Умеди Нав
1.12K subscribers
280 photos
112 videos
109 links
Download Telegram
ШУНИДА ТАВОНИСТАН.
👍3👏2
Дар дунё аз ҳамма душвортарин амал шунида тавонистан аст.
Мо мешунавем, узви шунавои дорем.
Лекин!!!
Дар оила ва кору пешравӣ, ором якдигарро шунидан аз ҳамма душвортарин кор аст.
👍1
Якто хатогии шунида натавонистан, оилаи солимро пароканда карда метавонад. Ва як шахсро дар кору пешрави бадтарин ноумед карда метавонад.
👍3👏1
Инсон дар ҳамин роҳ ба Илм ниёз дорад, ба Худшиносӣ вобастагии калон дорад.
Чи қадар роҳҳои пурпечу тоб, решаи он дар худди инсон аст.
Имруз,,,Дарси асосӣ ва беҳтарин ро бо тариқи смс ба акаи Нарзулло ҳадя мекунем.
Дар зиндаги ин дарс ро бо амал иҷро намоед, ва зиндагии беҳтарин ро лоиқ шавед.
👍3🏆2👏1
Дӯстони азиз.
Аз имруза дарс чизе ба худ гирифта тавонистед?
Яъне сабаби якдигар нофаҳми на пул асту, на дигар.
Фаросат беҳтарин сифати инсони буда қимматтарин, ва пурарзиш тарин ҳаёт дар он ҷойгир аст.
💯6👍4
Forwarded from Бибичон Латифзода
Мо якдигаро намешунавем,ки ба чунин холат дучор мешавем
Ғолиби имрузаи мо
Акаи Нарзулло.
Шуморо табрик мегуем.
Дарси асосӣ ва беҳтарин ба шумо ҳадя месозем.
👏5👍2
Ассалом алейкум
Дӯстон ва ҳамватанони азиз!
Рӯзатон ба хайру қалбатон пурнур бошад.
Ба ҳар яко яки шумоён саломатию сарбаландӣ мехоҳем.
9👍5🤝1
Фаросат чист?
Ва дар ҳаёти инсон чи нақши муҳим дорад?
👍1🔥1👏1
Дируз мо бо шумоён дар бораи Фаросат дарс гузаштем.
Лекин чи будани Фаросат барои ҳамагон як дарси асосӣ аст.
👍5🔥2
Касе ҷавоби дуруст медиҳад, як дарси асосӣ ва беҳтарин барояш аз "Умеди нав" тариқи смс ҳадя мешавад.
👍5
Вақте ки мо калимаи ФАРОСАТ ё БЕ ФАРОСАТ ро мешунавем. Вуҷуди инсон ин калимаро бад қабул мекунад.
Ба фикри аксарияти одамон чунин меояд.
Яъне бо Фаросат симои инсони хубро акс медиҳад.
БеФаросат як инсони чиркин,бесаранҷом, ноӯҳдабаро, бадзабон,ва бадбинро акс медиҳад.

Чаро?
Барои он ки фаросат калиди ақл аст.
Яъне равшанфикрӣ.

Ҳар шахсе ки равшан фикр карда метавонад, дур андешида метавонад. Худро аз тамоми одатҳои бад идора карда метавонад.
Идора кардани ҳар як шахс худро, аз фаросат вобастагии калон дорад.
Сифати инсонро фаросаташ нишон медиҳад.

Мо чи қадар беруна, яъне зоҳиран ба худ эътибор диҳем, аз ҷиҳати пӯшидан, гаштан, дорои, агар фаросати мо бедор набошад!
Ин ҳамма ҳеҷ аст.

Фаросат дарунан, яъне ботини мисли виҷдон масъулият дорад.
Аз ҳам ин сабаб инсоне ки худро мешиносат, ва фаросати худро бедор месозад.
Шахсияти касеро поймол карда наметавонад.
Инсонро "Фаросат " инсони ҳақиқи месозад.

