Умеди Нав
1.1K subscribers
282 photos
112 videos
109 links
Download Telegram
Forwarded from Исроилова Мушараф
Чун шумо мо хам дар зиндагиямон нуги калобаро намеёфтем азоби рухи мекашидам Аллох ба шукр бади дарсхоро гирифтан хаёти моба тагирот фарзанхоро муомилаашон хуб. шудан гирифт холо хам запсхой дарсро гуш мекунам якхел жой дарс манба нав расида омасодаст жояш биёд ман одами наверадор. жудо мешам мегуфтам мо инсонхоба психология албатта даркор будааст
👍3❤1👏1
Ассалому алейкум
Дустон ва ҳамватанони азиз!
Рузатон ба хайру шодӣ ва хонадонатон ободу пурбаракат бошад

35 солагии Истиқлолияти
Давлати Тоҷикистон ба ҳамагон муборак бошад!

Ба ҳаммаи шумоён
солимӣ ва сарбаландӣ мехоҳем
Дустони азиз!
❤9👍2🤝2
👍7❤2
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
🌎

Салом
Устоди азиз
Пеш аз ҳама шукр бар Худо ва миннатдорам аз шумо ки баъди тавсияҳои беҳтарин ва дарс гирифтани ҳамсарам аз шумо ва шогирдатон зиндагиям ру ба беҳбуди овард.
Таи чанд сол бо зиндагии якдигарнофаҳми онқадар ҷисму руҳан хаста будам ки ногуфтани.
Дар ҳақиқат бузургии илмро нодида мегирифтаем.
То ин синну сол фикр мекардам бо вуҷуди ҳама чиз доштан ҳам гуё боз ба ман чизе намерасид қалбам ба мислеки холи бошад.
Дар ҳақиқат ғафлат бадтарин ҳолат будааст ки неъмату лаззати ҳаётро ҳис карда натавониста зиндагиро торикона пеш мебарем.
Устоди азиз
Худо аз шумо рози бошад
Раҳмат бар падар ва модаратон
Дар ҳаққатон дуогуем
👍3❤1
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
💎🌹💎

Ассалому алекум
Устози азиз ва дустони гироми қадр.
Ҳамаатонро бо ин рузи муҳабат неки мехоҳам.
Инсон чи офаридаи зебо аз ҷониби Офарандаи зебо
Ман як зани 59 сола

Шукри Худо бо як сабаби некаш марам бо сабаби Устоз илмашро ҳадя кад.
Ман чанд сол мешавад дардмандам
Бисёр табобатҳо гирифтам як муддат хуб боз дардам хуруҷ мекард.
Ман фикран бемор будаам.
Шаб ҳангоми хоб норозиёна аз дарди пойҳоям ва аъзои ҷонам баъзан гиря када гиря када хоб мекадам субҳ баробари бедор шави оҳ воҳ гуфта рузро оғоз мекадам.
Давоми руз ҳам ҳолат ҳами хел.
Раҳмат ба бачам ки мара ба қабули Устод овард.
Ҳамаги се рузда ман сиҳат шудам.
Ин ҳама бемори ки ҷони мара зирқас зада дард медод. Ба фикрам ҷой доштааст. Матеваторҳо ҳама руза мегуянд фикрроната дига к ҳаётат дига мешавад.
Ман ҳато эътиборшон намедодам ҳамаш фантастика фикр доштм.

Бо ҳамин қадар усули оди ман дар ҳақиқат фикрамро дигар када тавонистам ҳаётам дигар шуд гуям мешадми.
Ҳаёт дига шудан чи ба фикри шумо?
Ман дига шудани ҳаётро тамоман як афсонави муъҷизаҳо, деги толмас фикр мекадам.
Лекин аз инҳо ҳам хубтар ва пурмаънотар бдаст.
Ҳаёти ман чи гуна дигар шуд?
Ман то ин вақт хурсандиро ҳеҷ ҳам ҳис када наметавонистам. руз нолиш шав нолиш як гапро аввал тарафи бадашро фикр мекадам доим як шубҳа як зиққи мара меқапид.

