Равшанфикр - огоҳӣ, озодӣ, ободӣ
17 subscribers
27 links
Сомонаи «Равшанфикр» муаррифгари дастовардҳои илми ватанӣ буда, дар он маводи илмӣ дар мисоли мақолаҳо, китобҳо, монография, маҷаллаҳо ва амсоли инҳо интишор меёбад.
Download Telegram
Шаҳри мо аз гулрухон мисли гулистоне бувад,
Аз лаби хандонашон боғи шукуфоне бувад.
Ҳар куҷо дар шаҳри мо кӯю хиёбоне бувад,
Пур зи атр аз накҳати зулфи парешоне бувад.

Ҳар куҷо сарве канори боғу майдоне бувад,
Шармсор аз ҷилваи сарви хиромоне бувад.

Метавон кам кошт гул дар кӯчаҳои пойтахт,
К-аз гули рӯ шаҳри мо ҳамчун гулистоне бувад.

Гар парешониву бесомоние дар шаҳри мо
Бошад, он танҳо сари зулфи парешоне бувад.

Инъикоси санъати меъмории миллии мост,
Дар Душанбе ҳар куҷо кохеву айвоне бувад.

Кӯчаҳои пойтахт аз гулрухон гул кардаанд,
Гулшан аст ин шаҳр, ё боғи гулафшоне бувад?
Назрӣ Асадзода