Zulfiqori aziz Зулфикори азиз
1.53K subscribers
257 photos
6 videos
190 links
Сарояндаи зиндаёде, ки сурудҳояш дар дили мухлисонаш абадан ҷой гирифтааст.
Download Telegram
Forwarded from Ecartj электромобиль (Azam Nazarov)
Zeekr 001 YOU

Максимальная комплектация.
🔘Запас хода на электротяге (км) - 650
🔘Мощность электромотора (kW) -400 (768 лошадиная сила)
🔘Максимальный крутящий момент (Nm) - 768
🔘Емкость батареи (kWh) - 100
🔘Разгон 0-100 км/ч (сек) - 3.8
🔘Тип двигателя/ Количество электродвигателей : полноприводный/2
🔘Тип кузова: Лифтбек
🔘Габариты кузова (ДхШхВ) 4970х1999х1548
🔘Снаряженная масса (кг) - 3162
🔘Колесная база (мм) - 2350
🔘Передние колеса: 255/45 R21
Задние колеса : 255/45 R21

Машину привозим, под заказ, прямо с завода до вашего место назначения

По вопросу цены и другие информации можете позвонить или написать нам по номеру :

+992 555680080/ +992 881009780
( watsap, telegram)
Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Халқе ба Ту машғулу Ту ғойиб зи миёна.

Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки Туро металабам хона ба хона.

Ҳар кас ба забоне сифати ҳамди Ту гӯяд,
Мутриб ба суруди наю булбул ба тарона.

Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона Туйӣ Ту,
Мақсуд Туйӣ, Каъбаву бутхона баҳона.

Чун дар ҳама ҷо акси рухи Ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона.

Тақсири Хаёлӣ ба умеди карами Туст,
Яъне ки гунаҳро беҳ аз ин нест баҳона.

Хаёлии Бухороӣ

https://t.me/gazaltj
Айюҳаннос, ҷаҳон ҷои таносонӣ нест,
Марди доно ба ҷаҳон доштан арзонӣ нест.

Хуфтагонро чӣ хабар замзамаи мурғи саҳар,
Ҳаявонро хабар аз олами инсонӣ нест.

Доруи тарбият аз пири тариқат биситон,
К-одамиро батар аз иллати нодонӣ нест.

Руй агарчанд паричеҳраву зебо бошад,
Натавон дид дар оина, ки нуронӣ нест.

Шаби мардони Худо рузи ҷаҳонафруз аст,
Равшанонро ба ҳақиқат шаби зулмонӣ нест.

Панҷаи дев ба бозуи риёзат бишикан,
К-ин ба сарпанҷагии зоҳири ҷисмонӣ нест.

Тоъат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,
Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест.

Ҳазар аз пайравии нафс, ки дар роҳи Худой,
Мардумафгантар аз ин ғули биёбонӣ нест.

Олиму обиду суфӣ ҳама тифлони раҳанд,
Мард агар ҳаст ба ҷуз орифи раббонӣ нест.

Бо ту тарсам накунад шоҳиди рӯҳонӣ рӯй,
К-илтимоси ту ба ҷуз роҳати нафсонӣ нест.

Хона пургандуму як ҷав нафиристода ба гӯр,
Барги маргат чу ғами барги зимистонӣ нест.

Бибарӣ моли мусулмону чу молат бибаранд,
Бонгу фарёд барорӣ, ки мусулмонӣ нест.

Охире нест таманнои сару сомонро,
Сару сомон беҳ аз бесару сомонӣ нест.

Он кас аз дузд битарсад, ки матоъе дорад,
Орифон ҷамъ бикарданду парешонӣ нест.

В-он киро хайма ба саҳрои фароғат задаанд,
Гар ҷаҳон зилзила гирад, ғами вайронӣ нест.

Як насиҳат зи сари сидқ ҷаҳоне арзад,
Машнав ар дар суханам фоида дуҷҳонӣ нест.

Ҳосили умр талаф кардаву айём ба лағв,
Гузаронида, ба ҷуз ҳайфу пушаймонӣ нест.

Саъдиё, гарчи сухандону масолеҳ гуӣ,
Ба амал кор барояд, ба сухандонӣ нест.

То ба хирман бирасад кишти умеде, ки турост,
Чораи кор ба ҷуз дидаи боронӣ нест.