Агар аз фаросат дар ҳаёти оилавӣ ва дар кору бизнес дар ҷомеъа кор барем.
Ҳар лаҳза ба ҳаёти инсон равшанӣ ва пешравӣ ҳосил мешавад.
Фаросат инсонро дар тамоми ҳолат бо ороми идора мекунад.
👍7💯7
Forwarded from Ardasher
Фаросат қобилияти одамро ба дарки нозукиҳо, дуруст фаҳмидани аҳвол ва масъалаҳо, инчунин тавонмандии пешгӯӣ кардани натиҷаҳо меафзояд. Ин як хусусияти равонӣ аст ки ба ҳикмат, дониш ва таҷриба дар зиндагӣ вобаста мебошад. Касоне ки фаросат доранд, маъмулан қодиранд ки дар муносибат бо дигарон, дар ҳалли мушкилот, ва дахлдорӣ ба қарорҳои солим, амали нек анҷом диҳанд. Инчунин фаросат бо хирад, бо пайравии усулҳои ахлоқӣ ва бо масъулиятшиносӣ наздик аст.

Дар шароити гуногун, фаросат метавонад аз шахс ба шахс фарқ карда, ба вижагиҳои шахсият, фарҳанг ва тарбия вобаста бошад. Он ҳамеша ба вақте ки қодир бошед ки хуб фикр кунед, сабрвор бошед ва рӯйдодҳоро аз дидгоҳҳои гуногун арзёбӣ кунед, муҳим аст.
💯9👍5
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
ЗИНДАГИ ЯК РАНГ ДАР ДИЛАМ ЗАД!

{ УМЕДИ НАВ }

"Равоншинос "
Ҷамшед Рузимуродов.

Рӯзе як мард назди Устод меояд, ва маслиҳат мепурсад.
_Устод зиндаги якранг дар дилам зад!
На дар хона хурсанди дорам,ва на корҳоям пеш мераванд.
_ Чи маслиҳат медиҳед?
_ Устод мегуяд;
_ Бисёр тар шуморо чи фикр азоб медиҳад?
_ Мард мегуяд;
Чеҳраи дурушти ҳамсарам, ва номуросогии фарзандонам!
Вақте аз дар медароям,чеҳраи ҳамсарам он қадар дар назарам дурушту бад метобад, садояш гуш харош аст, ва симои фарзандонам мисли тимсоҳу калтаканавса барин!
Он қадар оилаам дар назарам хунуку шум метобад!
_ Устод оромона мегуяд;
_ Чи мақсад доред, ва чи андеша дар бораи зиндагии хушбахтиро дастрас шудан!

_ Мард мегуяд;
Зани дигар гирифтан мехоҳам!
_ Устод,,, бо гирифтани зани дигар бовари доред, ки хушбахт шуда метавонед?
_ Албатта мегӯяд мард!
Устод модом ки назди ман барои маслиҳат омадед, тавсия медиҳам баъди се моҳ зан гиред!
То давоми се моҳ шумо гуфтаҳои маро иҷро месозед!
Мард рози мешавад.

