ХУФАР ва хуфариён
586 subscribers
170 photos
114 videos
72 files
79 links
маърифӣ-маданӣ
Download Telegram
БАХТИЁР ФАТТОЕВ
Имрӯз яке аз ҳамдеҳаамон ,инсони наҷиб Абдусамад Ҳамидов (Халилов) дунёи фониро падруд гуфтанд. Аз номи худам, оилаамон ва ҳамдеҳагон ба аҳли хонаводаашон ва алалхусус ба писарашон Рустамҷон ҳамдардӣ намуда аз худованди азза ва ҷалла ба онҳо сабри ҷамил металабам.
Он лаъли дилхунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт,
Он ёри маҳзунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Қолиб тиҳӣ созам агар зору ҳазин, ҷони падар,
Рав, беди маҷнунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Дар рӯи тобутам агар гулбаргафшонӣ кунанд,
Он шохи гулбонро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Ду дида Ҷайҳун доштам аз марги армонҳои халқ,
Рав, оби Ҷайҳунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Озори дунё дар дилам аз реги ҳомун беш буд,
Он реги ҳомунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Дил додаам, дил бурдаам, ҷоми паёпай хурдаам,
Он ҷоми ворунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Ин дафтари шеъру ғазал чун ман намирад аз аҷал,
Рав, чархи гардунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
@LoiqSherali1
Хуш хиромон меравӣ, эй ҷони ман, бе ман марав,
Эй ҳаёти дўстон, дар бўстон бе ман марав.
Эй фалак бе ман магарду эй камар бе ман матоб,
Эй замин бе ман мабошу эй замон бе ман марав.
Ин ҷаҳон бо ту хуш асту он ҷаҳон бо ту хуш аст,
Ин ҷаҳон бе ман мабошу он ҷаҳон бе ман марав.
Эй инон, бе ман марону эй забон бе ман махон,
Эй назар, бе ман мабину эй равон бе ман марав.
Шаб зи рўят моҳ рўйи хештан бинад сафед,
Ман шабам, ту моҳи ман, бар осмон бе ман марав.
Хорро бин руст зоташ дар паноҳи лутфи гул,
Ту гулӣ, ман хори ту, дар гулситон бе ман марав
Дар хами чавгонт мебозад, чу чашмат бо ман аст,
Ҳамчунин дар ман нигар, бе ман марон, бе ман марав.
Чун ҳарифи шоҳ бошӣ, эй тараб, бе ман мабош,
Чун ба поси шаҳ равӣ, эй посбон, бе ман марав.
Войи он кас, кў дар ин раҳ бе нишони ту равад,
Чун нишони ту манам, эй бенишон, бе ман марав.
Вой онро, кандар ин раҳ меравад бедонише,
Оташи роҳам туӣ, эй роҳдон, бе ман марав.
Дигаронат ишқ мехонанду ман султони худ,
Эй ту волотар зи ваҳми ину он бе ман марав
Висоли ӯ зи умри ҷовидон беҳ,
Худовандо, маро он деҳ, ки он беҳ!
Ба шамшерам заду бо кас нагуфтам,
Ки рози дӯст аз душман ниҳон беҳ!
Ба доғи бандагӣ мурдан бар ин дар,
Ба ҷони ӯ, ки аз мулки ҷаҳон беҳ!
Худоро, аз табиби ман бипурсед,
Ки охир кай шавад ин нотавон беҳ?
Гуле, к-он поймоли сарви мо гашт,
Бувад хокаш зи хуни арғавон беҳ.
Ба хулдам даъват, эй зоҳид, мафармо,
Ки ин себи занах з-он бӯстон беҳ!
Дило доим гадои кӯи ӯ бош,
Ба ҳукми он, ки давлат ҷовидон беҳ.
Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон,
Ки рои пир аз бахти ҷавон беҳ.
Шабе мегуфт: «Чашми кас надидаст,
Зи марвориди гӯшам дар ҷаҳон беҳ».
Агарчи Зиндаруд оби ҳаёт аст,
Вале Шерози мо аз Исфаҳон беҳ.
Сухан андар даҳони дӯст шаккар,
Валекин гуфтаи Ҳофиз аз он беҳ.
Хорижий давлатларда таълим олганлик тўғрисидаги ҳужжатларни тан олиш учун синов тестлари 12-16 апрель кунлари бўлиб ўтади

