Умеди Нав
1.12K subscribers
280 photos
112 videos
109 links
Download Telegram
Тест барои ҳамма
👍2👏2
Қалби хотирҷамъ чигуна аст?
Ва
Қалби хотирҷамъ чанд хел мешавад?
👍7🔥51👏1
Касе ҷавоби дурустро шарҳи пурра медиҳад,консультатцияи беҳтаринро дастрас мешавад.
4
Дустон ҷавобҳо қариб ҳамма дуруст. Лекин маънои асоси
3👍2
Мо ҳам аз фаъолияти фикрронаи шумоён завқ ва хурсанди дорем дустон.
👏3😁31
Дар дунё аз 100 % инсонҳо танҳо 1% инсонҳо ба қалби хотирҷамъ дастрас мешудаанд.
Пас қалби хотирҷамъ чи гуна аст, ки танҳо 1%инсонҳо ба он дастрас мешаванд?
👍72
Қиссаи кутоҳ барои каме равшанӣ.

Марди сарватманд тамоми чиз дошт, чандин хонаҳои боҳашамат, ва зебои роҳатафзо, ва чанд намуд мошинҳои охирон модел.
Корхонаҳо,пасандозҳо, инчунин ширкатҳои пешрафта.
Лекин қалби хотирҷамъ надошт.
Сабаби он дар чист, ки қалби хотирҷамъ надошт?
👍42
Маънои асоси инсонро ба пешрави ва муваффақият сабаб мешавад.
1
Дар инҷо чанд ҷавобҳо хело дуруст омаданд.
Лекин
Ҷавоби дуюм савол каме нопурра аст.
2
Қалби хотирҷамъ чи гуна мешавад?

Қалби хотирҷамъ ором ва бароҳат мешавад аз тамоми ҳолатҳо.
Аз нафрати дируза, ва аз тарси оянда.
Ҳамеша бо худ ва бо меҳри Офаридгор пайвастаги доштан.
Ҳамеша сидқан шод будан,дар ҳамма ҳолат.
________
Қалби хотирҷамъ ду хел мешавад.
1. Он қалбеки, тамоми ҳолат ро ба тақдир ҳавола карда ба пешрави ҳаракат надорад,кори имрузаро озод ба фардо мегузорад,ва солҳо як ранг зиндагиро паси сар мекунад.

2. Қалбеки равшан аст, ва тамоми корро оссон қабул карда қадам ба қадам ба пешрави ҳаракат мекунад, ва ниҳоят бо мадади Худованд ба муваффақият дастрас мешавад.
💯10🥰21
Барои ба қалби хотирҷамъ расидан илм омухтан ва илми асосиро бо амалаш дастрас шудан, беҳтарин вазифаи инсони аст, ки ҳам вақти моро бо самар ба пеш мебарад, ва ҳам роҳи мо, қалби мо равшан аст. Илми асоси ба инсон тавонои медиҳад.
Ба тамоми мушкилот роҳи равшанро нишон медиҳад.
Илм омузед азизон.
Вақт ҳар лаҳза ғанимат аст.
Ҳар як инсон мехоҳад, пешравиро, оромиро, бароҳат ва ростиро.
👍7💯7
Вазифа
Ба хоҳишмандон.
Дар ҳамин канали Телеграми мо чи қадар дарсе ҳаст, то тавонои доред, хонда таҳлил кунед, ки фикри шумо чиро ба худ мегирад, ва чи гуна натиҷа мебинед.
💯15
Forwarded from 👨‍👩‍👧‍👦🚘🏢🛫🇹🇷🛳🚁🗺🛫🏝🌅🌉🇪🇬🏖⛴️🛫🕋 Счастья
Ман устод дар хамин синусол расидам лекин хотирчами калб надоштам аз худам бехабар мегаштам хамаро гунахкор карда то он даме ки ман аз шумо курси худшиносиро омухтам охиста охиста ман аз худам бохабар шудам ман худамро дар хайëт шинохтам ман оромиши калбамро пайдо кардам ва имруз ман худамро солим хис мекунам ва фахмидам ки дар хайëт аз Хама чизи киматарин ин хотирчами калб будай хотирчами калб ба ман бисëр чизхоро дод устод ман аз шумо минатдорам хамавахкт худованд илматона зиëда гардонад доим солим сарбаланд бошед 🙏🙏
👍131🔥1🥰1
ДАР ДАМИ ВОПАСИНИ УМР
НОЧОР МАГАРДОН ЭЙ ХУДО

