ХУФАР ва хуфариён
586 subscribers
170 photos
114 videos
72 files
79 links
маърифӣ-маданӣ
Download Telegram
Forwarded from Исҳоқ Нарзиев
Лоиқ Шералӣ
لایق شیرعلی. متن فارسی در زیر👇
«Пушаймонам зи тоҷик будани хеш»... бисёри шеърҳои аламовари Устод Лоиқ Шералиро дар бораи миллату ватан ҷамъ овардам, шояд баъзе тоҷикони бегонапарасту дар хоби ғафлат хобида баъди хондани ин мисраҳо азоби виҷдону нангу номус кашанд ва миллатдӯстдор шаванд, тоҷикони худро ба гурӯҳҳову ҳизбҳо " хоину душман" ҷудо накунанд. Биёед дасти якдигарро бигирему тамоми камбудиҳоро якҷоя ҳал кунем, рӯҳи бузургоне ба мисли Устод Лоиқро шоду болида гардонем. Ин мисраҳоро аз таҳи дил бихонеду дар бораи ояндаи миллат фикр кунед, қазоваташ ба виҷдони поки шумо:
-------------------------------------------------
Маро хайле адӯ хондаст, афсӯс,
Ба номам лакка афшондаст, афсӯс.
Зи худ бегонаву бегонапарвар,
Аз ин миллат дилам мондаст, афсӯс.

Пушаймонам зи раҳ нанмудани хеш,
Пушаймонам зи раҳ бинмудани хеш.
Чу тоҷик хуни тоҷикро бирезад,
Пушаймонам зи тоҷик будани хеш.

Ҷавонмардони ту бас ноҷавонанд,
Тавонмандони ту бас нотавонанд.
Ало миллат чи сон ёбӣ раҳи рост,
Ки бархе ҳаҷравонат каҷравонанд...

Зи асли худ пушаймон шуд дили ман,
Зи буди худ гурезон шуд дили ман.
Зи дасти ин ҳама хушкидамағзон
Биёбон дар биёбон шуд дили ман.

Дареғи ҳиммати волои тоҷик!
Дареғи ҳикмати мавлои тоҷик!
Агар сад ҷомаи номус ҳам дӯхт,
Наёмад рост бар болои тоҷик!

Туро дар сина дорам, халқи тоҷик!
Ба ҷуз ту кас надорам, халқи тоҷик!
Туро дунё чунин озурда кардаст,
Ба дунё кина дорам, халқи тоҷик!

Зи сад анҷом як оғоз беҳтар,
Зи сад хомӯшӣ як овоз беҳтар.
Худоро мешиносӣ, ҳамдулиллаҳ,
Агар худро шиносӣ, боз беҳтар.

Дилам хун аст аз ин гӯлахиҳо,
Шуда аз ғорати мардум сахиҳо.
Агар ин сарзамин айни биҳишт аст,
Фузунанд аз чӣ дар он дӯзахиҳо?

Ба сад хориву бо сад норасоӣ
Диҳад бар пешвояш пешпоӣ.
Ба ин миллат, худои ҳар ду олам,
Биёфар раҳнамое, раҳкушое!

Касе гул кошт, бояд гул бичинад,
Касе хун рехт андар хун нишинад.
Чунин пастӣ, ки дар Боми ҷаҳон буд,
Худоё, душмани тоҷик набинад.

Чӣ шире хӯрдӣ аз пистони модар?
Чӣ нуре бурдӣ аз хуршеди анвар?
Самарқанду Бухоро рафт аз даст,
Душанбе гар равад, эй вои кишвар.

Ало миллат ту аз якдонагонӣ,
Ту аз озодагон, фарзонагонӣ,
Вале бисёр дур афтодӣ аз худ,
Нигини хотами бегонагонӣ.

Ба меҳмондорӣ машҳурӣ, ки шояд,
Валекин ҳадди худ бишнохт бояд.
Мабод он рӯз, эй халқи худодод,
Ки меҳмонат шавад хонахудоят...

