𝗧𝗔𝗝𝗦𝗖𝗢𝗥𝗘
9.49K subscribers
7.52K photos
735 videos
15 files
5.93K links
Нашрияи мустақили футболӣ!

Пешниҳод: @tajscore_support
Download Telegram
𝗧𝗔𝗝𝗦𝗖𝗢𝗥𝗘
🇹🇯 Аз Тоҷикистон Фаридун Салиев, сардори дафтари матбуоти Федератсияи футболи кишвар, Гела Шекиладзе, сармураббии тими миллии Тоҷикистон ва Аҳтам Назаров, капитани тими миллӣ, ба беҳтаринҳо овоз додаанд.
🇹🇯 Овозҳои намояндагони Тоҷикистон дар маросими The Best FIFA Football Awards барои интихоби беҳтаринҳои соли 2023-24 аниқ шуданд.

Дар раванди овоздиҳӣ намояндагони зерин иштирок карданд:

🔴Гела Шекиладзе – сармураббии мунтахаби мардона,
🔴Мубин Эргашев – сармураббии мунтахаби занона,
🔴Аҳтам Назаров – капитани мунтахаби мардона,
🔴Сайёра Саидова – капитани мунтахаби занона,
🔴Фаридун Солиев – сардори дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ҳамчун намояндаи расмии Media)

🤔 Ҷолиб аст, ки сармураббӣ ва капитани мунтахаби занонаи кишвар ба се номзади комилан гуногун овоз додаанд.

Агар шумо имкон медоштед, ба кӣ овоз медодед? 👇

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👏22💩14😁10👍9🤮43🔥1🥰1🤣1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🏆🇦🇷 18-уми декабри соли 2022 Аргентина, таҳти роҳбарии Лионел Скалони, дар Ҷоми Ҷаҳон пирӯз шуд. Дар финали хотирмон бо Фаронса, рақобат бо натиҷаи 3-3 анҷом ёфт ва дар силсилаи пеналтӣ Аргентина қаҳрамон гардид.

Ин ғалаба на танҳо барои аргентинҳо, балки барои тамоми дӯстдорони футбол як рӯйдоди фаромӯшнашаванда шуд. Лионел Месси худро ҳамчун яке аз беҳтарин бозигарони таърих собит кард.

🇦🇷 Шумо ин лаҳзаҳои таърихиро ёд доред? Эҳсосоти худро бинависед!

🎥 Архиви сабти мо аз пахши ТВ «Футбол»

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❤‍🔥67👎61👍19💩12🏆43🔥3😢2🤣1
🇪🇸 «Реал» ғолиби Ҷоми байниқитъавӣ шуд!

«Гаразмониҳо» бо се голи беҷавоби Мбаппе, Родриго ва Вини «Пачука»-ро мағлуб карданд.

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍76🤣22💯6👏4💩31👎1🤮1🤡1
🇫🇷 «ПСЖ» дар сафар «Монако»-ро мағлуб кард.

Дар ҷараёни бозӣ дарвозабони «ПСЖ», Ҷанлуйҷӣ Донарумма, бар асари зарбаи бутси бозингари «Монако» ба рӯяш осеб дид. Бо вуҷуди ин, бозингар ҳатто корти зард нагирифт 🤯

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🤯32😢6💔3👍1🙏1
🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿«Арсенал», «Ливерпул» ва «Нюкасл» ба даври ниманиҳоии Ҷоми лигаи Англия роҳ ёфтанд.

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍364👏4
𝗧𝗔𝗝𝗦𝗖𝗢𝗥𝗘
🇹🇯 Мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Фарҳодҷон Холбеков дар нахустин бозии дӯстонааш дар Ҷидда бо ҳисоби 2:0 бар дастаи Арабистони Саудӣ ғалаба кард. ⚽️ Голҳоро Маҳиноз Нурова ва Райҳона Шомуродова заданд. Бозии дуюм 18 декабр баргузор…
🇹🇯 Мунтахаби наврасони занонаи Тоҷикистон (U-17) бори дуюм бар Арабистони Саудӣ пирӯз шуданд.

Рӯзи 18 декабр, дастаи мунтахаби наврасони занонаи Тоҷикистон (U-17) дар бозии дӯстонӣ бар ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Райҳона Шомуродова дар дақиқаи 82-юм ба самар расонд 💪

Қаблан, дар бозии аввал, дастаи мо бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада буд.

