Sohibkor/Sk
131 subscribers
88 photos
65 links
Соҳибкорӣ, технология ва омор.🇹🇯 #Sk
✍️Ҳамкорӣ - pr@sk.tj
✍️Реклама - adv@sk.tj

👉Сомонаи маҷалла - sk.tj
👉Ютуб канал - https://youtu.be/gZr0dPT4hUM
Download Telegram
to view and join the conversation
Соҳибкорӣ: Муваффақият аз ҷасорат аст!

Агар инсон пеши худ барои иҷрои коре мақсад гузорад, ӯ алаккай як қадам аз мушкилот ба пеш рафт. Кофист, то талаботу ниёзи мардумро бидонӣ ва сари вақт ба он аксуламал нишон бидиҳӣ.

Муфассал – https://sk.tj/sohibkori/muvafaqiyat-az-jasorat-ast/
"Мардумӣ ва дастрас". Оператори нави "O Mobile" ба корбарон чӣ пешниҳод мекунад?

Дар Тоҷикистон ширкати нави мобилии "O Mobile" пайдо шуд, ки бо принсипи оператори мобилии виртуалӣ кор мекунад. Ин чӣ гуна ширкат аст, дар матлаби зерин ба шумо маълумот медиҳем.
Муфассал – https://sk.tj/tech/mardumi-va-dastras-mobile/
Алиф Бонк ба рӯйхати 100 финалисти Ҷоми Ҷаҳон оид ба Соҳибкорӣ шомил шуд!

Ташкилкунандагони Ҷоми Ҷаҳон оид ба Соҳибкорӣ (Entrepreneurship World Cup /EWC) рӯйхати финалистони 100 стартапҳоро эълон карданд. Дар ин озмун бори аввал аст, ки намояндаи Тоҷикистон иштирок мекунад! Ҷоми Ҷаҳон оид ба Соҳибкорӣ аз 18-ум то 20-уми октябри соли 2020 дар “Misk Global Forum” баргузор мешавад ва баромади 100 стартапи беҳтарини ҷаҳонро сокинони сайёра метавонанд мустақиман тариқи онлайн тамошо кунанд!

Муфассал – https://sk.tj/sohibkori/alif-bonk-ba-ruykhati-100/
Гӯшт нахӯрдаву дар танҳоӣ зиндагӣ кардан. Павел Дуров роҳҳои мубориза бо пиршавиро ошкор кард.

Дар ҷашни 36-солагиаш, асосгузори ВКонтакте ва мессенҷери Телеграмм Павел Дуров рӯйхати ҳафт қоидаеро нашр кард, ки ба ақидаи ӯ, барои ҳифзи ҷавонӣ мусоидат мекунанд. Аз ҷумла, миллиардер маслиҳат дод, ки бисёр хоб кунанд, аз одатҳои бад худдорӣ намоянд ва аз стресс даст кашанд.

Муфассал – https://sk.tj/andesha/gush-nakhurdavu-da-tanhoi-zindagi-kardan/
" Кӯшиш намоед, ки танҳо бо шахсоне кор кунед, ки аз шумо қавитаранд. Маҳз ҳамон одамон дар пешрафти шумо кӯмак хоҳанд кард." - Уле-Эйнар Борндален, қаҳрамони ҳашткаратаи Бозиҳои олимпӣ

#Sohibkor #Sk
YouTube дар соли 2020 барои 1000 - тамошо чӣ қадар пул медиҳад ва бо кадом роҳ тамошоро ду маротиба зиёд намудан мумкин аст?

Бисёр ҷолиб аст, ки канали YouTube барои 1000 тамошо чӣ қадар пул медиҳад ва ин пул чӣ гуна ба канали худ мегузарад. Мо ба ин ҷиҳат диққат медиҳем ва ҳама чизро бо мисолҳои мушаххас ва факту рақам ба Шумо пешниҳод менамоем, ки ҳар шахс чӣ қадар пул аз канали YouTube кор мекунад. Барои пул кор кардан муҳим мавзӯъ ва бо кадом забон пешниҳод намудани он нест. Масъалаи асосӣ ва муҳим чизи ҷолиб ва қобили қабули аудитория пешниҳод намудан ба шумор меравад.

Муфассал – https://sk.tj/marketing/youtube-dar-soli-2020/
Pamir Data Entry: Имкониятҳои нави корӣ тавассути аутсоринги рақамӣ.

Pamir Data Entry — аввалин маркази аутсорингие мебошад, ки барои таҳия ва пешбурди баҳисобгирии рақамӣ, дар Бадахшон равона гардидааст.

