Умеди Нав
1.12K subscribers
280 photos
112 videos
109 links
Download Telegram
12👍5🔥1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Ассалом алейкум.
Дустон ва ҳамватанони азиз. Шабатон ба хайру шоди бошад.
Ба шумоён ҳамеша аз даргоҳи Худованди меҳрубон хурсандию пешрави мехоҳам.

Натиҷаҳои яке аз шогирдони беҳтаринамон,
Соҳибкори миллионер, Ҳоҷи Билолиддин.

Фарзанди Худоназаркардаи падару модар, ҳамеша бо меҳру муҳаббат сидқан дар хизмати падару модар ҳастанд.
🥰75👍2😍2
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Ҳоҷи Билолиддин соҳиби се шоҳписар буда, фарзандони худро бо беҳтарин тарбия назар доранд. Ҷавонписареки ҳофизхонии хушомадедро мехонанд, фарзанди худашон аст. Хело ҳофизи хушовоз ва маънои такондиҳанда.
Ҳоҷи Билолиддин соли 2023 ҳам падарро ба Ҳаҷҷи фарзи сазовор карданд, ва ҳам модару ҳамсарро ба Ҳаҷҷи Умра.
Ҳоҷи Билолиддин баъди курси Худшиносӣ сабукии қалбро эҳсоси роҳат диданд.
Курси солонаро оғоз карда дар аввали ҳафта ба зиёрати хонаи Каъба парвоз карданд.
Инсони Соҳибкор, миллионер.
Лекин хело хоксор ва қалби равшан доранд.
Ба ҳаммагон ин қалби равшанро, ва ин хурсандиҳою рузҳои некро Худои меҳрубон ҳадя созад азизон.
16👍2🥰1👏1🏆1
Тест барои ҳамма
👍5
Норасоии пулҳо!

Барои чи аксарияти инсонҳо ба норасоии пулҳо дучор шуда истодаанд?

Барои чи пасандоз кардан, ва ба маблағозоди баромадан, душвор шуда истодааст?
👍9🔥2
Касе ҷавоби тестро дуруст шарҳ дод, консультатция ро дастрас мешавад
10
Forwarded from Mehrubon Hakimi
Фикр инсон ҳар чи бошад зиндагияш ҳам ҳамонхел аст. Агар дар фикр камбуди ва ё норасоӣ бошад, пас пул ҳеҷ гоҳ намерасад. Ва агар дар фикр ҳама чиз аз рӯй нақша бошад кифоя мебошад.
Ҳама чиз аз фикрона вобаста аст агар ба мардуми тарзи фикронаи камбағал дошта млн ҳам диҳи боз ҳам намерасад, норасои ҳаст, камбуди пайдо мешавад.
Аммо инсони тарзи фикронааш мустаҳкам бошад даромад миена ҳам бошад аз он хуб зиндаги гузаронида метавонад ва пасанзод ҳам карда метавонад
💯18
Ғолиби имшаба боз
Меҳрубон Назарзода.
Табрик мекунем
👏12
Дар айни замон 70% инсонҳо ба норасоии пулҳо дучор ҳастанд. Шахсе ки маош мегирад, ё соҳибкореки бо пул сару кор дорад, дар фикри инсон ҳамеша як мисли тарси хурдакаки ноаёне норасоиро мисли магнит мекашад. Аз инсон завқи асосиро мегирад, ки ин завқ ба пешравии инсон хело роли муҳимро мебозад.

Агар инсон чи намуд пулеки ба даст меорад( роҳи маош, ё даромади кори шахси) Аввал праблемаро фикр кунад, дарунан қалбаш ноором бошад, он пулҳо вақте ба даст меоянд, дар муддати кутоҳ ва бо оссони тамом мешавад. Сабабаш фикри инсон норасоиро дошта истодааст.

Агар пулҳои кам бошад ҳам, вақте ба даст мегирад, аввал роҳатро ҳис карда ҳаққи худро ва пасандозро,бе ягон тарс ва бовари ҷудо мекунад, ва баъд ба дигар ҳиссаҳо тақсим кунад, боз ҳамон пулҳо зиёдати мекунанд.

Дар инҷо роҳи кушод ва оддӣ фикри инсон чиро мисли магнит кашад, ҳаёти инсон ҳамон рангро мегирад.