Аз рузе ки дарсро сар кадам бо амали хуртарин ва оди дардамро на бо нолиш балки бо шукргузори қабул кадам. Ҳар боре дарди пойҳоям меҷиқид Худоё шукрат ки бо сабаби и дардҳоям ман туро сидқан ёд када тавонистестам.
Худоё шукрат ки ин неъмати шавро ба мо ҳадя кади Худоё шукрат ки...
Субҳ ҳам баробари бедор шудан бо табассум бо сабуки қадам гузошта рузро оғоз кадам
Чанд вақт мешава ин амалро иҷро дорам.
Чунин рафтор ро амали иҷро кадан осон нест. Егои инсон намемона.
Рузҳои аввал мисли актрисаҳо гуё рол мебозидам фикр мекадам худро хуб ҳис кадан маъқулам набуд 😆боз дод вой гуям ҳамара ба наздам фарёд кнам аз дардам пай дар ҳам гуфтан мефоридама.
Устод дар ҳаминҷо чи тавсияи зебо доданд ки ман тағир кадам куллан тағир кадам. Ашки чашмам ист надошт.
Қалбам гуё кушода шуд.
Руҳам сабук шуд.
Чи қадар аламдор инсон вақте бо ғафлат зиндаги мекунад.

Модар решаи оила будаст.
Вақте ки ман ҳар руз нолишу норозиги руи тира доштам.
Зиндагиамон ҳам ранги хушбахтира гум карда буд.
Бачаҳо аз кор хаста меоян бенастрени келиндҳо қошу қавоқ набераҳо кудакои ғамбор.
Аз рузе ки ман бори вазнини худро аз фикрам дур кадам
Ҳама аъзои оила чеҳрошон кушода сарҷамъу хурсанд.

Илм дар ҳақиқат таъсири бузург доштааст.
Дар оила як нафар ҳам соҳибилм бошад
У хонада як нур як равшани ра ҳис кардан осон аст.
Психологияи инсон чи хел бошад ҳаёт ҳамон ранг пеш мерафтагиша дар ҳаёти худмон таҷриба кадем.
Устози азиз ором ором бениҳоят оди када давоми се руз ин торикии бузургро аз фикру қалби ман реша кан каданда сабабгор шуданд.

Агар ба пураги ин ҳолатҳора баён кнем шояд як китоб шавад.
Лекин барои мисли ман буда дар ҳами гуруҳ ҳамиқадараш ҳам кифоя ки бо руҳи сабук зиндаги кадан шояд лазаташро забон гуфта натавонад.
Ман ҳам миннатдории худма ба Устози азиз мерасонам
Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед.
Дустдори Аллоҳи меҳрубон кадед
Аллоҳи меҳрубон ҳамеша шумора азиз дуст дорад.
👍6❤5🔥2
Forwarded from Бибичон Латифзода
Бехтарин суханхоро шунида хушхол хастем ки боз як модари мо аз фикрхои бехуда халос шуданд.Аз устод хохишам ин,ки кам кам барои мо суханхои хубашонро гузоранд ,чунки устод бехад хикматхои хубе медонанд ,мо бо шунидан аз фикрхову хамтагии зиёд рахо меёбем
👍7❤1🔥1
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
💎🌺

Салом ба аҳли гуруҳ.

Ман як зани се фарзанддор ҳастам.
Миннатдории худамро ба устоди азиз Рузимуродов мерасонам

