Шоъир,ки ишк буд газал ишк мешавад
Дунё бидуни чуну чиро ишк мешавад
Хардам,ки ру ба суй Худо овари ба ишк
Мавчи санову дасти дуъо ишк мешавад
Эъчоз чист тарзи баёни Сапедаро
Хар тору пуди сомиъи мо ишк мешавад
Эхсоси поки уст,ки аз рохи чашми жил
То интехои Арши Худо ишк мешавпд
Оинаест лавхи газалхои ноби у
Матлаб ба умки кофияхо ишк мешавад
ЁРАБ каломи шоъираро мустадом дор
К,аз самъ хисси сомиъахо ишк мешавад
Аз гуфтани савобу амалкарди у ба хак
Пиндори неки хар яке мо ишк мешавад
Аз бас асар кунад суханаш бар равони мо
Бе эхтиёр хар хиси мо ишк мешавад
Дунё ба ком боду саъодат мудом бод
Он к,у,ки дар чахон сару по ишк мешавад
Хуршеди ишк гар бикунад заррапарвари
Хар манзаре ба дидаи мо ишк мешавад
Мо нестем шоъиру аммо мусаввирем
Харяк калам тасаввури мо ишк мешавад
Моем хастадил,ки зи фарёди калби мо
Аз арз то само хамачо ишк мешавад
Дарди дили шикаста ба даргохи Хак бигу
Лутфи кадар ба дасти казо ишк мешавад
Яхё фусуни лафз ба хели хаёли мо
Тасир карда хотирахо ишк мешавад
(Яхё)
@sugdion
Дунё бидуни чуну чиро ишк мешавад
Хардам,ки ру ба суй Худо овари ба ишк
Мавчи санову дасти дуъо ишк мешавад
Эъчоз чист тарзи баёни Сапедаро
Хар тору пуди сомиъи мо ишк мешавад
Эхсоси поки уст,ки аз рохи чашми жил
То интехои Арши Худо ишк мешавпд
Оинаест лавхи газалхои ноби у
Матлаб ба умки кофияхо ишк мешавад
ЁРАБ каломи шоъираро мустадом дор
К,аз самъ хисси сомиъахо ишк мешавад
Аз гуфтани савобу амалкарди у ба хак
Пиндори неки хар яке мо ишк мешавад
Аз бас асар кунад суханаш бар равони мо
Бе эхтиёр хар хиси мо ишк мешавад
Дунё ба ком боду саъодат мудом бод
Он к,у,ки дар чахон сару по ишк мешавад
Хуршеди ишк гар бикунад заррапарвари
Хар манзаре ба дидаи мо ишк мешавад
Мо нестем шоъиру аммо мусаввирем
Харяк калам тасаввури мо ишк мешавад
Моем хастадил,ки зи фарёди калби мо
Аз арз то само хамачо ишк мешавад
Дарди дили шикаста ба даргохи Хак бигу
Лутфи кадар ба дасти казо ишк мешавад
Яхё фусуни лафз ба хели хаёли мо
Тасир карда хотирахо ишк мешавад
(Яхё)
@sugdion
#маълумоти_ҷолиб... 👆👆👆
Ин ҳашарот ҳар шаб бо Шумо хоб мекунад
Тасвири ӯ ҳазорҳо маротиба бо микроскопи электронӣ калон карда шудааст ва дар матрас, кӯрпа ва болишт зиндагӣ мекунад.
Роҳи беҳтарини аз онҳо халос шудан дар зери офтоб мондани рӯйпӯшҳо, курпа болишт, зеро ӯ ба рӯшноӣ ва офтоб ҳассос аст, аммо бидонед, ки шустан бо собун таъсир намерасонад.
Се маротиба пеш аз хоб бистарро такон диҳед.
