Умеди Нав
1.12K subscribers
280 photos
112 videos
109 links
Download Telegram
АССАЛОМ АЛЕЙКУМ.
ДӮСТОНИ АЗИЗ!
РУЗАТОН БА ХАЙРУ
ШОДӢ БОША.

ПАГОҲ ДАР ДУШАНБЕ, ТРЕНИНГ БАРГУЗОР МЕГАРДАД. ХОҲИШМАНДОН МЕТАВОНЕН ИШТИРОК НАМОЕН. ТРЕНИНГ БЕПУЛ АСТ. МЕТАВОНЕН ХУДРО БАРОИ ТРЕНИНГ НОМНАВИС КУНЕН!
_Зиндагӣ на азоб асту на хушбахтӣ!
_Ҳаёт як матои холист ва шумо бояд худатон дар робита ба он рассом бошед!
_ Рассоми ҳам таваккали нест!
_ Ҳар як расм ба худ маънои бузург дорад!
_ Рассоми, дар зиндагӣ ин ҳадаф( мақсад) аст!
_ Зиндагии шахси бе ҳадаф, мисли баҳри ором, хомушу якранг аст!
_ Баъзе аз даст додан метарсанд!
_ Баъзе дар ҳақиқат куллан аз даст дода, боз идома медиҳанд!
_ Ҳаёт ду роҳ дораду, ду интихоб!
_ Роҳи аввал, интихоб асту, мақсад асту, таваккал👆
_ Роҳи дувум, тарс асту, шубҳа асту, нобовари аз азал!
💯13👍622
_Чӣ қадар сухан аз Мавлоно бигӯем кам аст.
_ Воқеан чун " Маснавии маънавӣ" ба даст мегирам, оламе ба рӯям боз мешавад.
_Беҳуда нест,ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар васфи "Маснавӣ" мегӯяд:

_Ҳар ки хонад "Маснавӣ"- ро субҳу шом!
_Оташи дӯзах бар ӯ гардад ҳаром!
_"Маснавии маънавӣ"- и Мавлавӣ
_Ҳаст Қуръон бо забони паҳлавӣ

✔️Ин нуқтае, ки аз " Маснавии маънавӣ" хондам, бисёр ҷолибу айни муддаост:


_Гар ту санги сахраву мармар шавӣ!
_Чун ба соҳибдил расӣ, гавҳар шавӣ!
_Меҳри покон дар миёни ҷон нишон!
_Дил мадеҳ, илло ба меҳри дилхушон!
_Кӯйи навмедӣ марав, умед ҳаст!
_Сӯйи торикӣ марав, хуршед ҳаст!
👍193🔥1💯1
МАРДИ НОБАРОР!

Марде дар зиндагӣ роҳгум мезанад, ба кадом коре машғул шавад ҳам, доимо нобарор мешавад, ва ниҳоят бе кору бе даромад мемонад.

Рӯзе назди Устод меравад;
_ Устод ман нобарор ҳастам, аз ӯҳдаи ягон кор баромада натавониста истодаам.
_ Ҳеҷ дар зиндагӣ роҳи худро наёфта истодаам, бе ниҳоят вазнину дилгирам.
_ Устод дар ҷавоб;
_ Хонаатонро тозза кунед!

Мард дар хона меояд, ва ба худ мегуяд;
Ман аҷоибам_ барои чи ба назди Устод рафтам?
_Чизе ба гуфтан намедонад!

Аз байн чанд муддат мегузарад, ҳолати мард як хел, балки бадтар ҳам мешавад.
Боз як маротибаи дигар ба назди Устод меояд.
_ Устод ман ягон роҳи пешравӣ надорам, дилгирам, аз зиндагӣ безор шуда истодаам.
_ Чи маслиҳат медиҳед!
_ Устод хонаи худро тозза кунед, аз чизҳои нодаркорӣ, то сабукиро эҳсос кунед, ва роҳҳоро дида тавонед!

