Вазорати меҳнат
11.6K subscribers
292 photos
49 videos
5 files
53 links
Саҳифаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Official channel of the Ministry of Labor, Migration and Employment of Population of the Republic of Tajikistan
Download Telegram
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
БА ТАВАҶҶӮҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ 🇹🇯ТОҶИКИСТОН!
👍237🔥2💯2
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
БОЗДИДИ ҲАЙАТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ДАВЛАТИ ҚАТАР АЗ МАРКАЗИ РУШДИ МАЛАКАҲОИ КАСБӢ ДАР ДЕҲОТИ КОРЕЗИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
15💯1
ТАВАҶҶУҲ!

Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки хоҳиши муташаккилона ва расмӣ дар хориҷи кишвар кор карданро доранд, метавонанд ба агентӣ ва филиалҳои он дар вилоятҳо муроҷиат кунанд.
Хизматрасониҳои агентӣ ва филиалҳои он пурра ройгон буда, тамоми амалҳо шаффоф мебошад аз ҷумла ҳар як корҷуй метавонад давлат, ширкат ва тахассусро интихоб карда, бо корфармо тариқи маҷозӣ ё рӯ ба рӯ саволу ҷавоб карда, интихоб шаванд ва ягон нафар дахолат ё кумак карда наметавонад.
Талаботи аксарияти давлатҳо донистани забони давлати қабулкунанда, тахассус, саломатии хуб, доғи судӣ надоштан мебошад.
Мисоли барномаи EPS Кореяи Ҷанубӣ ва барномаи «TAWZEEF»-и давлати Қатар, Портали “Кор дар Россия” (Работа в России) ва ғайраҳо мебошад.
Тамоми хизматрасониҳои агентӣ ройгон буда, ягон шахси сеюм ё корхона дар интихоб, гузаронидан аз санҷиш, сафарбаркунӣ, тайёр намудани ҳуҷҷатгузории шаҳрвандон ва ғайраҳо миёнаравӣ, кумак, ё дахолат карда наметавонанд.
Аз ҳамин лиҳоз, танҳо шаҳрвандон метавонанд, мутобиқи талаботҳои барномаҳои тасдиқшудаи давлатӣ, ки дар Агентӣ мебошанд истифода кунанд.
Дар ҳолати пайдо шудани миёнаравҳо, қаллобон, шахсони сеюм метавонед ба телефонҳои зерин муроҷиат намоед:

1. Директори Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа - 918636960;

2. Муовини директори Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа - 935411111;
3. Роҳбари гуруҳи ҳамкориҳо бо давлатҳои ИДМ - 918888679;
4. Роҳбари гуруҳи ҳамкориҳои байналмиллалӣ - 555551080.

Шаҳрвандоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, ё аз Федератсияи Россия хориҷ карда шудаанд, дар ҳолати хоҳиш доштанашон метавонанд ба Агентӣ ва филиалҳои он дар вилоятҳо муроҷиат намоянд.
28👍24👏2
📣 ЭЪЛОН
Кори муваққатӣ дар Қатар (60 номгӯй)
Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа» Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо ширкати «Ҷусур» (Jusour)-и давлати Қатар, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кори муваққатӣ даъват менамояд.
ЭЪЛОНИ МУҲИМ ОИД БА МУСОҲИБА
Мусоҳиба: Мусоҳиба барои ҳамаи номзадҳо ин панҷшанбе, 2 октябри соли 2025 дар суроғаи Агентӣ баргузор мегардад.

ТАЛАБОТИ КОРФАРМО
Сину сол: Аз 25 то 45 сола.
Забон: Донистани забони англисӣ (дар сатҳи муошират).
Таҳсилот: Дипломи Олӣ ё Коллеҷ дар соҳаи Технологияи автомобилӣ, мошинасозӣ ва муҳандисӣ механикӣ.
Шаҳодатнома: Доштани шаҳодатномаи тахассусӣ.
Таҷриба: Ҳадди ақал 2 сол дар соҳаи автомобилсозӣ ё дигар соҳаҳои марбута.
Бақайдгирӣ: Дохил шудан ба Партал (tawzeef.qa).

