Сар ба пои зиндагӣ бинҳода мемирем мо.
Зода меҳнатзода, меҳнатзода мемирем мо.
Зиндагӣ ҳарчанд гирдоби мураккаб метанад
Сода - сода зиста ҳам сода мемирем мо.
Маҷмаи айбу гунаҳ будем агар дар зиндагӣ,
Бо ҳама айбу гунаҳ озода мемирем мо.
Мастии мо ҳастии мо буд, на пастии мо
Соғаре бинем агар, бебода мемирем мо.
Дигарон ҷон дода мемиранд аз дасти аҷал
То маҷоли вопасин дил дода мемирем мо
Мисли марди қуллапаймое ки маргаш қулла аст,
Аз баландии сухан афтода мемирем мо.
✍️ Лоиқ Шералӣ

Имшаб канори чархи ту соҳибҷамоли кист ?
Дар осмони шафкатат абрӯҳилоли кист ?
Ин чашмае, ки мехамад,оби зулоли кист?
Бар номи аҳли хокият хатти заволи кист?
Дар кунҷи савмаъа, кунун, созу навои ман
Арғушти ҷому бода, бин, андар ҳавои ман,
Андар сабӯи дидаам, ашки вафои ман ,
Дар пушти абри хотирам , моҳи ҳилоли кист?
Некӯӣ себи чаннату нахли савоби туст?
Дунёи олимаҳзаре, пушти ниқоби туст ,
Фардо ба зери хоки гӯр, тарси ҷавоби туст,
Пас шони орзуи ман, хобу хаёли кист?
Ин мурдаҳои пораи қисмат, табори ман ,
Мурдан ҳақ аст ,бандагӣ бошад шиори ман,
Дидори бемисоли ту, бошад қарори ман ,
Андар мазори хуфтагон,аҳли аёли кист?
Ҳури биҳишту Кавсару ризвон азони туст,
Шаҳди лабону ишваи ҳурон азони туст ,
Амволи бехиёнати ёрон азони туст ,
Ман кӯзаи шикастаам, хокаш кулоли кист?
Дарвозаҳои бастаи дунё, азони ман ,
Даймоҳи қуллагустари сармо азони ман.
Дашти фироқу сӯзиши гармо азони ман,
Ин қасру гулшану чаман,ҷоҳу ҷалоли кист?
Мактуби охарини ман , ёро ба номи туст ,
Ҳарфи мусаввари дилам арзи саломи туст ,
Пайдовари накӯдили шайдо, ғуломи туст ,
Пайдоваре, ки ошиқ ў, побанди ҳоли кист ?
Шараф Пайдовар Умарзода
24.12.2020.

БА СӮИ МУҲАББАТ
Бори дигар ба сӯи муҳаббат руҷӯ кунем,
Бо вожаҳои сабз ба ҳам гуфтугӯ кунем.
Дар кӯчаҳо саломи намозӣ ба ҳам диҳем,
Бори дигар ба атри муҳаббат вузӯ кунем.
Гар дар тавони мо амалу кори нек нест,
Дар боби ҳам накӯст, ки фикри накӯ кунем.
Дар ин кавири хушк касе ёри мо нашуд,
Дар сояи муомилаи ҳам нумӯ кунем.
Моро касе бародару ёвар намешавад,
Чун такягоҳ ҷониби ҳам боз рӯ кунем.
Аз чор сӯй фитнаи душман нишастааст,
Вақти сухан мулоҳизаи чор сӯ кунем.
Эй ишқ, эй ниҳояти эҳсоси растагон,
Рўзи ҳулули сабзи туро орзу кунем.
Бори дигар ба сӯи муҳаббат руҷӯ кунем...
Абдуллоҳи Раҳнамо

#ИҚТИБОС
Ин замон дар авҷи кайҳон хона созанд одамон,
Дар куҷои ҷумла вергул мондани мо ҳал нашуд.
© Хушрӯзи Ҷамолиён
Ин замон дар авҷи кайҳон хона созанд одамон,
Дар куҷои ҷумла вергул мондани мо ҳал нашуд.
© Хушрӯзи Ҷамолиён
Forwarded from Бахтиёр Фаттоев
Сариосиё туманидаги 9-сонли таянч мактабида навбатдаги Физика фани семенарида PISA-Халқаро тадқиқотларига тайёргарлик кӯриш максадида "SPAGETTI-макарондан кӯприк ясаш" мусобақаси ташкил этилди.Унда тумандаги умумтаълим мактаблари физика фани ӯқитувчилари ва ӯқувчилари иштирок этишди.Тадбир давомида физика фанига оид саволлардан иборат бӯлган "Ким миллионер бӯлишни истайди?" интеллектуал ӯйини ӯтказилди. Ғолиблар диплом ва пул мукофотлари билан тақдирландилар.
Ҳам масҷиду, ҳам Каъбаву, ҳам қибла баҳонаст,
Диққат бикунед нури Худо дар дили хонаст.
Дар масҷиду дар Каъба ба дунболи чӣ ҳастӣ?
Аввал ту бубин қалби касеро нашикастӣ?
Ингуна чаро дар паи исботи Худоем,
Ҳамсояи мо гушнаю мо сер бихобем.
Дар хилқати мо розу муамои Худо чист?
Инсон худаш оинаи як Каъба магар нест?
Бархезу каме Каъбаи омоли худат бош,
Чанге ба ниқобат бизану моли худат бош.
Тасвири Худо пушти ҳамин куҳнаниқоб аст,
Тасвири Худо возеҳу чашмони ту хоб аст.
Шояд, ки буте дар васати зеҳни ману туст,
Бояд бути худ бо нами борони Худо шуст.
Гӯи, ки Худо дар бадану дар танамон ҳаст,
Наздиктар аз хуну раги гарданамон ҳаст.
Mawlana Rumi

