Forwarded from SARIOSIYO_UZ
Сӯфи Оллоҳёр жомеъ масжидида намоз вақтлари:
Бомдод: 07.00
Пешин: 13.00
Аср: 16.00
Шом: 17.40
Хуфтан: 19.15
Kanalga qo'shilish 👇
https://t.me/Sariosiyo_tumani
Бомдод: 07.00
Пешин: 13.00
Аср: 16.00
Шом: 17.40
Хуфтан: 19.15
Kanalga qo'shilish 👇
https://t.me/Sariosiyo_tumani
МУАЛЛИМ МИСЛИ ЗАНБӮРИ АСАЛ АСТ
Донишҷӯён:
- Муаллим, мо дарси шуморо хуб мефаҳмем, бо тамоми вуҷудамон гӯш мекунем, интизори дарси ояндаем. Аммо агар мо китобро хонем, ҳамон лаззати дарси шуморо эҳсос нахоҳем кард, - гуфтанд онҳо.
Муаллим:
- Занбӯрҳо асалро аз чӣ мегиранд?- пурсид аз шогирдон.
- Аз шарбати гул.
- Оё шумо гул хӯрдаед, чӣ гуна мазза дорад?
- "Албатта, онҳо талхиро мечашанд"- гуфтанд онҳо.
Муаллим гуфт:
- Дар бораи додани дониш низ айнан ҳамин тавр аст.
Муаллим аз бисёр манбаъҳо дарс меомӯзад ва шарбати онҳоро мисли асали тайёр ба шогирдонаш тақдим мекунад », - гуфт ӯ.

Forwarded from Бахтиёр Фаттоев
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Forwarded from BOTIR
Anvar, [18 янв. 2021 в 20:36]
Ўзбекистон Республикаси Олий судининг 2019 йил 12 мартдаги ҳал қилув қарорига кўра, интернет жаҳон ахборот тармоғининг “najot.info” ва “hizb-uzbekiston.info” веб-сайтлари ҳамда “Facebook”, “Youtube” ва “Telegram” ахборот ресурслари ва ижтимоий тармоқлардаги қуйидаги номлардаги профиль, канал ва саҳифалари экстремистик ва террористик деб топилди.
Экстремистик ташкилотлар деб топилган Профил, канал ва саҳифаларнинг номи
1. “Абу Салоҳ дарсликлари”
2. “Жаннат ошиқлари”
3. “Шом овози”
4. “Тавҳид ва жиҳод”
5. “Islam Abu Khalil”
6. “Полвон Новқатлик”
7. “Сохиб Махмудов”
8. “Фаррухбек Абдуллаев”
9. “Мамарахимов Абдурахим Миркомилович”
10. “Мухожир Полвон”
11. “Abu Aisha”
12. “Turkiston”
13. “Хуррият инфо”
14. “Нажот”
15. “ал-Ваъй”
16. “Роя”
17. “Usulul fiqh”
18. “Mustalahul hadis”
19. “Darslardan qisqa lavhalar”
20. “Fiqh ahkomlari”
21. “Tavhid darsi”
22. “Qiyomatdan avvalgi fitnalar”
23. “Savol va javoblar”
24. “Foida Mp3”
25. “Foida va qoidalar”
26. “Tafsir darslari”
27. “Talbisu iblis darslari”
28. “Islomni buzuvchi amallar darslari”
29. “Nomoz va benomozga taluqli masalalar”
30. “Ayollar darslari silsilasi”
31. “Aqiyda darslari”
32. “Silsilaviy darslar va ma’ruzalar”
33. “Muhim darslar”
34. “Aqiydatul vositiya”
35. “Mustalahul hadis”
36. “Alfatx”
37. “Talabalar uchun darslar”
38. “АЛЪ-ФАТҲ ТВ”
39. “DA’VAT UZ”
40. “HIDOYAT TV”
Юқоридаги сайт, профил ёки телеграм/ютуб каналлардан эхтиёт бўлинг. Билмасдан аъзо бўлиб, эртага айбсиз айбдор бўлиб қолманг.
Дўстларингизни хам огохлантиринглар.

