Умеди Нав
1.12K subscribers
280 photos
112 videos
109 links
Download Telegram
Касе ҷавоби дуруст медиҳад, як дарси асосӣ ва беҳтарин барояш аз "Умеди нав" тариқи смс ҳадя мешавад.
👍5
Вақте ки мо калимаи ФАРОСАТ ё БЕ ФАРОСАТ ро мешунавем. Вуҷуди инсон ин калимаро бад қабул мекунад.
Ба фикри аксарияти одамон чунин меояд.
Яъне бо Фаросат симои инсони хубро акс медиҳад.
БеФаросат як инсони чиркин,бесаранҷом, ноӯҳдабаро, бадзабон,ва бадбинро акс медиҳад.

Чаро?
Барои он ки фаросат калиди ақл аст.
Яъне равшанфикрӣ.

Ҳар шахсе ки равшан фикр карда метавонад, дур андешида метавонад. Худро аз тамоми одатҳои бад идора карда метавонад.
Идора кардани ҳар як шахс худро, аз фаросат вобастагии калон дорад.
Сифати инсонро фаросаташ нишон медиҳад.

Мо чи қадар беруна, яъне зоҳиран ба худ эътибор диҳем, аз ҷиҳати пӯшидан, гаштан, дорои, агар фаросати мо бедор набошад!
Ин ҳамма ҳеҷ аст.

Фаросат дарунан, яъне ботини мисли виҷдон масъулият дорад.
Аз ҳам ин сабаб инсоне ки худро мешиносат, ва фаросати худро бедор месозад.
Шахсияти касеро поймол карда наметавонад.
Инсонро "Фаросат " инсони ҳақиқи месозад.

Агар аз фаросат дар ҳаёти оилавӣ ва дар кору бизнес дар ҷомеъа кор барем.
Ҳар лаҳза ба ҳаёти инсон равшанӣ ва пешравӣ ҳосил мешавад.
Фаросат инсонро дар тамоми ҳолат бо ороми идора мекунад.
👍7💯7
Forwarded from Ardasher
Фаросат қобилияти одамро ба дарки нозукиҳо, дуруст фаҳмидани аҳвол ва масъалаҳо, инчунин тавонмандии пешгӯӣ кардани натиҷаҳо меафзояд. Ин як хусусияти равонӣ аст ки ба ҳикмат, дониш ва таҷриба дар зиндагӣ вобаста мебошад. Касоне ки фаросат доранд, маъмулан қодиранд ки дар муносибат бо дигарон, дар ҳалли мушкилот, ва дахлдорӣ ба қарорҳои солим, амали нек анҷом диҳанд. Инчунин фаросат бо хирад, бо пайравии усулҳои ахлоқӣ ва бо масъулиятшиносӣ наздик аст.

Дар шароити гуногун, фаросат метавонад аз шахс ба шахс фарқ карда, ба вижагиҳои шахсият, фарҳанг ва тарбия вобаста бошад. Он ҳамеша ба вақте ки қодир бошед ки хуб фикр кунед, сабрвор бошед ва рӯйдодҳоро аз дидгоҳҳои гуногун арзёбӣ кунед, муҳим аст.
💯9👍5
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
ЗИНДАГИ ЯК РАНГ ДАР ДИЛАМ ЗАД!

{ УМЕДИ НАВ }

"Равоншинос "
Ҷамшед Рузимуродов.

Рӯзе як мард назди Устод меояд, ва маслиҳат мепурсад.
_Устод зиндаги якранг дар дилам зад!
На дар хона хурсанди дорам,ва на корҳоям пеш мераванд.
_ Чи маслиҳат медиҳед?
_ Устод мегуяд;
_ Бисёр тар шуморо чи фикр азоб медиҳад?
_ Мард мегуяд;
Чеҳраи дурушти ҳамсарам, ва номуросогии фарзандонам!
Вақте аз дар медароям,чеҳраи ҳамсарам он қадар дар назарам дурушту бад метобад, садояш гуш харош аст, ва симои фарзандонам мисли тимсоҳу калтаканавса барин!
Он қадар оилаам дар назарам хунуку шум метобад!
_ Устод оромона мегуяд;
_ Чи мақсад доред, ва чи андеша дар бораи зиндагии хушбахтиро дастрас шудан!