Шарти аввал!
Пагоҳ ҳамсар ва фарзандонатонро ба саҳро мебаред,як ҷои кушод ва барҳаворо интихоб мекунед, аз бозёфт чизе барои хурдан мегиред, ва фардо чи кор кардед!
Натиҷаашро ба ман мерасонед!
_Пагоҳи мард гуфтаҳои Устодро иҷро мекунад, ва назди Устод он чизе шуд нақл мекунад.
Яъне; Устод фарзандонам то бегоҳ бо тамоми ҳасти бози мекарданд, ки бегоҳ ба зур хона овардам.
Лекин
Аз ҳамсарам хело тарсидам!
Баробари ба саҳро баромадан вақте қолинчаро паҳн карда зану шавҳар нозу неъматҳоро ба дастурхон гузоштем,ҳамсарам каме дар атроф бо диққат назар карду он қадар хандаи даруна кард, то бегоҳ на майли чиз хурдан карду на бо ман ҳамсуҳбат шудан, худ аз худ механдиду, механдид, дарунан ва ором, на то бегоҳ балки ба хона омадем ҳам чунин ҳолат давом дорад, ҳамсарам ба бемори дучор шуд?
Ё чи сабаб ӯро ба ин ҳолат овард?
_ Устод боз бо ороми мегуяд;
Ҳафтаи оянда боз чунин оилавӣ ба лаби дарё равед!
Яъне ҷои сайр карданро иваз кунед, ва рузи дигар ба ман натиҷаашро расонед!
Ҳафтаи оянда онҳо боз чунин ба сайр мебароянд, ва рӯзи дигар боз назди Устод воқеъаро нақл мекунад.
_ Устод, фарзандонам аз хурсанди дам ба дарё оббозӣ мекунанд, дам ба атроф даву тоз.
Лекин
Ҳамсарам...
_ Устод давом диҳед, чизе шуд бе пӯшида бигӯед!
_ Устод,,, ҳамсарам дар лаби дарё он қадар бо ороми гиря мекард, ҳатто ҳис намекард, ки ман дар наздаш ҳастам.
На завқи хурдан карду на завқи сайри лаби дарё.
Устод;
Шумо дар ин ҳолат чи кор кардед?
Рости мехостам оромаш созам, лекин гуфтаҳои шумо дар ёдам расид, ба ҳоли худ гузоштам,лекин он қадар дилам ба ҳолаш сӯхт.
Худ намедонам ин қадар гиря дар бораи чист?
_ Устод, сабабашро дар охир мефаҳмед!
Ҳафтаи оянда ҷои сайр карданро иваз намоед.
Яъне дар баландиҳо бароед!
Ҳар бегоҳ ё дар ҳар чанд руз ба кудаконатон аз савдоятон чизе оред, ва БА ТУ ҲАДЯ ОВАРДАМ... бигуед.
Ҳафтаи оянда онҳо ба кӯҳ, ба баланди баромаданд. Ва рӯзи дигар боз назди Устод нақл кард.
_ Устод фарзандонам дар баланди худро он қадар қавӣ ҳис карданд, ки ба худ бо ифтихор
Ман муваффақ шудам, ман аввалин баромадам,чунин хурсанди мекарданд.
Лекин!
Боз ҳамсарам...
Ин дафъа ҳамсарам ба баланди баромад, аз боло ба поён нигоҳ карда ба фикр фурӯ рафт, аз ҳолаташ пурсон шудам.
_ Гуфт;
Илтимос халал на расонед, каме ором фикр месозам.
_ Боз Устод ҳафтаи оянда маслиҳати сайр карданро ва иваз кардани ҷои сайр ро, яъне ба пасти ( ба поён) пешниҳод дод!
Он ҳо ба пасти сайр карданд.
Ва боз рузи дигар нақли натиҷаҳо буд.
Устод фарзандонам ба пасти гирди дастурхон такя зада бароҳат бо ҳам, орзу ва мақсадҳояшонро дар оянда мегуфтанд, ки мешаванд, ва чи гуна мешаванд.
Ҳамсарам, он рӯз баъди чорум сафар ба чеҳраи ман оромона назар карда, каме табассум кард, ва оромона суҳбати кӯтоҳ мекард.

Хулоса;
аз байн як моҳ гузашт!
Моҳи дуюм :
_ Устод онҳоро дар маркази шаҳр сайр карданро тавсия кард!
👍15💯4🔥2👎1
Forwarded from Jamshed Ruzimurodov
Мард ;
Чунин кард, ва натиҷаро рузи дигар расонд.
Фарзандонам худро дар оянда тасаввур мекарданду, бо ҳам оромона суҳбаткунон қадам мезаданд.
Ҳамсарам,,, аҳён аҳён ба роҳгузарҳо диққат медод, ва ба худ назар мекарду чизе намегуфт.
Боз ҳафтаи оянда ба мағозаву бозор сайр каданд.
Баъди гуфтани сайри бозор, Устод, савол дод.
_Чизе хариди?
_Барои ҳамсар?
Мард дар ҷавоб не гуфт.
_ Устод гуфт боз ҳафтаи оянда ба бозору мағозаҳо.
Мард ин корро ҳам ба гуфтаи Устод иҷро кард, ва рузи дигар нақл кард.
Устод... Ҳамсарам, гарчанде баъди оиладор шави боре ҳам бо ман дар мағоза наомада буд, лекин баъди иҷозат додани ман, он қадар либосҳои беҳтарин интихоб кард, ва дар чеҳраи ӯ хурсанди ро эҳсос кардам.
_Устод ҳафтаи ояндаро дар беҳтарин ошхона ё ресторан, ё кафей тавсия дод.
Мард чунин вазифаро низ бехато иҷро кард.
Аз байн дувуним моҳ гузашт, моҳи сеюм хело наздик буд.
Устод пурсид;
Баъди ин қадар сайру саёҳат бо оила,чи навигари,яъне чи дигаргуни дар зиндагӣ пайдо шуд, ё ҳис кардед!
Дар корҳои савдо, яъне дар бизнес чи натиҷа?
Мард гуфт, савдоям ба дараҷаи олӣ пешравӣ дорад, каме қарздор будам, он ҳам давоми дуюм моҳ чи хел озод шудам, худ нафаҳмидам.
Мард бо завқ гуфт;
Устод
Ҳар бегоҳ фарзандонам маро бо як эҳтиром пешвоз мегиранд, ва мехоҳанд ман бо онҳо каме бо сӯҳбат бошам.
Фарзанди бадтарин медидаам,маро дар оғуш гирифта мегуяд, ки шумо беҳтарин падар ҳастед.