Ман аз кудаги меҳри падару модарро нодида ба воя расидам. Шукри Худо падару модар дорам. Оилаи серфарзанд ҳастем. Гоҳе ба дасти бибиям гоҳ ба назди падару модар калон шудам. Ҳар қадаре калонтар мешудам хизмати зиндаги рузгор ба гарданам зиёду вазнинтар мешуд. Бо як хатогии хурд ҳам модарам бисёр лату кубам мекард. Падарам духтур буд аз субҳ то Шом ба шифохона кор мекард дер меомад намефаҳмид. Ба воя расидам аз се чор ҷой хостгорҳо омаданд падару модарам надоданд.
Шабҳо ба Худо гиря карда хоб мекардам ки ман ҳам ба шавҳар бароям аз ин азобҳо озод шавам. Ман дар оила қадр надоштам, модарам бо ҳамсоязанҳо дар хонаи мо чақ чақ мекарданд назди онҳо маро ҳақоратҳои қабеҳ мекарданд паст мезаданд тарсу будам ягон майда гап гуфта наметавонистам. дарун дарун гиря гулуямро дард медод. Синам ба бисту ду расид маро ба шавҳар доданд. Аз хурсанди иштиҳоям чизе намекашид.
маро ба як соҳибкор гуфти халқ бизнесмен ба шавҳар доданд.
Шавҳарам хуб қаҳру ғазаб лату куб кардан надорад. Нисбати ман хуб рафтор дошт лекин бисёр бевабоз бисёр роҳи буд камнамо баъзан дар наздам бо беваҳош телефони гап мезад чи қадар дарди вазнин
Ки гуфта намешавад.
Қалбам дард мекард баъзан соатҳо бо дастам қалбамро дошта пинҳони ашк мерехтам.
Эй Худо барои чи ин дунё ин қадар азоб дорад
Барои чи хиёнат одамро аз мурдан бадтар мекушад

Ҷонамро гир эй Худо доим бо ҳамин фикр ҳаётро пеш мебурдам.се фарзанди хурд меҳри кучакошонкати
Модарро мисли ресмон ба худ мебандад ки одам на худкуши карда метавонад на аз ҳаёт лазат бурда.

Аз интернет видёи устодро ки бо Манзура шогирдашон баромад карданд.бисёр диқати маро ба худ ҷалб кард. ман Манзурашона аз аввал мешинохтам, бисёр духтараки азоб кашида дар зиндаги, модарашро ҳам мешинохтам. зиндагии парешон доштанд. Дар ҳақиқат баъди навори бо Устод кардашон диқат додам рузҳои охир зиндагии Манзурашон хуб буд.
Ба як қарор омада ман ҳам ба қабули устод омадам
Ба дарс иштирок кардам. Дар аввал аз хастагии майнаи сарам дарсро каме нафаҳмидам.
Баъдан дарс бо илми бузургаш қалбамро такон дод ки фаҳмишам кушода шуд.
Худоё ман чил соли умрамро наход бо чашми пушида бугузаронам.дарс бениҳоят оди буд ки ҳар як вазифа ба қалби ман равшани медод.

Дигар ба шавҳарам пай дар ҳам занг назадам.
Дигар шаб пеш аз хоб назди шавҳар аз зиндаги оби дида накардам. Мисли ҳаминҳо бисёр рафторамро дигар кардам.
Шавҳарам авал сарфаҳм нарафт аз байн як ҳафта шуд рузе тасодуф дидам шавҳарам телефони маро проверка дорад.як назар чашм духтам ё ягон хавотир надоштам ба телефонам ки эътибор надодам.
Нисфи шаб масти хоб будам шавҳарам бедор кард ҳолаташро дида ҳайрон шудам гуфт, киро ёфти чи худатро гӯл нишон медиҳи. То ҳамашро ҳози нафаҳмони аз ман халос нахоҳи хурд.ҳамон шаб хело гуфту гуфт фикр кардам дар ҷои кораш ягон проблема шуд ё дар куча бо ки даргир шуд ки асабонияташро назди ман контроль карда натавониста истодааст.
Ман гуфтам ҳамаро мисли худат фикр накун қалбат дард дорад?
Ба як чиза нофаҳмида ин қадар ором надори чанд сол мешавад ки ту дониста дар наздам қалбамро дард метийи. Диди чи дарди сахт. Як лаҳза бошад ҳам маро фикр карда тавонисти? ки ин ҳам одам қалб дорад.
Ҳоло ҳеҷ чиз нашудааст ман ба роҳи худ назди ту ва назди Худо рост ҳастам дигар исбот намекунам.
Руз шуд ман бояд ба дарси панҷум равам баракс шавҳарам ба кораш нарафта истодааст.
Дар ҳамин вақт админи Устод смс равон кард вақти шумо аст.
Қисса кутоҳ аввал бо каме нофаҳмои дучор шуда боз ба хуби шавҳарам маро фаҳмид. Барои бовари худ маро ба офиси Устод овард офиси Себистон
Баъди каме шавҳарам ва Устод бо ҳам хело гарм вохӯри карданд.
Аз ин ҳолат баъди каме фаҳмидам ки шавҳарам ва Устод хело пеш якдигаро мешинохтаанд.
Мо оилави ба дарс даромадем ҳамон руз бо ханда бо як фаромуш ношудани дарс гузашт ки Устод ба китфи шавҳарам Э Умедҷон гуфта тап тап заданду бо ҳам ханда карданд.
Шукри Худо шавҳарам ҳам айни ҳол аз Устод дарс гирифта истодаанд.
Бо як сабаби илми бебаҳои Аллоҳам тамоми захмҳои гузаштаам ва хиёнатҳои шавҳарам аз қалбам рафт.
❤5🔥1🥰1
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
💎🌺