ВАКАНСИЯҲО
Категория Номгӯи вазифа
Автомобилӣ Механики автомобилҳо (Car Mechanic)
Механики вазнбарор (Heavy Vehicle Mechanic)
Механики автобусҳо (Bus Mechanic)
Механики системаҳои электрикӣ (Auto Electrician)
Механики муҳаррик (Engine Mechanic)
Механики кондиционер (A/C Mechanic)
Мутахассиси шинамонтаж (Tyre Man)
Коркуни корпус ва кузов (Denter)
Мутахассиси рангубор (Painter)
Мутахассиси қуттии редуктор (Transmission Mechanic)
Усто оид ба тормозҳо (Brake Mechanic)
Мутахассиси насоси сӯзишворӣ (Fuel Pump Mechanic)
Мутахассиси таъмири чаҳорчӯба (Chassis Mechanic)
Хизматрасонӣ Хизматрасони дар меҳмонхона (Room Attendant)
Пешхизмат (Waiter/Waitress)
Бармен (Barman)
Касир (Cashier)
Администраторони меҳмонхона (Receptionist)
Ошпазҳои миллӣ ва байналмилалӣ (Chef)
Ёварони ошпаз (Assistant Cook)
Мошиншӯй (Dishwasher)
Коргарони хизматрасонӣ (Housekeeping Staff)
Ёварони умумӣ (General Helper)
Экспортировать в Таблицы
МАОШ ВА ИМТИЁЗҲО
Музди асосӣ: QAR 2000–3000 (≈550–825 USD).
Илова барои хӯрок: 300 QAR (≈82 USD).
Ҷои истиқомат ва нақлиёт: Таъмин карда мешавад.
Суғурта: Суғуртаи тиббӣ ва ҳаётӣ аз ҷониби корфармо.
Рӯхсатӣ: 21 рӯзи таътили солона (пас аз 11 моҳи корӣ).
Чиптаи ҳавопаймо: Ба ватан пас аз 2 соли корӣ аз ҷониби корфармо пардохт карда мешавад.
ТАРТИБИ МУРОҶИАТ ВА ТАМОС
Хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа» муроҷиат намоянд.
Суроға: Шаҳри Душанбе, кучаи Лоҳутӣ, бинои 80.
Телефонҳо барои тамос:
ш. Душанбе: 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 908 661 652, +992 918 391 575, +992 930 934 994, +992 931 137 171
в. Хатлон: +992905 800 063, +992 934 878 828
в. Суғд: +992 928 079 999
ВМКБ: +992 935 101 439
Сомона: https://khorijakor.tj/
🤣2922👍5😁3🤨2👎1
Дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор шуд, ки зимни он 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ ва миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Русия имзо ва табодул карда шуданд.
Аз ҷумла, Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Русия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ;
- Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019 ба имзо расид.
👍3411😡7💩4
🇹🇯🇶🇦Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти омодасозии мутахассисон тақвият медиҳанд

📆Рӯзи 16 октябр дар шаҳри Давҳа мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо Вазири маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар Лулва бинти Рошид Ал-Хотир баргузор гардид.

🤝Ҷонибҳо масъалаи омодасозии мутахассисон барои бозори меҳнат ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва шуғлро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Қатар, дар ҷараёни вохӯрӣ имконияти ҷалби мутахассисони тоҷик ба бозори меҳнати Қатар, таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои таълимии ҳарду кишвар ва табодули таҷриба дар таҳсилоти касбӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва иртиботи сатҳи олии роҳбарони ду давлат заминаи боэътимод барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда миёни Тоҷикистон ва Қатар ба ҳисоб мераванд.
20👍3🔥1😁1
22 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази ташхисии Тибби Ҳулбукро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нав бо тарҳи муосир бунёд ёфта, аз ҳашт ошёна иборат аст. Маркази ташхисии Тибби Ҳулбук дар ошёнаи якум ва таҳхона ҷойгир шуда, бо таҷҳизоти навтарин таъмин ва шароити мувофиқ барои ташхис ва табобати беморон фароҳам оварда шудааст. Ошёнаи якум дорои 9 ҳуҷра буда, дар даромадгоҳ дорухона, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраҳо барои мутахассисони амрози даруна, асабшинос, табиби гӯшу гулӯ ва бинӣ, табиби амрози занона ва қалбшинос ҷой дода шудааст. Иловатан ҳуҷраҳои озмоишӣ ва фаросавтӣ занон фаъолият мекунанд.

