Умеди Нав
1.12K subscribers
280 photos
112 videos
109 links
Download Telegram
Худшиносӣ

Барои Худшиносӣ синну сол фарқият надорад.
Инсонҳо ду гурӯҳ мешаванд.
Инсони ғафлат ва инсони бедор.
Инсони ғафлат, на дар хоби ғафлат аст, балки аз бедорон ҳушёртар.
Лекин!
Аз Илм аз Худшиносӣ дуртар.
Инсонҳое ҳастанд, ба дунё меоянд,ғафлат аз дунё мераванд.

Инсонҳои бедор киҳоянд?
Ҳамон инсонеки, бо ҷисму руҳи худ шинос аст.
Арзиши худро, ва арзиши қимматии вақти худро медонанд.
Инсонеки худро мешиносад, худро дуст медорад.
Дар қалбаш нисбат ба худ ва Худованд Меҳри ҳақиқи дорад. Дарунан, ва сидқан.
Аз фикрҳои бад, аз зиққиҳо, парешониҳо, ва тамоми одатҳои бад ҷисму руҳи худро тозза нигоҳ медорад.

Инсон дар як руз, ё дар як ҳафта, ё дар як моҳ Худро шинохта наметавонад!
Агар чи донишманди бузург ҳам бошад, балки сол ё солҳо барои Худшиносӣ лозим аст, то инсон асли асосии худро ёбад.
Ҳар як инсон, чи фақир аст, ё сарватманд аст, ӯ азизи Худо аст.
Чунки Офаридгор бо муҳаббати худ тамоми бандагонашро офаридааст.
Барои донистани бузургии Парвардигори созанда, ба инсон Илм намерасад.
То арзиши баланди худро, ки ақли солим дорад, чашмони равшан дорад, муъҷизасо суханрониву садои фаҳмо дорад.
Қимматтарин қалбе,ки дар он ҳисси Худованд аст, ва он қалб аз рузи пайдоиш то ин вақту соат 24 соат беатказ дар таппиш аст, бояд донад.

Инсон барои худро шинохтан, ва аз аслияти худ бохабар шудан, танҳо аз болои худ кор мекунаду бас.
На он қадар кори душвору нофаҳмо.
Балки беҳтарин амал, ки қалбашро хотирҷамъ ва ҳамеша равшан месозад.


Мо дар ин дунё якбора
ба ду роҳ равонем.

Роҳи ҳаёту зиндагӣ
Ва
Роҳи охират.

Инсони Худшинос ба ҳарду роҳ чароғи равшан дорад.
Яъне Илм ва тафаккур ва дониши бебаҳо дорад.
👍143
Дарсҳои Худшиносӣ танҳо калид асту, дарро мекушояд.
Давоми дарро кушода ба дарун даромада фаҳмиш гирифтан аз худди инсон вобаста.
Дарси Худшиносӣ чашми қалби инсонро мекушояд.
Ин чашмонеки ки мо дунё ро ва ҳаёту зиндагиро мебинем,назди чашми қалб хиратар, ва тира аст.
Агар чашми қалб кушода шавад, инсон онгоҳ асли асосии худро мешиносад.
Чашми қалбро Илм мекушояд.
Илмеки амали сидқан дошта бошад.
Чашми қалб ширинии ҳаётро боз ширинтар мекунад.
Зебогии дунё ро боз зеботар мекунад.