_Мард роҳравон худро хело таҳқир мекунад, барои чи, ман боз ба назди ин Устоди бесавод омадам?
_Чизе намедонад!
_ Чи хел мардум назди ин Устод омада маслиҳат мегиранд, ва ба натиҷаҳои беҳтарин дастрас мешаванд?
Мард ба хонааш хело фикр мекунад, ва як бора фикре ба сараш меояд.
_Хонаро як тозза кунам аз чизҳои нодаркорӣ!
Як не ду маротиба ин суханҳо ба ман омад. Ӯ бо техника бисёр сару кор дошт, ва асбобҳои чандинсола дар хонааш занг зада ҷойро банд карда буд.
_Мард хона ва таҳхонаашро чунон тозза мекунад, ки ягон чизи нодаркор боқӣ намемонад.
_Рӯзи дигар ҳамсоя дари мардро мекӯбад,ва кор пешниҳод мекунад.
_ Ҳамсоя шумо техникаро хуб мефаҳмед, аз сабаби сер кори баъзан ба корҳоям расидаги карда натавориста истодаам.
_ Шумо кор накунед, танҳо техникаҳои маро сари вақт назорат карда истед, аз хостаатон зиёдтар маъошатонро медиҳам!
_ Мард корҳои ҳамсояро сидқан ба пеш мебарад.
_ Рӯзе ҳамсоя ба мард мегуяд, шумо хело кораторро ба дараҷаи олӣ пеш бурда истодаед, шумо аз ин кор ҳиссаи калон доред, корҳои ман ба авҷ баромад мегӯяд.

Хулоса;
_Он мард назди Устод меояд, ва аз ҳолатҳои зиндагияш хабар медиҳад.
_ Устод мегӯяд, ки баъди хонаатонро аз чизҳои нолозима тозза кардед, худро чи гуна эҳсос кардед?
_ Сабукии беҳтаринро!
Мақсади гапи ман, хона ин фикри инсон аст, ва таҳхона зери шуури инсон аст!
_ Яъне хона ва фикр ҳарду як маъно дорад!

_ Агар фикри инсон аз ҳамма чизҳои нодаркорӣ тозза бошад, имкониятҳо барои инсон ҳамеша буд, ва ҳаст!!!

Маънои гап ин аст, ки маслиҳатро гирифта бовар накардан, ҳеҷ аст!
Маслиҳатро гирифта ба амал шурӯъ кардан, натиҷа аст.
👍33💯8🔥21
ҚАРЗДОРӢ❗️
ВА ЯКЕ АЗ РОҲҲОИ ОССОН ОЗОД ШУДАНИ ОН.


Инсон то қарздор нашавад!
Ширинии ҳаётро ва қимматии вақтро ҳис карда наметавонад.

Қарздорӣ калимаи вазнин буда, баробари шунидани ин калима вуҷуди инсон эҳсоси бади мекунад.


Қарздорӣ ҳам хуб аст, ва ҳам бад!
Хубиаш инсонро бедор мекунад, ва ба қадри ҳаёту зиндагӣ фаҳмиш мерасонад. Фарқияти неку бад, ва сиёҳу сафедро меомузад!
Инсони қарздор то дарди қарздориро набинад, аслии худ, ва атрофиёнашро шинохта наметавонад.
Асосаш чи будани неъмати Иллоҳиро сидқан сарфаҳм намеравад!

Бадиаш инсони қарздор, аввалин, нотавониро ба худ иҷозат медиҳад.
Қомати инсони қарздор ба худ номаълум, каме хамида мегардад,яъне сари инсон бо фикрҳои беҳуда ва маълумотҳои но лозима пур ва вазнин мешавад, ки сар беихтиёр доими поён мешавад. Ягон инсони қарздор сарашро озод бардошта худро сидқан сабук ҳис карда наметавонад, ва доими,бо фикрҳои но умеди шабро руз, ва рузро шаб мекунад.
Калимаи "қарз" аввалин фикри инсонро бо негативҳо иҳота карда мегирад, ки дар натиҷа инсон лаҳза ба лаҳза худро нотавон, ва хаста месозад!

Роҳи аз қарз баромадан!!!

1. Аввалин вазифаи инсони қарздор, қомати худро рост карда тавонад, яъне гардан вазнинии сарро ҳис накунад!
Вақте қомат рост бошад,сарбаланд бошад, инсон фикри бад ( негатив) карда наметавонад. Бисёртар дар ҳавои тозза танҳо қадам задан, руҳашро сабук ва имкониятҳоро ( идеаҳои нав ба навро) дастрас мешавад. Он гоҳ ҷисми инсон оззод ва сабук шуда, роҳҳои кушодаро дида метавонад.