_ Мард мегуяд;
Зани дигар гирифтан мехоҳам!
_ Устод,,, бо гирифтани зани дигар бовари доред, ки хушбахт шуда метавонед?
_ Албатта мегӯяд мард!
Устод модом ки назди ман барои маслиҳат омадед, тавсия медиҳам баъди се моҳ зан гиред!
То давоми се моҳ шумо гуфтаҳои маро иҷро месозед!
Мард рози мешавад.

Шарти аввал!
Пагоҳ ҳамсар ва фарзандонатонро ба саҳро мебаред,як ҷои кушод ва барҳаворо интихоб мекунед, аз бозёфт чизе барои хурдан мегиред, ва фардо чи кор кардед!
Натиҷаашро ба ман мерасонед!
_Пагоҳи мард гуфтаҳои Устодро иҷро мекунад, ва назди Устод он чизе шуд нақл мекунад.
Яъне; Устод фарзандонам то бегоҳ бо тамоми ҳасти бози мекарданд, ки бегоҳ ба зур хона овардам.
Лекин
Аз ҳамсарам хело тарсидам!
Баробари ба саҳро баромадан вақте қолинчаро паҳн карда зану шавҳар нозу неъматҳоро ба дастурхон гузоштем,ҳамсарам каме дар атроф бо диққат назар карду он қадар хандаи даруна кард, то бегоҳ на майли чиз хурдан карду на бо ман ҳамсуҳбат шудан, худ аз худ механдиду, механдид, дарунан ва ором, на то бегоҳ балки ба хона омадем ҳам чунин ҳолат давом дорад, ҳамсарам ба бемори дучор шуд?
Ё чи сабаб ӯро ба ин ҳолат овард?
_ Устод боз бо ороми мегуяд;
Ҳафтаи оянда боз чунин оилавӣ ба лаби дарё равед!
Яъне ҷои сайр карданро иваз кунед, ва рузи дигар ба ман натиҷаашро расонед!
Ҳафтаи оянда онҳо боз чунин ба сайр мебароянд, ва рӯзи дигар боз назди Устод воқеъаро нақл мекунад.
_ Устод, фарзандонам аз хурсанди дам ба дарё оббозӣ мекунанд, дам ба атроф даву тоз.
Лекин
Ҳамсарам...
_ Устод давом диҳед, чизе шуд бе пӯшида бигӯед!
_ Устод,,, ҳамсарам дар лаби дарё он қадар бо ороми гиря мекард, ҳатто ҳис намекард, ки ман дар наздаш ҳастам.
На завқи хурдан карду на завқи сайри лаби дарё.
Устод;
Шумо дар ин ҳолат чи кор кардед?
Рости мехостам оромаш созам, лекин гуфтаҳои шумо дар ёдам расид, ба ҳоли худ гузоштам,лекин он қадар дилам ба ҳолаш сӯхт.
Худ намедонам ин қадар гиря дар бораи чист?
_ Устод, сабабашро дар охир мефаҳмед!
Ҳафтаи оянда ҷои сайр карданро иваз намоед.
Яъне дар баландиҳо бароед!
Ҳар бегоҳ ё дар ҳар чанд руз ба кудаконатон аз савдоятон чизе оред, ва БА ТУ ҲАДЯ ОВАРДАМ... бигуед.
Ҳафтаи оянда онҳо ба кӯҳ, ба баланди баромаданд. Ва рӯзи дигар боз назди Устод нақл кард.
_ Устод фарзандонам дар баланди худро он қадар қавӣ ҳис карданд, ки ба худ бо ифтихор
Ман муваффақ шудам, ман аввалин баромадам,чунин хурсанди мекарданд.
Лекин!
Боз ҳамсарам...
Ин дафъа ҳамсарам ба баланди баромад, аз боло ба поён нигоҳ карда ба фикр фурӯ рафт, аз ҳолаташ пурсон шудам.
_ Гуфт;
Илтимос халал на расонед, каме ором фикр месозам.
_ Боз Устод ҳафтаи оянда маслиҳати сайр карданро ва иваз кардани ҷои сайр ро, яъне ба пасти ( ба поён) пешниҳод дод!
Он ҳо ба пасти сайр карданд.
Ва боз рузи дигар нақли натиҷаҳо буд.
Устод фарзандонам ба пасти гирди дастурхон такя зада бароҳат бо ҳам, орзу ва мақсадҳояшонро дар оянда мегуфтанд, ки мешаванд, ва чи гуна мешаванд.
Ҳамсарам, он рӯз баъди чорум сафар ба чеҳраи ман оромона назар карда, каме табассум кард, ва оромона суҳбати кӯтоҳ мекард.

