.
Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо.
Ҳама корам зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охир,
Ниҳон кай монад он розе, к-аз ӯ созанд маҳфилҳо.
Ҳузуре гар ҳамехоҳӣ, аз ӯ ғоиб машав, Ҳофиз,
Мато мо талқа ман таҳвӣ даиддунё ва аҳмилҳо.
Ало ё айюҳассоқӣ... Ҳофизи Шерозӣ

Ҳама халқи ҷаҳон, эй нури дида,
Худо аз нури Аҳмад офарида.
Зи ашё халқ шуд нураш муқаддам,
Зи нури Ӯ Худо афрӯхт ъолам.
Ба нураш карда Ҳақ қандил пайдо,
Дар он қандил ҳамчун шӯъла шуд ҷо.
Худои Қодир аз қудратнамоӣ,
Аз Ӯ пайдо намуд ин мосивоӣ .
Тамоми ъаршу курсию қаламро,
Чунон лавҳи ъазими мӯҳтарамро.
Биҳишту дузаху сабъа фалакро,
Замину осмон ҷамъи малакро.
Маҳу хуршеду кавкабҳои тобон,
Шамолу раъду ҳам барқу чароғон.
Ҳама деву парию одамизод,
Ҳама ваҳшу туюру ҷумла бунёд.
Зи нури Аҳмадӣ омад ба эҷод,
Ҳамин аст эътиқоди аҳли иршод.
Ҳамон рӯзе, ки дар одам дамид дам,
Бидид андар қафояш нури Хотам.
Бигуфто: "Кист ё Раб дар қафоям,
Намесозад ҷудоӣ аз вафоям?".
Худо гуфташ: "Ки нури Мустафоӣ ,
Надорад ъумрҳо аз ту ҷудоӣ .
Ба ту фарзанд, бо Мо Ӯ Ҳабиб аст,
Ба дарди уммати ъосӣ табиб аст".
Бигуфт: " Ё Раб ба ман бинмой нураш,
Ба чашми сар бубинам бо ҳузӯраш". Худо овард аз пас, байни абрӯ ,
Дурахшон чун кавокиб шӯълаи Ӯ .
Худо фармуд бо Ризвони ҷаннат,
Биёр оина Одамро ба талъат,
Зи ҷаннат дод оина ба Одам,
Ба он оина дидӣ нури Хотам.
Ки шуд Ӯ ошиқи нури Муҳаммад,
Дурӯдҳо бар равонаш бод беҳад.

Ба хоки пои азизат, ки аҳд нашкастам,
Зи ман буридию бо ҳеч кас напайвастам.
Куҷо равам, ки бимирам бар остони умед?
Агар ба домани васлат намерасад дастам.
Шигифт мондаам аз бомдоди рӯзи видоъ,
Ки барнахост қиёмат, чу бе ту биншастам.
Балои ишқи ту нагзошт порсо дар Порс,
Яке манам, ки надонам, намоз чун бастам.
Намоз кардаму аз бехудӣ надонистам,
Ки дар хаёли ту ақди намоз чун бастам.
Намози маст шариат раво намедорад,
Намози ман кӣ пазирад, ки рӯзу шаб мастам?
Чунин ки дасти хаёлат гирифт домани ман,
Чӣ будӣ, ар бирасидӣ ба доманат дастам?!
Ман аз куҷову таманнои васли ту зи куҷо?
Агарчи оби ҳаётӣ, ҳалоки худ ҷустам.
Агар хилофи ту будаст дар дилам ҳама умр,
На нек рафт, хато кардаму надонистам.
Бикуш, чунон ки тавонӣ, ки Саъдӣ он кас нест,
Ки бо вуҷуди ту даъво кунад, ки ман ҳастам.
(Шайх Саъдии Шерозӣ)

ҶОН МОДАР
Модар, биҳишти ман ҳама оғуши гарми туст,
Гуӣ сарам ҳануз ба болини нарми туст.
Пайваста дар ҳавои ту чашмам ба ҷустуҷуст,
Ҳар лаҳза бо хаёли ту ҷонам ба гуфтугуст.
Модар, садои гардиши гавҳораат ҳануз
Мепечадам ба гуши дилу ҷон шабонаруз.
Дасте ба маҳди тифлу ба дасти дигар ниҳон
Модар, бубин ба арши Худо медиҳӣ такон.
3-ин корвони рузу шаби ман, ки шуд равон,
Модар, туӣ ту қофиласолори корвон.
Ин қофила ҳануз ту мебандияш дарой
Занги шутур ҳануз ба оҳанги лой-лой.
…
(Шаҳриёр)
… давом дорад.