Шукри Худо айни ҳол зиндагиям хуб аст.
Паси ҳар як мушкили ва азобҳо оҳиста оҳиста роҳат ҳам буданша аз сар гузаронида истодаам.
Илм дар ҳақиқат неъмати бебаҳо будааст ки Худованд агар лоиқи бандааш бинад қалби торику пурдард ҳам равшан ва хотирҷамъ месохтааст.
Ҳар шахсе ин навиштаҷоти одию содаи маро хонд Худованд қалбашро аз муҳабати ғайбаш равшан ва хотирҷамъ созад
❤7🔥2🤝2👍1
Forwarded from Бибичон Латифзода
Бо умеди Худо омин .Як чумлаи устод рухияи моро рушантар месозад.Устоди Азиз хохишмандам,ки кам - кам аз хикматхои хаёт дар ин гурух гузошта бошед,то мо низ калбамонро рушантар созем.
👍7❤2
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
🤍💞

Салом устоди азиз ва аҳли ин груҳ. Умедворам ҳама хуб ҳастед.
Ман як зан ҳастам мисли гуфтаи он бародар ман ҳам ду маротиба оила вайрон шудам. Айни ҳол бо бахти сеюм шукронаи Аллоҳ ва бо сабаби устоди азиз хушбахтам.
Хело тез оиладор шудам.
Як руз ба телефонам занг омад бе ягон фикр бардоштам овози мард буд.
Аввал соз гап зад. Ман шумо шояд номерро хато кардед гуфта зангро хомуш кардам боз занг заду бахшиш пурсид.
Аз байн чанд руз гузашт боз занг зад бардоштам гуфт бо ман агар ҳар вақт ҳамсуҳбат нашави ба шавҳарат хабар медиҳам. Чизе нагуфта зангро хомуш кардам. Лекин дарунан сахт тарс гирифт. Телефонамро ба заряд гузошта андармони хуроки нисфирузи дар кухня будам шавҳарам аз берун омада дидаст телефони ман занг дорад маро садо кардааст ман нашунидаам худаш мебардорад гуш мекунад ки мард гуфтааст агар ба гапам наисти ба шавҳарат мегуям.
Ҳамон руз шавҳарам ягончизро нафаҳмида маро аз задан қариб мекушт. Ҳамаги ҷамъ шуданд бо ҳамин як нофаҳми зиндагии ман ҷавран вайрон шуд. Баъди ду сол ман боз оиладор шудам аз байн чанд моҳ гузашт шавҳарам одами хуб дар корҳои хона баъди кораш ба ман ёри мерасонд. Лекин ман дарун дарун аз зоти мард метарсидам баъди шатаҳои шавҳари авалаам. Хушдоманам рузе аз куҷо фаҳмидаанд ки ман аз шавҳари аввалаам бо хиёнат бо бероҳаги ҷудо шудаам. Чанд руз маро таънасор мекарданд. Ба шавҳарам пай дар ҳам гуфта гуфта маро дилмонда карданд ки рузе бо таҳдид пурсид суханҳои модарам рост?
Он қадар тарсидам ҳамаги як калима не туҳмат карданд гуфта гиря гулума гирифт дигар чизе гуфта натавонистам. У ҳам каму беш азоб дод лекин назад марди раҳмдил андешадор аз Худо бохабар буд. Ба кор рафт то омаданаш хушдоманам маро бо бору боғучам аз хонааш ронд.
Моҳо гузашт суроғам накарданд. Аз шавҳари авалам як фарзанд доштам ки вақти ҷудошави ба ман надоданд. Аз байн дуним сол гузашт хостгор омад бародарам ки аз номуси обруи ман байни халқ сархам шуда буд. Хост ба шавҳар диҳад аммо ман таги пояш ба сар афтида зора кардам ки хизматгорат мешавам аз дарат берун намеравам маро дигар ба шавҳар нате. Хостгорҳо паи ҳам аз ҷойҳои дуру наздик меомаданд. Бародарам ба ҳеҷ кас надод. Ман ҳам доим хомуш бо 💔 фироқи дарди фарзанд дарун дарун рузҳои вазнинро паси сар мекардам. Агар инсон аз илм норасои дошта бошад на сухан карда метавонад на ҳақиқатро исбот карда.
Шавҳари авалаам аз паси он номер то охир рафта ҳақиқатро фаҳмида боз ду бора хостгор фирист амо ба шариат аз руи ҳолат дуруст наомадааст.