2. Қарз ҳеҷ гоҳ аз ҳаёти инсон тез ва ОССОН намеравад.
Агар инсон қарзро душвор ва вазнин фикр кунад!
Чи қадар қарзро ОССОН фикр созед, ҳамон қадар роҳи оссон ва имкониятҳо пайдо мешавад, ки қарзҳоятон астанавит карда, ба фикри шумо дигар қарз нагирифтан пайдо мешавад, ва оссон аз қарз озод мешавед, дар ҳолати худ бехабар.

3.Инсон чи қадар худро хурсанд ҳис карда тавонад, мушкилиҳо аз ӯ дур мешавад!

Дар ҳаминҷо ба шумо савол пайдо шуданаш мумкин, ки инсони қарздор чи гуна хурсанд шуда метавонад?

Албатта ин фикри шумо дуруст аст.
Лекин!!!
Қарз ҳам аз фикри инсон вобастагии калон дорад.
Дар фикри шумо ғамгинӣ аст?

Қонуни ҳаёт чунин аст!
Зиққи зиққиро меорад, ва хурсандӣ шодиҳоро низ!

Баъзан қарзҳо солҳои тӯлонӣ давом мекунанд, то ба инсон фаҳмиш ояд, ва чизе омӯзад.

Қарз ҳеҷ гоҳ ба ҳаёти шахс таваккал ва бесабаб намеояд!

Сабақ додан , ва роҳҳои муваффақиятро омӯзондан мехоҳад!

Қарздорӣ хело дарди вазнин буда, қалби инсонро бо ин дардаш пурқувват месозад, ва роҳи пешравию муваффақиятро мекушояд.
Истеъдоди Худододиро ( бедор) муаян месозад. Қалбро аз ҳастияш 👆сидқан огоҳ мекунад.

Агар шумо қарздор ҳастед, қарзи худро бо вазниниҳояш тан гирифта, қабул созед, шикоят, ва норозигиро аз худ дур сохта ва ҷисми худро сабук созед. Ба миннатдории 👆 ҳаёт пайваст шавед. Дар ҳолати худ бехабар роҳҳо ва имкониятҳо пайдо мешаванд, ки шумо аз қарз оссон озод мешавед!
Роҳи асосиатонро дида метавонед!

Барои ин кор асос бовари лозим аст!!!

21 руз ба худ сидқан хурсандӣ ва миннатдориро вазифа кунед, ва натиҷаашро бо мадади Худованди меҳрубон ҳис кунед.

99% инсонҳои миллионер аз дарди қарз, қувва ва тавонои пайдо карданд, ва имрӯз сабаби пешравию тавоноии онҳо қарз мебошад, ки бо ҳамин азоби қарз бо сабру дурандеширо омухта тавонистанд!
Қарз одамро инсон месозад, ва бовариро ба 👆ягонагияш сидқан мекунад.

Ҳар лаҳза имкон доред, аз қарзҳоятон миннатдор шавед, то фардои дурахшон дошта бошед дӯстон!
👍254💯3👏1🏆1
ПУЛ

Идора кардани пул, ва дастрас шудан ба беҳтарин ҳаёт!

Мо пулро асосии ҳаёт мешуморем.
Лекин!!!
Пул бо ду роҳ ба мо асосии ҳаёт шуда метавонад.
1.Идора карда тавонистан!
2.Роҳи сарф карданро донистан!

Мо кадом вақт пулро идора карда метавонем?
Ҳамон вақте ки равшан фикр карда тавонем!

_____
ТУХМИ СЕБ, ДАВОИ АҚЛ ШУД!

Як марде буд, доимо даромади хуб дошт.
Аммо баракат надошт.
Хело ҳунарманд буд, ва бо ҳар ҳунараш даромади калон ба даст оварда метонист.
Лекин на пасандоз дошту на ҳолати молявиаш зиёд буд. Ба гуфтаи баъзеҳо чандин сол зиндагии як ранг дошт.
Рӯзе аз назди бозор роҳгузар буд, ки бо овози баланд марде
Киии тухми себ мехараааад.
Тухми себ давои АҚЛ аст... мегуфт.
Мард бори аввал мешунид ки тухми себ ҳам ба инсон дори бошад, ё бори аввал фурӯши тухми себро мешунид.
Мард дар ҳайрат шуда назди фурушанда омад, ва савол кард.
Тухми себ чи гуна дори аст?
Фурӯшанда гуфт:
Ақли инсон медарояд!
Ӯ аввал нагирифтани шуд, ки ақли ман дар ҷояш аст.
Мард одати доимо ба ҳар чизи дар кори ва нодаркори(касе таъриф кунад) худро идора карда наметавонист, ва пул сарф мекард.
Боз ба тухмии доначаҳои хурдакаки себ хело нигоҳ карду , ба ман чор дона тухми себ диҳед.
Як донааш 20 сӯм буд, харидори кард.

Ва чор дона тухми себро бо диққат хурду чизе нафаҳмид,ба худ гуфт наход ман ҳамин чор донаи худакакро ба ҳаштод сум харам!
Ба фурӯшанда гуфт:
Наход ман ба ҳамин чизи ночиз ҳаштод сӯмро ҳайф кардам.
Фурӯшанда мардро табрик кард, ки ақли шумо чи қадар тез даромад...
Мард аз ин ҳолат ба завқ омада ,
Боз панҷ донаи дигар хариду хурд.
Ин дафъа ҳам боз сахттар пушаймон шуд, ва худро назди фурӯшанда маломат кард.
Фурӯшанда гуфт, боз як донаи дигар харида хуред,ақлатон пурра медарояд!
Чи хел ?
Гуфт он мард.
Чунки шумо нӯҳ дона тухми себ харида хӯрдед, ва ҳоло ҳам дар назди ман ҳастед!
Боз як донаи дигар харида хӯрду он қадар дарунаш ба дусад сумаш сухт, ки бо тамоми ҳасти аз назди фурӯшанда дур шуд.
Ва чашмонаш гӯё кушода шуд, ки чи қадар пулҳояшро бо чунин роҳҳо барбод додааст.
Аз ҳамон рӯз сар карда ба пулҳояш эътибор доданро сар кард, ва даромадашро бо баракаташ пайдо кард. Ҳам пасандоз карда тавонист, ва ҳам ба зиндагии беҳтарин дастрас шуд.

Хулоса ;
Зиёд шудани
Пулҳои мо дар зиндагӣ, аз худди мо ҳам вобастагии калон дорад.
Барои идора кардани пулҳо аввал фикри равшан лозим аст, ки чи чиз ба мо дар ҳаёт лозим аст, ва Ки ба ҳаёти мо муҳим аст!
То мо ин ҳолатҳоро ҳис карда натавонем,роҳи муваффақиятро дастрас шуда наметавонем!
Сарф кардани пулҳо ин одати аст.
Лекин!!!
Идора кардани пулҳо ин тавоноӣ аст!!!
______
👍19💯123👏1🏆1
АЪЗОИ БЕҲТАРИН ВА БАДТАРИНИ ИНСОН❗️


📝Луқмони Ҳаким дар ҷавонӣ хидматгори хоҷае буд.
📖Хоҷа дар гуфтори вай осори илм ва ҳикмат мушоҳида мекард.
📜Рӯзе хост ӯро имтиҳон кунад.
_Гуфт:
–Гӯсфанде бикуш ва беҳтарин аъзои онро назди ман ор.
Луқмон гӯсфандро бикушт ва дилу забонаш пеши ӯ овард.
📓Як рӯзи дигар гуфт:
–Гӯсфанде бикуш ва бадтарин аъзояшро назди ман биёвар.
Луқмон бикушт ва боз дилу забон пеши хоҷа овард.
Гуфт:
–Ин кори ту чӣ маънӣ дорад?
Гуфт:
🪞Ҳеҷ чиз беҳтар аз дилу забон нест, агар пок бошад!
🖤Ва ҳеҷ чиз бадтар аз он нест, агар нопок бошад!!!

Хулоса;
Ҳамма тағироти фикр ва ҳаёт, аз қалб ва забон ҳам вобастагии калон дорад!

Қалб пок бошад, руҳия қавӣ мешавад!
Руҳияи қавӣ, нишонаи тавоноӣ аст!
Забон пок бошад,ҳаёту зиндагӣ ширин мешавад!
💯12👍61
ФАРҚИЯТИ НАСИҲАТ ВА ИЛМ!

Фарқияти насиҳат ва илм дар чи аст?

Насиҳат як фаҳмиши бузург буда, зиндагии инсонро ба тартиб ва қоидавӣ медарорад, ва аз хатогиҳои хавфноку пешомади боздоштан огоҳӣ медиҳад.
Лекин!!!
Насиҳат қувваи завқдори кашиши надорад, ҷисми хурду калон, насиҳатро қабул карда наметавонад. Инсони насиҳатшунав ҳангоми шунидан, нафрат пайдо мекунад, нисбати насиҳатгӯ ва атрофиёни он.
Насиҳат натиҷаҳои хуб дорад, аммо ба чашми инсон но намоён аст!

Илм ба худ сири пинҳоне дорад, ки бо шунидан ва амал кардан, аввалин натиҷа қалби инсон равшан мешавад, ва хотирҷамъиро дастрас мешавад.
Илм ба инсон шавқ, завқ, ва тавоноӣ медиҳад!
Дар соҳаи Бизнес ва корбари ҳам чун равшани ба инсон роҳнамо мешавад.
Илм инсонро аз фикри Коргари мебарорад, ва ба фикри Корбарӣ( соҳибкорӣ) лоиқ месозад.
Илм инсонро аз хатогиҳояш қавӣ месозад.

Насиҳат бо роҳҳояш, ки қалби инсонро нашиканад, ҳаёташро месозад.
Илм бо амалҳояш, инсонро ривоҷ медиҳад, то пешраву муваффақ шавад!!!

Хулоса:
Дар ҳаёту зиндагӣ
Илм ва Насиҳат фарқияти калон дошта, ҳарду ҳам ба инсон ҳам чун нерӯ руҳияро қавӣ месозад!!!
💯6👍4
ҲАЗРАТИ МАВЛОНО КИСТ?

Шарқшиноси бузурги фаронсавӣ Ҳенри Мосйе дар ҷашни бознишастагияш дар Донишгоҳи Сорбонни Фаронса чунин гуфт:
_Ман умрамро сарфи адабиёти форсӣ кардам. _Барои он, ки ба шумо устодон ва равшанфикрони ҷаҳон бишносонам.
Ки ин адабиёти аҷиб чист, чорае надорам ҷуз ин ки ба муқоиса бипардозам ва бигӯям, ки адабиёти форсӣ бар чор сутуни аслӣ устувор аст!
-Фирдавсӣ,
-Саъдӣ,
-Ҳофиз,
-Мавлоно.
_Ҳаким Фирдавсӣ ҳамсанг ва ҳамтои Ҳоммери юнонӣ аст ва бартар аз ӯ.
_ Саъдӣ Анатол Франси файласуфро ба ёди мо меорад ва донотар аз ӯ.
_Ҳофиз бо Гётеи олмонӣ кобили қиёс аст, ки ӯ худро шогирди Ҳофиз мешуморад.
_ Аммо мисли Мавлоно ... дар ҷаҳон ҳеҷ чеҳраеро наёфтам, ки битавонам Мавлоноро ба ӯ ташбеҳ кунам.
_Ӯбеҳамтост ва беҳамто боқӣ хоҳад монд, бо Илми Худододааш,ва Худшиносиаш!
_Ӯ фақат шоир нест!
_ Балки бештар ҷомеашинос, қалбшинос, ва равоншиносӣ комил аст.
_ Зоти башар, ва Худовандро дақиқ мешиносад, бо вазифаҳои инсонӣ.
_Қадри дарсҳояшро бидонем, ва аз Илме ки Худованд равшан кард ба Мавлоно.
_Тариқи ҷустан ва дастрасӣ кардан, худро ва Худоро сидқан бишносем...
👍11💯4🔥1
👍32
Forwarded from Умеди Нав
Насиҳати Мавлоно ба фарзандаш Султон Валад:
_Агар хоҳӣ доимо дар биҳишт бошӣ, бо ҳама дӯст шав!
_Ва кинаи касеро дар дил нагир!
_Зеро чун шахсеро аз рӯи дӯстӣ ёд кунӣ, доимо шодмон бошӣ!
_Ва он шодӣ, ҳамон биҳишт аст!
_Ва агар касеро аз рӯи душманию бадӣ ёд кунӣ!
_ Доим дар ғам бошӣ !
_ Ва нафратат бисёр шавад, мушкилиҳоят зиёд гардад!
_Чун дӯстонро ёд кунӣ, бӯстони дарунат аз хушӣ мешукуфад ва аз гулу райҳон пур мешавад!
_Ва чун зикри душманӣ мекунӣ, боғи) дарунат аз хорзору заҳри мор пур гашта, пажмурда мегардӣ!


Хулоса;
Нек будану неки кардан, ҳатто дар фикр, ин худ як биҳиште будааст, то руҳу ҷисми инсон нишонаи софу покӣ дорад, ва дар роҳат аст!
💯8👍53🔥3
Forwarded from Jamila
Ташакури зиёд устоди азиз 💚 факат пул ё чиз ин садака ба хисоб намеравад як сухани хуб ки дунёи одамро дигар мекунад ин садака аст Аллохи меҳрубон хамеша нигахбонт боша 👍🏻
👍10💯21
ХУДРО БИШНОС!

_Айби мардум бипӯш!
_Чунки айбу гуноҳи туро ҲАҚ ҳамеша назди мардум панаҳ сохт!

Сармояи умрро ғанимат шумор !
_ Тоати ҳақро ғанимат дор!


_Наҷоти нафс дар ибодат ҷӯй!

_Дар ҳар коре, ки бошад, ёрӣ аз Ҳақ талаб!

_Нодида маҷӯй айби касон! _Бар айби худ бино бош!

_То напурсанд, магӯй, то нахонанд, марав!

_Баланди ба сабр ҷӯй!

_Аз омӯхтани илм дури маҷӯй!

_Бар тоат ҳарис бош!

_Дар ниҳон беҳтар аз ошкор бош!

_ Даргузар, то даргузаранд!

_ Аз худ лоф мазан!

_Он чӣ наниҳодаӣ, бармагир!

_ Ҳарчӣ ба худ раво надорӣ, бар дигарон раво мабин!

_ Наранҷ, ва наранҷон!

_ Аз мушкилот натарс,балки роҳи ҳаллашро оссон қабул соз!
👍18💯21🔥1
ҲИКОЯИ ИБРАТОМЕЗ!

✔️ Ду марди нобино, дар як роҳе, ки зани подшоҳ мегузашт, нишаста умед мекарданд.
✔️Вақте ки зани подшоҳ мегузашт!
Якеашон мегуфт:

- Худовандо, маро аз фазли худ бениёз бигардон...

Дигари бошад!
Мегуфт :
- Худоё, маро аз фазилати зани подшоҳ бениёз бигардон.

✔️ Зани подшоҳ овози ин ду дарвешро шунида ба шахсе, ки "Фазли Худоро" талаб мекард, ду дирҳам ва ба шахсе, ки "фазилати зани подшоҳ"-ро талаб мекард, ҳар рӯз як мурғи бирён дар дохилаш даҳ динор мефиристод.

✔️ Соҳиби мурғи бирён ҳамарӯза мурғи бирёнро ба дарвеше, ки ду дирҳам мегирифт мефурухт.
Вале хабар надошт, ки дар дохили мурғ даҳ динор аст.

✔️Аз байн даҳ рӯз гузашт, зани подшоҳ назди шахсе, ки фазилати ӯро мехост, омад ва гуфт:
- Оё фазилати ман туро бениёз нагардонид?!

Дарвеш гуфт:
- Чаро?

✔️Зани подшоҳ гуфт:
- Дар ин даҳ рӯз барои ту сад динор фиристодам.

✔️Дарвеш гуфт:
- Не , балки бароям як мурғи бирён мефиристодӣ ва ман онро ба ду дирҳам ба ин гадо мефурухтам.

✔️Зани подшоҳ хандида гуфт:
- Ту ки аз "фазилати ман" хостӣ, Худованд туро маҳрум сохт ва рафиқат бошад аз "фазли Худо" хост, Худованд ӯро бениёз гардонид.

❗️Ибратҳо:
✔️ Шахсе, ки такя ба мардум мекунад, ночор мегардад.
✔️Шахсе, ки такя ба моли худ мекунад, молаш кам гардад.
✔️ Шахсе, ки такя бар илми худ мекунад, гумроҳ гардад.
✔️Шахсе, ки ба Илми Офаридгор амал мекунад, ободии ҳар ду оламро сазовор мегардад!!!

Хулоса:
Ҳар рӯзи мо, ҳар кори мо, ва ҳар нияту амали мо бо номи Худованд аст!
Мо роҳёбанда астем!!!
👍26💯62🥰1
Ассалом алейкум.
Дӯстон ва ҳамватанони азиз!
Рӯзатон ба хайру пурбаракат, ва пур аз Меҳри Офаридгор бошад дӯстон.
18👍8🤝5
ЯКДИГАР НОФАҲМӢ
ДАР ОИЛА ❗️

Имрузҳо дар ҷомеъаи мо ва қариб дар тамоми рӯи дунё якдигар нофаҳми дар оила бисёр шуда истодааст. Ҳатто ба парокандашавии оила ягон тарс нест, дар баъзе оилаҳои ҷавон.

Сабаби асосиро тамоми олимон ва чора ҷӯён дида баромада истодаанд.

Қариб 95% сабаби якдигар нофаҳмиро дар "айбдоркунӣ"-и якдигар дарёфт карданд.
Яъне шавҳар занро айбдор(гунаҳкор) мекунад.
Ва зан шавҳарро!

Аз аввал ҳеҷ кас ва "ҳеҷ гоҳ" хатоги ро аз худ наҷуст, ва намеҷуяд!
Чунки ҳар як шахс худро дида наметавонад.
Ва ҳамма вақт худро Ҳақ мешуморад!

Омадааст;
Аз бузургони мо, ки

Рӯзе ҳазрати Иброҳим баъди чанд вақти хонадор шавии писарашон Исмоъил ( Р) ба хонаи писар меоянд.

Дарро зани Исмоъил ( Р) ба падар мекушояд.
Баъди Салом аз ҳоли писар пурсон мешаванд. Зан шикоят ро сар мекунад, шавҳарам дар кор рафтааст, аз субҳ ба кор меравад бегоҳ дер меояд. Дар хона чизе барои хурдан надорем, зиндагии мо тамоман ҳолати хуб надорад. Ҳатто чорпоён шири дуруст намедиҳанд. Шири он ҳам руз аз руз кам шуда истодааст.
Зан дар ҳоле ки падари шавҳарашро намешинохт,дар марди ношинос шикоят аз тарзи зиндаги кард.
Ҳазрати Иброҳим мегуянд. Шавҳаратон оянд аз номи ман салом расонед,ва бигӯед. Остонаашро иваз намояд!

Бегоҳ шавҳар аз кор хаста бар мегарданд, ва зан имруза воқеъаро баён мекунад.

Исмоил( Р) мегуянд.
Он пир падари ман аст, ва мехоҳанд ман остонаамро иваз намоям. Яъне Остона зан аст, ва бояд ҷавоби туро диҳам, зани дигар бигирам.

Чунин карданд.

Пас аз чанд вақт боз ҳазрати Иброҳим ба дидор бини омаданд, ва боз зан ба рӯи он кас дарро кушод, ва Салом дод. Аз ҳоли шавҳар пурсон шуданд, ки зан бо адабу ҳаё ва забони шукргузори аз зиндагии обод кӯтоҳ ҷавоби аъло дод.
Ҳазрати Иброҳим гуфтанд ба шавҳаратон саломи маро расонед, ва бигӯед ;
Остонаашро бо эҳтиром нигоҳ дорад!
Бегоҳ Исмоъил ( Р) аз кор баргаштанд, ва ин хабари хушро шуниданд, ва гуфтанд он мӯйсафед падари ман аст, ва маънои гап острнаатро (занатро ) бо эҳтиром нигоҳ дор.
Дар зиндагии онҳо меҳр ва муҳаббати ҷорӣ шуд.