Дар асл чунин суханҳо мисли нобовари аст. Лекин амали инсон натиҷаи хело калон дорад.
Аз сарфа кардани пулҳо тарс ҳам ба норасои мерасонад.

Беҳуда сарф кардан ҳам ба норасои мерасонад.

Ин ҳолатҳо аз таҷриба гирифта шуда, дар ҳақиқат "амал "натиҷаи хуб дода истодааст.
10👍4👏1💯1
Барои ҳар як инсон фикри равшан, хурсанди, завқ, ва тасаввури маблағозоди беҳтарин роҳи пешрави аст.
Қалб хурсанд бошад, фикр равшан мешавад. Фикр равшан шавад омади инсон, ва пешравии инсон беҳтарин роҳро меёбад.
Ҳамеша қалби хурсанд дошта бошед азизон.
То дар ҳаёту зиндаги бо роҳи нек баранда бошед.
18👍3🥰1👏1
Forwarded from Mehrubon Hakimi
Бале, воқеан ҳам дуруст аст, инро банда таҷриба кардаам.
_Вақте маош мегирифтам дарав мушкилиҳо пеши чашм меомад ва то тангаи охир ҳам дар онҷо сарф мешуд...
_Баъдҳо ки бо майнаи сар шиносоӣ пайдо кардам дидам, ки Оҳоо гап дар инҷо 🤯 будааст.
Яъне норасоиҳо дар ин дунё доимо ҳаст, ба гуфти устоди азиз, ки
"Як кам дунё" .
_Муҳим ин ки тарзи фикронаро дигар бояд кард ва кардам.
_Ҳар моҳ аз даромад: Аввал пасандоз мекунам, дувум барои майнаи сар (илм) ҷудо мекунам, баъдан барои дигар масъалаҳои зиндагӣ ба харҷ медиҳам.
Шодӣ ва оромӣ аваллин чизи зиндагӣ бояд бошад.
👍153🔥1
Forwarded from хуршед ️️
Бен Карсон таваллудаш 18 уми сентябри соли 1951.
Модараш канизи камбағал буд.
Рӯзе модараш фаҳмид, ки писараш бадтарин ва гунгтарин талаба дар синфи худ аст, дар ҳайрат монд. Модар тасмим гирифт, барои писараш аз китобхонаи маҳаллӣ ду китоб қарз гирад ва писар бояд дар бораи ду китоб пас аз хондан гузориш диҳад. Писар илоҷе ғайр аз хондан надошт, вагарна аз имкони тамошои телевизор, харҷ кардани пул ва бози бо ҷураҳо маҳрум мегардид.
Бен оҳиста - оҳиста аз ҳама чиз рӯй гардонид талабаи беақл дар синф ба донотарин табдил ёфт.
Бен Карсон зоологияро дӯст медошт, аз ин рӯ дар бораи ин илм ва петрология бисёр мутолиа мекард, дар китобхона мутолиа мекард, ин илмро дар амал ба муҳити камбизоате, ки аз сар мегузаронид татбиқ менамуд.
Рузе муаллими геология санге дар даст вориди синфхона шуд.
Ба талабагон нигариста гуфт:
- Номи ин сангро кӣ медонад!
Албатта, Бен мунтазири он буд, ки талабагони доно ба ин савол ҷавоб медиҳанд ва интизорӣ мекашид, аммо касе ба савол ҷавоб намедод ва интизори ҷавоби боқимондаи синф буд, аммо касе ба саволи муаллим ҷавоб надод.
Ногаҳон, беақлтарин донишҷӯ дар синф, яъне Бен барои ҷавоб даст бардошт.
Талабагон ханда карда, бо тааҷҷуб, дар бораи рафтори Карсон, ки бо аблаҳӣ ва нокомии худ дар ҳама фанҳо машҳур буд нигаристан.
Сипас Бен Карсон ба савол пурра бо тавсифи пурраи санги вулкание, ки дар дасти муаллим буд, баъд чи тавр аз бархурдани лавҳи гудохта бо оби хунук ба вуҷуд омадани санг маълумот дод.
Дигар ҳамсинфони Бен бесаброна интизори посухи муаллим буданд, ки оё аз Бен Карсони нав мутаассир мешаванд, ё чун одат ба суи ӯ механданд.
Муаллим аз ҷавоби Бен Карсон дар хайрат монда буд, гуфт:
- Офарин Бен, ҷавоб дуруст аст.
Бен фаҳмид, ки сабаби аз талабаи пасттарин ба боло баромадани ӯ, ин усули модараш аст. Ҳамсинфон ва устодонаш намедонистан ва дар бораи ӯ чизе намедонистанд.
Дар ин лаҳза Бен Карсон тасмим гирифт, ки майдони мутолиаи худро васеъ кунад ба хондани барномаҳои бештар шурӯъ намуд, то як дақиқаи вақти худро бе таҳсил беҳуда сарф намекард, то он даме, ки ӯ яке аз талабагони аввалин гардид, сатҳи ӯ боло рафт, ҳатто донишҷӯён, талабагони фаъол ба назди ӯ меомаданд, то дар баъзе масъалаҳо маслиҳат кунанд!
Он гоҳ Бен Карсон фаҳмид, ки ҳама инсонҳо чунин лаёқатро доранд, аммо бояд онро кашф ва инкишоф дод.
Бен мактаби миёнаро хатм кард, ба коллеҷ рафт, дараҷаи бакалаврӣ дар психологияро аз худ намуд, сипас ба Донишгоҳи тиббии Мичиган рафт, то аз психология ба нейрохирургия гузарад.
Дар синни 32-солагӣ Бен Карсон директори беморхонаи нейрохирургияи кӯдаконаи Балтимор шуд ва аввалин шахсе гардид, ки дугоникҳои сиамиро ба сар часпида ҷудо намояд ва дорои беш аз 90 китоби тиббӣ аст.
Бен Карсон, яке аз барҷастатарин ҷарроҳони ҷаҳон ва мудири ҷарроҳии нейроҷарроҳии кӯдакона дар Ҷонс Ҳопкинс, ҳамасола садҳо ҷарроҳиро дар бахшҳои ҳассос ва мураккабтарини бадани инсон: мағзи сар, сутунмуҳра ва системаи асаб анҷом медиҳад.