Субхатон ба хайр! Дустони фархангдусти гурух! Биеед аз вожахои гумшуда рафтаистодаи хуфариена едовар шавем ва эхе намоем!
#Тезкор #Расман #Минг_афсус
❗️Ўзбекистонда коронавируснинг “британча штамм”и қайд этилди 😷
Минг афсуски, “COVID-19”нинг “британча штамм”и юртимизда ҳам илк бор қайд этилди.
10 ёшли пойтахтлик фуқаро Ш. (қиз бола) оила аъзолари билан биргаликда Бирлашган Араб Амирликларининг Дубай шаҳрига сафар қилиб, 2021 йилнинг 23 январь куни Тошкентга қайтган.
Батафсил👇🏻
https://telegram.me/joinchat/AAAAAFMkXee9vd0-mTxxag

❗️Ҳаммадан илтимос, санитария-гигиена қоидаларига риоя қилинг, албатта ниқоб тақинг, масофа сақланг, антисептиклардан фойдаланинг!
❗️БОЛАЛАРНИ АСРАНГ!
❗️БОЛАЛАРНИ АСРАНГ!
Хуфариён
Аз азал мардуми Хуфар баору имон буванд,
Гӯиё чун шаҳсутуни қавӣ дар даврон буванд.
Дар сухан ҳам ҳазлу шӯхиҳо болосаранд,
Шакаргуфтору ширинзабон хуфариён буванд.
Ҳар нафарро мебинӣ ҳозирҷавоб,шӯху закӣ,
Соҳиби қалби поку бекина хуфариён буванд.
Бубин ҳар фарди он соҳиби ақлу хирад,
Ҳар саволеро ҷавобгӯй он хуфариён буванд.
Ташаббускору меҳнатдӯст ҳам дарёдил,
Нозуктабъу ширинкалом хуфариён буванд.
Расму русум,маросимҳояш побарҷо ҳанӯз,
Посдори оини ниёкон хуфариён буванд.
Поктинатӣ,некномӣ устувор аст аз азал,
Соҳиби шеваи муносиб хуфариён буванд.
Саховатпешагӣ бувад хислати ҳар як родмард,
Мардуми ҳимматбаланд ҳам хуфариён буванд.
Як макони аҷдодӣ бошад ин маскани обод,
Ифтихорманди деҳи худ хуфариён буванд.
Нотарсиву далерӣ бувад дар вуҷудашон ҳаме,
Рӯзгори ободро вассоф хуфариён буванд.
ҲАЛИМА НАРЗУЛЛОЕВА

Устоде ба талабагон коғазеро, ки ба он нуқтае гузошта шуда буд, нишон дод ва гуфт: “Чиро мебинед?”
Якумин гуфт: – Ман нуқтаеро мебинам.
Дуюмин гуфт: – Ман нуқтаи сиёҳеро мебинам.
Ҳамин тавр, ҳамаи талабаҳо ҷавоб доданд, ки мо нуқтаро мебинем.
Пас устод гуфт: – Чаро ягон нафари шумо коғази сафедро надид ба ғайр аз як нуктаи сиёҳ. ХУЛОСА: Инсон бояд ба касе ё чизе бо дили сафед нигоҳ кунад, на бо дили сиёҳ. Агар инсонҳо танҳо хатогии якдигарро надида, корҳои неки якдигарро низ бубинанд, дар байни онҳо на ҷанҷол ба миён меояд

Хоки пояш сурмаи чашми сар аст,
Дар ризояш ҷаннате пеши дар аст.
Баҳри ҳурмат лоиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.
Шири покаш лаззате аз Кавсар аст,
Аз ҳама шириниҳо ширинтар аст.
Баъди Ҳақ чун розиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.
Ҳар садояш бар дили мо ҷавҳар аст,
Аллаҳояш як каломи дигар аст.
Хушзабону нотиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.
Кокули испеди у мушки тар аст,
Руи ожангаш чу моҳи анбар аст.
Нури шоми торики мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.
Ҳар дуояш баҳри мо бахтовар аст,
Чун давое бар дилу ҷону сар аст.
Пас табиби ҳозиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.
Қуввати дил гарчи моро додар аст,
Баҳри мо дилсуз гарчи хоҳар аст.
Бовафову содиқи мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.
Ёқуту марҷону дуру гавҳараст,
Аз ҳама ганҷи ҷаҳон қимматтар аст.
Бебаҳо бар Тоҷики мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.
Дар ризояш ҷаннате пеши дар аст.
Баҳри ҳурмат лоиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.
Шири покаш лаззате аз Кавсар аст,
Аз ҳама шириниҳо ширинтар аст.
Баъди Ҳақ чун розиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.
Ҳар садояш бар дили мо ҷавҳар аст,
Аллаҳояш як каломи дигар аст.
Хушзабону нотиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.
Кокули испеди у мушки тар аст,
Руи ожангаш чу моҳи анбар аст.
Нури шоми торики мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.
Ҳар дуояш баҳри мо бахтовар аст,
Чун давое бар дилу ҷону сар аст.
Пас табиби ҳозиқи мо кист, кист?
Модар асту, Модар асту Модар аст.
Қуввати дил гарчи моро додар аст,
Баҳри мо дилсуз гарчи хоҳар аст.
Бовафову содиқи мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.
Ёқуту марҷону дуру гавҳараст,
Аз ҳама ганҷи ҷаҳон қимматтар аст.
Бебаҳо бар Тоҷики мо кист, кист?
Модар асту Модар асту Модар аст.