Чӣ сардорон, ки оре ҳам надоранд,
Гуле ҳам неву хоре ҳам надоранд.
Шаҳиди он шаҳидони наҷибам,
Ки мурданду мазоре ҳам надоранд.

Ало рӯбаҳдиле, ки шермастӣ,
Ки нашносӣ русуми ҳақпарастӣ,
Маро гар мекушӣ, дастат бихушкад;
Маро гар даст гирӣ, зӯрдастӣ.

Ба халқи худ чиҳо кардед, гӯед!
Чӣ бурдеду чӣ овардед, гӯед!
Зи ман мардӣ талаб доред, аммо
Чаро худ ноҷавонмардед, гӯед!

Дареғо, файзу эҳсон дар Ватан мурд,
Умеди зиндагӣ дар ҷону тан мурд.
Дареғу ҳайфи истиқлоли тоҷик,
Ки чун гул омаду гулгулкафан мурд.

Чӣ рӯзат омада аз қисмат, эй ҷон?
На май дорӣ ба каф, на раҳ ба майдон.
Қиёмат н-омада андар ҷаҳон, лек
Қиёмаш омада дар Тоҷикистон.

Ало мотамкада, ғамхори ту ку?
Ало зулматсаро, анвори ту ку?
Гирифтам, хирманатро бод карданд,
Агар оринажодӣ, ори ту ку?

Дареғи он шукӯҳи анҷуманҳо!
Дареғи атри аврангу чаманҳо!
Хасоне решаҳо пайванд карданд,
Вале тоҷик дорад решаканҳо!

Мақомоте, ки дар поёну болост,
Ҳама печидаи ишколи колост.
Агар донӣ, ки қадратро надонанд,
Чу дарёи Арал хушкидан авлост.

Дуруд, эй миллати озурдаи ман,
Зи таъриху зи худ ғамхурдаи ман.
Нахоҳам гуфт пеш аз мурдани дил:
Видоъ, эй миллати дилмурдаи ман...

Ситамгарро Сикандар кардаӣ ту,
Музахрафро музаффар кардаӣ ту.
Валекин бузрукони нобиғатро
Гадоёни паси дар кардаӣ ту.

Ало, эй мардуми ғамнок рафта,
Дуои бад туро з-афлок рафта.
Фиғони ман расад рӯзе ба гӯшат,
Ки афғонам ба гӯши хок рафта.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
"ЭЙ ХУФАР, ГАВҲОРАИ ДЕРИНИ
АҶДОДОНИ МАН"

БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ЧАШМАСОР, АЗ КӮҲДЕҲАИ ЗЕБОМАНЗАРИ ХУФАР.
МОҲИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021 ТАҲИЯ ШУДААСТ.

ТАҲИЯГАРОНИ НАМОИШ:

МУАЛЛИФ:
ОЙША САИДОВА

НАВОРБАРДОР:
АҲМАТ МӮМИНОВ

ВАСЛГАРИ НАВОР:
УРОҚАЛӢ ДИЁРОВ

МУҲАРРИР:
ОЙША САИДОВА

РОҲБАРИ БАДЕӢ:
РАМАЗОНМУРОД РУСТАМОВ

🏡🏡🏡🏡🏡🏡🏡🏡🏡🏡🏡🏡🏡

@sugdion
@oyisha_saidova
O‘quvchilarni uradigan o‘qituvchilar xaqida
<unknown>
Тарбиясиз фарзандини ёнини олиб, мактабдаги устозларга ташланадиган айрим калтабин инсонларга аталган аччиқ гаплар бўлибди.
Эшитинг, хулоса қилинг.
Шукрулло домла....
Имконингиз бўлса яқинларингизга тарқатинг.
Бадтарин бандаи Худо
Рӯзе ҳазрати Мусо (ъ) рӯ ба боргоҳи Худованд карду гуфт:
- Эй Офаридгор, мехоҳам бадтарин бандаатро бубинам.
Садо омад, ки «субҳ ба дари даромади шаҳр рав. Аввалин касе, ки аз шаҳр мебарояд, ӯ бадтарин бандаи ман аст".
Ҳазрати Мусо субҳи рӯзи дигар пеши дари даромади шаҳр рафт. Падаре бо фарзандаш, аввалин касоне буданд, ки аз шаҳр берун рафтанд.
Баъди бозгашт, бори дигар ҳазрат рӯ ба даргоҳи Худованд карду изҳори миннатдорӣ намуд ва гуфт:
- Эй Оллоҳ, акнун мехоҳам беҳтарин бандаатро бубинам.
Садо омад, ки «Бегоҳ ба дари даромади шаҳр рав. Охирин нафаре, ки ба шаҳр медарояд, ӯ беҳтарин бандаи ман аст.
Ҳангоми шом ҳазрати Мусо пеши дари шаҳр рафт...
Охирин нафаре, ки аз дари шаҳр даромад, боз ҳамон падару писар буданд..!
Ҳазрати Мусо рӯ ба даргоҳи Худованд оварда, бо тааҷҷуб гуфт:
- Худовандо! Чӣ гуна мумкин аст, ки бадтарин ва беҳтарин бандаи рӯйи замин як нафар бошад!?
Садо омад, ки «Эй Мусо, ин банда, ки субҳ бо фарзандаш аз шаҳр берун рафт, бадтарин бандаи ман буд. Аммо...
Ҳангоме, ки нигоҳи фарзандаш ба кӯҳҳои азим афтод, аз падараш пурсид:
- Падарҷон, бузургтар аз ин кӯҳҳо чист?
Падар гуфт:
- Замин.
- Бузургтар аз замин чист?
- Осмонҳо.
Фарзанд пурсид:
- Бузургтар аз осмонҳо чист?
Падар дар ҳоле, ки ба фарзандаш нигоҳ мекард, ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд ва гуфт:
- Фарзандам, гуноҳҳои падарат аз осмонҳо низ бузургтаранд.
Фарзанд бо тааҷҷуб пурсид:
- Падарҷон, бузургтар аз гуноҳҳои ту чист?
Падар, ки дигар тоқаташ намонда буд, гуфт:
- Писарам, меҳрубониву бахшандагии Худои бузург аз тамом он чизе, ки дар олам ҳаст, бузургтару азимтар аст.
Таҳия.
Деҳқону соаташ
Рӯзе марди деҳқон соаташро дар алафхона гум кард. Соатро дӯсти наздиктаринаш ба ӯ тӯҳфа карда буд. Аз байни алаф соатро ҷустуҷӯ кард, вале наёфт. Аз гурӯҳи бачагон, ки дар кӯча бозӣ мекарданд, ёрӣ пурсид ва ваъда дод, ки ҳар касе соатро ёбад, тӯҳфа медиҳад.
Бачагон бо мақсади ба даст овардани тӯҳфа алафхона даромаданд ва тамоми бандҳои алафро тагурӯ карданд. Аммо соатро наёфта, ноумед баромаданд. Мард димоғсӯхта менишаст, ки писараке назди ӯ омад ва хоҳиш кард, ки ба ӯ бори дигар имкон диҳад.
Деҳқон розӣ шуд ва кӯдак танҳо вориди алафхона даромад. Баъ аз андаке кӯдак дар даст соат аз алафхона берун омад.
Марди деҳқон хурсанд шуда, бо тааҷҷуб аз бача пурсид:
- Чӣ тавр соатро, ки ин қадар бачагон наёфтанд, дарёб кардӣ?
Писарак ҷавоб дод:
- Ман кори бисёр накардам. Рӯйи замин нишастаму дар сукут гӯш додам ва садои “тик-тик”-и соатро шунида, онро ёфтам.
Ақл дар оромиш, аз зеҳне, ки дар ғулғула аст, беҳтар фикр мекунад. Ҳар рӯз ҳаракат кунед, ки зеҳнатон андак ором бошад, дар сукут қарор гирад. Баъд бубинед, ки ақлатон чӣ қадар ҳушёр мешавад.
Таҳия.
Қассоб ва саги боақл
Қассоб сагеро дид, ки ба мағозааш наздик меояд. Ҳаракат кард, ки аз пеши дӯкон онро дур кунад, аммо дар даҳони саг коғазеро дид. Онро гирифт. Рӯйи коғаз «Илтимос, ба ҳамин пул гӯшти рон диҳед» навишта шуда буд. Дар паҳлӯи коғаз пули 10 доллара буд.
Қассоби мутаҳаййир бо тааҷҷуб гӯштро дар пакете андохта, дар даҳони саг гузошт.
Саг пакетро гирифту рафт.