(Давомаш)
Дар хобу дар хаёл ҳама бо туам ҳануз
Танҳоиям мабод, ки тираст бе ту руз.
Дар андаруни ман ҳама ною навои туст
В-он ною он наво ба дами ҷонфизои туст.
Доим ҳарими қудси ту эҳсос мекунам,
Эҳсоси қудси он дами анфос мекунам.
Дар хона ҳар куҷо нигарам хотироти туст,
Ҳам хомушона қиссаи маргу ҳаёти туст.
Ҳар кунҷи хона аз ту бубинам нишонаҳо,
Эй модар, эй ту равшании ошёнаҳо.
Ҳар чархи хонавода, ки модар мудири ӯст,
Пайваста бар мадори муҳаббат масири уст.
Модар, ҳаёт бо ту биҳишт асту хуррам аст
В-ар бе ту бувад, ҳарду ҷаҳонаш ҷаҳаннам аст.
Пистони туст чашмаи нушини салсабил,
Эй чашмаат ҳануз шукр бо манаш сабил.
Мусиқии биҳишт ҳамоно садои туст,
Гуши дилам ба замзамаи лой-лои туст.
Модар, ба қиссаҳои ту мехуфт ғуссаҳо
Мерафт чашму гушам ба дунболи қиссаҳо.
Як умр бар паноҳи ту хуфтем масту лул,
Гуӣ ҳанӯз дар ту гурезам зи деву ғул.
То бо ҳарими гарми ту будем дар тамос,
Ҳаргиз набудамон ба дил аз деву дад ҳарос.
Ҳар, к-у чу ман навозиши модар ба чашм дид,
Аз дидани ятим биларзад танаш чу бед.
Аз кудакони мадраса гар худ тавонгар аст,
Тифли малулро ба ҷабин доғи модар аот.
Он ширхора, к-у ба сараш нест модаре,
3-он дилхароштар, ба Худо, нест манзаре.
Моро авотиф ин ҳама аз шири модар аст,
Ин риққате, ки дар дилу шӯре, ки дар cap аст.
Дар тифлӣ он чи дида башар меҳри модари,
Таҳвил медиҳад ба бузургӣ ба дигаре.
Он кас, ки сояе ба cap аз модараш набуд,
Мушкил ба зери сояи ӯ метавон ғунуд.
Ағлаб касон, ки пардаи ҳурмат даридаанд,
Дар кудакӣ муҳаббати модар надидаанд.
Модар, ту он фаришта, ки тумори сарнавишт
Дарпечиву ҷаҳаннами моро кунӣ биҳишт-
Модар, ба нушханди ту офоқ мешукуфт,
Гуй, ки аз ту кавну макон ҳарф мешунуфт.
…
(Шаҳриёр)
Давом дорад

(Охирон мисраҳо)
Бо шодият набуд ғамеро маҷоли ист,
Аммо ба гиряи ту дам офоқ мегирист.
Гар бурда марг шахси ту ёдат набурда аст,
Ту зиндаӣ ҳамеша, ки едат намурдааст.
Бахтам ҳанӯз аз гули рӯи ту гулшан аст,
Ғамхонаи дилам ба чароғи ту равшан аст.
Аз ашки ту чакидаи завқу сафо шудам,
Қонуне аҳ муҳаббату меҳру вафо шудам.
Аз туст сӯзу сози рубоби шикастаам,
Мадюни туст ин ҳама девон, ки бастаам.
Сад қисса ишқ будиву мехондамат мудом,
Рафтиву монд қиссаи сад ишқ нотамом.
Бас интизори ман бикашидӣ ту муҳташам,
Аммо ман интизори ту навмед мекашам.
Вақте ки ёди он ҳама ранҷ ояду азоб,
Модар, ба ҷони ту, ҷигарам мешавад кабоб.
Эй вақф карда зиндагӣ аз баҳри кӯдакон,
Рафтиву зиндагӣ ҳама шуд заҳри кудакон.
Эй сина дошта сипари ҳар балои ман,
Акнун бикун шафоати ман бо Худои ман.
Имрӯз ҳастиям ба умеди дуои туст,
Фардо калиди бори биҳиштам ризои туст.
Рӯзе агар ба чашми ту бинанд ин ҷаҳон,
Дигар ба синае нашавад кинае ниҳон.
Аз чашми модарон ба Худо, ҳар куҷо сарест,
Он cap чаранда дар қуруқи меҳри модарист.
Он к-у ба хуни як писар ангушт мениҳад,
Охир ҷавоби нолаи модар чӣ медихад?
Ҳар ҷо ки хоин писаре ё ки духтарест
Чун соя дар таоқиб у оҳи модарест.
Охир чу ёди модари мискин ба дил кунӣ,
Гар хун равон шудаст, ту бояд биҳил кунӣ,
Оре, ба эҳтироми ту модар ҳамин башар,
Рӯзе гузашт мекунад аз хуни якдигар.
Он руз одамӣ ду ҷаҳонаш бувад биҳишт,
Зеро ки нахли ҳурмати модар ба даҳр кишт..