Хулоса;
аз байн як моҳ гузашт!
Моҳи дуюм :
_ Устод онҳоро дар маркази шаҳр сайр карданро тавсия кард!
👍15💯4🔥2👎1
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
Мард ;
Чунин кард, ва натиҷаро рузи дигар расонд.
Фарзандонам худро дар оянда тасаввур мекарданду, бо ҳам оромона суҳбаткунон қадам мезаданд.
Ҳамсарам,,, аҳён аҳён ба роҳгузарҳо диққат медод, ва ба худ назар мекарду чизе намегуфт.
Боз ҳафтаи оянда ба мағозаву бозор сайр каданд.
Баъди гуфтани сайри бозор, Устод, савол дод.
_Чизе хариди?
_Барои ҳамсар?
Мард дар ҷавоб не гуфт.
_ Устод гуфт боз ҳафтаи оянда ба бозору мағозаҳо.
Мард ин корро ҳам ба гуфтаи Устод иҷро кард, ва рузи дигар нақл кард.
Устод... Ҳамсарам, гарчанде баъди оиладор шави боре ҳам бо ман дар мағоза наомада буд, лекин баъди иҷозат додани ман, он қадар либосҳои беҳтарин интихоб кард, ва дар чеҳраи ӯ хурсанди ро эҳсос кардам.
_Устод ҳафтаи ояндаро дар беҳтарин ошхона ё ресторан, ё кафей тавсия дод.
Мард чунин вазифаро низ бехато иҷро кард.
Аз байн дувуним моҳ гузашт, моҳи сеюм хело наздик буд.
Устод пурсид;
Баъди ин қадар сайру саёҳат бо оила,чи навигари,яъне чи дигаргуни дар зиндагӣ пайдо шуд, ё ҳис кардед!
Дар корҳои савдо, яъне дар бизнес чи натиҷа?
Мард гуфт, савдоям ба дараҷаи олӣ пешравӣ дорад, каме қарздор будам, он ҳам давоми дуюм моҳ чи хел озод шудам, худ нафаҳмидам.
Мард бо завқ гуфт;
Устод
Ҳар бегоҳ фарзандонам маро бо як эҳтиром пешвоз мегиранд, ва мехоҳанд ман бо онҳо каме бо сӯҳбат бошам.
Фарзанди бадтарин медидаам,маро дар оғуш гирифта мегуяд, ки шумо беҳтарин падар ҳастед.

Ҳамсарам бошад, бо ман он қадар самими аст, ва муҳаббату эҳтиромашро барои гуфтан забон оҷизи мекунад.
Устод,,, каме фикр мекунад, ва мегуяд, шумо дар ҳақиқат падари беҳтарин ҳастед, ва шавҳари тавоно, ва ҳам инсонӣ хуб.
Шумо тавонистед ҳамма шартҳоро иҷро карда.
Инак аз байн се моҳ гузашт!
Шумо метавонед, зани дигар гиред.
Пайғамбарамон ҳам чанд то зан гирифтаанд. Барои мардҳо иҷозат аст.
Лекин!!!
Дар ин хонае ки ҳамсар ва фарзандонатон ҳастанду, зиндагии осуда доранд, ва ин хонаи дари шумо ба онҳо таалуқ дорад!
Шумо худ метавонед, ба дигар ҷой равед, ва орзуи худро бароварда созед!
Мард аз ин суханони Устод, каме хиҷолат мекашад, ва мегуяд, дар муддати се моҳ, ман аллакай фикрамро дигар кардам.
Устод бо табассум
Оффарин!
Шумо агар ҳамон вақт зани дигар мегирифтед, он занро ҳам ба ҳамин симои зишт меовардед.
Чунки ;
Хатоги на ба ҳамма занон аст!
Балки мо мардҳо баъзан
МАСЪУЛИЯТ- и худро дуруст кор бурда наметавонем.
Ба худ савол диҳед!
Кадом вақт, ва бори охир, ё чи қадар вақт шуд, ки бо аъзои оила дар сайри оилавӣ баромадед!
Ё бо назари Меҳр ба оила назар кардед.
Мо мардҳо мехоҳем.
Лекин!!!
Дар оила ҳамсари мо ва фарзандони мо ҳам хурсандӣ мехоҳанд,ба онҳо ҳам, зиндагӣ якранг оссон нест, қалби онҳо ҳам дард дорад, лекин онҳо мисли мо озод нестанд!
Онҳо дар зиндагӣ мӯҳтоҷи мо МАРДҳо ҳастанд, Худованд ихтиёри оила, яъне ҳамсар ва фарзандро бар зиммаи мо М АРДҳо гузошт.
Душвор аст, ба оила чунин эътибор додан, албатта хело душвор аст.
Як чизе ноаён намегузорад, МАРД бо ҳамсари худ, ва фарзандони худ бо муҳаббати самими бошад!
Ҳамон,чизе ки ноаён моро намегузорад, ин макри шайтон аст, мехоҳад МАРДи Худо роҳгум занад, мехоҳад номуросогиро дар байн орад, мехоҳад як банда ноумед шавад, ва мехоҳад яке сӯзаду дигаре сазад!!!
Агар инсон Худро шиносад, ва равшанфикр бошад, аввалин дараҷа барои ӯ оила аст!