Қассоб, ки марди кунҷков буд, зуд дӯконро баст ва аз дунболи саг роҳ гирифт.
Саг аз даруни хиёбон гузашта, то ба роҳи калон рафт. Дар канори роҳ истод ва баробари фурӯзон шудани чароғи сабз аз роҳ гузашт.
Қассоб ӯро думболгирӣ мекард.
Саг ба истгоҳи автобус расида, ба ҷадвали ҳаракати автобусҳо нигоҳ кард ва камтар қафо рафта, бозистод.
Қассоб ҳайрон буд ва ҳар як ҳаракати сагро бо таваҷҷӯҳ мушоҳида мекард.
Автобусе омад. Саг наздиктари он омада, ба рақамаш нигоҳ карду дубора ба истгоҳ баргашт. Ором меситод. Автобуси дигар омад ва саг боз рақами онро диду баъд савор шуд.
Қассоб ҳам дар ҳоле, ки даҳонаш аз ҳайрат боз шуда буд, савори автобус гардид.
Автобус босуръат пеш мерафт ва саг манзараи берунро тамошо мекард. Пас аз чанд истгоҳ саг рост шуду занги автобусро зер кард. Автобус истод ва саг дар даҳон пакет поён рафт. Қассоб ҳам аз думболаш фаромад.
Саг аз хиёбоне гузашта, пеши хонае расид. Гӯштро паҳлӯи дар гузошт ва бо пой ба дар оҳиста зад. Ин корро дубора такрор кард, аммо касе дарро накушод. Саг ба тарафи боғ давид ва болои девор баромада, пеши тиреза рафт ва сарашро чанд бор ба панҷара заду баъд поён омада, пушти дар баргашт.
Марде дарро кушод ва ба танбеҳу дашном додани саг оғоз кард.
Қассоб шитобон пеши мард рафт ва дод зад:
- Чӣ кор мекунӣ, девона? Ин саг як нобиға аст. Боақлтарин сагест, ки ман то ба ҳол дидаам.
Мард ба қассоб нигоҳе карду гуфт:
- Ту ҳаминро боақл мегӯӣ? Дар ҳамин ҳафта бори дуввум аст, ки ин аҳмақ калидашро фаромӯш мекунад.
Пауло Коэло
Гоҳо стаконро дар замин гузоред
Муаллим дар аввали дарс стакони пури обро ба даст гирифт ва онро боло бардошт, то ҳама хонандагон бубинанд. Баъд аз шогирдон пурсид:
- Ба фикри шумо вазни ин стакон чӣ қадар аст?
- 50 гарм… 100 гарм… 150 гарм… - ҷавоб доданд хонандагон.
Муаллим гуфт:
- Ман ҳам барнакашида вазни онро аниқ намедонам. Аммо саволи ман ин аст: агар ман ин стакони обро чанд дақиқа ҳамин тавр боло бардошта истам, чӣ ҳодиса рух медиҳад?
- Ягон ҳодиса рӯй намедиҳад, - гуфтанд шогирдон.
- Хуб, агар як соат ҳамин тавр нигоҳ дорам, чӣ иттифоқе меафтад?
Яке аз шогирдон гуфт:
- Дастатон кам-кам дард мегирад.
- Ҳақ ҷониби туст, - гуфт муаллим. - Агар дар давоми рӯз онро боло бардошта нигоҳ дорам чӣ?
Хонандаи дигаре гуфт:
- Дастатон беҳис мешавад. Аъзои баданатон дард карда, фалаҷ мешавад. Маҷбур ба шифокор муроҷиат мекунед.
Устод гуфт:
- Хеле хуб. Саволи дигар: оё дар ин муддат вазни стакон тағйир меёбад?
- Не, - гуфтанд хонандагон.
- Пас аз чӣ сабаб аъзои бадани мо дард мекунаду беҳол мегардем? Дар чунин маврид чӣ кор бояд кунем? Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?
Байни шогирдон мубоҳиса бархост ва яке аз онҳо гуфт:
- Стаконро дар замин гузоред.
- Офарин! – гуфт муаллим. - Мушкилоти зиндагӣ ҳам мисли ҳамин аст. Агар онҳоро чанд дақиқа дар зеҳнатон нигоҳ доред, ҷойи ваҳмангезе надорад. Агар муддати тӯлонӣ дар бораи онҳо фикр кунед, ба дард хоҳанд омад. Агар бештар аз он дар сар нигоҳ доред, фалаҷ мекунанд ва дигар ягон кореро анҷом дода наметавонед.
Дар бораи мушкилоти зиндагӣ фикр кардан муҳим аст... Аммо муҳимтар он аст, ки дар поёни ҳар рӯз ва пеш аз хоб, онҳоро "замин бигузорем". Маҳз дар чунин ҳол таҳти фишор қарор намегирем, субҳ хушҳол ва сабук бедор мешавем. Барои иҷрои ҳар як масъала ва муаммо қодир гардида, аз ӯҳдаи иҷрои он мебароем.
Дӯсти ман, фаромӯш накун, ки стакони обро ҳамин имрӯз замин бигузорӣ. Зиндагӣ ҳамин аст!
Таҳия.
Иштибоҳ: ГАРМ не грамм хонда шавад. 50 грамм...
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ХОТИРА ВА ҚАДРШИНОСӢ ДАР МАКТАБИ ТАЪЛИМИ ҲАМАГОНИИ №12-И НОҲИЯИ САРИОСИЁ