Зебогии дунё барои мо неъмати Офаридгор аст.
То мо чи будани неъмати асосиро донем.
8👍5
Forwarded from 👨‍👩‍👧‍👦🚘🏢🛫🇹🇷🛳🚁🗺🛫🏝🌅🌉🇪🇬🏖⛴️🛫🕋 Счастья
Дило гофил зи субхони чи хосил
Мутеьи нафси шайтони чи хосил
Бувад кадри ту аз малоик афсун
Ту кадри худ намедони чи хосил
Эй банда эй дилдор ин дилро худованд додай ба дарунаш зикр кун бо забон зикр кун шукургузор бош каноатманд бош ба тамоми хастият ва бо оллох пайваста бош ин аст инсони худшинос
💯5👍4
Дар бораи Худшиносӣ мо кутоҳ гуфтем.
Маънои асоси ва вазифаҳо дорад.
Вазифаҳои оссон ва ҳамешагӣ.
То инсон худро равшан шиносад.
Аз зиққиҳои беасос ва парешонию дудилаги худро дур созад.
Тан гирифтани сарнавишт ва ҳамеша хурсанду хотирҷамъ будан.
Барои ҳаёту зиндаги ва пешравии кору фаъолият.
👍9💯4
Forwarded from Deleted Account
Асалом алейкум
Имруз аз устоди гиромикадр консультация гирифтам ва бенихояд илмхои фойдаовареро омухтанки ин илм магзи тамоми хасти мо буданшро фахмидам
Минатдор МАН
Шумо низ Харакат кунен ва барандаи консультация ва илмхои бехтарин шавен
🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹
👍151
Forwarded from Гулнора
Во алейкум салом бехтарин Муборак бошад голибият дарсхои устод хеле фоидаовар аст баьдаз дарс гирифтан инсон як намуд сабукиро хис мекуни ва хамаи гамхоят яктараф мешавад ба хама насиб кунад илохим сафи дарсгирандагон зиёд шавад илохо дар ин мохи мубораки рамазон хамаро Аллохи мехрубон хидоят кунад 💖🌹омин! 🤗
👍94💯2
Джамолуддин

Ассалому алайкум Устод
Ман 38сола хастам сохиби 4 фарзанд дар Москва дар сохтмон кор мекунам
Ман пештар носу сигарет мекашидам нерво слаби буд ,дар чахлу чахолат Гута будам ширинии хаёта намефахмидам ,занамро мезадам,кудаконамро низ сахт мегуфтам хатто задагихам хастам онхо духтаранд холо онхо талаби мактаб
Яксол мешадки Шумоя пайгири мекунам ,хаётро аз Шумо камтарам бошад омухтам устодчон худоба шукр мекунам
Холо бошад носу сигарет намекашам ,фикрониам дигар шудаст,мехри зану фарзанду наздикону,шукри онхову,шукри тамоми дунёи хасти бароям
Зиндагиам куллан дигар шудаст
Хиёл мекунам бехуш будам ё дар хоб нав бедор шудам
Фарзандонам,ҳатто дар сухбати телефони аз ман тарсида гапашонро гум мекарданд.

Бо самимият Шуморо дуогу хастам
Бори дигар ташаккур .
Халки мо ба маслиҳати шумо ниёз дорад.
👍186💯3👏1
Forwarded from M O
Аллоҳи меҳрубон устоди моро аз ин ҳам ба қуллаҳои баланд расонанд Омин
👍113
Forwarded from Ашурали Мамаджонов
Бехтарин аз гуфтахои Устод як шумо не якчанд Оила зидагияш Тагир ëфт бехтарин Устод зинда бошед.
👍121
Forwarded from Исмоилхон Нуритдинов
Салом
Бародар,бисёр хуб кайд кардед
Дар даруни ин якчанде,ки шуммо дар назар доред яке аш ман худам .
Аник намедонам гуруханда чанто шогирдои устоз хастанд лекин ман ягонтои онхоро намешиносам шуммоён низ маро немешиносед
Ачоибаш устоз хаммаи моро мешиносанд ман мехохам мохам як калегтив шавим шогирдони устоз харякти мо аз хар минтакахои гуногун хастем ягдигарихомокати дарбораи коромо сухбат куним як гуруххи мустакам шавем ягчоя устозро гуш кунем аз боллои худ коркуния ёд гирем худшиносиро хам ёд гирем боз чикадар сикретхо бошад рози онхоро мо намедонем
Рости гап ман устоз кати яксол пеш хам сухбат шудам аз хамон руз хаёти ман тагир карда истода аст
Аз хамма рузхои сахт таринама ман яг мохи аввал бо устоз паси сар кардам
Худованди мехрубон устозро барои ман фиристод шукр мегуям
Шукр мегуям
Худовандба шукр мегуям
Сабаб ман барои устоз яг шогирд мебошам хам яг калегтив дорам яъне хам курс хо дорам нашиносамам зато дорам вакте ки хаст бо мурури замон мо шинос хам мешавем
Ба устоз ва ёрдамчихои онкас танни сихат умри дароз давлати бегумон мехохам
Ба ахлли гурух мувафакиятхои зиндаги ва илм омузи худоро шинохтан ва Худоро шинохтан
Мехохам.
👍194🥰1
БАРОИХУД ВАҚТ ЁБЕД АЗИЗОН!