Ин вохӯриҳо як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 мебошанд, ки аз 9 то 17 октябри соли оянда баргузор мегардад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

📸 ФФТ

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👏21👍14❤‍🔥4🔥21
𝗧𝗔𝗝𝗦𝗖𝗢𝗥𝗘
🔵 Далер Шарипов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, дар бозии даври охири Суперлигаи Узбакистон голи ғалабаоварро барои «Металлург» ба дарвозаи «Насаф», қаҳрамони имсолаи чемпионати Узбакистон, зад. 📹Foreign Languages 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
🔵 «Металлург»-и Бекобод шартномаи Далер Шарипов ва 5 бозигари дигарро пеш аз муҳлат қатъ кард

Ба иттилои расонаҳои узбакистонӣ, сабаби қатъи шартнома мушкилоти молиявии клуб арзёбӣ мешавад. Гузашта аз ин, иштироки «Металлург» дар мавсими ояндаи Суперлига зери суол қарор дорад.

📊 Далер Шарипов, ҳамлагари 20-солаи мунтахаби Тоҷикистон, дар мавсими ҷорӣ дар 24 бозӣ 3 гол зада ва 2 партофти головар анҷом додааст. Transfermarkt нархи бозингари ҷавонро 175 ҳазор евро баҳогузорӣ мекунад.

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍32😢5🤣5❤‍🔥11😁1
🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿«Тоттенхэм» охирин шуда ба даври ниманиҳоии Ҷоми лигаи Англия баромад.

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
😁22👍14🤣3👏2🔥1
🇮🇹 «Интер» бо ду голи бе ҷавоби ба дарвозаи «Удинезе» ба даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Италия баромад.

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🔥18👍71
🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿 Торумори навбатии «Челси» дар хона.

Шогирдони Мареска ин мавсим дар Лигаи Конфронсҳо барои худ рақиб надоранд 🥶

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
40👍9🏆3🔥1👏1
𝗧𝗔𝗝𝗦𝗖𝗢𝗥𝗘
🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿«Тоттенхэм» охирин шуда ба даври ниманиҳоии Ҷоми лигаи Англия баромад. 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿«Тоттенхэм» баъди пирӯзӣ бар «Манчестер Юнайтед» ба даври ниманиҳоии Ҷоми лигаи Англия роҳ ёфт. Дар ин марҳила, онҳо бо «Ливерпул» барои роҳ ёфтан ба финал рақобат хоҳанд кард.

🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿🏴󠁧󠁢󠁥󠁮󠁧󠁿 Дар бозии дигари даври ниманизоӣ, «Арсенал» бо «Нюкасл Юнайтед» рӯ ба рӯ мешавад.

📸 Sky Sports

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍274🔥4😁1
🇹🇯 Расман: Дмитрий Черишев сармураббии нави «Равшан» Кӯлоб!

Имрӯз дар шаҳри Москва президенти клуб Зафар Соҳибназар бо мутахассиси шинохта Дмитрий Черишев шартномаи ҳамкорӣ барои мавсими 2025-ро ба имзо расонид. Дар ин бора саҳифаи расмии дастаи «Равшан» дар Телеграм хабар медиҳад.

Тибқи иттилоъ, Черишев рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон омада, машқу тамринҳои дастаҷамъонаро дар шаҳри Душанбе ва яке аз кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ хоҳад кард.

Мутахассиси рус қаблан роҳбарии дастаи «Шинник»-ро ба уҳда дошт ва 17 декабр аз вазифааш озод шудааст. Черишев ҳамчунин падари Денис Черишев мебошад, футболбози маъруфи Русия, ки дар дастаҳои номдори Испания, аз ҷумла «Реал Мадрид», «Валенсия» ва «Виляреал» бозӣ кардааст.

Қобили зикр аст, ки як сол қабл Александр Троитский дар бораи эҳтимолияти таъйини Черишев ба ҳайси сармураббии «Равшан» маълумот дода буд. Он замон роҳбарияти клуб изҳор доштанд, ки имкони иҷрои талаботи мутахассисро надоранд.

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍32🤣91❤‍🔥1👏1
⚽️🇹🇯 Президенти FIFA Ҷанни Инфантино дар сторизи Instagram-и худ «Истиқлол»-ро бо қаҳрамонӣ табрик гуфт.

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍88💩46🤣128❤‍🔥1🔥1🤮1🤡1