Гар гадоӣ кунӣ, аз даргаҳи ӯ кун боре,
Ки гадоёни дарашро сари султонӣ нест.

Ё Раб, аз нест ба ҳаст омадаи сунъи туем,
В-он чӣ ҳаст, аз назари илми ту пинҳонӣ нест.

Гар бирониву гарам бандаи мухлис хонӣ,
Руи навмедиям аз Ҳазрати султонӣ нест.

Ноумед аз дари лутфи ту куҷо шояд рафт?
Ту бибахшой, ки даргоҳи туро сонӣ нест.

Дасти ҳасрат газӣ гар як дирамат фавт шавад,
Ҳеҷат аз умри талафкарда пушаймонӣ нест .

Саъдии Шерозӣ

https://t.me/gazaltj
АҚИҚИ ЯМАНӢ
НЕСТ

Мухаммас бар ғазали
ШАМСИ ТАБРЕЗӢ

Ҳар накҳати ҷонбахш зи мушки Хутанӣ нест,
Ҳар қиссаи нашнидаи дил анҷуманӣ нест,
Ҳар лолаи аз хок дамида даманӣ нест,
«Ҳар марди шутурдор Увайси Қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг ақиқи Яманӣ нест.»

Қалби каси бедард зи ғам об нагардад,
Ҳар сифлаи дун мўнису аҳбоб нагардад,
Ҳар қатраи ҷӯшанда маи ноб нагардад,
«Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд Расули Маданӣ нест.»

Дар пайраҳаи умр дили реш наёзор,
Дар дашти талаб хотири дарвеш наёзор,
Озори касонро маписанд, беш наёзор,
«Бар мурдадилон панд мадеҳ, хеш наёзор,
Зеро ки Абуҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.»

Аз ҷаҳл шавӣ куштаи як оташи бедуд,
Ҳар лаҳза шав омодаи як посуху падруд,
Шукрона намо ҳар нафасе бар буду нобуд,
«Бар марди Худо панҷа маяфкан чу Намруд,
Ин ҷисми Халил аст, ки оташ заданӣ нест.»

Сӯзад тару хушки дили мо бори ҷаҳолат,
Мекӯш намонӣ қадаме рӯ ба разолат,
Бар моли амонат ту макун ҳеҷ хиёнат,
«Хушнуд нашав душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.»

Дунёи дудар баҳри Сикандар накунад раҳм,
Гирйем чу фарзанд ба модар накунад раҳм,
Номард бувад, он ки ба хоҳар накунад раҳм,
«Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.»

Берун марав аз кибру ҳаво аз хати тақдир,
Бар ҳастии худ такя макун, ҳастӣ мусофир,
Як рӯз бигардад ба Ватан мурғи муҳоҷир,
«Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
Ғофил машав, эй дӯст, ки модар шуданӣ нест.»
https://t.me/gazaltj
Бишкуфт гул дар бӯстон, он ғунчаи хандон куҷо?
Шуд вақти айши дӯстон, он лолаи бустон куҷо?
Ҳар бор, к-ӯ дар ханда шуд, чун ман ҳазораш банда шуд,
Сад мурда з-он лаб зинда шуд, дарди маро дармон куҷо?
Гӯянд, тарки ғам бигӯ, тадбиру сомоне биҷӯ,
Дармондаро тадбир ку, девонаро сомон куҷо?
Аз бахту рӯзӣ бо тараб Хизр об хӯрда, шуста лаб,
Пӯён Сикандар дар талаб, то чашмаи ҳайвон куҷо?
Мегуфт бо ман ҳар замон, к-аз ҷон ҳамеёбӣ амон,
Ман мебарам фармон ба ҷон, он ёри бефармон куҷо?
Гуфтам: “Туӣ ин дар танам, ё ҳаст ҷони равшанам?”
Гуфтӣ, ки “оре, ин манам”, гар ин туӣ, пас, ҷон куҷо?
Гуфтӣ, сабурӣ пеш кун, мискинӣ аз ҳад беш кун,
З-инам аз они хеш кун, ман кардам ин, ваҳ, он куҷо?
Пайдо гарат баъд аз маҳе дар кӯи мо набвад раҳе,
Аз нӯги мижгон гаҳ-гаҳе он пурсиши пинҳон куҷо?
З-ин пеш бо ту ҳар замон мебудаме аз ҳамдамон,
Хусрав на ҳаст охир ҳамон, он аҳду он паймон куҷо?
(Амир Хусрави Деҳлавӣ)

