Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6.25K subscribers
1K photos
12 videos
96 files
164 links
Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма
Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw
Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc
Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/
https://www.facebook.com/officialntc.tj
Download Telegram
‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ! ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2024 - ҚИСМИ А5.2 ДАСТРАС ГАРДИД!
ШУМО МЕТАВОНЕД ҶАВОБҲОРО АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ Ё САҲИФАИ Telegram ДАСТРАС НАМОЕД.
‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ! ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2024 - ҚИСМИ B1 - B2 - B3 - B4 - B5.1 ДАСТРАС ГАРДИД!
ШУМО МЕТАВОНЕД ҶАВОБҲОРО АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ Ё САҲИФАИ Telegram ДАСТРАС НАМОЕД.
📜ҚИСМИ Б – ИМТИҲОН ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ Б.1 “ТАБИӢ ВА ТЕХНИКӢ”***
Б1— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б1— 2“Математика”
Б1— 3“Физика”

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ Б.2 “ИҚТИСОД ВА ГЕОГРАФИЯ””***
Б2— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б2— 2“Математика”
Б2— 3“География”

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ Б.3 “ФИЛОЛОГИЯ, ПЕДАГОГИКА ВА САНЪАТ”***
Б3— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б3— 2“Адабиёти тоҷик”
Б3— 2“Русский язык”
Б3— 3– “Забони хориҷӣ” (англисӣ)
Б3— 3“Забони хориҷӣ” (немисӣ)
Б3— 3“Забони хориҷӣ” (франсавӣ)
Б3— 3“Забони хориҷӣ” (арабӣ)

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ Б.4 “ҶОМЕАШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚ”***
Б4— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б4— 2“Таърих”
Б4— 3– “Забони хориҷӣ” (англисӣ)
Б4— 4“Забони хориҷӣ” (немисӣ)
Б4— 4“Забони хориҷӣ” (франсавӣ)
Б4— 4“Забони хориҷӣ” (арабӣ)

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ А.5.1 “ТИБ, БИОЛОГИЯ ВА ВАРЗИШ” ***
Б5.1 — 1“Забони тоҷикӣ”
Б5.1 — 2“Биология”
Б5.1 — 3 “Химия”
*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ Б.5.2 “ТИБ, БИОЛОГИЯ ВА ВАРЗИШ” ***
Б5.2 — 1“Забони тоҷикӣ”
Б5.2 — 2“Биология”
Б5.2 — 3 “Химия”
‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ! ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТИ ИМТИҲОНҲОИ ИЛОВАГӢ ДАСТРАС АСТ!
ШУМО МЕТАВОНЕД ҶАВОБҲОРО АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ Ё САҲИФАИ Telegram ДАСТРАС НАМОЕД.
📜ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТИ ИМТИҲОНҲОИ ИЛОВАГӢ ҚИСМИ А📜

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ А .1 “ТАБИӢ ВА ТЕХНИКӢ”***

А1— 1
“Забони тоҷикӣ”
А1— 2“Математика”
А1— 3 – “Химия”
А1— 4“Физика”

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ А.2 “ИҚТИСОД ВА ГЕОГРАФИЯ””***

А2— 1
“Забони тоҷикӣ”
А2— 2“Математика”
А2— 3“География”
А2— 4– “Забони хориҷӣ” (англисӣ)
А2— 4“Забони хориҷӣ” (немисӣ)
А2— 4“Забони хориҷӣ” (франсавӣ)
А2— 4“Забони хориҷӣ” (арабӣ)

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ А.3 “ФИЛОЛОГИЯ, ПЕДАГОГИКА ВА САНЪАТ”***
А3— 1
“Забони тоҷикӣ”
А3— 2“Таърих”
А3— 3“Адабиёти тоҷик”
А3— 3“Русский язык”
А3— 3”Забон ва адабиёти ӯзбек”
А3— 4 “Забони хориҷӣ” (англисӣ)
А3— 4“Забони хориҷӣ” (немисӣ)
А3— 4“Забони хориҷӣ” (франсавӣ)
А3— 4“Забони хориҷӣ” (арабӣ)

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ А.4 “ҶОМЕАШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚ”***

А4— 1
“Забони тоҷикӣ”
А4— 2“Таърих”
А4— 3“Ҳуқуқ”
А4— 4 “Забони хориҷӣ” (англисӣ)
А4— 4“Забони хориҷӣ” (немисӣ)
А4— 4“Забони хориҷӣ” (франсавӣ)
А4— 4“Забони хориҷӣ” (арабӣ)

