СЕ МАНБАЪ ГУФТААНД, КИ ПЕШ АЗ ҲАМЛА БА “КРОКУС”, ЭРОН ДАР БОРАИ АМАЛИЁТ БА РУСИЯ ҲУШДОР ДОДА БУД https://smarturl.click/4kZgD
Радиои Озодӣ
Reuters: Эрон дар бораи эҳтимоли ҳамла ба Русия хабар дода буд
Се манбаи огоҳ ба хабаргузории "Рейтерс" рӯзи 1-уми апрел гуфтаанд, ки пеш аз ҳамлаи маргбор ба як толори консертӣ дар наздикии Маскав, Эрон Русияро аз эҳтимоли "амалиёти густурда" дар ин кишвар огоҳ кардааст.
ПАЁМИ ЯК ЗАНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК АЗ РУСИЯ: “МАСКАВ ОН МАСКАВИ ПЕШИНА НЕСТ.” ШИКОЯТИ ДИГАРИ МУҲОҶИРОН ДАР ИНҶОСТ
Радиои Озодӣ
"Телефонамро кофтанд, ҳуҷҷатҳо ва миллатамро пурсиданд"
"Мегӯянд, ки Маскав тинҷ аст. Маскав тинҷ нест. Ноором аст. Муҳоҷирон азоб мекашанд. Маскав он Маскави пешина нест." Ин паёми як зани муҳоҷири тоҷик аз Русия аст, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид.
"МЕГӮЯНД, ОНҲО МЕХОСТАНД, ДАР НАВРӮЗ ҲАМЛА АНҶОМ ДИҲАНД"
https://smarturl.click/DadLz
https://smarturl.click/DadLz
Радиои Озодӣ
Манобеъ: 20 кас ба гумони омодагӣ ба ҳамла дар Тоҷикистон боздошт шудаанд
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қариб 20 касро ба гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ боздошт кардаанд.
ҲАБСИ БОЗ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОБИТА БА ҲАМЛАИ МАРГБОР ДАР РУСИЯ https://smarturl.click/G6QzV
Радиои Озодӣ
Ҳабси Ёқубҷон Юсуфзода, шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба қазияи "Крокус"
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 1-уми апрел як зодаи дигари Тоҷикистонро дар пайванд ба ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл" то 22-юми майи имсол ба ҳабс гирифт
ҲАТТО ТОЛИБОН ТАЪНА ЗАДАНД, КИ ТОҶИКОН ТЕРРОРИСТАНД. САБАБ ЧИСТ ВА РОҲИ ПЕШГИРӢ КАДОМ АСТ? ИНҶО ХОНЕД:
https://smarturl.click/aJp4g
https://smarturl.click/aJp4g
Радиои Озодӣ
Рустам Азизӣ: Барои пешгирӣ танҳо шиори “нест бод терроризм” кофӣ нест
Ҳамлаи ахир ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Русия, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар он гумонбаранд, дигарбора номи ин кишварро дар сархати расонаҳо қарор дод.
ТОҶИКИСТОН ГУФТААСТ, КИ ИН ҲАМЛА ХИЛОФИ ҚОНУНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АСТ. https://smarturl.click/qlOgp
Радиои Озодӣ
Тоҷикистон ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқро маҳкум кард
Тоҷикистон ҳамлаи маргбор ба консулгарии Эрон дар Сурияро маҳкум кард.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ГУФТ, "МАН МЕДОНАМ, ХУДАМ ҲАМ ҲИС КАРДА ИСТОДААМ", АММО ПАЁМИ РӮШАН НАДОД. ЧАРО ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БОЗДОШТУ ШИКАНҶАИ ТОҶИКОН ДАР РУСИЯ ГАП НАЗАД?
Радиои Озодӣ
Сукути ҳукумат дар баробари гӯши бурида ва шиканҷаи тоҷикон дар Русия чӣ маъно дорад?