Аз ин қисса мо мефаҳмем ки, агар " МАРД" аз саҳар то бегоҳ кор кунад, зиндагиро бар дӯши худ 100% гирифта бошад, дар хона чорпоён ва ё ризқи зиёдатӣ бошад, он вақт мард ҳуқуқ доштааст занро иваз намояд, ё рафторашро бо он зан тариқи ғазаб, ва дигар ҳолатҳо дигар созад.

Агар мардеки зиндагиро дуруст пеш бурда наметавонад, ва ба сари зан шиканҷаҳои зиёд меорад, назди Худованд ҷавобгар аст.

Ин рафтор чанд асрҳо пеш буд.
Дар замони ҳозираи мо ки вазъият гуногун аст. Баъзан мардҳо кор ёфта метавонанд, баъзан наметавонанд, баъзан аз худ моли зиёдати доранду баъзан норасои доранд. Ин ҳолатҳо бениҳоят бисёр аст.

Дар чунин ҳолат мард агар ноомади дорад, ва пулҳояш баъзан норасои дорад, набояд бо зан даргир шавад!!!
___
Зан заифтарин ва мӯҳтоҷтарин офаридаи Худо аст, ки аз ба дунё омаданаш то охири умр, болои сар ҳукмрон ( падар, бародар, шавҳар, писар) дорад. Зан ҳеҷ гоҳ озод набуд, ва озод буда наметавонад. Зан ҳамеша мӯҳтоҷи падар ё шавҳар аст.
Мард дар ҳамма ҳолат МАРД аст.
Пулҳояш норасо аст, лекин тавонои Меҳр додан дорад.
Агар Мард нисбати зан худро "шоҳи одил" тасаввур созад, ҳеҷ гоҳ қасри ӯ вайрона нахоҳад шуд, мегуяд;
Мавлоно
Ҷалолидини Румӣ.

Агар Мард ёбанда асту, дар зиндаги ягон камбуди надорад, ва тамоми шароити занро муҳаё сохт.
Зан он вақт шахсияти шавҳарро по мол сохт, ва ношукри доими дорад.
Агар Мард нахоҳад ҳам, Худованд он занро аз зиндагии чунин мард берун месозад.

Хулоса;
Аз ин қиссаву ривоятҳо
маълум мешавад ки дар кадом ҳолат, як дигар нофаҳми ҳақиқат дорад.

Яъне инсон худашро шиносад, ҳеҷ гоҳ дигаронро айбдор намесозад.
Мушкили дар зиндаги омад, инсони равшанфикр айбдорро не, роҳи ҳаллашро мекобад.

Агар дар оилаи мо тамоми шароит муҳаё асту, оилаамон моро намефаҳмад!
Пас остонаро дигаргун не, балки Илм омӯзонем!
👍10🥰21
Илми Худшиносиро!
То худро шиносад, ва ба қадри неъмати бешумори Аллоҳи меҳрубон шукргузор бошад!
Мардҳо кӯшиш накунем, ки зан мисли мард шуда метавонанд.
Ҳеҷ гоҳ!
Баъзан занҳо аз маҷбурият, баъзан занҳо аз ноилоҷи мисли мард кору фаъолият мекунанд.
Худованд ҳеҷ гоҳ хато накардааст.
Мард ҳамеша, дар ақл, дар тавоноӣ,аз зан як қадам дар пеш аст.
Якдигар нофаҳмиро аввал мард роҳи ҳалашро медонад.

Баъзан мардҳои равшан фикр занро чароғи хона, нури хона меҳисобанд.
Баъзан мардҳое ҳастанд, занро мисли саг посбони хона меҳисобанд!


__
Пушти ҳар марди муваффақ
Як модар ё як зани оқила аст.
Яъне як зани шукргузор!!!
👍10💯5🏆2🔥1
Дар бораи якдигар нофаҳми дар оила, ки сабаби асосиро дар айбдоркунӣ дарёфтем,ки ин ҳам аз каме норасоии Илм аст.


Якдигар нофаҳмӣ!
Ҳам ба саломатӣ
Ва ҳам ба кору ( бизнес) фаъолият ба пешравии инсон,файзу баракат,таъсири бадӣ калон дорад.
Аз инсон оромишро мегирад, ва асабро хаста месозад.

Шумо дар ин бора чи фикр доред, ва сабаби асосиро дар чи мебинед.
Фикратонро баён кунед дӯстон.
👍93💯2🔥1