Ба шабакаи мо ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
https://t.me/stvsamarkand
Агар девонагӣ кардам,дилам хост,
Зи худ бегонагӣ кардам,дилам хост.
Агар то авҷи худсузӣ паридам,
Назаркарда ба боли ишқ будам,
Агар лабташна аз дарё гузаштам,
Ба думболи зулоли ишқ будам.
Агар девонагӣ кардам,дилам хост.
Зи худ бегонагӣ кардам,дилам хост.
Касе ҳоли маро ҳаргиз нафаҳмид,
Далели гиряҳоямро напурсид,
Гуноҳи оламеро бурдам аз ёд,
Гуноҳамро касе бар ман набахшид.
Дар он дарёи бепоёни зулмат,
Садои ёри бедоре напечид.
Агарчӣ аз шумо хонахаробам,
Дучори ҳар саволи беҷавобам,
Ба худ,аммо ба онҳое,ки бояд,
Бадеҳкорӣ надорам,беҳисобам.
Пушаймон нестам аз он чи будам,
Пушаймон нестам аз мавҷи роям,
Ҳамин ҳастам,ҳамин хоҳам шуд аз нав,
Агар бори дигар дунё биёям.
Агар девонагӣ кардам,дилам хост,
Зи худ бегонагӣ кардам,дилам хост.
Ассалому алайкум!
Шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба аҳли хонадони шумо саломатӣ, осоиштагӣ ва файзу баракат орзу менамоям. Илоҳо Худованд ҳар яки мову шуморо то ба моҳи Рамазони оянда бирасонад ва иди саиди Фитрро қайд кардан насиб гардонад. ИД МУБОРАК!
Қӯчқори Маъмур бобо


Дунё

Фан

Ватандошимиз, физик Фаттоев халқаро илмий журналнинг ҳурматли ҳакамлари қаторига киритилди

May 19, 2021



Modern Physics Letters A (MPLA) – бу “Modern Physics Letters” номи остида World Scientific нашриёти томонидан нашр этилаган журналлар серияси қаторида энг биринчиси ҳисобланади. Унда гравитация, космология, ядро физикаси, зарралар ва майдонларга оид мақолалар ва тадқиқотлар мунтазам ёритиб борилади.