Набуди баёнияи возеҳи Тоҷикистон дар бораи бераҳмии маъмурони амниятии рус бо чаҳор тоҷики муттаҳам ба терроризм сабаби танқиди ҳукумат шудааст. Мунтақидон мегӯянд, ҳар шаҳрванди кишвар дар ҳар ҷое ҳаст ва ҳар ҷинояте карда бошад, ҳуқуқ дорад ва он бояд риоят…
ПУТИН ХОСТААСТ, СИЁСАТИ МУҲОҶИРАТРО ДАР РУСИЯ "АЗ РЕША ДИГАР КУНАНД". ТОҶИКОН ВА КОРГАРОНИ ДИГАРИ ХОРИҶИРО ДАР РУСИЯ ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
Радиои Озодӣ
Путин хост, сиёсати муҳоҷират дар Русия "аз реша дигар шавад"
Президенти Русия баъди бештар аз даҳ рӯзи ҳамлаи маргбор дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав гуфт, сиёсати муҳоҷират дар кишвараш бояд "аз реша дигар шавад". Владимир Путин рӯзи 2-юми апрел ба ниҳодҳои масъули давлатӣ супориш дод, ки сари ин масъала кор кунанд.
Шеваи пурсиши гумонбарони ҳамла ба "Крокус сити ҳолл" баҳсҳои зиёдеро барангехтааст. Ҳомиёни ҳуқуқ дурустии иқрори баъзе онҳоро зери суол бурданд. "Озодӣ" аз ҳуқуқшиносон ва мардум пурсид пурсид, ки барои бозпурсии гумонбарон аз кадом шеваи пурсиш бояд истифода шавад ва чаро онҳо шиканҷа шуданд?
https://smarturl.click/8EoL0
https://smarturl.click/8EoL0
Радиои Озодӣ
Сокинон ва ҳуқуқшиносон дар бораи шеваи пурсиши гумонбарони ҳамла ба "Крокус" чӣ мегӯянд?
Шеваи пурсиши гумонбарони ҳамла ба "Крокус сити ҳолл" баҳсҳои зиёдеро барангехтааст. Ҳомиёни ҳуқуқ дурустии иқрори баъзе онҳоро зери суол бурданд. "Озодӣ" аз ҳуқуқшиносон ва мардум пурсид, ки барои бозпурсии гумонбарон аз кадом шеваи пурсиш бояд истифода…
"ГУФТАНД, РАВ ДАР ВАТАНАТ ИСТИРОҲАТ КУН". ЧАРО МУҲОҶИРОНРО ИХРОҶ МЕКУНАНД?
https://smarturl.click/Ad1Ly
https://smarturl.click/Ad1Ly
Радиои Озодӣ
Се муҳоҷири тоҷикро барои як умр аз Русия ихроҷ карданд
Мақомоти Русия се муҳоҷири тоҷикро аз ҳаққи сафар ба кишварашон якумрӣ маҳрум карданд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон мехостанд, ба воситаи Қазоқистон вориди Русия шаванд.
МАЪЛУМ ШУД, КИ НИМ МОҲ ПЕШ БА РУСИЯ ГУФТА БУДААНД, КИ БА "КРОКУС" ҲАМЛА МЕШАВАД. ЧАРО РУСИЯ АЗ ОН ПЕШГИРӢ НАКАРД?
https://smarturl.click/M1vOp
https://smarturl.click/M1vOp
Радиои Озодӣ
Расонаҳо: ИМА ба Русия гуфта буд, ки ба "Крокус" ҳамла мешавад
Расонаҳои мӯътабари амрикоӣ навиштаанд, ки Амрико ба Русия гуфта будааст, ки ҳамлаи террористӣ эҳтимол дар маҷмааи “Крокус Ситти Ҳолл” сурат бигирад.
МОДАРИ ДАЛЕРҶОН ГУФТ, Ӯ БА ТОҶИКИСТОН ОМАДАНӢ БУД. Ӯ БОВАР НАДОРАД, КИ ПИСАРАШ ТЕРРОРИСТ БОШАД. ҲАМДЕҲАГОН ЧӢ ГУФТАНД? ИНҶО ХОНЕД:
https://smarturl.click/RA0Jx
https://smarturl.click/RA0Jx
Радиои Озодӣ
Аз рейду депорт метарсид. Меҳрубон буд. Нақли модар ва ҳамдеҳагони Далерҷон Мирзоев
Модари Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарони ҳамлаи маргбор дар Маскав, бовар надорад, ки писараш дар ҳодисаи террористӣ даст дошта бошад.