Эътирофи маъруфи нобиғаи Карсон дар соли 2008 бо филми "Ду дасти боистеъдод: Ҳикояи Бен Карсон" дар бораи ҳаёт ва дастовардҳои ғайриоддии ӯ рӯи навор омад.
Раҳмат ба модар, ки дарк кард, китобхонӣ роҳи эҳёи қобилият ва муваффақият дар зиндагӣ писар аст.
Ҷолиб он аст, ки модари ҷарроҳ Бен Карсон бесавод буд, хонда ва навишта наметавонист.
👍206💯2
21👍3
- Як дузд дар минтақае аз 10 дӯкон танҳо як дӯконро ғорат накардаст, халос. Он ҳам дӯкони китобфурӯшӣ будааст. Дуздро дастгир мекунанд. Аз дузд суол мекунанд;
- Чаро дӯкони китобфурӯширо ғорат накардӣ?
Дузд мегӯяд:
- Агар бо китоб сару кор мегирифтам, дузд намешудам.

*** Китобхон дуздӣ намекунад, дузд китоб намехонад.
Китоб ба шумо зиёдтар кӯмак мекунад ва шуморо ба фикр кардан водор месозад.
Китобҳо дӯстони аслии ман мебошанд.
Роҳбалади роҳи ҳақиқӣ мебошанд, зеро дурӯягӣ нокарда, вазифаҳоямро хотиррасон мекунанд (Бенҷамин Франклин).
👍195💯1
Рӯзе донишманди машҳури юнонӣ Суқрот мардеро дид, ки хеле нороҳат ва ғамгин аст. Сабаби нороҳатияшро пурсид. Мард гуфт:
- Дар роҳ меомадам яке аз ошноёнамро дидам. Салом кардам ҷавоб надод ва беэътиборона гузашту рафт. Ман аз ин рафтори ӯ хеле ранҷидам.
Суқрот гуфт:
- Чаро ранҷидӣ?
Мард ботааҷҷуб гуфт:
- Худ аён аст, ки чунин рафтори ӯ нороҳаткунанда аст.
Суқрот пурсид:
- Агар дар роҳ касеро медидӣ, ки ба замин афтодаву аз дарду беморӣ ба худ мепачад, оё аз ӯ ранҷурии ӯ ғамгин мешудӣ?
Мард гуфт:
- Не, чаро аз ӯ меранҷам. Ба ман ягон кор накарда бошад. Намеранҷидам.
Суқрот пурсид:
- Ба ҷойи ранҷидан дар дили ту чӣ гуна эҳсос пайдо мешуд?
Мард ҷавоб дод:
- Эҳсоси дилсӯзӣ ва шафқат. Ҳаракат мекардам, ки шифокорро ҷеғ занам ва барояш дору биёрам.
Суқрот гуфт:
- Ҳамаи ин корҳоро барои он мекардӣ, ки ӯро бемор медонистӣ. Оё инсон танҳо ҷисмаш бемор мешавад? Ва оё касе, ки рафтораш нодуруст аст, равонаш бемор нест? Фаромӯш накун, ки агар касеро фикру равонаш солим бошад, ҳаргиз рафтори бад намекунад. Бемории фикр ва равон "ғафлат" ном дорад ва нисбати касе, ки бадӣ мекунаду ғофил аст, дил сӯзонд, кӯмак кард ва ба ӯ табиби рӯҳу доруи ҷон расонд. Аз чунин одамон ранҷидан нашояд. Пас аз ҳеҷ кас ғамгин машав ва кина ба дил магир. Оромиву осудагии худро ҳаргиз аз даст мадеҳ ва бидон: ҳар вақте, ки касе бадӣ мекунад, дар он лаҳза бемор аст!...
👍25💯62🥰1
8👍6🔥2
👍61🔥1🥰1
#БЕДИЛ_
Ғами рузӣ махӯр Бедил, мазан авроқи дафтарро,
Ки пеш аз тифл Холиқ пур кунад пистони модарро

====================

Чаро худро асири ғам зи фикри бешу кам дорӣ,
Ки нагзорад туро муҳтоҷ Эзид то ки дам дорӣ,
Машав бедасту по аз муфлисиву бекасӣ ҳаргиз,
Магар нашнидаи, Бедил, Худо дорӣ чӣ ғам дорӣ?
__
👍156💯4🥰2🏆1
Қиссаи зебо ва ибратбахш!

Ҷавони сарватманд ба назди донишманде рафт ва аз ӯ барои зиндагии хуб маслиҳат пурсид. Донишманд ӯро ба назди тиреза бурд ва пурсид: Дар паси тиреза чӣ мебинед? Гуфт: Мардуме, ки меоянду мераванд ва нобиноёне, ки дар кўча садақа мепурсанд.
Сипас оинаи калонеро ба ў нишон дод ва боз пурсид: Ба ин оина нигар ва баъд ба ман бигў, ки чӣ мебинӣ?
Гуфт: Ман худамро мебинам.

Донишманд гуфт: Шумо акнун дигаронро намебинед! Оина ва тиреза ҳар ду аз як маводи асосӣ, шиша сохта шудаанд. Аммо дар оина як қабати тунуки нуқра дар паси шиша гузошта шудааст ва шумо ба ҷуз худ чизе намебинед. Ин ду ашёи шишагинро муқоиса кунед.
Вақте, ки шиша камбағал аст, дигаронро мебинад ва нисбат ба онҳо дилбастагӣ мекунад. Аммо вақте онро бо нуқра мепўшанд, яъне сарват, танҳо худро мебинад.

Насиҳати ман бар ту чунин аст:
Танҳо вақте, ки сазовор ва соҳиби сарват бошӣ, он оинаи нуқрагинро аз чашмонат дур кун, то дигаронро дубора бубинӣ ва дӯст дорӣ.

Худро ҳамеша дар оинае ки нуқра дорад, ва шуморо ба худатон шинос мекунад назар кунед, ва бо табассум худро шиносед.
👍22💯92👏1
Ассалом алейкум
Дустон ва ҳамватанони азиз.
Шоматон ба хайр ва қалбатон пурнур бошад.
Ба ҳаммаи шумоён пешрави мехоҳем.
12👍2🥰1