Агар мард, МАСЪУЛИЯТашро дуруст истифода барад, яъне МАСЪУЛИЯТИ худро донад, бадтарин зан нек мешавад, ва безебтарин зан зебо мешавад.
Тақдирҳо аз ҷониби Худованд, навишта шуда, ва роҳи ҳал дорад.
Лекин!!!
Мо ҳам дар ин ҳолат,баъзан роли асосиро дар МАСЪУЛИЯТ дорем!!!

ОИЛА МУҚАДДАС АСТ!!!
💯22👍7🔥3🏆2
Фикрҳои худро дар бораи оила ва бизнесу пешравиҳо нависед дӯстон.
Фикрҳои шумо ҳам барои ҷамъият фоидаовар аст!
Танҳо беғаразона ва фоидаовар, барои равшании фикрҳо!
👍10
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Видео от УМЕДИ НАВ
👍13🏆21
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
Ассалому алейкум. Устоди азиз, Ҷамшед Рузимуродов.Ман аз шумо хело миннатдорам. Шумо сабаб шудед, зиндагии ман тағир кард, ва ман каме ҳам бошад худро дар зиндаги шинохтам.ва зиндагии пурмазмуну пурарзиши худро бо чашми қалб шинохтам.

Салом ба ҳамма аҳли гурӯҳи Телеграми Устод.
Қиссае ки хондед, он саргузашти воқеии ман бд. Ман хостам онро Устод ба таври қисса ба шумоён расонанд. То ҳар як Мард дар зиндаги масъулияти худро донад, ва чашми қалбаш кушода шавад.
Ман аз Устод дарс нагирифта, танҳо фармудаҳояшро иҷро кардам, ва ин буд натиҷаи беҳтарини ма. Ҳоло ки дарс ро чанд муддат шуд оғоз кардам, қалбам дарун дарун гиря дора. Чи илми зебо, чи қалби равшан, чи маънои инсонӣ.
Ман худ ҳайронам, таи 40 сол ки бдам,ва чи хел бо ин роҳ зиндаги карсем,намефаҳмидам.имруз чи аҷиб аст, ман худро он қадар сабук, хурсанд ва аз ҳаёти хеш рози мебинам.
Дарсҳои Устод дарси зиндаги бда, ҳам тарзи оилавиат роҳ меёба, ва ҳам кору пешравиат.
Дар охир ма аз Устод ва аз коргарони Устод узр мепрсам,ки дар аввали бо Устод ҳамсуҳбат шидан, барои маблағ каме бо онҳо носозгори кардам, ва онҳо ба ҷое ки маро аз канал чёрни кнан,ба бади неки кардан. Ва маро бо Устод пайваст карданд. Ҳамин гуна ба инсон дар роҳи илм на маблағ пеш бдас, ва на ягон дорои.
Илм хдаш як ганҷе бдас, аз ҳамма боло. Ман дар аввал худро бо Оли маълумот бданам,бо дипломҳоям боло медидам. Инсон хатогии хдшадар ҳақиқат дида наметавонистаас.Бо касе ҳамсуҳбат мешавам, ё касеро диққат медиҳам,гуфтаи Устод Ҷамшед дуруст аст, ки ҳамма худро бо хатогиҳояш боз прав меҳисоба. Имруз ба ҳаммаи шумоён мерасонам,ман баъди хатогиҳоямро дида ва аз болояш кор карданм,боз ба прраги худро прав гуфтанда каме андеша мекнам.