22 октября в ходе рабочей поездки в Восейском районе Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон сдал в эксплуатацию новое здание лечебно-диагностического центра «Хулбук».

Новый объект создан в современном стиле и состоит из восьми этажей. Лечебно-диагностический центр «Хулбук» расположен на первом этаже и в подвальном помещении, оснащён новейшим оборудованием и условиями, соответствующими для диагностики и лечения пациентов. На первом этаже расположены 9 кабинетов, при входе находятся аптека, уголок фитотерапии, кабинеты терапевта, невролога, отоларинголога, гинеколога и кардиолога. Кроме того, здесь имеются лабораторные кабинеты и кабинеты УЗИ для женщин.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Восеъ #Восе #Vose

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
16🥱2👎1
📣 ЭЪЛОН
Кори муваққатӣ дар Қатар (60+ номгӯй)
Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа» Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо ширкати «Ҷусур» (Jusour)-и давлати Қатар, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кори муваққатӣ даъват менамояд.

ЭЪЛОНИ МУҲИМ ОИД БА МУСОҲИБА
Мусоҳиба: Мусоҳибаи навбатии довталабон барои кори муваққатӣ дар Қатар ин панҷшанбе, 30 октябри соли 2025 дар суроғаи Агентӣ баргузор мегардад.

ТАЛАБОТИ КОРФАРМО
Сину сол: Аз 21 то 45 сола.

Забон: Донистани забони англисӣ (дар сатҳи муошират).

Бақайдгирӣ: Дохил шудан ба Партал (tawzeef.qa).

ВАКАНСИЯҲО
Категория Номгӯи вазифа
Нақлиёт ва Логистика Ронандагони автобус (Bus Driver)
Ронандагони таксӣ (Taxi Driver)
Кормандони Фурудгоҳ (Airport Staff)
Автомобилӣ Механики автомобилҳо (Car Mechanic)
Механики вазнбарор (Heavy Vehicle Mechanic)
Механики автобусҳо (Bus Mechanic)
Мутахассиси рангубор (Painter) ва ғайра.
Хизматрасонӣ Хизматрасони дар меҳмонхона (Room Attendant)
Пешхизмат (Waiter/Waitress)
Ошпазҳои миллӣ (Chef) ва ғайра.
МАОШ ВА ИМТИЁЗҲО
Музди асосӣ (Ронандагони автобус/таксӣ): QAR ≈2364 (≈650 USD).
Музди асосӣ (Кормандони Фурудгоҳ): QAR 2546–2910 (≈700–800 USD).
Музди асосӣ (Вазифаҳои дигари техникӣ/Хизматрасонӣ): QAR 2000–3000 (≈550–825 USD).
Илова барои хӯрок: 300 QAR (≈82 USD).
Ҷои истиқомат ва нақлиёт: Таъмин карда мешавад.
Суғурта: Суғуртаи тиббӣ ва ҳаётӣ аз ҷониби корфармо.
Рӯхсатӣ: 21 рӯзи таътили солона (пас аз 11 моҳи корӣ).
ТАРТИБИ МУРОҶИАТ ВА ТАМОС
Хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа» муроҷиат намоянд.

Суроғаи марказӣ: Шаҳри Душанбе, кучаи Лоҳутӣ, бинои 80.
Телефонҳои ш. Душанбе: 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 908 661 652, +992 918 391 575, +992 930 934 994, +992 931 137 171
Дафтарҳои минтақавӣ (Отделения):

Хуҷанд: маҳаллаи 28, бинои 2А, 📞 +992 92 807 99 99
Бохтар: кӯчаи Файзали Саид, 69, 📞 +992 90 580 00 63 | +992 93 487 88 28
Хоруғ: кӯчаи Н. Атобек, 16, 📞 +992 93 510 14 39
Панҷакент: Корманди масъул, 📞 +992 92 810 05 53
Сомона: https://khorijakor.tj/
26👎11💩9👍7😁2
Эълон! Эълон! Эълон!