❗️Барои аз болои худ кор кардан вақт ёбед!
❗️Дари муваффақиятро ба руятон боз мекунад азизон!
❗️Барои фикр кардан вақт ёбед!
❗️Фикррони ҳаётатонро дигаргун мекунад азизон!
❗️Барои варзиш вақт ёбед! ❗️Сирри энергия ва ҳаракат дар варзиш ниҳон аст азизон!
❗️Барои мутолиа вақт ёбед! ❗️Он роҳ намои асоси дониш аст азизон!
❗️Барои меҳру муҳаббат, ба волидону наздикон вақт ёбед!
❗️Меҳр асоси неъмати хушбахтист азизон!
❗️Барои муҳаббати👆 ҳақиқи вақт ёбед!
❗️ Сири қалби хотирҷамъист дар он азизон!
❗️Барои орзу кардан вақт ёбед!
❗️То мақсадҳо ояд, бар миён!
❗️ Барои табассум вақт ёбед!
❗️Табассум ҳалли тамоми мушкилот аст, азизон!
❗️Барои эҳтироми ҷисму,саломатӣ вақт ёбед!
❗️Ҳаёту зиндаги бо саломати аст, азизон!
❗️Барои нақша каши касбу коратон, вақт ёбед!
❗️Бе нақша ягон мақсад, роҳ надорад азизон!
👍255💯5🥰1
ҲАЙФИ ОН УМР КИ ДАР
ҒАФЛАТУ НОЛОН ГУЗАРАД.

_Ҳайфи он умр ки дар ғафлату исён гузарад!
_Ҳайфи он руз ки бе лаззати имон гузарад!
_Ҳар ки ҳам ҷону ҳам амвол ба дунё бифурухт!
_Охир аз олами ду руза пушаймон гузарад!
_Пеши иблис ҳама мардони чаҳон номарданд!
_Мард он аст ки аз ин даҳр ба имон гузарад!
_Назди мардум ҳама даъвою нафратҳо доранд!
_Банда он аст ки дар роҳи Ҳақ аз ҷон гузарад!
_Аз гумони баду ғайбат чи муроде ҳосил!
_Ҳайфи он умр ки бо ғайбати ёрон гузарад!
_Қалби худ равшан созу, васфи Худованд намо!
_То ки ин лаҳзаҳои мо
_Бо хушнудии Раҳмон гузарад!
16👍8💯4🥰1
ЯКЕ АЗ ХУРДТАРИН ХАТОГИҲО, ВА КАЛОНТАРИН, ТАЪСИРИ БАД, ДАР БИЗНЕС.