Панду андарз аз Абӯалӣ ибни Сино
Айби мардум бипӯш! Ва дин ба дунё мафурӯш!
Ҳар кӣ ин даҳ фазилат шиори худ созад дар дунёву охират кори худ созад: бо Худо бо сидқу бо халқ боинсоф; бо нафс бо қаҳру бо дарвешон ба лутф; бо бузургон ба хидмату бо хурдон ба шафқат; бо дӯстон ба насиҳату бо душманон ба ҳилм1; бо ҷоҳилон ба хомушиву бо олимон ба тавозӯъ.
Пурсид, ки дар ҳаққи дунё чӣ гӯӣ? Гуфт: — Чӣ гӯям дар ҳаққи чизе, ки ба ранҷба даст оранду ба ҳасрат бигзоранд.
Дигар фармуд: Сармояи умрро ғанимат шумор ва тоати ҳақро ғанимат дор!
Аз омӯхтан нанг мадор!
Наҷоти нафс дар ибодат ҷӯй!
Дар ҳар коре, ки бошад, ёрӣ аз Ҳақ талаб!
Аз нодони мағрур иҷтиноб2 намой!
Ношунидаю нодида маҷӯй айби касон ва ба айби худ бино бош!
То напурсанд, магӯй, то нахонанд, марав!
Баланди ба сабр ҷӯй!
Дунёпараст мабош!
Аз омӯхтани илм майосой!3
Бар тоат ҳарис бош!
Дар ниҳон беҳтар аз ошкор бош!
Даргузар, то даргузаранд!
Аз худ лоф мазан!
Он чӣ наниҳодаӣ, бармагир!
Дилро бозичаи дев масоз!
Ҳарчӣ ба худ раво надорӣ, бар дигарон маписанд!4
Бандаиҳирс5 мабош!
То тавонӣ нони кас махӯр ва нон аз хеҷ кас дареғ мадор!
Аз додаи Худой хӯр, ки ҳаргиз кам нашавад.
Диҳанда Худоро дону аз дарвешӣ матарс!
Сармоя ба судӣ6 бисёр мадеҳ!
Худро асири шаҳват масоз!
Офиятро7 ба фармони нафс аз даст мадеҳ!
Душман агар ҳақир буд, хораш мадор!
Бо ношинос ҳамсафар мабош!
Андаки худро беҳтар аз бисёри дигарон дон!
Ҳарҷо, ки боши Худоро ҳозир дон!
Вақтро ғанимат дон!
Ёрро вақти хашму ғазаб биозмой!
То тавони ниёзи худ бар махлуқ8 арза макун.
Амонат нигоҳдор, хомуши шиор соз ва беҳудагуиро сари ҳама офатҳо дон!
Ҳоҷатравоиро кори бузург дон!
Дӯсти Худойро дар камозорӣ шинос!
Саодати дунёю охират дар муҳаббати доно дон!
Аз нодон доман даркаш!
Дар сухан касро хиҷил масоз!
Аз сухане, ки ханда ояд ҳазар кун!
Миқдори моли худ бо ҳеҷ кас магӯй!
Бо мардуми бешарму беҳаё манишин, ки дар дунёву охират мазаллату уқубат9 бошад.
То хашм нанишинад сухан магӯ!
Ҳурмати ҳама кас нигоҳ дор,то туроҳурмат бошад.
Таоми бисёр махӯр, ки дил сиёҳ кунад ва аз ибодат боз дорад.
Ботинро беҳтар аз зоҳир дон, ки зоҳир назаргоҳи халқ асту ботин назаргоҳи Ҳақ.
Коре накунӣ, ки дар назари ҳазрати Ҳак Субҳона ва Таъоло хиҷил ва шармсор гардӣ.
Чун касе сухан гуяд, хомуш бош.
Покэътиқодро безавол дон!
Ба сабр баландиҷӯй ва дунёпараст мабош!
Аз рости шафеъангез10 сухан аз шаҳодат11 гӯй.
Агар роҳат хоҳӣ ранҷ каш, бар тоат ҳарис бош!
Диҳанда Худоро дон.
Сармоя ба суд бисёр мадеҳ ки дар охират зиён дорад.
Худро асири шаҳват масоз.
Аз навқиса вом12 махоҳ!
Ками худро аз бисёри дигарон беҳтар дон!
Тадбир бо мардуми доно ҷуй.
Ҷавониро ғанимат дон. Ба ҳангоми ҷавонӣ корҳои ҳарду ҷаҳонӣ бисоз, ёрон ва дӯстонро азиз дор. Харҷ ба андозаи дахл кун, илму адаб омӯз ва тир андохтану савориҳо ёд гиру ёд деҳ.
Эй азизо! Дари зулм макшой ва аз оҳи мазлумон ҳазар намой, ки зулм намудан аз Худо бехабарист ва мазлумонро кӯ ба кӯ рондан мояи бехирадист.

Холо сонияи 21-уми дакикаи 21-уми соати 21-уми рузи 21 уми соли 21-уми асри 21 аст!
Audio
Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро,
Бо дигар кас ошной хуш намеояд маро.
Гӯиям рав з-ин дару султони вақти хеш бош!
Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро.
Чокаронатро намегӯям, ки хоки он дарам,
Бо бузургон худситоӣ хуш намеояд маро.
Гуфтамаш: дар оби ораз акси ҷони мо намо!
Гуфт: ҳар дам худнамой хуш намеояд маро.
Аз лаби лаълат напарҳезам ба даври он ду чашм,
Пеши мастон порсоӣ хуш намеояд маро.
Мункири зӯҳдам ба рӯят то назарбоз омадам,
Покбозам ман, дағоӣ хуш намеояд маро.
Сӯфиён гӯянд чун мо хезу дар рақси Камол,
Ҳолату ваҷди риёӣ хуш намеояд маро.

ГУЛБАРФИ ГАРМ
Майда - майда барфборон сапсафед ,
Бо ҳавас аз ёр дорам ман умед :
Ғамзае аз қомати мавзуни ӯ ,
Чашмаке аз чашми пурафсуни ӯ ,
Маззае аз он лаби майгуни ӯ ,
Ман ҳаме сар то ба по мафтуни ӯ.
Майда - майда барф бо амри Худо ,
Дилбарамро бесадо кардам садо :
То бигӯям дилбари оини ӯ ,
Дасти ман бар кокули мушкини ӯ ,
Бар сари ман панҷаи нармини ӯ ,
Хушдилам аз бӯйи атрогини ӯ.
Майда - майда барф ояд чун нишон ,
Бо сафеди гуфтамаш рози ниҳон :
Гӯиё ман баста андар доми ӯ ,
Барфигул шуд аз бароям номи ӯ ,
Ташнагиро бишканам аз ҷоми ӯ ,
Чун расад бар манзили ман гоми ӯ.
Расул Додхоҳи Раҳимиён 17 . 01 .2021
Майда - майда барфборон сапсафед ,
Бо ҳавас аз ёр дорам ман умед :
Ғамзае аз қомати мавзуни ӯ ,
Чашмаке аз чашми пурафсуни ӯ ,
Маззае аз он лаби майгуни ӯ ,
Ман ҳаме сар то ба по мафтуни ӯ.
Майда - майда барф бо амри Худо ,
Дилбарамро бесадо кардам садо :
То бигӯям дилбари оини ӯ ,
Дасти ман бар кокули мушкини ӯ ,
Бар сари ман панҷаи нармини ӯ ,
Хушдилам аз бӯйи атрогини ӯ.
Майда - майда барф ояд чун нишон ,
Бо сафеди гуфтамаш рози ниҳон :
Гӯиё ман баста андар доми ӯ ,
Барфигул шуд аз бароям номи ӯ ,
Ташнагиро бишканам аз ҷоми ӯ ,
Чун расад бар манзили ман гоми ӯ.
Расул Додхоҳи Раҳимиён 17 . 01 .2021
Forwarded from Deleted Account
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Forwarded from Parviz Fattoyev (Admin 93.1067711)
Ba guro’hi barnomai “TayyorMAN” ki istehsoli komponiyai OOO “Fattoyev XUFARI GROUP” ast a’zo shaved⬇️⬇️⬇️
https://t.me/tayyorman_my5
https://t.me/tayyorman
https://t.me/tayyorman_my5
https://t.me/tayyorman
ПАНДИ РӮЗ
Он кас, ки бидонад ва бихоҳад, ки бидонад,
Худро ба баландии саодат бирасонад.
Он кас, ки бидонад ва бидонад, ки бидонад,
Аспи шараф аз гунбади гардун биҷаҳонад.
Он кас, ки бидонад ва надонад, ки бидонад,
Бо кӯзаи об аст, вале ташна бимонад.
Он кас, ки надонад ва бидонад, ки надонад,
Лангон хараки хеш ба манзил бирасонад.
Он кас, ки надонад ва бихоҳад, ки бидонад,
Ҷону тани худро зи ҷаҳолат бираҳонад.
Он кас, ки надонад ва надонад, ки надонад,
Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад.
Он кас, ки надонад ва нахоҳад, ки бидонад,
Ҳайф аст чунин ҷонваре зинда бимонад....
Ибни ЯМИН