Бо ҳамин аз байн панҷ сол гузашт аз деҳа як марди зансардода ба хостгори омад. Ин дафъа ба нею зораам гуш накарда маро гусел карданд. Ман кори деҳаро саҳроро назди ҳавлиро наметавонистам. Оилаи хуб хусуру хушдомани мефаҳмидаги маро мефаҳмиданд. Шавҳарам ба муҳоҷират рафтанд барои мардикори. Баъди рафтаншон ман худамро дар ин наздик солҳо бори аввал озод ҳис кардам. Вақти рафтан телефони дастишона ба ман дода рафтани шуданд қабул накардам. Гуфтам ба худатон лозим ҳар вақт ки хоҳед бо телефони модаратон ҳамсуҳбат мешавем.
Аз байн се моҳ гузашт шавҳарам маро дар наздаш ҷеғ заданд.
Шояд дигар нафар назди шавҳар рафтан хурсанди кунад ман тарс доштам. Худро хуб ҳис намекардам.
Баъди ба назди шавҳарам рафтан чанд моҳ пас шавҳарам савол дод. Чи фикр туро ғам медиҳад?
Ё ягонҷоят дард мекунад.
Чашмонат нигоҳат оромиш надоранд.
Ман баъди ин воқеъаҳо бо ҳеҷ кас озод гапзанон карда наметавонистам.
Шавҳарам шаб мепурсид руз пурсон мешуд гуфтам ёди фарзандам маро афгор мекунад. Сарам дард надорад лекин мағзи сарам дам дорад ки ба ҳеҷ кас нигоҳ карда наметавонам. Дар асл ҷавоби асосии ман ин набуд. Ман худро айбдор гунаҳкор бад медидам худам медонистам ки кори бад накардаам. Бо таҳқирҳо бо таънаҳо бо тарсҳо ҳамин қолабро ба худ гирифта будам. Қалбам шабу руз дард дошт.
Як руз субҳ баробари аз хоб бедор шудан илтимос дигар аз ман ҳеҷ чиз напурсед, ман дигар тавонои надорам қалбам дард мекунад гуфтам гиряамро дошта натавонистам.
❤3👍1
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
🤍💞

Шавҳарам баъди се руз маро тариқи онлайн бо устоди азиз ба дарс пайвастанд.
Дарс мегузаштам давоми руз менавистам вазифаро иҷро мекардам.
Аз байн чанд руз гузашт ман худ бехабар шавҳарам бо хурсанди бо гул бо ҳадяҳо маро ҳайрон кард.
Гуфт аз вақти оиладори то имруз ман табассуми туро акнун дидам. Ҳар руз баробари ту қалби ман ҳам дард дошт. Ман аз саргузашти ту аз ҳамааш бохабарам.Бегуноҳиатро ҳам медонам. Худо инсони дустдоштаашро аввал дар санҷиш мегирад.
Устоди ман беҳтарин инсон.
Қалбат дар ҳақиқат кушода шуд. Хулоса илм бузургтарин неъмати Худо будааст ки аз вуҷуди ман махлуқи тарс чи гуна бадар шуданашро бо сабаби илм ҳис кардам. Чашмам дар ҳаёт мисле ки нав ба дунё омадам равшан шуд. Ба деҳа омадем хушу хурсанди соҳиби ду фарзанд шудем. Шавҳарам айни ҳол бизнес мекунанд. Бизнеси обтови сабзавот ба бозор.
Ҳаётам шукри Худо руз аз руз, ру ба беҳбуди меорад.