Муфассал – https://sk.tj/sohibkori/pamir-data-entry-imkoniyathoi-raqami/
Facebook дар Messenger тағйиротҳои нав ворид мекунад.

Аз нимаи дуюми моҳи октябри соли 2020 Facebook тамғаи Messenger-ро нав карда, ба он функсияҳои иловагиро ворид намуд. Дар ин бора The Verge хабар медиҳад. Тамғаи (логотип) нави Messenger бо услуби Instagram — бар ивази ранги кабуд, ки асоси тамғаи пешина буд, ранги гулобӣ истифода шуда, рангҳои бунафшу кабуд бошанд ҳамчун соя ба назар мерасад.

Муфассал – https://sk.tj/tech/facebook-va-messenger/
Oson SMS: Чӣ хел дар Тоҷикистон аз СМС маркетинг истифода бурдан мумкин?

СМС-маркетинг кайҳост, ки дар бозори хизматрасонии ҷаҳонӣ истифода мешавад. То замони мо он ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Ҳоло ба ҷои СМС-ҳои маҷбурӣ, паёмҳои иттилоотию шахсӣ афзалияти бештар доранд ва саҳми ин гуна хизматрасониҳо барои пешрафту обрӯю эътибори ширкатҳо назаррас аст, инчунин имконияти ба даст овардани фоидаи пулӣ мавҷуд аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навъи хизматрасониро Oson SMS ба роҳ мондааст. Сомонаи расмии ин ширкат www.osonsms.com буда, дар он ҳамаи хизматрасониҳо ва тарзи дурусти истифодаи СМС маркетинг ба таври зайл фаҳмонда шудааст. Рекламаи молу маҳсулоти ширкат тариқи фиристодани СМС имконияти хуб барои муайян кардани самаранокии рӯйхатҳои почтаи электронӣ ва идора намудани пойгоҳи суроғаҳои электронӣ мебошад. Бо истифода аз платформаи Oson SMS метавонед таҳлили самаранокии фиристодани СМС паёмакро мушоҳида кунед.

Муфассал – https://sk.tj/marketing/oson-sms-marketing/
Инсон қобилияташро замоне мефаҳмад, ки барои истифода бурдани он азм намояд.

Замоне як нафар амлокдоре буд. Ӯ духтари хушгил ва қадрасе дошт ва мехост бидонад, ки оё ҷавонон духтарашро дӯст дошта, ба ӯ хонадор шудан мехоҳанд ё барои пулу моли падараш хонадор шуданианд?
Ниҳоят ӯ тасмим гирифт, ки ҷавононро санҷад. Бо ҳамин мақсад ӯ онҳоро назди ҳавзе гирд оварда, эълон намуд: ҳар нафаре, ки ҳамин ҳавзро шино карда гузарад, подоши аъмолашро дар намуди зерин медиҳам: ё аз сеяк ҳиссаи заминамро ё аз се як ҳиссаи сарватамро ва ё духтарамро. Вале дар ёд дошта бошед, ки дар ҳавз тимсоҳҳои гурусна ҳастанд.

Муфассал – https://sk.tj/andesha/inson-qobiliyatashro-zamone-mefahmad/
Билл Гейтс гуфт, ки чӣ гуна ба саволи "Чаро мо шуморо ба кор гирем?" ҷавоб бояд дод.

Муассиси ширкати бонуфузи “Microsoft” Билл Гейтс ба яке аз саволҳои маъмултарини мусоҳибон “Чаро мо шуморо бояд ба кор гирем” ки аз ӯ талаб карда буданд посухи лозимӣ дод. Дар ин бора CNN иттилоъ медиҳад.

Муфассал – https://sk.tj/andesha/charo-shumoro-ba-kor-girand/
WSJ: Авҷи истифодабарии нақлиёти барқӣ наздик аст.

Бозори мошинҳои барқӣ назар ба оне ки мо тасаввур мекардем, хеле зудтар гарм хоҳад шуд, мегӯяд муаллифи The Wall Street Journal Кристофер Мимс. Ӯ дар мақолаи худ омилҳои зудтар дар ҷаҳон паҳн шудани мошинҳои барқиро дар фурсатҳои наздик номбар кардааст. Мехоҳед, ки ба зудӣ нақлиёти каммасрафро истифода бареду бо он сайру сайёҳат кунед? Ин ба шумо кай муяссар мешавад? Дар матни зер бихонед.

