МУЛОҚОТИ ДУҶОНИБА ВА ИМЗОИ МЕМОРАНДУМИ ҲАМКОРӢ БО КОЛЛЕҶИ ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ БИНҶОУ
19 августи соли 2026 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти донишкада бо намояндагони Коллеҷи илм ва технологияи Бинҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар мулоқот аз ҷониби муассисаи чинӣ Liu Xiang — директори иҷроия ва Wang Yalin — муовини декани Мактаби таҳсилоти байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар оғози ташриф меҳмонон бо фаъолияти донишкада аз наздик шинос гардида, ба онҳо имкониятҳои таълимӣ, илмӣ, инноватсионӣ ва инфрасохтории донишкада муаррифӣ карда шуданд.
Маълумоти муфассал:
https://www.facebook.com/share/p/1D5qA24ThH/

👍1
Дар донишкада шанбегии дастаҷамъона бо иштироки кормандони техникии донишкада баргузор карда шуд. Ҳамзамон бо мақсади омодагӣ ба оғози соли хониши нави таҳсил, тамоми синфхонаҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ омода карда шуданд.
https://www.facebook.com/share/1LzqSVh2zH/

👍3
Шоми 22.08.2026. бо мақсади иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба такмили тарғиб ва ташвиқи корҳои тарғиботӣ байни ҷавонон ва баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни донишкада дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ ташкил карда шуд.
https://www.facebook.com/share/1GyK5mvcKq/

❤3👍1
Муҳтарам Содиқзода Хурсанд Сафар!
Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданатонро, ки бевосита аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид, ба Шумо ва кулли омӯзгорону кормандони Донишкада самимона муборакбод мегӯем.
Ин мукофоти давлатӣ нишони баланди қадршиносӣ аз меҳнати содиқона, фаъолияти пурсамар, хизматҳои арзанда дар рушди соҳаи маориф ва саҳми Шумо дар пешрафти Донишкада мебошад.
Маълумоти муфассал:
https://www.facebook.com/share/1D4JodG8z1/

👍8❤6🔥1