_ Шогирде назди Устод меояд, ва мегуяд.
_ Устод барои чи корҳоям омад надорад, ва даромадам бениҳоят кам шуда истодааст!
_ Устод бо ҷавоби кутоҳ ;
_ Шикоят макун!
_Мегуяд;
_ Шогирд чизеро намефаҳмад, ва боз ба кораш давом медиҳад.
Аз байн чанд муддат мегузарад.
_ Боз шогирд ба Устодаш ҳамон саволро медиҳад.
_ Устод боз ҳамон ҷавобро медиҳад.
_ Аз байн боз чанд муддат мегузарад, шогирд бисёр дар ҳолати танг меояд, на дар хона ороми меёбад, ва на дар корҳои савдо, ҳамоно бо хафаги ва бенастренӣ
_ Чаро даромади ман кам?
_ Чаро охир ?
Аз субҳ бедор мешавад, то шом,дарди сар ором намегузорад, бо оила ва ҳамма хуши гап задан надорад, даромади ман кам аст, чи кор бояд кард, бо ин ҳолат, ман бадтар хоҳам шуд!
_ Дар ҳақиқат ҳолатам бадтар мешавад.
_ Бори савум бо тамоми маҷбурият назди Устод меравад.
_ Устод чаро ҷавоби дуруст надоред?
_Чаро роҳ нишон намедиҳед?
Ҳолатам бадтар шуда истодааст!
_ Даромадҳоям тамоман кам намерасад, нашуда истодааст!
_ Устод ба чашмони шогирд нигоҳ мекунад, ва мегуяд!
_ Ё фикратро дигар соз!
_ Ё ҷоятро!
_ Шогирд чунон ҳайрон мешавад, ва мегуяд, чизе намефаҳмам, аз ин гуфтаҳо!
_Ба ман кушодтар фаҳмонед, ман дар ду роҳ мондаам!
_ Устод ба шогирд бо қатъият мефаҳмонад!
_ Ба ту як моҳ муҳлат!
_ Давоми як моҳ, на ба касе, ва на ба қалбат ( дарунан) аз корат, аз даромадат,аз саломатият, ва ё аз корҳои оилави шикоят( нолидан) намекуни!
Ба хурдтарин даромад ҳам, хурсанд шуда, самимона кор мекунӣ!
_ Ин аст, фикрронаро дигар кардан!
_ Ва ё ҷои ( коратро)-бизнесатро иваз мекунӣ!
_ Баъди як моҳ назди ман, ба чи ҳолатеки боши, омада натиҷаашро мегуӣ!
_ Шогирд, ки бори бисёр дошт, ба худ шикоят накарданро интихоб кард.
Як ҳафта корҳояш як ранг идома доштанд, он қадар дилаш танг шавад, ҳам забон мегазид,ва корҳояшро самимона пеш мебурд.
_ Ҳафтаи дигар, марде наздаш омад, ва борҳорои ӯро хуш кард, маслиҳатҳо карданд, ва ба мақсад омаданд, ки он мард борҳои ӯро обтовӣ харидори карда, корашро пеш бурданӣ.
_ Ниҳоят аз байн як моҳ гузашт, ва шодии шогирд ҳадду канор надошт, назди Устод омад, ва ҳаммаро нақл кард.
_ Устод бо табассум гуфт, хатогиятро ҳис кардӣ?
_ Ҳар қадар шикоят, ҳастии инсонро ба пасти мебарад, ки инсон роҳи равшанро торик мебинад!
_ Хулоса;
Дар ҳаёту зиндагӣ,ва дар кору фаъолият, барои пешравӣ
_ Ё фикррониатро дигар соз!
_ Ё муҳитатро иваз кун!!!
👍253💯3🔥1
Forwarded from Исмоилхон Нуритдинов
Ассалому,алейкум
Бехтарин,кисса буд
Яъне сар навишти яке сохиб кор
Ва рох ишондодани устоз

Бе,пир марав дар амони
Харчанд сикандари замони.

Ин кисса ба хаёти имрузаи мо хеле ибрати хуб аст
👍52
Forwarded from Курбонализода Шухрат Назар
Бехтарин киса мо бояд ба чои шикоят кардан шукргузориро пеша кунем хубтар аст иншоалох зинда бошед устоди азиз
👍101
ХУДОМУЗӢ

Худомузӣ яке аз беҳтарин, роҳи Илм аст, ки инсон чи гунагии худро меомузад.

Бисёрии мушкилот ҳам ба ҳамин роҳи Илм ниёз дорад.

Барои худ 10 дақиқа вақт ҷудо кунед, ва фикр кунед, ки шумо киро намехоҳед, ва ба онҳо дарунан чи қадар нафрат доред?
Дар баъзан ҳолатҳо, инсон наздиктарин инсони худро дарунан бад мебинад, нисбати он шахс он қадар нафраташ зиёд аст, ки гоҳе дар ҳолати худ бехабар, хаёлан худ бо худ бо онҳо ҷанг кардани мешавад.
Падар ё модар буданаш мумкин, ё хоҳар, бародар, ҳамсоя,хешу табор ё ёру рафиқ шуданаш мумкин. Инсон ношиносро бад намебинад, то як сабабе набошад.

Қариб 99% инсонҳо дар чунин ҳолатанд.
Шумо гуфтанатон мумкин, ки ин гуфтаҳо хато аст!
Ман ҳеҷ касро бад намебинам, ва ба ҳеҷ кас нафрат надорам!

Лекин!!!
Инсон то худро нашиносад,ва бо фикри худ роҳи равшан надошта бошад, ӯ ин чизҳоро намефаҳмад!
Агар шумо дар ҳақиқат худро гуш карда тавонед, ва бо худ рост гу бошед, ин ҳолатро ба худ дида метавонед, ва ҳис мекунед, ки нисбати ин ё он дар ҳақиқат нафрати хурдакак доред!
Лекин !
Агар дарунтар дар қалбатон эътибор диҳед,он нафрати хурдакак нест, балки нафрати бузург аст, ки лаззати умри шуморо гирифта истодааст.