КОР ДАР ҶУМҲУРИИ ГУРҶИСТОН (ГРУЗИЯ)

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳишмандонро ба кор ба Ҷумҳурии Гурҷистон дар самти бурдарасонӣ (доставка) даъват менамояд. Ҳамаи хароҷотҳо аз қабили харидории чипта, хурок ва ҷои зист аз ҳисоби худи шаҳрванд пардохт карда мешавад. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ 1 сол пешбинӣ гардидааст.

Сину сол аз 18 то 45 сола
Музди меҳнат зиёда аз 6 доллари амрикоӣ дар як соат
Надоштани доғи судӣ
Доштани шаҳодатномаи ронандагӣ (категорияҳои А ва В)

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки барои бақайдгирӣ вобаста ба кор ба Муассиси давлатии “Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе воқеъ дар суроғаи ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, куч. С. Айнӣ 121 муроҷиат намоед.

Телефон барои маълумот: 225-05-75; 225-02-21; +992938131372 (WhatsApp) (Рӯзҳои корӣ аз душанбе то ҷумъа аз 800 то 1700)
👍1816👎2💩2🤣1
📣 ЭЪЛОН
Мусоҳибаи Ронандагони автобус дар Қатар
Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа» Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо ширкати «Ҷусур» (Jusour)-и давлати Қатар, шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор дар вазифаи Ронандаи автобус даъват менамояд.
ЭЪЛОНИ МУҲИМ ОИД БА МУСОҲИБА
Мусоҳиба: Мусоҳибаи довталабон барои вазифаи Ронандаи автобус пагоҳ, 13 ноябри соли 2025, соати 11:00 дар суроғаи Агентӣ баргузор мегардад.
ТАЛАБОТИ КОРФАРМО
* Сину соли мувофиқ аз 21 то 45 сола тибқи созишнома;
* Донистани забони англисӣ ва арабӣ (дар сатҳи муошират);
* Доштани шаҳодатномаи ронандагӣ (категорияи C, E);
* Надоштани доғи судӣ;
* Дохил шудан ба Партал (tawzeef.qa).
ВАКАНСИЯҲО
| Категория | Номгӯи вазифа |
|---|---|
| НАҚЛИЁТИ АВТОБУС | Ронандагони автобус (Bus Driver) |
УҲДАДОРИҲОИ КОРФАРМО ВА ИМТИЁЗҲО
* Таъмини ҷойҳои корӣ: Ширкат барои 1000 (ҳазор) нафар ронандагони автобус ҷойи корӣ пешниҳод намуда, аз ин шумора 300 (сесад) нафар таъмин бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд.
* Музди асосӣ: QAR = 2184 (= 600 USD).
* Илова барои хӯрок (Иловапулӣ): 300 QAR (= 82 USD).
* Ҷои истиқомат ва нақлиёт: Таъмин карда мешавад.
* Суғурта: Суғуртаи тиббӣ ва ҳаётӣ аз ҷониби корфармо.
* Рӯхсатӣ: 21 рӯзи таътили солона (пас аз 11 моҳи корӣ).
ТАРТИБИ МУРОҶИАТ ВА ТАМОС
Хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа» муроҷиат намоянд.
* Суроғаи марказӣ: Шаҳри Душанбе, кучаи Лоҳутӣ, бинои 80.
* Телефонҳо барои тамос: Дар шаҳри Душанбе: 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 908 661 652, +992 918 391 575, +992 930 934 994 ва +992 931 137 171.
* Дафтарҳои минтақавӣ: Хатлон (+992905 800 063 ва +992 934 878 828), Суғд (+992 928 079 999), ВМКБ (+992 935 101 439).
Сомона: https://khorijakor.tj/
12😁6💩3👎2🤔2