Вазорати меҳнат
14.4K subscribers
277 photos
37 videos
5 files
43 links
Саҳифаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Official channel of the Ministry of Labor, Migration and Employment of Population of the Republic of Tajikistan
Download Telegram
12 феврали соли 2025 дар шаҳри Ваҳдат ва ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо корманди Хати оҷилии муҳоҷирати бехатар ва мубориза бо савдои одамон вохӯриҳои иттилоотӣ бо сокинони маҳаллӣ ва ҷавонон баргузор намуд.
Дар чорабинӣ инчунин намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо иштирок намуда, аҳамияти муҳоҷирати бехатар ва риояи қонунгузории кишварҳои қабулкунандаро таъкид карданд.
Хати оҷилии +992 900 800 800 дар доираи Барномаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар заминаи Маркази “Зеркало” фаъол гардонида шудааст.
Кор дар Арабистони Саудӣ
РАСМАН БА ҚАЙД ГИРЕД, БА МИЁНАРАВҲО БОВАР НАКУНЕД!!!

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки аз 26 октябри соли 2023 тағйирот ба Қонуни федералӣ аз 18 июни соли 2006, таҳти № 109 - ФЗ "Дар бораи номнавишти муҳоҷиратии хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия" (Қонуни федералӣ аз 28 апрели соли 2023, №156-ФЗ “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 20 ва 22 Қонуни федералӣ “Дар бораи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия”) ба ҳукми иҷро даромад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, ки бо соҳибмулк тавассути портали “Госуслуги” худро дар қайди муҳоҷиратӣ монанд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштан дар қаламрави Федератсияи Россия ба миёнаравҳо бовар накарда, тавассути портали “Госуслуги” бо соҳибмулк фосилавӣ ба қайди муҳоҷиратӣ худро гузоранд. Дар ҳолати қайд надоштани соҳибмулк дар портали мазкур метавонанд ба мақомоти қабулкунандаҳои ҳуҷҷатҳои давлатӣ “Мои документы” ташриф оварда, ҳуҷҷатҳои худро расман ва қонунӣ ба қайд гиранд.
Иттилоъ дода мешавад, ки вақтҳои охир дар қаламрави Федератсияи Россия гуруҳи миёнаравҳо дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони хориҷиро қайди муваққатии қалбакӣ омода намуда истодаанд, ки ваъзи будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишвари иқомат зери хатар мемонанд.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат намоянд.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Наврӯз муборак ҳамватан!
ҶИҲАТИ ҚОНУНИГАРДОНИИ БУДУБОШ ДАР РОССИЯ 35 РӮЗ БОҚӢ МОНДААСТ
Намояндагӣ ба иттилоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия танҳо 35 рӯз боқӣ мондааст.
Аз ин лиҳоз ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош дар кишвари иқомат шаҳрвандон вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии шуъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароред.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Аз қаллобон худро эҳтиёт кунед!
Работа в аэропорту Катара: Продавец-консультант

Присоединяйтесь к Jusour, ведущей компании в аэропорту Катара! Открыто более 51 вакансии для граждан Таджикистана на позицию продавца-консультанта.

Условия:

Компания: Jusour
Должность: Продавец-консультант
Количество: Более 51
Место работы: Аэропорт Катара
Зарплата: €700 – €750 (базовая)

Требования:

Опыт: Минимум 2 года в продажах и обслуживании клиентов
Языки: Свободный английский и русский

Предложение:

Проживание: Предоставляется (совместное)
Транспорт: Предоставляется
Страхование: Медицинское, предоставляется
Перелет: Авиабилет предоставляется

Как подать заявку:

Следите за объявлениями на сайте Агентства по трудоустройству.
Отправьте резюме:
Email: exh@jusour.qa
Сайт: tawzeef.qa

Контактная информация:

Для получения дополнительной информации обращайтесь в Агентство по трудоустройству за рубежом и его региональные филиалы:

г. Душанбе: ул. Лохути, 108, тел.: 221-39-67, +992555551080, +992987906666, +992930934994, +992934535193, +992918888679.
г. Худжанд (Согдийская область): мкр. 28, д. 2А, тел.: +992928079999.
г. Бохтар (Хатлонская область): ул. Файзали Саид, д. 69, тел.: +992905800063, +992934878828.
г. Хорог (ВМКБ): ул. Н. Атобек, д. 16, тел.: +992935101439.