Муфассал – https://sk.tj/tech/avji-istifodabarii-naqliyoti-barqi/
Швейтсария шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон барои содироти молҳо мебошад

Шарикони асосии Тоҷикистон дар содироти мол Швейтсария, Туркия, Қазоқистон, Афғонистон ва Узбакистон ба ҳисоб мераванд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба "Авеста" иттилоъ доданд, дар содироти молҳо Швейтсария нисбати дигар кишварҳо фаъолтар буда, 57,9% ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳад.

Муфассал – https://sk.tj/sohibkori/shvetsariya-shariki-asosii-tojikiston/
Дар Telegram имкониятҳои нав пайдо шуд.

30 октябр дар паёмрасони Telegram тағйиротҳои нав ворид гардид. Инро дар саҳифаи блоги ширкат хабар доданд. Паёмакҳои насбшудаи 2.0 дар болои саҳифаҳо, рӯйхати мусиқиҳо, омори матлабҳои нашршуда ва дигар навигариҳо.

Муфассал – https://sk.tj/tech/dar-telegram-imkoniyathoi-nav-paydo-shud/
Сундар Пичай директори Google ду принсипи асосии ҳаёти муваффақро номбар кард

Сундар Пичай директори ширкати Google 27 сол пеш ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои таҳсил дар Стенфорд омада буд. Пас аз хатм, ӯ дар як ширкати нимноқил кор мекард ва дар McKinsey мушовир буд. Айни ҳол Пичай директори Alphabet ва Google мебошад.
Inc.com ду принсипи асосиро пешниҳод кард, ки ба ӯ дар ёфтани кори ҳаёташ ва ба даст овардани муваффақият дар карераи худ кӯмак карданд.

Муфассал – https://sk.tj/andesha/sundar-pichai-google/
Дар Хуҷанд системаи пардохти электронӣ ҷорӣ карда шуд.

Хуҷанд пас аз Душанбе дуввумин шаҳри Тоҷикистон шуд, ки дар он шумо метавонед нақлиёти ҷамъиятиро бо корти электронӣ пардохт кунед. Дар автобусҳои Хуҷанд системаи пардохти ғайринақдии City Card роҳандозӣ карда шуд, менависад сомонаи «SugdNews».

Муфассал – https://sk.tj/tech/dar-khujand-sistemai-pardokhti-ellektroni-jori-karda-shud/
“Huawei” ният дорад, ки смартфони “Honor” - ро ба ҳукумати Шэнчжен ва дигарон 15 миллиард доллар фурӯшад

Ин созишнома “Honor”-ро аз таҳримҳои ИМА, ки “Huawei” таҳти фишор қарор дорад, хориҷ мекунад.
“Reuters” дар такя бо манобеи боэътимод хабар дод, ки ширкати “Huawei” ба нақша гирифтааст, ки бренди смартфони“Honor”-ро ба маблағи 100 миллиард юан (тақрибан 15,2 миллиард доллар) ба як консорсиум таҳти роҳбарии дистрибютери асосии смартфони Digital China ва ҳукумати Шэнчжен фурӯшад.

Муфассал – https://sk.tj/sohibkori/huawei-niyat-dorad-smartfoni-honoro-furushad/
Аз болоравии рублу доллар ва евро то уфти сомонӣ: эълони қурби асъор.

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 24 ноябр эълон кард. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1472 сомонӣ нишон дода шудааст. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Муфассал – https://sk.tj/sohibkori/az-bloravii-dolaru-evra-somoni/
Чӣ тавр дар Тоҷикистон сармоягузори лоиҳаи худро пайдо бояд кард!

Онҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданианду мехоҳанд дар ин самт фаъолияти пурсамар анҷом диҳанд намунаи ташкилоту ширкат ва бонкҳои сармоягузорӣ кӯмакрасон мебошад. Идомаи матлаб ҳамтан ба манфиат хоҳад буд.

Муфассал - https://sk.tj/sohibkori/chi-tavr-dar-tojikiston-sarmoya/
Чӣ тавр дар Тоҷикистон сармоягузори лоиҳаи худро пайдо бояд кард!
Онҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданианду мехоҳанд дар ин самт фаъолияти пурсамар анҷом диҳанд намунаи ташкилоту ширкат ва бонкҳои сармоягузорӣ кӯмакрасон мебошад. Идомаи матлаб ҳамтан ба манфиат хоҳад буд.
Муфассал - https://sk.tj/sohibkori/chi-tavr-dar-tojikiston-sarmoya/