Дар ҳаёт байни ин қадар пастию баландиҳо як чизро равшан фаҳмидам ки корҳои бад,мисли бало тез ва қалбшикан меомадаанд, вале рузҳои хуб лаззати ҳаёт дер аммо бо хушуъ меомадаанд ки тамоми ғамҳои одамро аз қалби пурдард ноаён пок месохтаанд.
Ҳар шахсе ин навистаи маро мехонад,ман бо бовари гуфта метавонам ки агар дар зиндагияш чи нофаҳмиҳо , чи зулм, чи ноҳақиҳо ҳар қадар мушкилиҳои роҳаш барои ҳал маҳкам аст,доред
Бовар кунед Худо бузург аст
Ин ҳама оҳиста аз ҳаёти шумо бо вақту соаташ меравад. Илм дар ҳақиқат равшании бебаҳо доштааст.
Раҳмат устоди азиз
Сабабгори шифои чанд қалби мо баринҳо шуда истодаед.Худо аз шумо рози бошад.
Некиатон аз Аллоҳ подош гирад.
👍6❤4🥰3🔥1
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
🧠🌓


Ассалому алейкум
устоди азиз ва ҳамаи дӯстони гиромӣ!
Пеш аз ҳама, шукри беандоза ба Худованди меҳрубон ва миннатдории самимии худро ба устоди азиз мерасонам.
Ман маълумоти олӣ дорам. Дар зиндагӣ бисёр пастию баландиҳоро дидаам ва рӯзе ба хулосае омадам, ки илми психологияро низ омӯзам.
Ман бемор набудам, лекин ҳолатам аз бемор ҳам бадтар буд. Дар лаҳзаҳои душвортарини зиндагӣ ба ҷойи он ки аввал роҳи ҳалли мушкилотро фикр кунам, аз сабаби нооромӣ ва асабоният дили аъзои оилаамро озор медодам. Ҳолатҳо ба ҷойи беҳтар шудан, рӯз то рӯз бадтар мешуданд.
Ниҳоят, ба назди устоди азиз омадам.
Баъди он ки аз илми психология каме бештар огоҳӣ пайдо кардам, шукри Худо, гӯё қалбам равшан шуду асабҳоям ором гирифтанд. Фаҳмидам, ки агар инсон тавонад назари худро нисбат ба ҳаёт ва зиндагӣ дигар кунад, зиндагӣ бо тамоми пастию баландиҳояш чӣ қадар зебо будааст!
Азбаски дар замони мо равоншиносон хеле зиёд шудаанд ва баъзан маълумоти гуногун инсонро хаста мекунад, ман ҳам мисли бисёриҳо чунин фикр мекардам.
Аммо имрӯз дарк кардам, ки илми психология то чӣ андоза муҳим ва арзишманд будааст.
Ин илм ба инсон ёрӣ медиҳад, ки дар ҳар гуна ҳолат оромии асаб, осоиши қалб ва солимии рӯҳии худро нигоҳ дорад.
Баъди дарси устоди азиз ҷисму рӯҳам сабукиро ҳис карданд. Гӯё бори гароне аз китфам бардошта шуда бошад.
Дар зиндагӣ ҳама чиз шуданаш мумкин аст.
Ҳар гуна ҳолат рух доданаш ҳам мумкин.
Ба гуфтаи бузургон:
«Чархи фалак метавонад шоҳро гадо ва гадоро шоҳ созад».
Аз ҳамин як ҷумлаи одӣ, вале бениҳоят пурмаъно, метавон бо ёрии илми психология хулосаҳои бузурге баровард.
Зеро зиндагӣ ҳамеша яксон намемонад ва инсон бояд дар ҳар гуна ҳолат тавонад худро идора кунад, сабр намояд ва роҳи дурустро интихоб кунад.
Ҷонам фидои бузургии Аллоҳи меҳрубон ва неъматҳои бебаҳои Ӯ, аз ҷумла илме, ки инсонро аз ғафлат бедор месозад, ба қалбаш оромӣ мебахшад ва роҳи зиндагиро равшан мекунад!
Раҳмати беандоза, устоди азиз!
Барои он ки сабабгори бедор шудани муҳаббат, меҳрубонӣ ва оромии қалби инсонии мо гардидед, аз самими қалб миннатдорам.
Худованд аз шумо розӣ бошад, умратонро дароз, илматонро бобаракат ва роҳатонро ҳамеша равшан гардонад. Бигзор ба ҳар қалбе, ки ба шумо муроҷиат мекунад, нури умед, оромӣ ва муҳаббат бахшед.
Ҳазорон раҳмат барои ин илми пурқимат ва дарси зиндагӣ, устоди азиз! 🤲
👍3❤2🔥1
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
🌫