https://t.me/gazaltj
Эй дил, садои марг туро ҳам расиданист,
Субҳи аҷал зи матлаъи умрат дамиданист.
Бар тахту наълу болиши абрешимӣ маноз,
Танҳо ба ҷои танг туро орамиданист.
Пайвастагӣ макун ба ҷаҳон, дил дар ӯ мабанд,
Зеро, ки з-ин ҷаҳонат ба куллӣ буриданист.
Аз гӯши хеш мешунавӣ к-он фалон намонд,
Дар гӯши дигарон хабарат ҳам расиданист.
Эй дил, макун гунаҳ, ки таҳқиқ мурданист,
Аъмоли нек кун, ки қиёмат расиданист.
Ғарра машав бад-ин гулу бӯстони рӯзгор,
Боди хазон бад-ин гулу бӯстон вазиданист.
Аз марги худ битарс, ки танҳо равӣ ба гӯр,
Бо Мункару Накир¹ ҷавоби ту доданист.
Чун «куллу нафсин зоиқату-л-мавт»² ҳукм шуд,
Медон яқин, ки шарбати маргат чашиданист.
Чизе шикор кун, ки ба майдони рӯзгор,
Ин маркаби ҳаёт на доим давиданист.
Чун ҳазрати Расули Худо (с) дар ҷаҳон намонд,
Касро чӣ эътимод, ба нобуд буданист.
Саъдӣ, дар ин қафас, ки тавон дошт мурғро,
Охир қафас шикаставу мурғаш париданист.
(Саъдии Шерозӣ)

https://t.me/gazaltj
Ту дигар ба пешвозам дами дар намебаройӣ,
Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесаройӣ:
«Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад».

Ту дигар наметавонӣ, ки миёни пиразанҳо
Зи ман ифтихор созӣ ба ҳазору як таманно:
«Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад».

Ту дигар фирор кардӣ ба ҷаҳони сарду хомӯш,
Ту дигар намекушоӣ ба наберагонат оғӯш,
Ки диҳӣ дуои иқбол,
Ки бибахшӣ неруи пару бол.

Зи канори хок будӣ, ба канори хок рафтӣ,
Зи деҳи Мазор будӣ, ба мазори пок рафтӣ,
Шудӣ ёди ҷовидонӣ
Ба мадори бемадори зиндагонӣ.

Чу ба хонаат дароям, ҳама бӯйи дард ояд,
Дили ман ба дард ояд зи хурӯҷи дардҳоят.
Шунавам фиғони шабҳот
Зи баҳамфишурда лабҳот.

Чу ба ёд оварам ман ҳама он азоби ҷонат,
Табу сӯзи устухонат, фалаҷи аҷалнишонат,
Қаламам фалаҷ шавад зуд,
Ҳама ҳастиям кунад дуд…

Зи тавофи кулбаи ту дили ман зи ҳам бирезад,
Ба ҳама ҷаҳон ситезад писари ғазалнависат,
Ки куҷост модари ман,
Ки куҷост модари диловари ман?

Писари ғазалнависат акнун ғазали азо бигӯяд,
Ғазале агар бигӯяд, ғазали туро бигӯяд,
Ки куҷост модари ман,
Ки куҷост давлати сари ман?

Ту куҷоӣ модари ҷон? Паси дар намебаройӣ,
Ва дигар ба шеваи худ бари ман намесаройӣ:
«Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад…»

Шодравон Лоиқ Шералӣ


https://t.me/gazaltj
Ин нону оби чарх чу сел аст бевафо,
Ман моҳиям, наҳангам, Уммонам орзуст!
Яъқубвор «воасафо!»-ҳо ҳамезанам,
Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст!
Валлаҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад,
Оворагийи кӯҳу биёбонам орзуст!
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст!
Ҷонам малӯл гашт зи Фиръавну зулми ӯ,
Он нури рӯйи Мӯсии Имронам орзуст!
З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малӯл,
Он ҳоюҳӯву наъраи мастонам орзуст!
Гӯётарам зи булбул, аммо зи рашки ом
Муҳр аст бар даҳонаму афғонам орзуст!
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малӯламу инсонам орзуст!
Ҷалолуддини Румӣ