Данное мероприятие представляет собой отличную возможность для специалистов в сфере продаж трудоустроиться в престижной компании за границей. Приглашаем всех заинтересованных кандидатов принять участие в отборе!
ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН БАРОИ ҚОНУНИГАРДОНӢ ИЛОВАТАН РӮЗИ ҚАБУЛ ЭЪЛОН ШУД

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки муввақатан дар Ҷумҳурии Тотористон қарор доранд, мерасонад, ки дар асоси Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии РФ дар Ҷумҳурии Тотористон новобаста аз рӯзи истироҳатӣ 19 апрели соли 2025 қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати қонунигардонии будубош ба роҳ мондааст.
Қабули шаҳрвандон дар шаҳри Қазон, кӯчаи Михаила Миля 63А аз соати 9:00 то 15:00 ба вақти маҳаллӣ идома меёбад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин минтақаи Федератсияи Россия қарор доранд, метавонанд барои қонунигардонӣ дар Ҷумҳурии Тотористон ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии РФ дар Ҷумҳурии Тотористон муроҷиат намоянд.
Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ва тавсия дар ин самт шаҳрвандон метавонанд ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар Ҳавзаи федералии Уфа ба рақамҳои +7 (994) 100 95 59 муроҷиат намоянд.
ЧОРАБИНИИ ИТТИЛООТӢ ДОИР БА МУҲОҶИРАТИ БЕХАТАР ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

15 апрели соли 2025 дар ноҳияи Ёвон гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо корманди Хати оҷилӣ доир ба муҳоҷирати бехатар ва мубориза бо савдои одамон вохӯрии иттилоотӣ бо сокинони маҳаллӣ баргузор намуд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо иштирок намуданд.

Аъзоёни гурӯҳи корӣ ба иштирокчиён дар бораи тағйирот дар қонунгузории Федератсияи Русия, самтҳои фаъолияти мақомотҳои марбути Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Иштирокчиён инчунин бо хизматрасониҳои Хати оҷилӣ шинос шуда, дарк намуданд, ки метавонанд пеш аз сафар ба хориҷа ба Хати оҷилӣ муроҷиат намуда, машварати ройгон оид ба қадамҳои муҳоҷирати бехатар дарёфт кунанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён саволҳои худро ба мутахассисон пешниҳод намуда, посухҳои муфассал ва тавсияҳои амалӣ гирифтанд.

Агар Шумо ният доред, ки муҳоҷират кунед ё дар ҷараёни он ба мушкилот рӯ ба рӯ шудед, пас ба Хати оҷилӣ муроҷиат намоед! Мо барои муҳоҷирати бехатари шумо кӯмак мерасонем.

Хати оҷилии +992 900 800 800 дар доираи Барномаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар заминаи Маркази “Зеркало” фаъол гардонида шудааст.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Марҳамат ба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озоду касбомӯзӣ!
ЧОРАБИНИИ ИТТИЛООТӢ ДОИР БА МУҲОҶИРАТИ БЕХАТАР ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

14 майи соли 2025 дар ноҳияи Ховалинг гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо корманди Хати оҷилӣ доир ба муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон вохӯрии иттилоотӣ бо сокинони маҳаллӣ баргузор намуд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо иштирок намуданд.

Аъзоёни гурӯҳи корӣ ба иштирокчиён дар бораи тағйирот дар қонунгузории Федератсияи Русия, самтҳои фаъолияти мақомотҳои марбути Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Иштирокчиён инчунин бо хизматрасониҳои Хати оҷилӣ шинос шуда, дарк намуданд, ки метавонанд пеш аз сафар ба хориҷа ба Хати оҷилӣ муроҷиат намуда, машварати ройгон оид ба қадамҳои муҳоҷирати бехатар дарёфт кунанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён саволҳои худро ба мутахассисон пешниҳод намуда, посухҳои муфассал ва тавсияҳои амалӣ гирифтанд.

Агар Шумо ният доред, ки муҳоҷират кунед ё дар ҷараёни он ба мушкилот рӯ ба рӯ шудед, пас ба Хати оҷилӣ муроҷиат намоед! Мо барои муҳоҷирати бехатари шумо кӯмак мерасонем.

Хати оҷилии +992 900 800 800 аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дастгирӣ ёфта он бо сарпарастии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Маркази “Зеркало” фаъолият менамояд.
Маъракаҳои иттилоотӣ дар ВМКБ: Менеҷери Хати оҷилӣ мулоқоти корӣ бо зерсохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод Аз 19 то 23 майи соли 2025, менеҷери Хати оҷилии +992 900 800 800 бо сафари хизматӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рафта, дар шаҳр ва ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим бо намояндагони зерсохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои корӣ анҷом дод.
Зимни мулоқотҳо, намояндаи Хати оҷилӣ доир ба самтҳои асосии фаъолияти Хат, аз ҷумла машваратдиҳӣ, расонидани кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва равоншиносӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин омори муроