𝗧𝗔𝗝𝗦𝗖𝗢𝗥𝗘
9.44K subscribers
7.45K photos
727 videos
15 files
5.89K links
Нашрияи мустақили футболӣ!

Пешниҳод: @tajscore_support
Download Telegram
🇹🇯 ГОРАН СТЕВАНОВИЧ РАСМАН ҲАМЧУН САРМУРАББИИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ШУД

Имрӯз, 3 октябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе маросими муаррифии расмии сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон – мутахассиси сербӣ Горан Стеванович баргузор шуд. Дарҳол пас аз имзои шартнома бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мураббӣ бо хабарнигорон сӯҳбат карда, ба саволҳо дар бораи нақшаҳо ва муносибати худ ба кор посух дод.

🔹 Дар бораи эътимод ва мушкилот:

– Ман мехоҳам ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои эътимод ва даъват ба роҳбарии дастаи мунтахаби миллӣ изҳори сипос намоям. Ин барои ман имтиҳони нав ва ҷиддӣ аст. Бовар дорам, ки таҷрибаам бо дастаҳои мунтахаб барои ба сатҳи нав баровардани тими миллии Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

🔹 Дар бораи ҳадафҳои наздик:

– То аввалин бозии ман ба ҳайси сармураббии тими миллии Тоҷикистон чанд рӯз мондааст. Ҳоло диққати асосӣ ба бозӣ муқобили дастаи Малдив аст. Шартномаи ман бо Федератсияи футболи Тоҷикистон то 31 марти соли 2026 баста шудааст. Боварӣ дорам, ки натиҷа мешавад ва яккачини Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осие-2027 роҳ меёбад.

🔹 Дар бораи тактика ва фалсафа:

– Фалсафаи бозии ман ғалаба дар ҳар як бозӣ аст. Мо танҳо бо як мақсад ба майдон мебароем – ба даст овардани натиҷа. Нақшаи тактикии 4-2-3-1-ро меписандам, зеро он имкон медиҳад, ки тавозуни байни ҳимоя ва ҳамла нигоҳ дошта шавад. Муҳим он аст, ки даста бо фидокорӣ ва интизом бозӣ кунад. Ҳар як бозигар бояд нақши худро дарк кунад ва барои натиҷа кор намояд.

🔹 Дар бораи ахлоқ ва мураббиёни қаблӣ:

– Ман бо камбудиҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро гуфтан ё ба кори нафари пеш аз ман буда баҳо додан, худро нороҳат ҳис мекунам. Дар байни мураббиён қоидаи нонавиштае вуҷуд дорад, то ҳамкоронеро, ки қаблан бо даста кор мекарданд, муҳокима накунанд. Ин масъалаи ахлоқи касбӣ аст. Ман танҳо гуфта метавонам, ки тими миллии Тоҷикистон дорои иқтидори бузург аст. Дар даста бисёр футболбозони болаёқат ҳастанд, ки қодиранд то сатҳи баланд рушд кунанд ва ба натиҷа ноил шаванд. Вазифаи ман ин аст, ки хислатҳои беҳтарини онҳоро ошкор созам, бозии дастаро эҷод кунам ва қадам ба қадам ба сӯи ҳадафҳои худ ҳаракат кунам.

🔹 Дар бораи ҳамкорӣ бо бозигарон:

– Муноқишаҳо ва мушкилот бо бозигарон як ҷузъи футбол мебошанд. Чунин ҳолатҳо дар ҳама гуна даста, дар ҳама сатҳҳо ба амал меоянд – хоҳ бошгоҳ бошад, хоҳ дастаи миллӣ. Ман бо футболбозони машҳур ба монанди Майкл Эсйен, Салли Мунтари, Неманя Видич, Деян Станкович кор кардам ва ҳар кадоми онҳо хусусияти хос, диди худро доштанд. Ин муқаррарӣ аст. Муҳим аст, ки аз мушкилот канорагирӣ накунед, балки онҳоро ҳал карда тавонед. Равиши ман ин аст, ки дар дохили даста муҳите эҷод кунам, ки дар он мураббӣ ва бозигарон эҳтироми тарафайн ва муколама дошта бошанд. Ин ба пайдо кардани тавозуни байни интизом ва эътимод кӯмак мекунад. Танҳо дар чунин шароит метавон як дастаи қавӣ ва муттаҳид сохт.

🔹 Дар бораи ҳадафи асосӣ ва кори дастаҷамъӣ:

– Масъулияти мураббии дастаи мунтахаби миллӣ ҳамеша хеле калон аст. Ман як ҳадафи возеҳ ва хоҳиши самимӣ дорам, ки мунтахаби Тоҷикистонро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 барорам.

Мо инро танҳо якҷоя карда метавонем. Бозигарон, ситоди мураббиён, кормандони маъмурӣ, мухлисон, рӯзноманигорон, дастаҳо, мутахассисон, кормандони федератсия – ҳар кас бояд саҳми худро гузорад. Бо дастгирии ҳамдигар, ба даста бовар кардан ва ба як самт ҳаракат кардан, мо метавонем натиҷаи ҷиддӣ ба даст орем. Танҳо тавассути ҳамкории якҷоя муваффақият ба даст меояд.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
19💯2
Tajikistan Football Federation|Федерация футбола Таджикистана
🇹🇯 ГОРАН СТЕВАНОВИЧ РАСМАН ҲАМЧУН САРМУРАББИИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ШУД Имрӯз, 3 октябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе маросими муаррифии расмии сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон – мутахассиси сербӣ Горан Стеванович баргузор шуд. Дарҳол…
🇹🇯 Имрӯз дар меҳмонхонаи «Румӣ» нишасти хабарии муаррифии сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон — Горан Стеванович баргузор шуд.

Суоли сармуҳаррири нашрияи Tajscore дар бораи он ки оё Стеванович сермуздтарин сармураббӣ дар таърихи мунтахаб мебошад, аз ҷониби котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон тасдиқ гардид.

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
14😁4👍3👏2💯1
🇹🇯 Парвиз Умарбоев дар бозии даври 11-уми Лигаи бартари Булғористон муаллифи гол гардид.

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
48👍5🔥3
⚽️ Ҳайати аввалияи «Тоттенхем» дар бози муқобили «Лидс».

🟣 Премйер-Лига | Даври 7-ум
⚽️«Лидс»–«Тоттенхем»⚽️
16:30

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
10
Ҳисоботи молиявии "Ғӯлакандоз" дар соли 2025 📊💰

"Ғӯлакандоз" нахустин даста дар таърихи футболи тоҷик гардид, ки ҳисоботи молиявии худро ба таври оммавӣ нашр намуд.

Хароҷоти умумии даста дар соли 2025 - 268 ҳазору 365 сомониро ташкил медиҳад, ки ин назар ба солҳои қабл бештар аст. Албатта, ҳунарнамоии даста ҳам ба масрафҳои бештар ҷавобгӯ мебошад ва "Ғӯлакандоз" яке аз пешсафони ҷадвали мусобиқа ба ҳисоб меравад.
👍195🕊1
⚽️⚽️ Ҳайати аввалияи «Арсенал» ва «Вестхем».

🟣 Премйер-Лига | Даври 7-ум
⚽️«Арсенал»–«Вестхем»⚽️
19:00

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🔥93
⚽️ Ҳайати аввалияи «Манчестер юнайтед» дар бози муқобили «Сандерленд».

🟣 Премйер-Лига | Даври 7-ум
⚽️«Ман юнайтед»–«Сандерленд»⚽️
19:00

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍85
⚽️ Ҳайати аввалияи «Челси» дар бози муқобили «Ливерпул».

🟣 Премйер-Лига | Даври 7-ум
⚽️«Челси»–«Ливерпул»⚽️
21:30

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
11👍4
𝗧𝗔𝗝𝗦𝗖𝗢𝗥𝗘
⚽️ Ҳайати аввалияи «Челси» дар бози муқобили «Ливерпул». 🟣 Премйер-Лига | Даври 7-ум ⚽️«Челси»–«Ливерпул»⚽️ 21:30 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
⚽️ Ҳайати аввалияи «Ливерпул» дар бози муқобили «Челси».

🟣 Премйер-Лига | Даври 7-ум
⚽️«Челси»–«Ливерпул»⚽️
21:30

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
👍84
⚽️⚽️ Ҳайати аввалияи «Реал мадрид» ва «Виляреал».

⚽️ Ла лига | Даври 8-ум
⚽️«Реал мадрид»–«Виляреал»⚽️
00:00

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
9🤡1
𝗧𝗔𝗝𝗦𝗖𝗢𝗥𝗘
⚽️ Ҳайати аввалияи «Челси» дар бози муқобили «Ливерпул». 🟣 Премйер-Лига | Даври 7-ум ⚽️«Челси»–«Ливерпул»⚽️ 21:30 🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
⚽️ Эстевао дар охирон дақиқаи бози ба дастаи худ ғалабаро таъмин кард.

⚽️Ин 3-мин бохти пайдарпайи «Ливерпул» мебошад.

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🔥316👎3
𝗧𝗔𝗝𝗦𝗖𝗢𝗥𝗘
Photo
😜👽 Дубли Винисиус ва голи Мбаппе се имтиёз меоранд!

🇫🇷 Дар ҳисоби Мбаппе 45 гол ва паси головар дар 42 бозии Ла Лига ҳаст!

🇹🇯 Ба Score обуна шавед!
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
49🔥84🤡4👎1