ХУФАР ва хуфариён
608 subscribers
170 photos
114 videos
72 files
79 links
маърифӣ-маданӣ
Download Telegram
Киштие дар баҳр бори савдогаронро интиқол менамуд. Дар роҳ аз вазни бор киштӣ наздик буд ғарқ шавад. Соҳиби киштӣ ба савдогарон амр намуд, ки қисме аз бори худро ба баҳр партоянд ва интихоби борро ба худи савдогарон ҳавола кард.
Савдогарон ба хулоса омаданд, ки тамоми бори яке аз савдогаронро ба баҳр партоянд, зеро ӯ бори зиёд дошт ва савдогари нав буд. Вале он савдогар зиддият нишон дод. Савдогарон ба ғазаб омаданду ҳам худи ӯ ва ҳам борашро ба баҳр партофтанду роҳро давом доданд.
Савдогар болои чӯбе баромад ва муддате пас мавҷҳои баҳр ӯро ба ҷазираи беодам партофтанд. Он ҷо аз чӯбу хас хоначае дуруст кард ва аз меваҳои дарахтҳо зиндагии худро мегузаронд. Зиёд ибодат мекард, парвардигорро шукр мегуфт, ки зинда мондааст ва дуои наҷот мекард.
Чанд рӯз пас шамоли сахте вазид ва аз куҷое коҳи оташгирифтаро оварда, болои хоначаи сохтааш партофт ва он оташ гирифт. Чун ин ҳолро дид, заифии инсонияш боло гирифт ва фиғон кард:
- Эй Парваридигоро! Ман чӣ гуноҳ кардам, ки маро ба ин ҳол гирифтор кардӣ? Ҳамаи борам ғарқи баҳр шуд, худам наздик буд ғарқ шавам. Ҳоло дар ҷазираи беодам мондаам. Як хоначае доштам, ҳамон ҳам оташ гирифт?
Хеле ғамгин шуд ва аз шиддати ғаму гуруснагӣ хобаш бурд. Муддате пас аз садои инсонҳо бедор шуд. Чашм кушода дид, ки киштие назди соҳил истодааст ва барои наҷоти ӯ кӯмак карданист. Шод шуд ва шукри Аллоҳ намуд.
Чун савори киштӣ шуд, аз онҳо пурсид:
- Маро чӣ гуна дарёфтед?
Гуфтанд:
- Албатта, аз дуди он оташе, ки афрӯхтӣ. Хеле хуб кардӣ, ки бо дуд ба мо ишора кардӣ, вагарна аз куҷо медонистем, ки дар ин ҷазира инсоне ҳаст? Шояд ту аз он киштие халос шудӣ, ки чанд рӯз пеш ғарқ шуд?
Чун савдогар оид ба киштии ғарқшуда пурсон шуд, фаҳмид, ки он ҳамон киштиест, ки аз он савдогарон ӯро бо бораш ба баҳр партофта буданд.
Сар ба саҷда гузошту Аллоҳро шукри беадад гуфт, ки дар ин чанд рӯз ӯро се маротиба халос кардаст.
Аллоҳ ҳар кореро, ки барои банда тақдир мекунад, барояш хайр аст, хоҳ банда дарк намояд ва хоҳ на.
Агар ба мушкилиҳову мусибатҳо дучор шудаӣ, ғамгин машав, шояд он бароят раҳмат бошад.
ДУ ҒАЗАЛ

Ҳадафи тир чу гаштем, батадбир шудем,
З-оташи кӯра бурун омада, шамшер шудем.

Бол н-оварда ба сайри Маҳу Парвин рафтем,
Чун пару боли ҳавас рехт замингир шудем.

Гесуи силсиламӯён чу ба гардан бастем,
Даступобаста ба ин ҳалқаи занҷир шудем.

Ҷон ба каф аз пайи дидор давидем басе,
Нози ҷонона кашидему зи ҷон сер шудем.

Дили худ об намудем пайи дилёбӣ,
Кунун аз сангималоматхӯрӣ дилгир шудем.

Бо ҳама тезию тундию сабуксайрӣ кунун,
Рам нахӯрем дигар, оҳуи тасвир шудем.

Пайи сарсабзии ин даҳр ҷавонӣ додем,
Ноҷавонмардӣ басе дида, ҷавон пир шудем.

***
Лабташнаи ҷоми висол он ҷо туву ин ҷо манам,
Аз дасти ҳаҷр афтодаҳол он ҷо туву ин ҷо манам.

Ман дӯст медорам туро, шояд ту аз ман бештар,
Аммо дар ифшо бемаҷол он ҷо туву ин ҷо манам.

Парвоз месозад нигаҳ пинҳон миёни мову ту,
Паррандаи бишкастабол он ҷо туву ин ҷо манам.

Ҳамдил, ки будему чаро ҳастем мо аз ҳам ҷудо,
Мулзам ба шарҳи ин суол он ҷо туву ин ҷо манам.