ТИЛФОН АҶАЛИ МАН
***
Чун ҳамсари ман рўзу шаб андар бағали ман,
Тилфон аҷали ман.
Маъшуқаи ман, ҳамнафаси ман, асали ман,
Тилфон аҷали ман.
Бо ин ҳама таъкид фитодем ба домаш,
Гаштем ғуломаш,
Ку ҳӯши худододаву ақли азали ман,
Тилфон аҷали ман.
Мағзу асабам мавҷ гирифтасту хароб аст,
Бисёр азоб аст,
Ин аст яқин иллати феъли дағали ман,
Тилфон аҷали ман.
Ҳар кор кунам дасту дилам банд ба тилфон,
Ҳӯшам ҳама бар он,
Бисёр хатарнок шудаст ин касали ман!
Тилфон аҷали ман.
Тилфони муосир шуда ҳам мӯш ва ҳам гӯш,
Ҷосусаки хомӯш,
Дар ҳар қадаму ҳар сухану ҳар амали ман,
Тилфон аҷали ман.
Не хилвату не узлату не ишрату не хоб,
Корам ҳам гирдоб.
Ку роҳату ку зиндагии бехалали ман,
Тилфон аҷали ман.
Хоҳӣ, ки шавӣ бандаи бадбахт ба тилфон,
Бемору пушаймон,
Обуна шав, обун шав андар канали ман!
Тилфон аҷали ман.
Ҳам мўи сарам рехт ва ҳам мижаи чашмам,
Бисёр ба хашмам,
Аз дидаи бенуру сари тоси кали ман,
Тилфон аҷали ман.
Фарёд, ки сармояву вақтам ҳамагӣ мурд,
Тилфон ҳамаро хўрд,
Худкуштани худ нест магар ин ҷадали ман?
Тилфон аҷали ман.
Гар бар ту азиз аст пулу вақту тану ҷон,
Бигрез зи тилфон,
Ҳаҷв аст, вале рост бувад ин ғазали ман,
Тилфон аҷали ман.
Абдуллоҳи Раҳнамо

Сар ба пои зиндагӣ бинҳода мемирем мо.
Зода меҳнатзода, меҳнатзода мемирем мо.
Зиндагӣ ҳарчанд гирдоби мураккаб метанад
Сода - сода зиста ҳам сода мемирем мо.
Маҷмаи айбу гунаҳ будем агар дар зиндагӣ,
Бо ҳама айбу гунаҳ озода мемирем мо.
Мастии мо ҳастии мо буд, на пастии мо
Соғаре бинем агар, бебода мемирем мо.
Дигарон ҷон дода мемиранд аз дасти аҷал
То маҷоли вопасин дил дода мемирем мо
Мисли марди қуллапаймое ки маргаш қулла аст,
Аз баландии сухан афтода мемирем мо.
✍️ Лоиқ Шералӣ