Сарватманди хасис тамоми умри худро танҳо барои ҷамъ кардани сарват сарф кард. Ӯ рӯзе нишаста, ба шумурдани бойигарии ҷамъкардааш оғоз намуд ва дид, ки тамоми дороияш 300 000 динори тилло шудааст. Сипас, ба таҳияи нақшаҳои ояндаи худ шуруъ кард. Ба худ андешид, ки минбаъд аз пайи ҷамъоварии сарват намегардад. Тамоми давлати худро барои хўрдану нўшидан сарф карда, хушу хурсанд умр ба сар мебарад. Дар ин лаҳза фариштаи марг дар пешаш пайдо шуд.
- Шумо кӣ? - пурсид марди сарватманд.
- Ман фариштаи марг ҳастам.
- Чаро омадед?
- Барои ҷони туро гирифтан!
- Не-не, ман то ҳол аз зиндагӣ сер нашудаам. Ин қадар вақтам танҳо барои меҳнат сарф шуд. Шабу рӯз кор кардам. Акнун роҳаташро мебинам гӯям, ту ҷонамро гирифтан мехоҳӣ?
- Рӯзат ба охир расид. Ман ба дер гузошта наметавонам. Супоришро бояд иҷро намоям.
Бой ҷиддияти масъаларо дарк карда, ба ҳила рӯ овард:
- Ба ман се рӯз мӯҳлат деҳ, ки пуламро тақсим кунам ва се рӯз хуб зиндагӣ кунам. Ман ба ту панҷоҳ ҳазор динор медиҳам.
- Не, ба ман сарват умуман даркор нест, ман танҳо ҷон мегираму халос.
- Ба ман ду рӯз мӯҳлат деҳ, ман ба ту нисфи сарватамро медиҳам,- боз гуфт мард. Фариштаи марг сухани пешинаи худро такрор кард.
- Тамоми сарватамро гирифта, ба ман як рӯз деҳ, — илтимос кард.
- Не! — бо қатъият гуфт фаришта.
- Пас, барои навиштани ду ҷумла сухан рухсат деҳ, — гуфт ӯ.
Фаришта розӣ шуд. Баданашро канда, дар девор бо хун навишт: "Эй бандае, ки шаб то саҳар аз паи молу давлат давида, умри хешро барбод медиҳӣ! Ба қадри умри худ, вақти худ бирас. Ман, фаҳмидам, ки чӣ қадар сарват дошта бошӣ ҳам, вақтро харида наметавонӣ. Ман бо 300 000 динор ҳатто як рӯз барои худ гирифта натавонистам. Вақти гаронбаҳоро барои ҷамъоварии сарвату боигарии сарф карда, аз худ бехабар намонем.
Илм,
Сарват,
пешравӣ,
муваффақият бо шинохти худ,ва бо самар гузаронидани вақти бебаҳо, бо арзиш аст.
Аввал худ, дувум шинохти худ.
Ҳар якеи мову шуморо Аллоҳи бузург аз неъмати бебаҳояш, аз илму дониш, ва дастовезҳои ҳарду олам фаровон созад!
💯21👍112🏆1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Гар мушкили ояд ба сар.
Танҳо магу, худро дигар.
Аз ғайбаш ёри мекунад.
Бо ҳар сабаб, боши бо сабр
💯12👍32
Бо дӯстон ҳамдард бош!
Чун хок бошу гард бош!
Дур аз бари номард бош!
Як рӯз бошу мард бош!

Ҳаргиз махӯр ту ҳаққи кас!
Неше мазан мисли магас!
Бар қадри ёронат бирас!
Як рӯз бошу мард бош!

Дурӯя аз зан бадтар аст!
Ҳам бадтар аз гову хар аст.
Ноодаму нобовар аст.
Як рӯз бошу мард бош!

Неъмат бидон аз Кирдугор!
Фарзанду пулу молу ёр!
Охир хазон гардад баҳор,
Як рӯз бошу мард бош!

Дурӣ маҷӯй ту аз намоз!
Гӯй бар Худо розу ниёз!
Даргоҳи раҳмат бар ту боз
Як рӯз бошу мард бош!

Аз шарри шайтон кун ҳазар!
Бар сӯйи Раҳмон кун назар!
Аз бади дур бош, эй писар!
Як рӯз бошу мард бош!

Ин умри мо такрор нест,
Ҷои ғаму озор нест,
Сӯзе чу сӯзи нор нест.
Як рӯз бошу мард бош!

Хоҳӣ бимонӣ дар Биҳишт?
Дур бош аз ҳар феъли зишт!
Бояд адолатро бикишт!
Як рӯз бошу мард бош!

Чӣ медиҳад кибру ғурур?
Дӯстон зи ту гардида дур!
Анҷоми кибрат зери гӯр.
Як рӯз бошу мард бош!

Худро шинос, бо худ бош!
Аз зикри Ҳақ ғофил мабош!
Ғанимат дон, ҳар лаҳзаро!
Як рӯз бошу мард бош!

Марди ба пулу мол нест!
Марди ба зӯру боз нест!
Марди ба қалби пок аст!
Як рӯз бошу мард бош!
💯16👍112🔥1
👍93🔥1
Ба Баҳлул гуфтанд: Бо чунин даромади ночиз зиндагиро чи гуна пеш мебарӣ?
Гуфт: Каму беш ҳаракат мекунам, Худо Худаш мерасонад.
Гуфтанд: Магар мо бегонаем, ки пинҳон мекунӣ?
Гуфт: Ягон кор, ки пайдо кунам, анҷом медиҳам ва қаноат мекунам, аммо Худо ризқрасон аст, намегузорад, ки дасти холӣ бимонам.
Гуфтанд: На, ба мо фақат росташро бигӯй.
Гуфт: Фикр кунед, ки тоҷире ҳар моҳ чанд миқдор маблағ кӯмакам мекунад.
Гуфтанд: Хуб, акнун аслии масъаларо фаҳмидем. Чаро аз аввал нагуфтӣ?
Гуфт: Беинсофҳо, ду бор гуфтам, ки Худо мерасонад, бовар накардед, аммо як бор гуфтам, ки тоҷир мерасонад, бовар кардед. Оё Худо ба андозаи як тоҷир назди шумо эътибор надорад?