Дур аз сари мо нурфишон то кай бувад хуршеди ишқ,
Бебаҳра аз авҷу камол он ҷо туву ин ҷо манам.

Оғӯши мо бе ҳамдигар сард асту холӣ то ба кай,
Қоматхамида чун ҳилол он ҷо туву ин ҷо манам.

Дар ин дурӯза зиндагӣ бо ҳам нагуфта рози дил,
Гирён ба ҳашр аз ин вубол он ҷо туву ин ҷо манам.

Дарёи умри мо равон азбаски гилолуда аст,
Армонии оби зулол он ҷо туву ин ҷо манам.

Абдуллоҳи РАҲМОН
@tjmetodist
Ҳар сухан ҷоеву....pdf
15.7 MB
Общий доступ 'Ҳар сухан ҷоеву....pdf'
БАХТИЁР ФАТТОЕВ
Имрӯз яке аз ҳамдеҳаамон ,инсони наҷиб Абдусамад Ҳамидов (Халилов) дунёи фониро падруд гуфтанд. Аз номи худам, оилаамон ва ҳамдеҳагон ба аҳли хонаводаашон ва алалхусус ба писарашон Рустамҷон ҳамдардӣ намуда аз худованди азза ва ҷалла ба онҳо сабри ҷамил металабам.
Он лаъли дилхунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт,
Он ёри маҳзунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Қолиб тиҳӣ созам агар зору ҳазин, ҷони падар,
Рав, беди маҷнунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Дар рӯи тобутам агар гулбаргафшонӣ кунанд,
Он шохи гулбонро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Ду дида Ҷайҳун доштам аз марги армонҳои халқ,
Рав, оби Ҷайҳунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Озори дунё дар дилам аз реги ҳомун беш буд,
Он реги ҳомунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Дил додаам, дил бурдаам, ҷоми паёпай хурдаам,
Он ҷоми ворунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
Ин дафтари шеъру ғазал чун ман намирад аз аҷал,
Рав, чархи гардунро бигӯ, Лоиқ видоят карду рафт.
@LoiqSherali1
Хуш хиромон меравӣ, эй ҷони ман, бе ман марав,
Эй ҳаёти дўстон, дар бўстон бе ман марав.
Эй фалак бе ман магарду эй камар бе ман матоб,
Эй замин бе ман мабошу эй замон бе ман марав.
Ин ҷаҳон бо ту хуш асту он ҷаҳон бо ту хуш аст,
Ин ҷаҳон бе ман мабошу он ҷаҳон бе ман марав.
Эй инон, бе ман марону эй забон бе ман махон,
Эй назар, бе ман мабину эй равон бе ман марав.
Шаб зи рўят моҳ рўйи хештан бинад сафед,
Ман шабам, ту моҳи ман, бар осмон бе ман марав.
Хорро бин руст зоташ дар паноҳи лутфи гул,
Ту гулӣ, ман хори ту, дар гулситон бе ман марав
Дар хами чавгонт мебозад, чу чашмат бо ман аст,
Ҳамчунин дар ман нигар, бе ман марон, бе ман марав.
Чун ҳарифи шоҳ бошӣ, эй тараб, бе ман мабош,
Чун ба поси шаҳ равӣ, эй посбон, бе ман марав.
Войи он кас, кў дар ин раҳ бе нишони ту равад,
Чун нишони ту манам, эй бенишон, бе ман марав.
Вой онро, кандар ин раҳ меравад бедонише,
Оташи роҳам туӣ, эй роҳдон, бе ман марав.
Дигаронат ишқ мехонанду ман султони худ,
Эй ту волотар зи ваҳми ину он бе ман марав
Висоли ӯ зи умри ҷовидон беҳ,
Худовандо, маро он деҳ, ки он беҳ!
Ба шамшерам заду бо кас нагуфтам,
Ки рози дӯст аз душман ниҳон беҳ!
Ба доғи бандагӣ мурдан бар ин дар,
Ба ҷони ӯ, ки аз мулки ҷаҳон беҳ!
Худоро, аз табиби ман бипурсед,
Ки охир кай шавад ин нотавон беҳ?
Гуле, к-он поймоли сарви мо гашт,
Бувад хокаш зи хуни арғавон беҳ.
Ба хулдам даъват, эй зоҳид, мафармо,
Ки ин себи занах з-он бӯстон беҳ!
Дило доим гадои кӯи ӯ бош,
Ба ҳукми он, ки давлат ҷовидон беҳ.
Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон,
Ки рои пир аз бахти ҷавон беҳ.
Шабе мегуфт: «Чашми кас надидаст,
Зи марвориди гӯшам дар ҷаҳон беҳ».
Агарчи Зиндаруд оби ҳаёт аст,
Вале Шерози мо аз Исфаҳон беҳ.
Сухан андар даҳони дӯст шаккар,
Валекин гуфтаи Ҳофиз аз он беҳ.
Хорижий давлатларда таълим олганлик тўғрисидаги ҳужжатларни тан олиш учун синов тестлари 12-16 апрель кунлари бўлиб ўтади

Ўзбекистон Республикаси Вазирлар Маҳкамасининг 2019 йил 24 июлдаги 620-сон қарори билан тасдиқланган «Хорижий давлатларда таълим олганлик тўғрисидаги ҳужжатларни тан олиш тартиби тўғрисида»ги Низом ижросини таъминлаш мақсадида Таълим сифатини назорат қилиш давлат инспекциясида (Тошкент шаҳар, Чилонзор тумани, Нурхон кўчаси, 21-уй ) 2021 йил 12-16 апрель кунлари соҳалар бўйича синов тестлари бўлиб ўтиши режалаштирилган.