Салом
Устоди азиз!
Умеворам хуб ҳастед.

Як савол дорам устодҷон.
Имконияташ бошад як ҷавоби хуб диҳед.

Бисёре ҳо бо мушкилии қарздори ва чи хел аз ин ҳолат баромадан муроҷиат мекунанд.
Ман баракс
Чи хел қарзамро гирам муроҷиат дорам.
Чанд моҳ мешавад ба як нафар қарз додам, гирифта наметавонам қарзи каме калон.
Аз занг задан бисёр хаста шудам ягон натиҷа нест.
Умед дорам устодҷон як ҷавоби роҳи ҳалаш диҳед 🙏.
❤1
Алейкум салом!

Саволи беҳтарин.

Айни ҳол чунин саволҳо дар фикри бисёр нафарон ҳаст.

Масъалаи қарз гирифтан ё қарз додан ё дар ҳақаш дидаву дониста ноадолати кардан,ҳамааш як дард ва як мушкилӣ аст.


Маслиҳат:

Аввал фикратонро ором ва қалбатонро хотирҷамъ созед.

Агар ба касе қарз дода бошед, ҳолати ӯро дида бароед.

Ҳолати ӯ вазнин бошад, дар айни ҳол ягон илоҷи баргардондани қарзро надошта бошад, ҳолати шумо аз ҳолати қарздоратон беҳтар бошад, агарчи қарз маблағи калон ҳам бошад, дар роҳи Худо бубахшед.

Ин кор осон нест.
Агар тавоноияшро дошта бошед!

Пул ширин аст, ҳатто мисли ҷон.Пул калиди сурат ва симо шуда метавонад.


Агар ҳолати он шахс вазнин ва ноилоҷ бошад, шумо баъди аз сидқи дил дар роҳи Худо бахшидани қарз, аз роҳи дигар он маблағро бо зиёдаш дарёфт мекунед, ки ҳатто фикрашро ҳам надоштед.

Агар ҳолати шахсе, ки аз шумо қарздор аст, хуб бошад, тавоноии кор кардан дошта бошад ва корҳояш айни ҳол каме монеа дошта бошад, зарурате нест, ки қарзашро бубахшед.

Боз каме дигар сабр кунед.

Дар ҳаққи ӯ метавонед дуо кунед, то баргардондани ҳаққи шумо барояш осон шавад.

Қонуни зиндагӣ чунин аст:

Ҳар қадар зиқ шавем, бадбинӣ кунем ва ризоияти худро аз даст диҳем, ҳамон қадар душвориҳо барои ҳар ду ҷониб зиёдтар мешаванд.

Ин ҳам як санҷиши Илоҳӣ аст.
Чанд моҳ ... ин хуб аст.
Баъзе одамон ҳастанд, ки ҳатто 9 ё 11 сол боз қарзашонро дода натавониста истодаанд, бо вуҷуди он ки кору фаъолият доранд.

Бо худи мо ва дар корҳои мо ҳам, чунин вазъиятҳо рӯй дода истодааст, ки аз инсон кӯшиш, сабр ва таҳаммулро талаб мекунанд.

Дуо кунед ба корҳояш омад диҳад ва аз Худованд хайрро талаб намоед.

Хайр аз ҷониби Худованд меояд.

Ба ҳар як қарздор, адо кардани қарзаш осон гардад ва қарздиҳандаро ҳам гирифтани ҳақаш .

Худованд ҳама қалбҳоро аз ғаму ташвиш озод гардонад.
👍6❤2👏1