Ўзбекистон Республикаси Вазирлар Маҳкамасининг 2019 йил 24 июлдаги 620-сон қарори билан тасдиқланган «Хорижий давлатларда таълим олганлик тўғрисидаги ҳужжатларни тан олиш тартиби тўғрисида»ги Низом ижросини таъминлаш мақсадида Таълим сифатини назорат қилиш давлат инспекциясида (Тошкент шаҳар, Чилонзор тумани, Нурхон кўчаси, 21-уй ) 2021 йил 12-16 апрель кунлари соҳалар бўйича синов тестлари бўлиб ўтиши режалаштирилган.

«Ҳуқуқшунослик», «Соғлиқни сақлаш ва ижтимоий таъминот», «Иқтисодиёт», «Қишлоқ хўжалиги, муҳандислик, ишлов бериш ва қурилиш» ҳамда «Ўқитувчилар тайёрлаш ва педагогик фанлар» соҳалари бўйича синов тестлари ўтказиладиган санаси ва синов тестида иштирок этувчилар рўйхати билан қуйида танишишингиз мумкин.

👉 Ҳуқуқшунослик

👉 Соғлиқни сақлаш ва ижтимоий таъминот

👉 Иқтисодиёт

👉 Қишлоқ хўжалиги, муҳандислик, ишлов бериш ва қурилиш

👉 Педагогика фанлари

👉 Педагогика фанлари (Бошланғич таълим)

Синовлар карантин қоидаларига қатъий амал қилган ҳолда ўтказилади.

Таълим сифатини назорат қилиш давлат инспекцияси огоҳлантиради:

Хорижий давлатларда таълим олганлик тўғрисидаги ҳужжатларни тан олиш учун белгиланган синов тестларига ўз вақтида келмаган, синов тестида иштирок этувчилар рўйхатида мавжуд бўлмаган талабгорлар ҳамда тиббий ниқоби бўлмаганларга синовларга киришга рухсат этилмайди.


👉 @ABITURINFO | Абитуриент ахборот хизматининг телеграм каналига уланиш учун 👇👇👇

https://t.me/joinchat/AAAAAFL6Lhk71hff8Z1m5Q
Аз номи аъзоёни гурӯҳ устоз Асадулло Қаландаровро бо зодрузашон самимона табрик гуфта барояшон БУРДБОРИВУ комёбиҳо дар ҷодаи эҷодӣ ва сиҳатмандиву саломатӣ хоҳонам! Зодрӯзатон муборак бошад!
Қурбонӣ
Деҳқоне як гов дошт. Рӯзе пойи гов мешиканад ва наметавонад аз ҷой хезад. Соҳибаш молдухтурро меорад.
Молдухтур мегӯяд:
- Агар то се рӯз говатон ба пой нахезад, онро кушед.
Гӯсфанд инро мешунавад ва пеши гов рафта мегӯяд:
- Тезтар ба пой хез. Сиҳат шав.
Гов ҳаракат мекунад, вале аз ҷой ҷунбида наметавонад.
Рӯзи дуввум боз гӯсфанд лапон-лапон пеши гов меравад ва мегӯяд:
- Тезтар ба пой хез. Ҳаракат кун.
Гов дубора заҳмат мекашад, то ба пой рост шавад. Аммо наметавонад.
Рӯзи сеюм гӯсфанд боз ба пеши гов рафта:
- Ҳаракат кун, ки ба пой хезӣ. Агар имрӯз ҳам аз ҷо нахезӣ, мувофиқи гуфтаи молдухтур кушта мешавӣ, - мегӯяд.
Гов бо ҳазор зӯр ба пой мехезад...
Деҳқон ба оғилхона меравад ва мебинад, ки гов ба пой рост истодааст. Хушҳол ба хона баргашта мегӯяд:
- Гов ба по хестааст. Ҷашн мегирем. Гӯсфандро қурбонӣ кунед...
Таҳия.
Forwarded from SARIOSIYO_UZ
Сариосиё туман Сӯфий Оллоҳёр масжидида 03.04.2021 ҳолатига намоз вақтлари:

Бомдод 05.45
Пешин 13.00
Аср 17.30
Шом 19.02
Хуфтан 20.45

Kanalga qo'shilish 👇
https://t.me/Sariosiyo_tumani
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Фаттоев Бахтиёр
Барои онки дар моҳи шарифи Рамазон ҳар хел гапу калочаҳо нашавад фаъолияти гурӯҳро то Иди Фитр қатъ мекунем. То ҳама ба тоату ибодат машғул шаванду ба корҳои ҳархела машғул нашаванд.касе маводи ҷолибе дошта бошад ба админҳо ёки ба ман фирсонад маъқул бошад ҷойгир менамоем. Моҳи Рамазон Омад!
Сариосиё ва Узун туманлари учун Рамазон тақвими

#сақлаб_олинг

@ManzuraParvoz
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
15-уми апрел – Зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ

МУАЛЛИМИ БУЗУРГ
Садриддин Айнӣ (1878-1956) яке аз симоҳои бузурги таърихи адабиёту фарҳанги халқамон буда, тавассути осори безаволаш номашро то абад зиндаю ҷовид гардондааст. Устод Айнӣ аввалин хишти адабиёти муосири тоҷикро ниҳода, онро ба як ҷараёни тоза ворид сохт. Як қатор шоҳасарҳои ин нависанда ба ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ ворид гашта, ба забонҳои гуногун тарҷима шудаанд. Асарҳои нависанда дар пояи баланди суханварӣ эҷод гардидаанд. Устод Айнӣ соҳиби мактаби адабии худ мебошад, ки як гурӯҳ шоирону нависандагони шинохтаи диёрамон, устодон Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон дастпарварони ин мактаб буданд. Нависанда Чингиз Айтматов Садриддин Айниро муаллими бузург эътироф намудааст. Устод Айниро дар қатори нависандагон Робиндранат Такур аз Ҳиндустон, Луи Син аз Чин бузургтарин нависандаи адабиёти давраи нави Машриқзамин эътироф намудани оламиён боиси ифтихори мост.

@oyisha_saidova
@sugdion
То ифтор фаъолияти гурӯҳро қатъ мекунем.Маводи ҷолибе бошад ба админҳо фиристонед.
Лоиқ Шералӣ
لایق شیرعلی. متن فارسی در زیر👇
«Пушаймонам зи тоҷик будани хеш»... бисёри шеърҳои аламовари Устод Лоиқ Шералиро дар бораи миллату ватан ҷамъ овардам, шояд баъзе тоҷикони бегонапарасту дар хоби ғафлат хобида баъди хондани ин мисраҳо азоби виҷдону нангу номус кашанд ва миллатдӯстдор шаванд, тоҷикони худро ба гурӯҳҳову ҳизбҳо " хоину душман" ҷудо накунанд. Биёед дасти якдигарро бигирему тамоми камбудиҳоро якҷоя ҳал кунем, рӯҳи бузургоне ба мисли Устод Лоиқро шоду болида гардонем. Ин мисраҳоро аз таҳи дил бихонеду дар бораи ояндаи миллат фикр кунед, қазоваташ ба виҷдони поки шумо:
-------------------------------------------------
Маро хайле адӯ хондаст, афсӯс,
Ба номам лакка афшондаст, афсӯс.
Зи худ бегонаву бегонапарвар,
Аз ин миллат дилам мондаст, афсӯс.

Пушаймонам зи раҳ нанмудани хеш,
Пушаймонам зи раҳ бинмудани хеш.
Чу тоҷик хуни тоҷикро бирезад,
Пушаймонам зи тоҷик будани хеш.

Ҷавонмардони ту бас ноҷавонанд,
Тавонмандони ту бас нотавонанд.
Ало миллат чи сон ёбӣ раҳи рост,
Ки бархе ҳаҷравонат каҷравонанд...

Зи асли худ пушаймон шуд дили ман,
Зи буди худ гурезон шуд дили ман.
Зи дасти ин ҳама хушкидамағзон
Биёбон дар биёбон шуд дили ман.

Дареғи ҳиммати волои тоҷик!
Дареғи ҳикмати мавлои тоҷик!
Агар сад ҷомаи номус ҳам дӯхт,
Наёмад рост бар болои тоҷик!