«Ҳуқуқшунослик», «Соғлиқни сақлаш ва ижтимоий таъминот», «Иқтисодиёт», «Қишлоқ хўжалиги, муҳандислик, ишлов бериш ва қурилиш» ҳамда «Ўқитувчилар тайёрлаш ва педагогик фанлар» соҳалари бўйича синов тестлари ўтказиладиган санаси ва синов тестида иштирок этувчилар рўйхати билан қуйида танишишингиз мумкин.

👉 Ҳуқуқшунослик

👉 Соғлиқни сақлаш ва ижтимоий таъминот

👉 Иқтисодиёт

👉 Қишлоқ хўжалиги, муҳандислик, ишлов бериш ва қурилиш

👉 Педагогика фанлари

👉 Педагогика фанлари (Бошланғич таълим)

Синовлар карантин қоидаларига қатъий амал қилган ҳолда ўтказилади.

Таълим сифатини назорат қилиш давлат инспекцияси огоҳлантиради:

Хорижий давлатларда таълим олганлик тўғрисидаги ҳужжатларни тан олиш учун белгиланган синов тестларига ўз вақтида келмаган, синов тестида иштирок этувчилар рўйхатида мавжуд бўлмаган талабгорлар ҳамда тиббий ниқоби бўлмаганларга синовларга киришга рухсат этилмайди.


👉 @ABITURINFO | Абитуриент ахборот хизматининг телеграм каналига уланиш учун 👇👇👇

https://t.me/joinchat/AAAAAFL6Lhk71hff8Z1m5Q
Аз номи аъзоёни гурӯҳ устоз Асадулло Қаландаровро бо зодрузашон самимона табрик гуфта барояшон БУРДБОРИВУ комёбиҳо дар ҷодаи эҷодӣ ва сиҳатмандиву саломатӣ хоҳонам! Зодрӯзатон муборак бошад!
Қурбонӣ
Деҳқоне як гов дошт. Рӯзе пойи гов мешиканад ва наметавонад аз ҷой хезад. Соҳибаш молдухтурро меорад.
Молдухтур мегӯяд:
- Агар то се рӯз говатон ба пой нахезад, онро кушед.
Гӯсфанд инро мешунавад ва пеши гов рафта мегӯяд:
- Тезтар ба пой хез. Сиҳат шав.
Гов ҳаракат мекунад, вале аз ҷой ҷунбида наметавонад.
Рӯзи дуввум боз гӯсфанд лапон-лапон пеши гов меравад ва мегӯяд:
- Тезтар ба пой хез. Ҳаракат кун.
Гов дубора заҳмат мекашад, то ба пой рост шавад. Аммо наметавонад.
Рӯзи сеюм гӯсфанд боз ба пеши гов рафта:
- Ҳаракат кун, ки ба пой хезӣ. Агар имрӯз ҳам аз ҷо нахезӣ, мувофиқи гуфтаи молдухтур кушта мешавӣ, - мегӯяд.
Гов бо ҳазор зӯр ба пой мехезад...
Деҳқон ба оғилхона меравад ва мебинад, ки гов ба пой рост истодааст. Хушҳол ба хона баргашта мегӯяд:
- Гов ба по хестааст. Ҷашн мегирем. Гӯсфандро қурбонӣ кунед...
Таҳия.
Forwarded from SARIOSIYO_UZ
Сариосиё туман Сӯфий Оллоҳёр масжидида 03.04.2021 ҳолатига намоз вақтлари:

Бомдод 05.45
Пешин 13.00
Аср 17.30
Шом 19.02
Хуфтан 20.45

Kanalga qo'shilish 👇
https://t.me/Sariosiyo_tumani
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Фаттоев Бахтиёр
Барои онки дар моҳи шарифи Рамазон ҳар хел гапу калочаҳо нашавад фаъолияти гурӯҳро то Иди Фитр қатъ мекунем. То ҳама ба тоату ибодат машғул шаванду ба корҳои ҳархела машғул нашаванд.касе маводи ҷолибе дошта бошад ба админҳо ёки ба ман фирсонад маъқул бошад ҷойгир менамоем. Моҳи Рамазон Омад!
Сариосиё ва Узун туманлари учун Рамазон тақвими

#сақлаб_олинг

@ManzuraParvoz