Нафрат бадтарин одати пушида аст, ки инсонро роҳгум мезанонад,бо Кибр омухта месозад. Ба омади инсон таъсири бади худро ноаён мегузорад, ва дар ҳақиқат баракатро аз байн мебарад!
Нафрат шикоят ( нолидан) - ро ба миён меорад.
Бисёр инсонҳо, қариб ҳамма бо шикоят кардан, эҳсоси роҳат мекунанд!
Ин ҳолатҳо ба чашм ноаён аст!
Лекин!
Дар ҳақиқат таъсири бад доштанашро ҳис намекунанд!

Шумо вақте ба худ, вақт ҷудо мекунед,ва тасаввур мекунед, ки ба киҳо нафрат доред.
Сабабаш ро низ ҷуед,барои чи нафрат доред?
Бо чашм дидед ё бо гуш шунидед?
Албатта не, балки бо воситаи ягон шахс нафрат пайдо кардед, ҳол он ки шумо ҳақиқатро пурра намедонед!
Хатои бузургтарини мо дар ҳамин роҳ аст, ки мо ниёз ба Илм дорем, ва бесабаб ба нафрат дода шуда, умри кутоҳу ширин, ва лаҳзаҳои беҳтарини худ ро бо дил сарди ва ғафлат аз роҳи Илм мегузаронем.


Филми дустдоштаи ман, филми Ҳазрати Юсуф аст, ки ман ҳар боре ин филмро такрор мебинам,боз ба худ чизе меомузам.

Ҳазрати Юсуф ро ки бародарон аз хурдсоли бадбини доштанд, ва хело ранҷ доданд, ҳазрати Юсуф боре ҳам онҳо ро бад надиданд, ва бо онҳо на бо забон, ва на бо амал кор нагирифтанд.
Дар қалбашон нисбати Офаридгор ва бародарон Меҳри бузург доштанд.

Мо бо ин гуфтаҳо хулоса бароварда метавонем, ки бародарон ҳамеша бо ҳирсу нафрат буданд, ба чи мартаба расиданд, ва ҳазрати Юсуф ки дар қалбашон сидқан, беғубор Меҳр доштанд, ба чи мартаба расиданд.
Бародарон чандин сол бо зиндагии якрангу бо машаққат доштанд.

Ҳазрати Юсуф бо вуҷуди ба чоҳ афтидан, ба туҳматҳо мубтало шуданд,дар хурди бо дуздии камарбанд, ва дар бузурги бо макри Зулайхо, бо зиндонии тулони шуда, ва бо Муҳаббати софу беғуборе ки доштанд, азизи Миср гаштанд.
Яъне ҳар якеи мо метавонем,қалби худро аз нафрати бесабаб, ва бад таъсир пок сохта, худро омузем, барои худ шахсияти азиз шавем.

Қалби пок ва пурмеҳр, роҳ намо аст, барои омад ва муваффақият.
👍22💯74🥰1
Пас; мо метавонем мисли Меҳри бузурги ҳазрати Юсуф ро дошта бошем!
Ё
Мисли бародарон як умр бо нафрат, ва зиндагии якранг дошта бошем!

Сарчашмаи Худомузӣ бо худи мост!
👍8💯5
Forwarded from Шамсуллозода Баҳриддин
Зиндаву саломат бошед устоди азиз худованди бузург бозҳам илми шуморо зиёда гардонад.
7👍3
Forwarded from Шералӣ.
Юсуф бародарони худро ҳамон замон дар даруни чоҳ бахшид. Мониз бояд бахшида тавонем мисли Юсуф.
👍8💯2🕊1
Forwarded from Исмоилхон Нуритдинов
Бехтарин
Савол,,
Устоз мо бояд аз хамин кина ва бадбини ва,бо хаёлот бо вахо чанг кунем
Мо аз ин касали чихел рахо ёбем
👍4🕊1
Forwarded from Исмоилхон Нуритдинов
Савол,,(2)
Мо кадом дарсхоро бояд омузем
Ки аввал дарунан худро тоза ехсос кунем
👍6