Мо Мард ҳастем, лекин калимаи Мардро дуруст сарфаҳм намеравем.фигр мекардам мо аз ҷиҳати ҷинси Худодода мард астем.Мо ин калимаи Мардро бо *сифатҳои* Марди бояд пеш бурданамон лозим бдас.
Дар ҳақиқат зан, дхтар дар ҳаёт назди мо Мардҳо як заиф, як муҳтоҷ бдас.
Ба диққати ҳаммаи шумоён ташаккур,ки маро шунидед. Ба ҳар як Марди мусалмон мехоҳам, ин илми беҳтарин муяссар гарда.
Ба дхтарони мо, хоҳарони мо, ва модарони мо касе назари бад соза, фигр мекнем, ҷонашро бигирем. Лек фигр намкнем ки ҳамсари мо низ дхтари касе аст.
Боз як маротибаи дига ба Устод Ҷамшед Рузимуродов ташакур,миннатдорем.мо аз ин канал хело чизҳоро омухта истодаем, ба ғайр аз дарси алохидагӣ.
Ба коргарони *Умеди нав*
Ташаккур, ки бо одамон муомилаи нек доранд.
Содиқҷон ҳастам аз
Ш. Душанбе
👍14💯2🔥1🥰1
💯5👍32
Ҳаммаи ин оварда ба як маъно мерасонад, ки инсон таваҷӯҳи худро аз тамоми атрофиён, яъне гурӯҳ, шахсияти дигарон гирифта ба рушди худ кардан аст.
Яъне Худшиносӣ ва ривоҷёби мебошад.
Аз ҳамин сабаб пешрави ва рушд ба беҳтарин самт роҳ меёбад, ки боиси муваффақиятро дастрас шудан мебошад!
💯42👍2
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
Ассалом Устози азиз.
Ҷамшед Рузимуродов.
Пеш аз ҳамма ман ҳам мехоҳам, миннатдории худма ба шумо расонам.
Ба қиссаи ин бародар ман ҳам, ҷонибдори мекнам.
Ма чандин сол пеш ки дар ватанамон ноороми буд, ва ман он вақт хело хурд бдам.
Шабҳо ва рузҳо ваҳшатзада зиндаги мекардем. Бениҳоят мушкил буд.
Ватан шукрона осуда шид, ва ҳамма ба зиндагии оромона дастрас шиданд.
Аммо ман дар он вақт аз тарс буд,ба бемории асаб дучор шидам, ки ба хдам номаълум буд.
Чи қадар бузург мешидам, ҳам он қадар асабҳоям ноором, инсони ғазаби бдам.
Чи қадар личениҳо кардам, ва куҷоҳое на рафтам, ҳамма тарафҳояшро дидам. Дар охир но умеди мара пайгир мекард.
Оиладор, фарзанддор шидам, лек саломатии ма бадтар мешуду беҳбди набд.
Рузе аз сомонаи YouTube шуморо тасодуфан дидам, рости баъзан шавҳо хов накарда наворҳои шумора дида мебаромадам.