Дунё илмий ҳамжамияти орасида юксак ҳурматга эга ушбу журналда мақолалари чоп этиб бориладиган ҳамюртимиз Фаррух Фаттоевни физика фани соҳасида улкан ютуқларга эришаётгани сабабли журналнинг “Ҳурматли ҳаками” унвонига сазовор бўлди.

Доктор физик Фаррух Фаттоев ўз докторлик диссертациясини 2011 йилда Флорида давлат университетида назарий ядро физикаси соҳасида ёқлаган. Унда сўнг 2012-2014 йилларда Техас А&М-Коммерс университетида ва 2015-2018 йилларда Индиана Блумингтон университетида докторлик даражасидан кейинги илмий фаолиятини давом эттирган. Ҳозирда у Манҳэттен Коллиж олийгоҳининг физика кафедрасида профессор лавозимида фаолият олиб бормоқда. Фаррух Фаттоевнинг илмий йўналишлари ядро астрофизикаси, нейтрон юлдузлар, назарий ядро физикаси, умумий нисбийлик ва космология ҳисобланади.

Ватандошимизга келгуси илмий ишларида ҳам омад тилаб қоламиз.

TAGS

Modern Physics Letters

Ватандош

халқаро илмий журнал
Хоки пояш сурмаи чашми сар аст,
Дар ризояш ҷаннате пеши дар аст.
Баҳри ҳурмат лоиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.

Шири покаш лаззате аз Кавсар аст,
Аз ҳама шириниҳо ширинтар аст.
Баъди Ҳақ чун розиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.

Ҳар садояш бар дили мо ҷавҳар аст,
Аллаҳояш як каломи дигар аст.
Хушзабону нотиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.

Кокули испеди у мушки тар аст,
Руи ожангаш чу моҳи анбар аст.
Нури шоми торики мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.

Ҳар дуояш баҳри мо бахтовар аст,
Чун давое бар дилу ҷону сар аст.
Пас табиби ҳозиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.

Қуввати дил гарчи моро додар аст,
Баҳри мо дилсуз гарчи хоҳар аст.
Бовафову содиқи мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Ёқуту марҷону дуру гавҳараст,
Аз ҳама ганҷи ҷаҳон қимматтар аст.
Бебаҳо бар Тоҷики мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.
КӢ ДАР ЁД ДОРАД?
Forwarded from Deleted Account
ЗОДРӮЗ МУБОРАК!!
Аскаралӣ Раҷабов 16 июни соли 1944 дар ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд ёфтааст.
Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1969) аст. Солҳои 1969 - 1972 корманди Энсиклопедияи советии тоҷик (ЭСТ), аз соли 1972 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад, зинаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходимро тай кардааст, аз соли 1999 мудири шӯъбаи таърихи маданият мебошад.

Фаъолияти илмӣ
Профессор Аскаралӣ Раҷабзода аз муҳаққиқони сермаҳсули таъриху назарияи мусиқии тоҷик ва дигар халқҳои эронинажод, инчунин мардуми Шарқ ба шумор меравад. Хидматаш бахусус дар таҳқиқу баррасии ҳаёту эҷодиёти поягузори мусиқии форс - тоҷик Борбад хеле калон аст. Мавсуф ташкил¬кунанда ва раиси Бунёди байналмилалии Борбад ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардуми Ховар мебошад. Ба қаламаш зиёда аз 15 китобу рисола, қариб 550 мақолаи илмию оммавӣ, тақризу китобиёт мутааллиқанд. Вай мураттиб ва муҳаррири чандин китобу рисола ва маҷмӯъаи илмӣ, аз ҷумла «Донишномаи Шашмақом»,(2009), «Очеркҳои таърих ва назарияи маданияти халқи тоҷик» (ба забони русӣ, дар чор ҷилд, солҳои 2007 - 2010) ва ғайра аст. Тақиқоти илмии ин донишманди пуркори тоҷик дар кишварҳои зиёди хориҷӣ ба табъ расида, мавсуф дар чандин симпозиму конфаронси минтақавию байналмилалии мусиқашиносон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карда, мусиқии миллаташро муаррифӣ кардааст.

