ХУФАР ва хуфариён
608 subscribers
170 photos
114 videos
72 files
79 links
маърифӣ-маданӣ
Download Telegram
Устоде ба талабагон коғазеро, ки ба он нуқтае гузошта шуда буд, нишон дод ва гуфт: “Чиро мебинед?”
Якумин гуфт: – Ман нуқтаеро мебинам.
Дуюмин гуфт: – Ман нуқтаи сиёҳеро мебинам.
Ҳамин тавр, ҳамаи талабаҳо ҷавоб доданд, ки мо нуқтаро мебинем.
Пас устод гуфт: – Чаро ягон нафари шумо коғази сафедро надид ба ғайр аз як нуктаи сиёҳ. ХУЛОСА: Инсон бояд ба касе ё чизе бо дили сафед нигоҳ кунад, на бо дили сиёҳ. Агар инсонҳо танҳо хатогии якдигарро надида, корҳои неки якдигарро низ бубинанд, дар байни онҳо на ҷанҷол ба миён меояд
Марҳамат баҳра баред!
Хоки пояш сурмаи чашми сар аст,
Дар ризояш ҷаннате пеши дар аст.
Баҳри ҳурмат лоиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.

Шири покаш лаззате аз Кавсар аст,
Аз ҳама шириниҳо ширинтар аст.
Баъди Ҳақ чун розиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.

Ҳар садояш бар дили мо ҷавҳар аст,
Аллаҳояш як каломи дигар аст.
Хушзабону нотиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.

Кокули испеди у мушки тар аст,
Руи ожангаш чу моҳи анбар аст.
Нури шоми торики мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.

Ҳар дуояш баҳри мо бахтовар аст,
Чун давое бар дилу ҷону сар аст.
Пас табиби ҳозиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.

Қуввати дил гарчи моро додар аст,
Баҳри мо дилсуз гарчи хоҳар аст.
Бовафову содиқи мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.

Ёқуту марҷону дуру гавҳараст,
Аз ҳама ганҷи ҷаҳон қимматтар аст.
Бебаҳо бар Тоҷики мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.
Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт
Дар талоши қисмату номусу ном.
Боз як хуршед моро тарк гуфт,
Моҳи нав пайдо шуд андар бурҷи шом.
Шаб ба хайр, эй ҳамнишинон, шаб ба хайр!

Боз як рӯзе гузашту даррабуд
Сафҳаеро аз китоби зиндагӣ.
Эй хуш он кас, ки дар ин радду бадал
Ҷӯяду ёбад ҳисоби зиндагӣ.
Шаб ба хайр, эй дӯстдорон, шаб ба хайр!

Боз торикиву бар ёдам расид
Чашмҳои хирабини модарам.
Дурам аз ӯ, то кӣ бошад дастёр
Дар нафасҳои пасини модарам.
Шаб ба хайр, эй модари ҷон, шаб ба хайр!

Фориғи парвозҳо аз баҳри ризқ
Мурғакон дар шохаҳо ҷамъ омаданд.
Ҷазбаи зотист, ки парвонаҳо
Аз паи худсӯзӣ то шамъ омаданд.
Шаб ба хайр, эй худгудозон, шаб ба хайр!

Марзбон бедор андар посгаҳ
Пой монад қад-қади симхорҳо,
То бувад рӯи замин бедоғтар,
То наёбад пушти ӯ озорҳо.
Шаб ба хайр, эй ҳамзаминон, шаб ба хайр!

Талху ширинист андар ҷоми шаб,
Ин хурад май, он хурад хуни ҷигар.
То чӣ гӯяд субҳ андар гӯши мо,
То кӣ бошад зинда то субҳи дигар.
Шаб ба хайр, эй комгорон, шаб ба хайр!

Мо ҳама фарзанди айёми худем,
Шодмонем андар оғӯши замон.
Ончунон хушном бояд зистан,
То мабодо кас фаромӯши замон.
Шаб ба хайр, эй ҳамзамонон, шаб ба хайр!

Устод Лоиқ
Ay Dust
Nigina Amonqulova)
Nigina Amonqulova - Ay dust 🎵 .mp3.

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст,
Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст.
Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Ҳар марди шутурдор Увайси Қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг ақиқи Яманӣ нест.
Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули маданӣ нест.
Бар мурдадилон панд мадеҳ хеш маёзор,
Зеро ки Абу-Ҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.
Бо марди худо панҷа маяфкан чу Намруд,
Ин ҷисми Халил аст оташ заданӣ нест.
Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.
Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.
Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
Ғофил машав эй дӯст, ки модар шуданӣ нест...

Шамси Табрезӣ...

@MP3_KLIPHOI_TOJIKI
https://t.me/MP3_KLIPHOI_TOJIKI
Forwarded from Parviz Fattoyev | rasmiy kanali (Parviz Fattoyev ADMIN)
сарояндае дар интервюи додааш чунин гуфта аст:" Дар ҳаёти ман се нафар зан мавҷуданд,ки инҳо модарам , занам ва духтарам ҳастанд". Ҳамонзамон ба телефони ӯ паёмак(СМС) меояд. Кушода хонад бибиаш(момояш) навистааст,ки "Илоҳо пули пенсияе ки ба ту медиҳам сӯрох карда барояд".😂😂😂😂
Дар дасти шумо ресмоне ҳаст,ки 75 м дарозӣ дорад. Шумо аз қади баландиаш 100 м бояд поён шавед. Дар миёнат қад дарахте ҳас.ки дар масофаи 50 м ҷойгир асту шумо метавонед он ҷо фаромада баъд 50 метри дигарро тай кунед. Чӣ тавр бо ёрии ин ресмони 75 метра аз қади 100 метра фаромадан мумкин? Бахтиёр Фаттоев
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Падаре ки 5 то духтар дорад! Ба канали "Хуфар ва хуфариён" обуна шавед!
ИҚДОМ: Бо ташаббуси як гуруҳ ҷавонони муҳоҷири хуфарии Янгиҳаётӣ барои ободу зебо кардани шаҳраки Янгиҳаёт камари ҳиммат баста шуда қабристони деҳа обод карда шуда истодааст. Нишони навбатӣ соз ардани роҳу кӯчаҳо ва минбаъд мактаб низ мебошад. Ба тамоми ононе ки ёрии беғаразонаи худро ба ин гуруҳи ъайру эҳсонӣ дареғ намедоранд миннатдории аҳли деҳро мерасонем!Ба пеш шербачаҳо!
Afzun Shoh, [23.02.21 22:46]
8600030439516307 Aliev Alisher картаи Ӯзбекистон