Худованд рузе мара ба хостаҳоям расонид, ки ба дарсҳои шумо иштирок кардам.
Ман ҳам мисли и бародар ба нархи дарстон хело ғазаб кардам, ва бадии кор як ҳафта ба қафо гузоштам,дидам дилам чи хел як умед дора.
Имруз баъзан аз ҳамон корҳоям шарм мекнам, лекин бисёр ва ҳар лаҳза шигрона мекнам, ки ман бемор набудаам, маро Худованд чи қадар шахси тавоно офаридай.
Ҳар як инсон аз психологияи хд бохабар боша, зиндаги барояш маънидор мешава. Дар давлатҳои пешрафта на танҳо равоншиносҳои ба шумор, балки ҳар як оила ба худ равоншиносӣ доштаанд. Рости баъди дарсҳои шумо нав ба дунё чашм кушодам гуям, хато на мекнам. Чунки фикри ман равшан шид. Аз аъзои оилаам ҳам шугронаги дорм,ки мара бо ин вазъият қабул карда, дар зиндаги мара танҳо нагзошт.
Баъди дарсҳои Устод ки инсонро ба амал кардан водор месоза, зиндагиям хело ранги дигар гирифт. Гуё ҳаётам тағир ёфт. Дар зиндагиям нури Офтобро ҳис кардам, ва инчунин дар қалбам, умед аз Худоро.
Устози азиз, ба шумо Ташаккур!!!
Бар волидонатон раҳмати калон.
Саломалекум
Аҳли гурӯҳи Телеграми Устод, Ҷамшед Рузимуродов.
Ба ҳаммаи шумоён пешрави ва равшанфикри мехоҳам. Аз Устод ва камандаи
{Умеди нав} хело Миннатдорам.
Миннатдорам
Миннатдорам
👍162🔥2
Ба шумо ҳам ташаккур, Аҳмадҷон.
Хело инсони хуб ҳастед.
Бовари дорем, ки боз рӯзҳои беҳтарин дар пеш шуморо интизор аст.


Дӯстони азиз!
Хело натиҷаҳои беҳтарин аз ҷониби шогирдон ҳамма руза дастраси мо шуда истодааст.
Онҳо хело хурсанд, ва аз ба ду неки фикрҳо огоҳ шуда истодаанд.
Албатта ба ҳар як инсон оссон нест, ба оссони ба илмгири шурӯъ кардан.
Ҳар як инсонро нобовари пайгири мекунад.
Лекин!!!
Вақте инсон мақсад дорад, албатта дер ё зуд ба мақсади худ мерасад.
Баъзеҳо аз ютуб, баъзеҳо аз Истаграм ва баъзеҳо аз каналҳои Телеграм хело аз Илм огоҳи ёфта истодаанд.
Ба ҳар якеи шумо аз кадом сомонае бошад, ва аз кадом шахсе бошад, мехоҳем, ҳамеша пайгирии Илм бошед, ва фикри равшану қалби хотирҷамъро ба даст оред!

Ҳамма чи дар ин дунё арзиши муқарарии худро дорад, ва бо як имконият дастраси мо мешавад, ва бо як нофаҳми аз мо меравад.
Ягона Илм, дониш ҳамроҳи мо мемонад, ки Илм метавонад бо амалаш, ҳар ду олами инсонро обод созад.
💯13👍8🔥1🙏1
Forwarded from Laljuba
Дуруст қайд кардед устод ман дар европа кор мекунам вақте хатоги мекунем инҳо ҷаннат намекунанд ва худашон аму коро ба одам дуруст нишон медианд . ва ҷойи ғайбат несту вақте дар тоҷикистон дар як корхона кор мекардам фақат хатогимона мекофтанд одам ба дилбардори ва як мотивация пешрави мекунад хусусан Ман амихелиам агар кори маро цуғ кадри кунанд ман кушиш мекунам боз хубтару беҳтар корамро пеш барам
👍15🔥2
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
БО ФИКРИ КОРГАРӢ
АМАЛИ СОҲИБКОРӢ

Рӯзе марде назди назди Устод меояд ва мегӯяд;
_ Устод ман коргари давлат ҳастам, ва маъоши ночиз дорам!
_ Шумо мегӯед,ҳамма кор илоҷ дорад, ба худди инсон вобаста.
Лекин ман илоҷи пасандоз карда соҳибкор шудан надорам.
Маъошам аз вақте ба дастам гирифтам, то ин маъош намерасад, баъзан қарздор мешавам!
_ Устод ;
_ Чи қадар маъош мегиред?
_ Мард ҳаммаги 3800 сомонӣ!
_ Ба ман роҳе тавсия диҳед, ки ман аз ин корам бароям, ва соҳибкор шавам!
_ Устод тавсия медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ дар бораи кор партои ё бизнес саросема нашавед!
Коратонро давом диҳед!
Лекин!
Ҳар моҳ вақте маъошатонро мегиред, аз аввалаш пулро ба ҳеҷ куҷо сарф накарда, 2000 сомониашро ба ман оварда диҳед!
Мард каме хомӯш меистад, дар ҷавоб на ха гуфта метавонад, ва на не.
Устод ҳолати мардро ҳис мекунад, мегуяд ба шумо ҷавоб!
Мард ҳайрон мешавад.
_ Тамом?
_ Ягон тавсия намедиҳед?
_ Устод ман алакай тавсияро додам, шумо ҳамонро амал кунед, фикри корпартоиро ҳеҷ гоҳ ба саратон ҷой насозед!
_ Мард роҳравон худро сарзаниш мекунад, ки ман чи қадар аҳмақам, ҳар инсон ба нафъи худ кор мекунад.
Ман чи фикр дорам, инсон барин фаҳмонидам, ки пас андоз карда наметавонам, пулҳоям норасои дорад!