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ А.5 “ТИБ, БИОЛОГИЯ ВА ВАРЗИШ” ***
А5 — 1“Забони тоҷикӣ”
А5 — 2“Биология”
А5 — 3 “Химия”
А5 — 3 “Физика”
📜ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТИ ИМТИҲОНҲОИ ИЛОВАГӢ ҚИСМИ Б

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ Б.1 “ТАБИӢ ВА ТЕХНИКӢ”***
Б1— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б1— 2“Математика”
Б1— 3“Физика”

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ Б.2 “ИҚТИСОД ВА ГЕОГРАФИЯ””***
Б2— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б2— 2“Математика”
Б2— 3“География”

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ Б.3 “ФИЛОЛОГИЯ, ПЕДАГОГИКА ВА САНЪАТ”***
Б3— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б3— 2“Адабиёти тоҷик”
Б3— 2“Русский язык”
Б3— 3– “Забони хориҷӣ” (англисӣ)
Б3— 3“Забони хориҷӣ” (немисӣ)
Б3— 3“Забони хориҷӣ” (франсавӣ)
Б3— 3“Забони хориҷӣ” (арабӣ)

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ Б.4 “ҶОМЕАШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚ”***
Б4— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б4— 2“Таърих”
Б4— 3– “Забони хориҷӣ” (англисӣ)
Б4— 4“Забони хориҷӣ” (немисӣ)
Б4— 4“Забони хориҷӣ” (франсавӣ)
Б4— 4“Забони хориҷӣ” (арабӣ)

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ А.5 “ТИБ, БИОЛОГИЯ ВА ВАРЗИШ” ***
Б5 — 1“Забони тоҷикӣ”
Б5 — 2“Биология”
Б5 — 3 “Химия”
АЗ НАТИҶАИ ИМТИҲОНҲО ЧӢ ТАВР ХАБАРДОР ШУДАН МУМКИН АСТ?

Натиҷаи имтиҳонҳоро Марказ бо воситаҳои замонавии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ эълон ва нашр мекунад.

Дар бораи иштироки довталаб дар ИМД, шумораи хол ва балҳои бадастоварда ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтан ва ғайра дар кабинети инфиродии ӯ маълумоти муфассал дода мешавад.

Барои ба довталаб дастрас кардани маълумот оид ба натиҷаи имтиҳонҳояш Марказ тавассути паёмаки телефонӣ (SMS) низ хизматрасониро ба роҳ мемонад.

Дар бораи натиҷаи имтиҳонҳо ба рақами телефони мобилии дар вақти бақайдгирӣ нишондодаи довталаб паёмак (SMS)-и ройгон фиристода мешавад.

Довталабон дар бораи натиҷаи имтиҳонҳояшон тавассути кабинетҳои инфиродӣ, хизматрасонии SMS‑паёмак ва дафтари асосии Марказу нуқтаҳои иттилоърасонии он дар шаҳру ноҳияҳо маълумот гирифта метавонанд.
Маълумоти бештар дар сомонаи Марказ..
АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин ва риояи ҳуқуқ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ)-и донишу маҳорати довталаб ба ӯ ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда дода шудааст. Мувофиқи тартиби мазкур қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар ИМД – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ё Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумииа асосӣ – синфи 9-ум) дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне аз 20‑ум то 22‑юми июл дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе), бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Марказ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Рашт, инчунин дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Истаравшан, Данғара ва Шаҳритус, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Аризаи апеллятсионӣ вобаста аз хоҳиши довталаб (1) дар ҳузури довталаб ва намояндаи ӯ, (2) дар ҳузури намояндаи довталаб ва ё (3) бе довталаб ва намояндаи ӯ баррасӣ карда мешавад. Новобаста аз се ҳолати зикргардида ҳамаи аризаҳои апеллятсионӣ тибқи тартиб шаффоф баррасӣ шуда, комиссияи апеллятсионӣ одилона қарор мебарорад ва натиҷаҳои баррасӣ ба аризадиҳандаҳо дастрас карда мешаванд.
Аризаҳои апеллятсиониро дар бораи норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус ва имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ Марказ қабул намекунад, балки мустақиман муассисаҳои таълимии дахлдор қабул мекунад.