Олимон собит кардаанд, ки инсон вақте дар бистар хоб мекунад, дар бадани инсон мечаспанд. Вақте бедор мешавад ба бистар меафтанд. Ҳаргоҳ ки боз хоб меравед, ҳашаротҳо боз мечаспанд, ин ҳашарот оксид шуда, ба бадани инсон медарояд. Ин ҳашаротҳо танҳо дар зери микроскоп дидан мумкин аст. Ғарбиён кӯшиш карданд, ин масъаларо ҳал кунанд, аз ин рӯ онҳо чӯткаҳоро бо маводи шустушӯй шустаанд, аммо бенатиҷа. Онҳо тамоми маводи шустушӯйро истифода бурданд, аммо ин ҳашаротҳои ноаён гум намешуданд.
Ҳамин тавр, яке аз олимони ғарбӣ ин ҳашаротҳоро бо пушти ангушт (нохун) се маротиба пахш намуд ҳуҷайраҳо аз байн рафтанд. Ин олим шод буд, ки чӣ гуна ин ҳашаротро аз бистар берун кардан мумкин аст.
Онҳо боз пешниҳод намуданд, ки бистарро се маротиба такон диҳед, аммо ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) инро пештар гуфта буд: "Агар касе аз Шумо ба бистари худ дарояд, бигзор ӯ ҷои хоби худро, такон диҳад."
Зеро бисёриҳо фикр мекунанд, ки ӯ бистарро такон медиҳад, то ҳашаротро тарсонад, аммо ин тавр нест. Ин танҳо ҳашарот нест.
Худо ва Расули акрам чизеро, ки ба саломатиат зарар нарасонад, манъ намекунанд.
__Худои Мутаъол фармуд: "Ва мо туро барои раҳмате барои ҷаҳониён фиристодем"...

Эй дӯст, бар ҷанозаи душман чу бигзарӣ,
Шодӣ макун, ки бар ту ҳам ин моҷаро равад.
Доманкашон, ки меравад имрӯз бар замин,
Фардо ғубори колбадаш дар ҳаво равад.
Хокат дар устухон равад, эй нафси шӯхчашм,
Монанди сурмадон, ки дар ӯ тӯтиё равад.
Дунё ҳарифи сифлаю маъшуқи бевафост,
Чун меравад, ҳароина бигзор, то равад.
Ин аст ҳоли тан, ки ту бинӣ ба зери хок,
То ҷони нозанин, ки барояд куҷо равад.
Бар соябони ҳусни амал эътимод нест,
Саъдӣ, магар ба сояи лутфи Худо равад.
Ё Раб, магир бандаи мискину даст гир,
К-аз ту карам барояду бар мо хато равад. ( Саъди Шерозӣ )

ДИЛАТ БАР МАН НАМЕСӮЗАД...
Чаро бераҳми сангиндил, дилат бар ман намесӯзад?
Маро куштӣ чу як қотил, дилат бар ман намесӯзад?
Зи пушти ту давидам ман, басо ранҷат кашидам ман,
Чаро, эй ишқи беҳосил, дилат бар ман намесузад?
Туро шоҳи дилам гуфтам, нигори хушгилам гуфтам,
Чаро эй шоҳи ноодил, дилат бар ман намесузад?
Вуҷуди хастаамро сӯхт ишқи ҷонгудози ту,
Чаро ҳастӣ зи ман ғофил дилат бар ман намесӯзад?
Накарда ҳеч андеша, бигуфтӣ, эй ҷафопеша,
Суханҳои маро ботил, дилат бар ман намесӯзад.
Басе душвор танҳоӣ, маро куштаст раҳпоӣ,
Биё, осон шавад мушкил, дилат бар ман намесӯзад.