Аз ҳамон руз Фирӯз то охири моҳ бо алам кор карда, дар фикр доим сухани Устодро меоварад, ва дигар праблемаҳоро фаромӯш месозад.
Аз аввали маъош аввал ба ман 2000 сомонӣ биёред!
Хело аламовар аст барояш.
Хулоса ;
Маъошро мегирад, бе ягон фикр 2000 сомонӣ ба Устод меорад,лекин чеҳари пӯшидаю номаълум гирифта.
_ Устод бо лабханде пулро мегирад, ва ин моҳ ҳам, ҳамин миқдор биёред.
Мард дарун дарун аз алам меларзад, ва мегуяд;
Устод ман зиндагӣ, оилаву фарзанд дорам, 1800 суме нест, ки зиндагии маро пеш бурда тавонад!
_ Устод
_ Медонам
Ҳамма чи нархи гарон дорад!
Лекин кушиш кунед, ки қарз нагиред, ва фикри қарзгириро ҳам накунед!
Ба шумо ҷавоб!
Моҳи дуюм боз ҳамин миқдор маблағ меорад, ва ба Устод медиҳад.
Устод боз моҳи ояндаро ҳам талаб мекунад!
Моҳи сеюм мард ба Устод мегуяд, аз чи бошад, ҷои кор кори маро қадр кард, ва 1000 сомонӣ маъошам зиёд шуд.
Устод моҳи оянда ба ман 3000 сомонӣ биёред!
Аз байн 7 моҳ мегузарад, мард тоқаташ тоқ мешавад, ва назди Устод меояд мегуяд, асли ҳол чи аст?
Ман на дарс ( илм) мегирам, на тавсия медиҳед.
Хело дилгир шудам, давоми ҳафт моҳ.
Моҳи оянда ба шумо маблағ оварда наметавонам!
_ Устод мегуяд;
Барои Соҳибкор шудан,чи фикр доред, ва ба кадом кор шавқ доред?
Мард мегуяд, мехоҳам назди корхонаамон як тезтаёр ё як ширини ташкил созам, давоми ҳафт моҳ аз кампулиям, ман доим чизи арзонтар абед кардам, то қарз нагирам.
_ Устод 18 000 сомонӣ, ки пули мардро мисли пасандоз нигаҳ медошт, бароварда дод, ва гуфт, давоми ҳафт моҳ шумо ин суммаро ҳам нест мекардед, ва ҳам норасои доштед.
Бо ин маблағ шумо метавонед, хуртарин дуконча кушода, ва коратонро оғоз кунед!
Лекин!
Кори асосии худро давом диҳед, яъне кори давлатиатонро!
Кори дуконро оилаатон пеш набарад!
Коргари Прафасианал гиред, ки кори шуморо ба дараҷаи аъло пеш барад!
Ба шумо ҷавоб!
Баъди иҷрои тавсия, моҳи сеюм ба ман натиҷаашро расонед!
Мард дар роҳ оби дидагонашро дошта наметавонад, ки инсон агар тавонад, ҳамма корро метавонистааст!
Хулоса ;
Моҳи сеюм мард бо табассум ва ҳадяҳо меояд, ва хушхабар мерасонад.
Устод як коргар чорто шуд, боз усбет намекунад.
Ман мехоҳам боз точкае кушоям!
Давоми панҷ моҳ дӯкони хурд, ба калон табдил меёбад, ва ду точка ҳам мешавад.

Рӯзе мард, ба Устод савол медиҳад, чаро оилаамро ба кор не гуфтед?
Сабабашро гуфта метавонед?
Устод;
Агар шумо ҳамсаратонро ба кор гиред, маъош намедиҳед!
Агар шахс ба касе маъош диҳад, боз худро тавоно ҳис мекунад!