Ғазале аз устод Лоиқ
Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,
Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.
Дар фазои абадийят паи парвози дароз
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.
Хоксории ту он қадр маро кард баланд,
Ки ҳама қудрати кайҳонгузарам ҳадяи туст.
Дар раҳи ман ҳама дам дидаи тар доштаӣ,
Ки аз он дидаи тар шеъри тарам ҳадяи туст.
Ақли ту кӯтаҳ агар гуфт касе, кӯтаҳӣ кард,
Чун такопӯи раҳи дуртарам ҳадяи туст.
Аҷаб ин аст, ки занро ҳама хонанд заиф,
Бо заифит ҳама карру фарам ҳадяи туст.
Пошикаста ҳама гӯянд зану модарро,
Ман гувоҳам, ки зи по то ба сарам ҳадяи туст.
Офаридӣ ту маро, то зи ҷаҳон баҳра барам,
Баҳра бурдан зи ҳама баҳру барам ҳадяи туст.
Ман ба ҷои туям, эй модари барҷомонда,
Дидаи равшани фардонигарам ҳадяи туст.

Умри одамро, ки мегӯянд, як дам будааст,
Нек бинам, суҳбати ёрони ҳамдам будааст.
Рӯзи шодӣ, гарчи мегӯянд, бисёр аст ёр,
Он, ки аз шодии ту шодӣ кунад, кам будааст.
Ҳар чӣ аз одам расад, ноодамӣ ё одамӣ,
Лек одам боз ҳам муҳтоҷи одам будааст.
Гарчи дилро мекунад ғам сахт бемору хароб,
Чорасози ҷони беғам боз ҳам ғам будааст.
Гавҳари одам бубояд дид, в-арна ҳар даво
Бар яке нешу ба дигар нӯшу марҳам будааст.
Он ҷавонмаргон, ки рафта қарздору қарзхоҳ,
Қарзҳои умрашон бар қарзи мо зам будааст.
Бошад аз ин пас ба қадру қимати одам расем,
К-ин ҳаёти мо ба дунё одаму дам будааст.
Аскар Ҳаким. @gazaltj

КАЙ ТАВОНӢ ЗИСТАН, ЭЙ
БЕХАБАР ОДАМ БАРИН?
(Ҳазл)
Қоматат дар зери бори зиндагонӣ хам барин,
Сад ҳақорат мекунам, лекин бароят кам барин.
Ҳамчу саг бар чор сӯйе медавӣ аз пушти нафс,
Кай тавонӣ зистан, эй бехабар, одам барин?
Баҳри нимноне ба пеши пои дунон сар занӣ,
Мекунӣ рафтор, аммо Кайқубоду Ҷам барин.
Тарк нокарда тариқи ҳарзагардӣ, ҳар замон
Хешро пиндорӣ дар чашми касон Адҳам барин.
Бехабар ойӣ ба рӯйи хони мардум ҳар нафас,
Ҷой пайдо мекунӣ дар сина кони ғам барин.
Кай кунӣ аз шарм пеши чашми аҳли дил арақ?
Сурхрӯ ҳатто нагардӣ ҳамчу чашми нам барин.
Заҳр мепошӣ ба базми мо ту бо неши забон,
Худ ҳузури ту бувад бар аҳли олам сам барин.
Аз хушомад кардаӣ мӯйи сиёҳи худ сафед,
Аз қудумат мешавад базми фараҳ мотам барин.
Гарчи як мӯе надорӣ арзиш андар зиндагӣ,
Дасти кас нагрифта мегӯӣ сухан Ҳотам барин.
Ин ғазалро мекунам аз сидқи дил эсори ту,
Нӯши ҷонат бод оби чоҳу рӯду ям барин.
Исмоилом Зарифӣ. @gazaltj