Ӯ аз соли 1991 раиси Маркази илмии фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ (Борбад) мебошад. Раҷабов А. ташаббускор ва созмондиҳандаи чандин форумҳо, симпозиумҳо ва конференсияҳои байналмилалӣ оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Аз ҷумла, 1400-солагии Борбад (1990), 1000-солагии эҷоди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1994), 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 545-солагии К.Беҳзод ва 2700-солагии Авесто (2002), 3000-солагии тамаддуни зардуштӣ ва ориёӣ (2003, 2006). Дар соҳаи фарҳанги мусиқии касбӣ майлу рағбатҳои илмии А.Раҷабов ба таҳқиқи масъалаҳои таърихи қадим, асрҳои миёна, инчунин таърихи даврони нав алоқаманданд. Раҷабов А. дар омӯзиши масъалаҳои фарҳанги мусиқии даврони Сосониён (224-651), Сомониён (819-1005), рушди мусиқии тоҷик дар асрҳои ХIV-ХVIII саҳми бузурги илмӣ гузоштааст. Самти муҳими фаъолияти илмии Раҷабов А. таҳқиқи эҷодиёти композиторони тоҷик дар самти проблемаҳои омӯзиши мероси мусиқӣ ва ирсияти суннатҳои иҷрокунандагӣ дар замони муосир мебошад. Дар мақолаҳои гуногуни олим эҷодиёти композитории Ш.Соҳибов, А.Солиев, Д.Дӯстмуҳаммадов, А.Ҳамдамов, З.Шаҳидӣ инъикос гардидааст. Раҷабов А. дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ дар Порис, Брюссел, Амстердам, Стокголм, Гамбург, Теҳрон, инчунин дар марказҳои фарҳанг ва санъати собиқ ИҶШС ва кишварҳои узви ИДМ (Москва, Санкт-Петербург, Самарқанд, Ереван, Боку, Тошканд, Бишкек ва диг.) бо маърӯзаҳо баромад намудааст.

Википедия
Моҷарои хоксупории Ҳофизи Шерозӣ
Рӯзе, ки Ҳофиз аз дунё рафт, бархе мардуми кӯча монеи дафни шоир мешаванд, ба ин далел, ки ӯ шаробхӯр ва бедин буда, набояд бар ин маҳал дафн шавад.
Донишмандони шаҳр бо ин масъала ба мухолифат бар мехезанд, баъд аз гуфтугӯи зиёд ва баҳси зиёд як нафар аз он миён пешниҳод мекунад, то китоби уро биёранд ва фол бигиранд, ҳар чӣ омад, бад-он амал кунанд.
Китоби шоирро ба дасти кӯдаке медиҳанд ва ӯ китобро боз мекунад ва ин ғазал намоён мешавад:
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.
Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст.
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ.
Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,
Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт.
Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,
Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт?
На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас,
Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт.
Боғи фирдавс латиф аст, валекин, зинҳор,
Ту ғанимат шумор ин сояи беду лаби кишт.
Ҳофизо, рӯзи аҷал гар ба каф орӣ ҷоме,
Яксар аз кӯйи харобот барандат ба биҳишт.

Ҳама аз ин шеър ҳайрат зада мешаванд ва сарҳои худро поён мекунанд. Дар охир дафни ҷасади Ҳофиз анҷом меёбад ва аз он замон Ҳофизро "Лисон-ул-ғайб" ном мегиранд.

PS-https://www.facebook.com/groups/233508744410610/?ref=share.