Кӯҳзод Фатҳулло
چرا بی رحم سنگین دل دلت بر من نمی سوزد؟
مرا کشتی چو یک قاتل دلت بر من نمیسوزد ؟
ز پشت تو دویدم من بسا رنجت کشیدم من
چرا ای عشق بی حاصل دلت بر من نمی سوزد ؟
تو را شاه دلم گفتم نگار خوشگلم گفتم
چرا ای شاه ناعادل دلت بر من نمی سوزد ؟
وجود خسته ام را سوخت عشق جانگداز تو
چرا هستی زمن غافل دلت بر من نمی سوزد ؟
نکرده هیچ اندیشه بگفتی ای جفا پیشه
سخنهای مرا باطل دلت بر من نمی سوزد.
بسا دشوار است تنهایی مرا کشته ست ره پایی
بیا اسان شود مشکل دلت بر من نمی سوزد .
کوهزاد فطح الله

Абдурашид Каюмзод 🌴🌴🌴🌴🌴🌴🌴
#ҳикоя
: Фаромӯшхотирии модар...
Ҷомадoнашро бастам. Бо хонаи пиронсолон ҳам ҳамоҳанг шуда буд. Ҳамагӣ як китоби Қуръон бо худ дошт. Барояш як шиша шарбат, каме мавизу ширинӣ барои шурӯъӣ ошноӣ гирифта будем.
Гуфт: Писарам, охир ман чизи зиёде намехӯрам ва як гӯшаи хона менишинам. Наметавонам биравам, набераҳоямро ёд мекунам.
Гуфтам: Модар, зуд бош, ки ба ман дер мешаванд, онҷо мунтазират ҳастанд.
Гуфт: Киҳо мунтазиранд? Онҳое, ки асло маро намешиносанд? Охир онҷо одам дилтанг мешавад. Дар хона ба кесе кор надорам. Аслан дигар ҳеҷ ҳарфе намезанам, хуб?
Гуфтам: Модар, шумо ҳоло бемории фаромӯшхотирӣ шуда истодаед, ба зудӣ ҳама чиро фаромӯш мекунед.
Гуфт: Писарам, ман бемории фаромӯшхоӣирӣ шудаам қабул, аммо ту чи? Ту чаро ҳама чиро фаромӯш кардаӣ писарам?
Хиҷолат кашидам. Охир суханаш ҳақиқат дошт. Кӯдакӣ, ҷавонӣ ва он ҳама ишқу муҳаббау ғамхориашро фаромӯш карда будам.
Ба хонаи пиронсолон занг зада гуфтам, ки модарамро намебарам.
Дар ин лаҳза тавони нигоҳ ба тубассуми шодмононааш, ки бар лабони пур аз ожангаш пайдо шуда буд, надоштам.
Ҷомадонашро боз кард ва шишаи шарбатро ба ман тақдим намуду гуфт: Бихӯр писарам, хаста шудаӣ.
Дастони пажмурдаву нотавонашро бӯсида гуфтам: Бубахш модар ва ин ҳамаро фаромӯш кун.
Ашкоҳои чашмонашро бо кунҷи руймолаш пок карду гуфд: Чиро бубахшам писарам? Ман ки бемории фаромӯшхотирӣ дорам ва чизе ёдам намеояд.
АЗ ҲАР ЗОВИЯ

This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
7 ЯНВАР ЗОДРӮЗИ САРОЯНДАИ НОТАКРОРИ ТОҶИК
МУҚАДДАС НАБИЕВА БА КУЛЛИ ҲАВОДОРОНАШ МУБОРАК!
РӮҲАШ ШОД БОД!
🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀
@oyisha_saidova

Писаре падарашро барои тановули ғизо ба ошхона бурда
буд. Падар, ки пир ва заиф буд, ғизояшро дуруст хӯрда
наметавонист ва рӯи либосҳояш мерезонид.
Баъзе аз афроди дар он ҷо буда бо чашми ҳақорат ба
марди пир менигаристанд. Аммо писар орому матин буд
ва бо дасти худ муадабона ғизоро ба даҳони падараш
мегузошт. Баъди он ки хӯрдани ғизоро тамом карданд,
писар падарашро назди дастшӯяк бурду сару рӯй ва
либосҳояшро тамиз кард ва айнакҳояшро танзим намуду
аз ошхона берун шуданд.