Туро дар сина дорам, халқи тоҷик!
Ба ҷуз ту кас надорам, халқи тоҷик!
Туро дунё чунин озурда кардаст,
Ба дунё кина дорам, халқи тоҷик!

Зи сад анҷом як оғоз беҳтар,
Зи сад хомӯшӣ як овоз беҳтар.
Худоро мешиносӣ, ҳамдулиллаҳ,
Агар худро шиносӣ, боз беҳтар.

Дилам хун аст аз ин гӯлахиҳо,
Шуда аз ғорати мардум сахиҳо.
Агар ин сарзамин айни биҳишт аст,
Фузунанд аз чӣ дар он дӯзахиҳо?

Ба сад хориву бо сад норасоӣ
Диҳад бар пешвояш пешпоӣ.
Ба ин миллат, худои ҳар ду олам,
Биёфар раҳнамое, раҳкушое!

Касе гул кошт, бояд гул бичинад,
Касе хун рехт андар хун нишинад.
Чунин пастӣ, ки дар Боми ҷаҳон буд,
Худоё, душмани тоҷик набинад.

Чӣ шире хӯрдӣ аз пистони модар?
Чӣ нуре бурдӣ аз хуршеди анвар?
Самарқанду Бухоро рафт аз даст,
Душанбе гар равад, эй вои кишвар.

Ало миллат ту аз якдонагонӣ,
Ту аз озодагон, фарзонагонӣ,
Вале бисёр дур афтодӣ аз худ,
Нигини хотами бегонагонӣ.

Ба меҳмондорӣ машҳурӣ, ки шояд,
Валекин ҳадди худ бишнохт бояд.
Мабод он рӯз, эй халқи худодод,
Ки меҳмонат шавад хонахудоят...

Чӣ сардорон, ки оре ҳам надоранд,
Гуле ҳам неву хоре ҳам надоранд.
Шаҳиди он шаҳидони наҷибам,
Ки мурданду мазоре ҳам надоранд.

Ало рӯбаҳдиле, ки шермастӣ,
Ки нашносӣ русуми ҳақпарастӣ,
Маро гар мекушӣ, дастат бихушкад;
Маро гар даст гирӣ, зӯрдастӣ.

Ба халқи худ чиҳо кардед, гӯед!
Чӣ бурдеду чӣ овардед, гӯед!
Зи ман мардӣ талаб доред, аммо
Чаро худ ноҷавонмардед, гӯед!

Дареғо, файзу эҳсон дар Ватан мурд,
Умеди зиндагӣ дар ҷону тан мурд.
Дареғу ҳайфи истиқлоли тоҷик,
Ки чун гул омаду гулгулкафан мурд.

Чӣ рӯзат омада аз қисмат, эй ҷон?
На май дорӣ ба каф, на раҳ ба майдон.
Қиёмат н-омада андар ҷаҳон, лек
Қиёмаш омада дар Тоҷикистон.

Ало мотамкада, ғамхори ту ку?
Ало зулматсаро, анвори ту ку?
Гирифтам, хирманатро бод карданд,
Агар оринажодӣ, ори ту ку?

Дареғи он шукӯҳи анҷуманҳо!
Дареғи атри аврангу чаманҳо!
Хасоне решаҳо пайванд карданд,
Вале тоҷик дорад решаканҳо!

Мақомоте, ки дар поёну болост,
Ҳама печидаи ишколи колост.
Агар донӣ, ки қадратро надонанд,
Чу дарёи Арал хушкидан авлост.

Дуруд, эй миллати озурдаи ман,
Зи таъриху зи худ ғамхурдаи ман.
Нахоҳам гуфт пеш аз мурдани дил:
Видоъ, эй миллати дилмурдаи ман...

Ситамгарро Сикандар кардаӣ ту,
Музахрафро музаффар кардаӣ ту.
Валекин бузрукони нобиғатро
Гадоёни паси дар кардаӣ ту.

Ало, эй мардуми ғамнок рафта,
Дуои бад туро з-афлок рафта.
Фиғони ман расад рӯзе ба гӯшат,
Ки афғонам ба гӯши хок рафта.
Аз канали Заковат
Аз силсилаи "Қиссаҳои пандомӯзи "Маснавӣ"
ДОСТОНИ ДОНОИ ХУДРО БА ДЕВОНАГӢ ЗАДА
Он яке мегуфт: «Хоҳам оқиле,
Машварат орам бад-ӯ дар мушкиле».
Он яке гуфташ, ки андар шаҳри мо,
Нест оқил, ҷуз ки он маҷнуннамо.