https://t.me/gazaltj
Чанд рӯзе дар ҷаҳон, эй умр, меҳмонӣ бас аст,
Аз ҳусули муддао оҳи пушаймонӣ бас аст.
Орзуи ҷоҳ дорӣ гар зи нақши эътибор,
Ёди таъмири хаёлат хонавайронӣ бас аст.
Гаштӣ аз дарси камол имрӯз ғофил, мар туро
Ҳамчу ябруҳассанам як номи инсонӣ бас аст.
Чанд гӯӣ, к-аз тааллуқҳои имкон бигзарам?
Бигзарӣ гар аз ҷаҳон, як доманафшонӣ бас аст,
Гир дар роҳи талаб аз нақши пои ӯ сабақ,
Map туро ойинасон як чашми ҳайронӣ бас аст.
То куҷо хоҳӣ, к-аз ошуфтан ба ҷамъийят расам,
Аз тасаввурҳои зулфаш як парешонӣ бас аст.
Гар ҳамехоҳӣ, ки аспи хеш аз фарзин кунӣ,
Дар бисоти нарди ғам як дона гардонӣ, бас аст.
Дӯш аз себи занахдонаш гирифтӣ баҳрае,
Аз лаби лаълаш туро имрӯз хубонӣ бас аст.
То ба кай гӯӣ, ки хонам дафтари ушшоқро?
Аз китоби меҳнаташ як сатр агар хонӣ, бас аст.
Каъбаи байтуллаҳи фикри маро, Туғрал, кунун
Аз шикори сайди маъниҳо яке бонӣ бас аст!

https://t.me/gazaltj
То боди саборо ба гулистон гузаре ҳаст,
Мурғони чаманро ба раҳи гул назаре ҳаст.

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд зи паи он саҳаре ҳаст.

Бинишин нафасе булбули шӯрида, ки имрӯз
Бо нолаи зори дили ман ҳам асаре ҳаст.

Гаҳ шарбати васлат ба лаби ташна надоданд,
Бемори ғами ишқи туро чашми таре ҳаст.

Чашмам ба раҳи қофилаи бӯи висолат,
Дар кӯи ту аз боди сабо то хабаре ҳаст.

Бедор макун ин ҳамаро бар дили Махфӣ,
Андеша намо ғайри ту ҳам додгаре ҳаст.

https://t.me/gazaltj
Меравам, имшаб туро бедор хоҳам карду рафт,
Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.

Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор,
Водии ҳиҷрон гулу гулзор хоҳам карду рафт.

Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,
Бас дили аҳли ситам афгор хоҳам карду рафт.

Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,
Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.

Чанд рӯзе гар диҳад фурсат маро пайки аҷал,
Фикр бар ҳоли дили бемор хоҳам карду рафт.

Боғбон биншин дар ин гулшан ба коми дил, ки ман
Ҳамчу булбул нолаҳои зор хоҳам карду рафт.

Дарди дилро чун дар ин бозор дармон нест ёфт,
Дарди дил арзон дар ин бозор хоҳам карду рафт.

Кай бурун ояд ба афсун аз сари савдои ишқ,
Сар чу Маҷнун дар сари ин кор хоҳам карду рафт.

То кунам ҳоли дилам равшан зи чашми ашкрез,
Вақти рафтан гиряи бисёр хоҳам карду рафт.

Чун ба осонӣ намегардад муяссар коми дил,
Махфиё, бас тарки ин душвор хоҳам карду рафт.
(Зебуннисо-Махфӣ)

https://t.me/gazaltj
Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,
Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ.

Ин дур(р) ҳамеша дар садафи рӯзгор нест,
Мегӯямат, вале ту куҷо гӯш мекунӣ.

Дастам намерасад, ки дар оғӯш гирамат,
Эй моҳ, бо кӣ даст дар оғӯш мекунӣ.

Дар соғари ту чист, ки бо ҷуръаи нахуст,
Ҳушёру мастро ҳама мадҳуш мекунӣ.

Май ҷӯш мезанад ба дили хум биё бубин,
Ёде агар зи хуни Сиёвуш мекунӣ.