Дар ин ҳангом пирамарди дигаре, ки дар ошхона буд,
писарро садо зад:
— Ҳой писар, оё фикр намекунӣ, ки чизеро пушти сарат
ҷо гузоштаӣ?
Писар гуфт:
— На, чизеро боқӣ нагузоштаам.
Он марди пир гуфт:
— Бале писарам, боқӣ гузоштаӣ; дарсе барои тамоми
писарон ва умеде ҳам барои падараон... ва хомӯшии
мутлақ тамоми ошхонаро фаро гирифт....!

Кавар (Камар) — ин растаниест, ки хорҳо дорад, шохҳояш аксар ба рӯйи замин паҳн гаштаанд ва ба русси Каперс мегуянд; баргаш сабзи гирдактар ва монанди фулус ғафс, гулаш дар ғилофи сабз, бузургиаш қариб ба андозаи нахӯд, сабз, баъд калон шуда, ғунча мегардаду гул мекунад ва дар миёнаи гулаш монанди мӯйҳо торҳое дорад. Самараш ба ранги тарбузчаи сабз, вале дар ҳаҷм ба андозаи зардолуи миёна аст инро ба тоҷикӣ хиёри кавар меноманд. Ин баъди расидан пухта, чун пахта мешукуфад, мағзаш сурхранг; тухмаш зард, андак рутубати часпак дорад; таъмаш каме ширини тахирак, яъне ба талхӣ моил мебошад ва агар инро бихоянд, пӯсти даҳанро андак мекашад, тунҷӣ дорад, яъне узвҳои даҳанро каме дарҳам мекунад. Меваи ин ҳарчанд расидатар шавад, тунҷиаш камгар ва ширниаш зиёда мегардад. Решааш сафед, дароз, пӯсти решааш ғафс. Агар ин решаро хушк кунанд, дар аксар вақт пӯсташ ҷудо мешавад. Таъми ҳамаи қисмҳои кавар, яъне баргаш ҳам, шохаш ҳам, пӯстлохаш ҳам, решааш ҳам ҳама талханд.
Кавар камар
Ғунчаи гул ва самари майдаи норасидаи онро дар намакоб ширин карда ё дар сирко парварда, яъне як шабонарӯз дар он тар карда, барои хӯрдан тайёр низ менамоянд. Қуввати решаи ин барои давогӣ аз қисмҳои дигари ин зиёдтар аст.
Кавар дар заминҳои сахт, харобаҳо, даштҳо ва дар сантлохҳо мерӯяд. Агар дар заминҳои намнок ва дар наздики об рӯйида бошад, барои давогӣ намешояд, зеро қувваташ суст ва худаш боднок аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, инак, барои одамони мизоҷи сард ва тар допгга, инчунин барои касоне, ки мизоҷи мӯътадил доранд, бисёр форам мебошад. Агар ин гиёҳ дар сарзаминҳои гарм рӯйида бошад, мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк мебошад.
Хислатхои шифобахши он: ҳар як қисми онро бихӯранд ё дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, гиреҳҳо, рагҳои хун ва дар ҷоҳои дигари бадан бударо мекушояд, узвҳоро аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор пок мекунад; моддаҳоеро, ки дар ҳар як ҷойи бадан ғафс ва шах шуда бошанд, таҳлил медиҳад, нарм ва рақиқ мегардонад; балғам ва моддаи савдоро аз дохили бадан ҷудо мекунад ва инчунин ахлоти часпакро аз ҳама ҷоҳои бадан меронад. Барои бемориҳои аз хунукӣ пайдошаванда, ки вобаста ба майна бошанд, монанди: фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), истирхо (нотавон гаштани узвҳои бадан), карахтӣ, дарди пайвандҳо, ирқуннасо (радикулит), ниқрис (подагра) — барои ҳамааш нафъ мебахшад.
Ҳар як қисми каварро кӯфта гузошта банданд, мушакҳои аз кор мондаро ислоҳ ва сиҳат мекунад. Агар пӯсти меваашро бихоянд, рутубати майнаро кашида берун мекунад ва дарди дандонро таскин медиҳад. Агар пӯсти нав ва тозаи он ё барги тарашро бардавом бихоянд ё бо сиркои ангурӣ, ки дар он пӯсти самар ва тухми он ҷӯшонида шуда бошад, даҳанро чайқонанд, гиреҳҳои мағзи сарро мекушояд ва майнаро аз моддаҳои бегона, ки барои саломатии ин узв зарар мерасонанд, пок менамояд. Оби барг, пӯст, самар ва решаи тари онро нимгарм дар гӯш чаконанд, кирми даруни онро, ки ҳамеша дарди гӯш меоварад, мекушад. Агар ҳар як қисми каварро дар об ҷӯшонида, бо он об сарро бишӯянд, реши сарро, ки сарро баъди муддате кал мекунад, сиҳат мебахшад.
Хоҳ самараш, хоҳ дигар қисми ин растаниро дар об ҷӯшонида, он обро бо асал даромехта биёшоманд, балғамҳои гуногуни узвҳои даруни синаро таҳлил медиҳад ва аз бадан хориҷ мекунад, инчунин дардҳои даруни синаро таскин медиҳад. Агар самари инро дар намак парварда, яъне намак хӯронида бихӯранд, иллати дамкӯтаҳиро шифо мебахшад.
Ҳар як қисми каварро дар об ҷӯшонида, бо он об гарғара кунанд, яъне гулӯро чайқонанд, балғамро аз узвҳои нафас дафъ мекунад.
Ҳар як қисми растании мазкурро кӯфта бихӯранд ё дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, узвҳои дохили сина ва шикамро қувват мебахшад, бодҳоро таҳлил дода, аз бадан дур мекунад, гиреҳҳои дар рагҳои ҷигар ва сипурз бударо мекушояд; моддаи бегонаи нопухтаро бо исҳол, яъне аз дарун хориҷ мекунад ва савдоро аз бадан меронад, кирмҳои меъда ва рӯдаҳоро мекушад, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, қуввати боҳ (пушти камар)-ро зиёда мегардонад.

Самари намакхӯрдаи онро пеш аз таом бихӯранду баъд хӯрок истеъмол намоянд, дарунро мулоим мекунад ва ин беҳтарин давое мебошад барои сипурз, хусусан дар сирко ва асал як шабонарӯз андохта монда бошанду баъд бихӯранд; моддаи ғафси савдовиро бо қуввати тамом аз сипурз бо исҳол ва ба воситаи пешоб хориҷ мекунад, баъд сипурз комилан сиҳат мегардад. Агар ба меваи кавар мурчи кӯфтагӣ пошида бихӯранд, гиреҳҳои ҷигари хунукмизоҷро мекушояд. Чил рӯз пайдарҳам самари дар сирко парвардаи онро бихӯранд, даруни сипурзро тамоман пок мекунад, ба дараҷае ки ин узвро аз бадан ёфтан амри муҳол мегардад. Оби баргашро бинӯшанд, ҳамаи хелҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро мекушад.
Баргашро кӯфта, бо орди ҷав хамир карда, аз рӯ ба сипурз гузошта банданд, варами сипурзро таҳлил медиҳад; хусусан бо сирко хамир сохта, аз рӯ гузошта банданд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, барои бавосир нафъ мебахшад. Агар инро ширин нокарда, дар вақти талхияш бихӯранд, қуввати боҳро меафзояд.
Ҳар як қисми каварро сӯхта, ба дудаш бидоранд, барои бавосир фоида дорад.
Пӯсти тар ё хушки онро кӯфта гузошта банданд ё баргашро кӯфта, бо сирко ва асал хамир карда гузошта банданд, иллати ханозерро (хукгарданро) таҳлил медиҳад, инчунин варамҳои калон ва сахт, варамҳои зери бағал ва каши ронро мегардонад. Агар кӯфтаи инро бо сирко хамир карда, ба доги сафеди пӯст гузошта банданд, он доғро дафъ мекунад ва ба шукуфаҳои пӯст низ гузошта банданд, шифо мебахшад. Барги тарашро кӯфта, ба решҳои хабиса ва римнок гузошта банданд, онҳоро хушк намуда сиҳат мебахшад.
Оби барги тари онро хоҳ бинӯшанд ва хоҳ бо он ҳуқна (клизма) кунанд, бемориҳои ирқуннасо ва дардҳоеро, ки дар сурин (кафал) пайдо шуда бошанд, дафъ мекунад.
Ҳар як қисми ин гиёҳро бихӯранд ё гузошта банданд, бар зидди аксари заҳрҳо тарёқ мегардад ва агар инро бо шароби ангурӣ истеьмол кунанд, қавитар мегардад.
Мизоҷи гули кавар пеш аз шукуфтан, яъне дар вақти ғунчагиаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.
Гули каварро истеъмол кунанд, моддаҳои баданро нарм мекунад ва дар ҳама хислатҳо монанди решааш, вале каме аз он заифтар мебошад. Инро хушк карда чун орд соида, ба носурҳои чашм бипошанд, онҳоро хушк месозад ва сиҳат мебахшад. (Носури чашм ин реши кӯҳнаи беҳнашавандаи чашм аст, ки гоҳ аз он рим равон мешавад ва гоҳ римаш хушк мегардаду баъди муддате аз нав равон мешавад).
Самари расидаи ин растаниро дар сирко парварда, баъд бихӯранд, лазиз мегардад, иштиҳоро мекушояд, сипурзро ба дараҷае пок мегардонад, ки гӯё он нест шуда бошад, баданро аз балғам пок месозад, гиреҳи ҷигар ва силурзро мекушояд, вале дар одамони гарммизоҷ дарди сар меоварад.
Хиёри кавар, яъне самари ношукуфтаи он дар мизоҷ гарм ва тар аст, мизоҷи тухмаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, яъне барои касони мизоҷи хунук ва тар дошта мувофиқ мебошад.
Хиёри расидаи он, яъне гӯшти самари шукуфтаи онро нахоида фурӯ баранд ва тухмашро ба дили наҳор бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, вале феъли меъдаро вайрон месозад. Барои ҳамин худашро хоида ва тухмашро кӯфта хӯрдан даркор аст.
Мизоҷи шохаш аз баргаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст, вале дар манфиат заифтар аз гули он мебошад. Бо вуҷуди ин агар кӯфта гузошта банданд, ханозери гулӯро таҳлил медиҳад ва дигар варамҳои балғамиро мегардонад, инчунин носури чашмро дафъ мекунад. Оби барг ва оби шохи тари онро бинӯшанд, ҳамаи навъҳои кирми меъдаро, ки кирмҳои сурхи дароз мебошанд, мекушад. Шох, барги тар ё хушки онро кӯфта, бо зифт даромехта гузошта банданд, решҳои раддӣ ва беҳнашавандаеро, ки рутубаташон ба асал монанд аст, шифо мебахшад, захмҳои хабиса (злокачественные язвы)-ро низ дафъ мекунад, варамҳои ханозер (хукгардан) ва дигар варамҳои балғамиро зуд таҳлил медиҳад. Шохаш, яъне пояаш дар хислатҳои тиббӣ аз барги он қавитар аст.
Ҳамаи қисмҳои каварро дар об ҷӯшонида, бо он об ғаргара кунанд, майнаро аз олоишҳо пок мегардонад, гиреҳҳои дар мағзи сар ва дар узвҳои даруни сина пайдошударо мекушояд.