Ҳамсарам бошад, бо ман он қадар самими аст, ва муҳаббату эҳтиромашро барои гуфтан забон оҷизи мекунад.
Устод,,, каме фикр мекунад, ва мегуяд, шумо дар ҳақиқат падари беҳтарин ҳастед, ва шавҳари тавоно, ва ҳам инсонӣ хуб.
Шумо тавонистед ҳамма шартҳоро иҷро карда.
Инак аз байн се моҳ гузашт!
Шумо метавонед, зани дигар гиред.
Пайғамбарамон ҳам чанд то зан гирифтаанд. Барои мардҳо иҷозат аст.
Лекин!!!
Дар ин хонае ки ҳамсар ва фарзандонатон ҳастанду, зиндагии осуда доранд, ва ин хонаи дари шумо ба онҳо таалуқ дорад!
Шумо худ метавонед, ба дигар ҷой равед, ва орзуи худро бароварда созед!
Мард аз ин суханони Устод, каме хиҷолат мекашад, ва мегуяд, дар муддати се моҳ, ман аллакай фикрамро дигар кардам.
Устод бо табассум
Оффарин!
Шумо агар ҳамон вақт зани дигар мегирифтед, он занро ҳам ба ҳамин симои зишт меовардед.
Чунки ;
Хатоги на ба ҳамма занон аст!
Балки мо мардҳо баъзан
МАСЪУЛИЯТ- и худро дуруст кор бурда наметавонем.
Ба худ савол диҳед!
Кадом вақт, ва бори охир, ё чи қадар вақт шуд, ки бо аъзои оила дар сайри оилавӣ баромадед!
Ё бо назари Меҳр ба оила назар кардед.
Мо мардҳо мехоҳем.
Лекин!!!
Дар оила ҳамсари мо ва фарзандони мо ҳам хурсандӣ мехоҳанд,ба онҳо ҳам, зиндагӣ якранг оссон нест, қалби онҳо ҳам дард дорад, лекин онҳо мисли мо озод нестанд!
Онҳо дар зиндагӣ мӯҳтоҷи мо МАРДҳо ҳастанд, Худованд ихтиёри оила, яъне ҳамсар ва фарзандро бар зиммаи мо М АРДҳо гузошт.
Душвор аст, ба оила чунин эътибор додан, албатта хело душвор аст.
Як чизе ноаён намегузорад, МАРД бо ҳамсари худ, ва фарзандони худ бо муҳаббати самими бошад!
Ҳамон,чизе ки ноаён моро намегузорад, ин макри шайтон аст, мехоҳад МАРДи Худо роҳгум занад, мехоҳад номуросогиро дар байн орад, мехоҳад як банда ноумед шавад, ва мехоҳад яке сӯзаду дигаре сазад!!!
Агар инсон Худро шиносад, ва равшанфикр бошад, аввалин дараҷа барои ӯ оила аст!

Агар мард, МАСЪУЛИЯТашро дуруст истифода барад, яъне МАСЪУЛИЯТИ худро донад, бадтарин зан нек мешавад, ва безебтарин зан зебо мешавад.
Тақдирҳо аз ҷониби Худованд, навишта шуда, ва роҳи ҳал дорад.
Лекин!!!
Мо ҳам дар ин ҳолат,баъзан роли асосиро дар МАСЪУЛИЯТ дорем!!!

ОИЛА МУҚАДДАС АСТ!!!
💯22👍7🔥3🏆2
Фикрҳои худро дар бораи оила ва бизнесу пешравиҳо нависед дӯстон.
Фикрҳои шумо ҳам барои ҷамъият фоидаовар аст!
Танҳо беғаразона ва фоидаовар, барои равшании фикрҳо!
👍10