Гар гӯш мекунӣ, сухане хуш бигӯямат,
Беҳтар зи гавҳаре, ки ту дар гӯш мекунӣ.

Ҷоми ҷаҳон зи хуни дили ошиқон пур аст,
Ҳурмат нигоҳ дор, агараш нӯш мекунӣ.

Соя, чу шамъ шуъла дарафкандаӣ ба ҷамъ,
З-ин достон, ки бо лаби хомӯш мекунӣ.

https://t.me/gazaltj
Диле, ки пеши ту раҳ ёфт бозпас наравад,
Ҳавогирифтаи ишқ аз пайи ҳавас наравад.

Ба бӯйи зулфи ту дам мезанам дар ин шаби тор,
Вагарна чун саҳарам бе ту як нафас наравад.

Чунон ба доми ғамат хӯ гирифт мурғи дилам,
Ки ёди боғи биҳишташ дар ин қафас наравад.

Нисори оҳи саҳар мекунам, сиришки ниёз,
Ки домани туам эй гул зи дастрас наравад.

Дило бисӯзу ба ҷон барфурӯз оташи ишқ,
К-аз ин чароғи ту дуде ба чашми кас наравад.

Фиғони булбули табъам ба гулшани ту хуш аст,
Ки кори дилбарии гул зи хору хас наравад.

Диле, ки нағмаи ноқуси маъбади ту шунид,
Чу кӯдакон зи пайи бонги ҳар ҷарас наравад.

Бар остони ту чун Соя сар ниҳам ҳама умр,
Ки ҳар кӣ пеши ту раҳ ёфт, бозпас наравад.
(Соя)

https://t.me/gazaltj
Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо инҷост,
Нигоҳи гарму адоҳои дилрабо ин ҷост.

Карашма теғу нигаҳ ханҷару мижа алмос,
Шаҳодат ар-талабӣ, Дашти Карболо ин ҷост.

Агар биҳишт диҳандат, фиреби кас нахурӣ,
Қадам зи майкада берун манеҳ, ки ҷо ин ҷост.

Китобхонаи олам варақ-варақ ҷустам,
Хати ту дидаму гуфтам, ки муддао ин ҷост!

Закоти ҳусн металабӣ, агар барои Худо,
Биё, ки Зебуннисо ҳамчу ман гадо ин ҷост.
(Зебуннисо - Махфӣ)

https://t.me/gazaltj
Бе гуфтугўй ризқ муҳайё намешавад,
Ин қуфл бе забони талаб во намешавад.

Кай меравад зи паҳлўи мунъим гурусначашм?
Гирдоб дур аз лаби дарё намешавад.

Рангинии қабо накунад пирро ҷавон,
Барги хазон баҳори тамошо намешавад.

Беморро ғизои мувофиқ кунад даво,
Бе тарбият заиф тавоно намешавад.

Хулқи хуши наҷобати зотист мўҳтарам,
Ҳанзал ба рангу бў гули раъно намешавад.

Афтодааст номи сахо аз забони халқ,
Ин хайма, умрҳост, ки барпо намешавад

Гирдоб, чун садаф нашавад соҳиби гуҳар,
Ҳорис ба саъй молики дунё намешавад.

Нодон ба гуфтугў нашвад соҳиби сухан,
Чуғз аз ҳазор оина гўё намешавад.

Занҷиру қуфл нест ба девона садди роҳ,
Мавҷи ҳубоб монеи дарё намешавад.

Эҳроми Каъбаро ба тасаввур макун тамом,
Ин роҳ қатъ бе мадади по намешавад.

Аз бадниҳод чашми накўӣ тамаъ мадор,
Кури зи модар омада бино намешавад.

Маъшуқро муҳаббати ошиқ диҳад ривоҷ,
Юсуф чаро ба коми Зулайхо намешавад?

То ғунчаи даҳон‐ш пур аз зар намекунам,
Аз ҳеҷ боб роҳи сухан во намешавад.

Ту барқи бемуруввату ман кишти бесамар,
Охир, миёни мову ту савдо намешавад.

Рухсори худ дареғ мадор аз нигоҳи мо,
Аз боғ мева кам ба тамошо намешавад.

Дилгир нест синаам аз оҳ, Сайидо, Маҷнун ғубори хотири саҳро намешавад.
(Сайидои Насафӣ)
https://t.me/gazaltj