Afzun Shoh, [23.02.21 22:46]
Шукуров Афзуншох
4149629314916917 карта номер Киев.
Номер карти Россия. Сбер.
4276400087284460
Саидов Жахонгир.
Бунёди меҳмонхона, намозгоҳ,таҳоратхона ва ҳоҷатхона дар қабристони нави деҳа.
Kuni kecha 27-fevral viloyatimizning(Termiz shahri)da bòlib òtgan Kempo MMA bòyicha viloyat ochiq chempionatida yosh chempionimiz Mehron Muzaffarov 60 kg vaznda òz raqibi(Andijonlik sportchi)ni maydonda(tatamida) maģlub etdi.Raqibi maģlubiyatini tan olmay,sportchimizni yana tatamiga chorladi.Òz kuchiga ishongan Mehron Muzaffarov uning chorlovini rad etmay,davraga chiqib raqibini yana bir bor yengdi.Òz maģlubiyatini tan olgan Andijonlik sportchi jahl bilan davrani tark etdi.Chempionimizga O'zbekiston Respublikasi Osiyo professional Kempo sport klub rahbari N.Jo'rayev "G'OLIBLIK KAMARI"ni taqdim etdi.
Дар ин замона ба ҳар баҳона на ту бимонӣ, на ман бимонам
"Дар ин замона ба ҳар баҳона на ту бимонӣ, на ман бимонам,
Насиби дилро зи дори дунё на ту ситонӣ, на ман ситонам.
Чу моҳвора ба осмонҳо кунем парвоз ба суръати нур,
Таҳи заминро, паси фалакро на ту бидонӣ, на ман бидонам.
Чи зуд рондем, ки зуд мондем, ба ҷони хаста дигар ба тундӣ
Ба дашти қисмат саманди навбат на ту биронӣ, на ман биронам.
Фиреби дунё, ғироми дилҳо битохт бар мо чу сели куҳҳо,
Гилеми худро кашидан аз об на ту тавонӣ, на ман тавонам.
Басо давидем ба ёди рӯе, басо фитодем ба хоки кӯе,
Кунун ба сӯе, ба ҷустуҷӯе на ту равонӣ, на ман равонам.
Ба гӯши ҷонон тарона хондем, зи бӯса бар лаб нишона мондем,
Чӣ шуд, чӣ омад, ки аз мусибат на ту бихонӣ, на ман бихонам?
Вуҷуди моро фигор карда, муҳаббат аз мо фирор карда,
Ки бори ғамро ба корвонҳо на ту кашонӣ, на ман кашонам.
Хурӯши мастӣ, ғурури ҳастӣ гузашта аз мо, кунун дареғо
На ту чунонӣ, на ман чунонам, на ту ҷавонӣ, на ман ҷавонам..."
Лоиқ Шералӣ, 18.11.1983
Ҳамсари подшоҳ девонаеро дид, ки бо
кӯдакон бозӣ мекард ва бо ангушт бар замин
хат мекашид.
👸Пурсид: чи мекунӣ?
👼Гуфт : хона месозам.
👸Пурсид: ин хонаро мефурӯшӣ?
👼Гуфт: бале мефурӯшам.
👸Пусид: қимати он чиқадар аст?
👼Девона як миқдор маблағе гуфт.
👸Ҳамсари подшоҳ фармон дод, ки он
маблағро ба ӯ бидиҳанд.
👼Девона пулро гирифт ва миёни фақирон
тақсим кард.
Ҳангоми шаб, подшоҳ дар хоб дид, ки вориди
Биҳишт шудааст, ба хонае расид; хост дохил
шавад, аммо ӯро роҳ надоданд ва гуфтанд:
-Ин хона барои ҳамсари туст...!!!
Рӯзи баъд подшоҳ моҷароро аз ҳамсараш
пурсид; ҳамсараш қиссаи он девонаро нақл
кард.
👲Подшоҳ назди девона рафт ва ӯро дид, ки
бо кӯдакон бозӣ мекунад ва хона месозад.
👲Подшоҳ пурсид: ин хонаро мефурӯшӣ?
👼Девона гуфт: бале мефурӯшам.
👲Подшоҳ пурсид: маблағаш чиқадар аст?
👼Девона маблағе гуфт, ки дар ҷаҳон
набуд.
👲Подшоҳ гуфт: ба ҳамсарам ба қиммати
ночизе фурӯхтаӣ !
👼Девона хандид ва гуфт: ҳамсарат нодида
харид ва ту дида мехарӣ! Миёни ин ду фарқи
бисёр аст.!!!

Арзиши корҳои хуб ба ин аст, ки барои
ризои Худо бошад, на барои муомила бо
Худо...!