Почтаи электронӣ ва маконҳои пешниҳоди аризаҳои апеллятсионӣ
1. office@ntc.tj
2. Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;
- телефонҳо: 224-53-68, 224-53-73, 44-600-40-02, 44-600-40-03, 44-600-40-06, 44-600-40-13.
3. Хоруғ –Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”:
- шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (маркази шаҳр);
- телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.
4. Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат));
- телефон: 926-44-11-48.
5. Истаравшан – Гимназияи № 5-и ба номи Раҷаб Амонов:
- шаҳри Истаравшан, кӯчаи Аслонхӯҷа Юнусов, 93 (назди бинои бонки “Эсхата”);
- телефон: 927-55-61-19.
6. Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;
- телефон: 871-25-09-09.
7. Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (назди боғчаи кӯдаконаи № 10);
- телефон: 888-88-03-08.
8. Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 26;
- телефон: 915-57-90-77.
9. Данғара – Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун:
- ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 (назди шуъбаи маориф);
- телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52.
10. Шаҳритус – Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1:
- ноҳияи Шаҳритус, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 54 (назди беморхонаи марказӣ);
- телефон: 935-10-95-05.
11. Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;
- телефон: 988-18-86-78, 918-28-29-30.

Маълумоти муфассал дар сомонаи Марказ: www.ntc.tj
НАТИҶАҲОИ ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ АСОСИИ ДОВТАЛАБОН ДАР ИМД-2024 ЭЪЛОН ГАРДИД

25-уми июл натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 эълон карда шуд.
Мувофиқи тартиб ба озмуни тақсимоти асосӣ довталабоне роҳ ёфта буданд, ки аз рӯйи субтестҳои дахлдлор холҳои гузаришро соҳиб гардида буданд.

Вобаста аз комёб шудан ё нашудани довталаб дар озмуни тақсимот ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода мешавад:

1. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби N (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 06.08.2024 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.”

2. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД ва метавонед дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоед. Барои ин бояд аз 12 то 15 августи соли 2024 аз нав аз қайд гузаред. Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи расмии ММТ (www.ntc.tj) дастрас кунед.”

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб гузошта мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки бали гузариш тибқи комбинатсияи ихтисос пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як комбинатсияи ихтисос танҳо пас аз тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян маълум мегардад.

Моро дар Instagram пайгирӣ намоед:
https://www.instagram.com/officialntc.tj/

Моро дар Facebook пайгирӣ намоед:
https://www.facebook.com/officialntc.tj
МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ДИРЕКТОРИ РАЁСАТИ ТАДҚИҚОТИ МУҚОИСАВИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

27-уми июли соли 2024 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Марказ Сабзалӣ Ҷаъфарзода бо директори Раёсати тадқиқоти муқоисавии байналхалқии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Казоқистон Карбаева Галия ва коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилоти миёнаи умумӣ, Айгул Казжанова мулоқот кард. Мавзуи ин мулоқот омодасозии ҳамоҳангсозони мактабҳо барои баргузории пажӯҳиши асосии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA 2025) буд.

Лозим ба зикр аст, ки бо мақсади роҳандозии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA 2025) дар назди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии PISA фаъолият мекунад.

Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода иброз дошт, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар PISA 2025 барои арзёбии сифати таҳсилот дар асоси муносибати босалоҳият, ислоҳоти соҳаи маориф, ҷорӣ намудани низоми самараноки таълим, ки дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зикр мешавад, иқдоми хубу саривақтӣ ва натиҷаовар хоҳад буд.

Директори Раёсати тадқиқоти муқоисавии байналхалқии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Казоқистон Карбаева Галия иброз доштд, ки мақсад аз иштирок дар барномаи мазкур на танҳо арзёбии дониши азхудкарда, инчунин арзёбии салоҳият (малакаю маҳорату қобилият)-и истифодаи дониш дар шароити наву гуногун ва ҳолатҳои воқеиро мавриди андозагирию арзёбӣ қарор медиҳад.

Дар мулоқот Айгул Казжанова, коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи таҷриба ва натиҷаҳои иштироки Ҷумҳурии Қазоқистон дар барномаҳои байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот, ҳамоҳангсозони воситаҳои арзёбӣ ва тартиби баргузории таҳқиқоти PISA ибрози назар кард.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пажӯҳиши PISA бори аввал иштирок менамояд ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули гузаронидани PISA 2025 таъйин гардидааст.
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО расонида мешавад, ки 30-юми июли соли 2024 соати 11:00 нишасти матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Марказ баргузор мегардад.

Суроға: ш. Душанбе, н. Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ 192.