Касе доноеро меҷуст, ки бо ӯ дар боби кори мушки-ле машварат кунаду гиреҳ аз кори худ бикушояд. Шахсе як мардеро ба ӯ нишон дод, ки монанди кӯдакон чӯбсаворӣ мекард.
Гуфт:
–Ин оташпораи шаҳри мост ва ман аз ӯ донотар ка-серо намедонам. Аммо дар ҳайрат машав, зеро бисёр доно-ён гумному ношиносанд ва чӣ басо, ки худро ба сурати мардумон ночизу нодон нишон медиҳанд. Одам бояд гаҳваршинос бошад ва бӯйи хушро аз бӯйи бади саргин бишносад.
Саг ба гадои кӯру жандапӯш ҳамла мекунад. Ӯ намефаҳмад, ки шояд ин гадо беҳтарини мардум бошад. Бисёр ҳастанд касоне, ки чашм доранду аз нодонӣ кӯранд.
Он мард ба сӯйи донои девонанамо рафту ӯро фарёд кард. Марди найсавор гуфт:
– Чӣ мехоҳӣ? Зуд бигӯ, вагарна аспам туро лагад хоҳад зад:

То лагад бар ту накӯбад, зуд бош,
Аз чӣ мепурсӣ: «Баёнаш кун ту фош».

Мард гуфт:
–Ман ба ин шаҳр омадаам, ки зан бигирам ва омадаам бо ту машварат кунам.
Гуфт:
–Дар ҷаҳон се гуна зан барои ҳамсарӣ вуҷуд дорад: яке тамом, яке ниматамом ва яке ҳеҷ. Он гоҳ савори чӯб шуду битохту рафт. Мард аз дунболи ӯ давид:

Шайх ронд андар миёни кӯдакон,
Бонг зад бори дигар ӯро ҷавон.
Гуфт:
–Ба ман бигӯ, ки маънои суханони ту чист?
Гуфт:
– Он ки тамом аст, духтаре аст, ки шавҳар накарда ва ҳама вуҷудаш моли туст. Он ки ниматамом аст, зани бевае аст, ки шавҳар дошт ва он ки ҳеҷ аст, зане аст, ки шавҳар кардаю аз он фарзанд ҳам дорад, ҳамаи дилаш мутаваҷҷеҳи шавҳари гузашта ва фарзандони бепадари хеш аст.
Мард гуфт:
–Пурсиши дигар дорам. Ту дар ин шаҳр бо ин доноӣ чаро худро ба девонагӣ задаӣ?
Гуфт:
– Мардуми ин шаҳр мехостанд маро қозии шаҳр ку-нанд, барои ин ки напазирам, худро ба девонагӣ мезанам, ки аз ман даст кашанд. Агар дониш омӯхтаам, барои он нест, ки илм бифӯрушаму мақом пайдо кунам. Мехоҳам чашмам боз шаваду чашми дигаронро боз кунам, дилам шамъ шаваду дили дигаронро равшан кунам.

Илм гуфторе, ки он беҷон бувад,
Ошиқи рӯйи харидорон бувад.

Гарчи бошад вақти баҳси илми зафт ,
Чун харидораш набошад, мурду рафт.

Хунбаҳои ман ҷамоли Зулҷалол ,
Хунбаҳои худ хурам, касби ҳалол.

Ин харидорони муфлисро биҳил,
Чӣ харидорӣ кунад як мушти гил?

Гил махур, гилро махар, гилро маҷӯ.
З-он ки гилхор аст доим зардрӯ.

Дил бихур, то доимо бошӣ ҷавон,
Аз таҷаллӣ чеҳраат чун арғавон .

Донише, ки Худованд ба ман додааст, барои хидма-ти мардум аст. Онро хариду фурӯш намекунам ва нардбони раҳбарӣ қарор намедиҳам.
Аз китоби "Мунтахаби достонҳои "Маснавии маънавӣ", таҳияи Қиёмиддин Сатторӣ
Аз саҳифаи фейсбукии Қиёмиддин Сатторӣ