Имшаб канори чархи ту соҳибҷамоли кист ?
Дар осмони шафкатат абрӯҳилоли кист ?
Ин чашмае, ки мехамад,оби зулоли кист?
Бар номи аҳли хокият хатти заволи кист?
Дар кунҷи савмаъа, кунун, созу навои ман
Арғушти ҷому бода, бин, андар ҳавои ман,
Андар сабӯи дидаам, ашки вафои ман ,
Дар пушти абри хотирам , моҳи ҳилоли кист?
Некӯӣ себи чаннату нахли савоби туст?
Дунёи олимаҳзаре, пушти ниқоби туст ,
Фардо ба зери хоки гӯр, тарси ҷавоби туст,
Пас шони орзуи ман, хобу хаёли кист?
Ин мурдаҳои пораи қисмат, табори ман ,
Мурдан ҳақ аст ,бандагӣ бошад шиори ман,
Дидори бемисоли ту, бошад қарори ман ,
Андар мазори хуфтагон,аҳли аёли кист?
Ҳури биҳишту Кавсару ризвон азони туст,
Шаҳди лабону ишваи ҳурон азони туст ,
Амволи бехиёнати ёрон азони туст ,
Ман кӯзаи шикастаам, хокаш кулоли кист?
Дарвозаҳои бастаи дунё, азони ман ,
Даймоҳи қуллагустари сармо азони ман.
Дашти фироқу сӯзиши гармо азони ман,
Ин қасру гулшану чаман,ҷоҳу ҷалоли кист?
Мактуби охарини ман , ёро ба номи туст ,
Ҳарфи мусаввари дилам арзи саломи туст ,
Пайдовари накӯдили шайдо, ғуломи туст ,
Пайдоваре, ки ошиқ ў, побанди ҳоли кист ?
Шараф Пайдовар Умарзода
24.12.2020.

БА СӮИ МУҲАББАТ
Бори дигар ба сӯи муҳаббат руҷӯ кунем,
Бо вожаҳои сабз ба ҳам гуфтугӯ кунем.
Дар кӯчаҳо саломи намозӣ ба ҳам диҳем,
Бори дигар ба атри муҳаббат вузӯ кунем.
Гар дар тавони мо амалу кори нек нест,
Дар боби ҳам накӯст, ки фикри накӯ кунем.
Дар ин кавири хушк касе ёри мо нашуд,
Дар сояи муомилаи ҳам нумӯ кунем.
Моро касе бародару ёвар намешавад,
Чун такягоҳ ҷониби ҳам боз рӯ кунем.
Аз чор сӯй фитнаи душман нишастааст,
Вақти сухан мулоҳизаи чор сӯ кунем.
Эй ишқ, эй ниҳояти эҳсоси растагон,
Рўзи ҳулули сабзи туро орзу кунем.
Бори дигар ба сӯи муҳаббат руҷӯ кунем...

#ИҚТИБОС
Ин замон дар авҷи кайҳон хона созанд одамон,
Дар куҷои ҷумла вергул мондани мо ҳал нашуд.
© Хушрӯзи Ҷамолиён
Ин замон дар авҷи кайҳон хона созанд одамон,
Дар куҷои ҷумла вергул мондани мо ҳал нашуд.
© Хушрӯзи Ҷамолиён
Forwarded from Бахтиёр Фаттоев
Сариосиё туманидаги 9-сонли таянч мактабида навбатдаги Физика фани семенарида PISA-Халқаро тадқиқотларига тайёргарлик кӯриш максадида "SPAGETTI-макарондан кӯприк ясаш" мусобақаси ташкил этилди.Унда тумандаги умумтаълим мактаблари физика фани ӯқитувчилари ва ӯқувчилари иштирок этишди.Тадбир давомида физика фанига оид саволлардан иборат бӯлган "Ким миллионер бӯлишни истайди?" интеллектуал ӯйини ӯтказилди. Ғолиблар диплом ва пул мукофотлари билан тақдирландилар.