Барои маънои ҳар гапро оссон ва кушод фаҳмидан, ба ҳар як инсон каме норасои ҳаст.
Илм агар ба инсон заррае бошад. Дари фаҳмиш оссон кушода мешавад.
👍25💯52🏆1
МЕВАИ САБР ШИРИН АСТ!!!

Мақбултарин ва беҳтарин хислати одамӣ ин сабру тоқат аст . Оё дар замони мо ин масъала зарурӣ аст ?
Пирони рӯзгордида гуфтаанд : “Меваи сабр ширин асту сабр кунӣ ҳалво мепазад .”
Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд :-Кадом талхӣ бошад , ки дар охир ширин шавад ?” Гуфт :Сабр.
Дар ҳақиқат сабр талх асту валекин меваи ширин дорад . Бинобар он ҳамеша ва дар ҳама кор бо сабру пуртоқат шудан лозим аст .Мегӯянд ,ки санг лаъл шавад дар мақоми сабр . Калиди дари ганҷи мақсад сабр аст .То кас сабр кунад , ба мақсад намерасад .

Ривоят мекунанд , ки шоҳе буд тезу тунд ва бесабру тоқат .Шоҳ вазири доное дошт .Рӯзе ҳарду ба шикор рафтанд .Онҳо аз паси оҳубарра тохта ба қои хушманзарае расиданд .Чун вақти намоз шуд шоҳ камарбандашро кушода як сӯ гузошт ва бо вазир барои адои намоз истод .Саги шикорие омада камарбанди шоҳро гирифта рафт .Ҳаминдам марди роҳгузаре аз ин ҷо гузашт шоҳ баъди намоз камарбандашро наёфт , бисёр дар ғазаб шуду аз марди роҳгузарпурсон шуд.
Марди роҳгузар бо илтиҷо гуфт , ки камарбандро надидааст .Шоҳ шамшерро гирифту раҳгузарро ба қатл расонид. Шоҳу вазир аз аз нав ба ҷустуҷӯи камарбанд оғоз намуданд .Ногоҳ диданд ки дуртар аз онҳо саге бо камарбанд бозӣ дорад . Шоҳ камарбанди худро шинохт ва аз куштани раҳгузар хеле пушаймон шуду гуфт : -Худоё бароям сабру тоқат ато намо ки аз бесабрии худ гуноҳи азиме содир намудам ва хуни шахси бегуноҳро резонидам .Ин дунёву охиратамро бисӯхтам .
Вазири доно ба шоҳи пушаймоншуда гуфт :” Сабр ганҷ диҳад бесабри ранҷ “ . Ва ин панди Саъдиро хонд :

Ганҷи сабр ихтиёри Луқмон аст
Ҳар киро сабр нест ҳикмат нест.

Аз ҳикояти боло ман ба чунин хулоса омадам ки инсон бояд дар ҳама кор сабру тоқатро пеша кунад зеро сабурӣ ба инсон бурдборӣ меорад ҳеҷ гоҳ аз кардаи худ пушаймон намешавад

Дар ҳамма кор Сабр беҳтарин неъмат аст, ки чашми қалби инсонро мекушояд.

Дар бизнес, дар қарздорӣ, ва дар мушкилоти ҳаёту зиндагӣ Сабр ҳамеша баранда аст.
💯19👍131👏1
Қадам задан ба ҷисми инсон чи гуна таъсир мерасонад?

3 дақиқа қадам задан, фишори хунро муътадил мекунад.
5 дақиқа дар ҳавои тоза гаштугузор кардан кайфиятро беҳтар мекунад.
10 дақиқа қадам задан, тафаккури эҷодиро беҳтар мекунад.
30 дақиқа қадам задан, ҷисми инсонро сабук мекунад.
40 дақиқа қадам задан, хатари пайдоиши бемории ишемияи дилро дар пиронсолон коҳиш медиҳад.
90 дақиқа қадам задан, фикрро тозза ва қалбро равшан мекунад.
120 дақиқа қадам задан дар ҳавои тозза, кибрро дур мекунад, ва фикри инсон ба суи худаш равшан мешавад.

Ҷисми худро ҳис мекунад,ва худро азизтар меҳисобад.

Ҳар қадар бо руҳу ҷисми худ шинос шудан, кушода шудани тафаккурро оссон мекунад.
Дар инсон дар ҳамма ҳолат аввалин дараҷа фаҳмиш аст!
Фаҳмиши равшан, қимматтар аст, аз ганҷ!
👍20💯111👎1🥰1👏1