Ҳамма шахс, оҳиста оҳиста, қадам, ба қадам пешрави мекунад.
Агар!!!
Мақсад дошта бошад.
Дируз ин мард 3800 с намерасад, фикр доштанд!
Имруз қаҳрамон шогирди мо
Аз 100 000 с боло гап мезананд.
Дар муддати як сол.

Ҳамма пасандоз карда метавонад.
Агар каме сарфи пулҳоро реглофка созад.
Муддати кӯтоҳ каме дар роҳи ҳавас азоб мекашад, лекин вақте чашмае барои доими даромад сохт, ба ҳамма орзуҳои калонтаринаш оссон мерасад!
👍21💯4👏21
Пешравии инсон аз мақсадаш вобаста аст.
Мақсадро хурд интихоб кардед, миёна пешрави карда метавонед.
Мақсадро калон гузоред!
Чи қадар мақсад калон бошад, инсон қадам ба қадам бо мадади Худованд ба он мақсадаш мерасад.
Мақсад :
Инсонро ривоҷ медиҳад.
Мақсад инсонро ба ҳаракат медарорад!
Маънои зиндаги Мақсад аст
👍17💯4👏2🔥1
МАҚСАД ГУЗОШТАН!
ВА
БОВАРӢ

✔️Ҳар инсон аз айёми кудаки ба воя расидан, дар қалбаш орзу ва мақсадҳо пайдо мешавад.
✔️Онҳо фикр намекунанд, оё ин орзуҳои ман амали мешавад ё не!
_Лекин инсон баъди калон шудан ба дудилаги роҳ меёбад.
_Агар ба орзу ва мақсадҳояш каме дертар расид, ё ба вақти хостааш нашуд!
_Зуд дилмонда мешавад, ва аз мақсадҳояш даст мекашад!
_Браян Трейси мегуяд:
_Ман орзу кардам, дар 30 солагиам миллионер мешавам.
_Аммо нашудам!
_Гуфтам ;
_Дар 35 солагиям!
_нашуд !
_Дар 40 солагиям ба ман фаҳмишҳои паи ҳам меомаданд.
_ Фикр мекардам муваффақҳо бо кадом роҳ муваффақ шуданд, миллионерҳо бо кадом роҳ миллионер шуданд, онҳо аз ҳеҷ чиз чи хел ба самти муваффақи расиданд.
_ Ман ба чунин роҳ даромадам, бо онҳо пайвастаги ро оғоз кардам, меомухтам,ҷусту ҷу мекардам.
_Лекин ба милардери расиданамро худ ҳис накарда мондаам мегуяд.

✔️Агар мақсад аниқ бошад, инсонро Аллоҳи меҳрубон ба суи мақсадҳояш бо ҳар сабаб роҳ мекушояд.

✔️Бодо Шефер вақте аз Устодаш дарс мегирад.
_ Устод мегуяд;
_Дар як моҳ чанд пул даромад кардан мехоҳи?
✔️Бодо Шефер 2000 доллар мегуяд.
_Устод дар ғазаб мешавад.
_Ба пеш ё қафои ду ягон рақам гузор!
✔️Бодо Шефер ба қафои ду рақам гузоштан бовариаш намеояд, ва дар пеши ду якро менависад.
_Устод мегуяд, дар як моҳ 12000 доллар даромад кардан мехоҳӣ?
Бале:
_Устод мегуяд;
12 ро ба ду зарб зан!
Ба болои 12×2=24
_Ба 24 +1ро ҷамъ сохта росткор даромад навис!
_Вуҷуди Бодо Шефер ро тарс фаро мегирад, ва нобоварона ба мақсаддафтараш дар як моҳ 25000 доллар даромадашро менависад.

_Бодо Шефер баъди 2,5 сол ба мақсадаш мерасад.
_ Яъне дар як моҳ ин миқдор даромад мекунад.
_Ӯ мегуяд мумкин ман ба мақсадам тез мерасидам!
_Лекин !!!
_ Дар дили ман аз ин миқдор даромад тарс ва нобоварӣ ҷой дошт.
_Инсон ҳамон вақте тайёр аст, ба ӯ роҳҳо кушода мешаванд.

_Аз мақсадҳоятон дилмонда нашавед, агар дер амали шавад ҳам!!!
👍23💯3🏆2🔥1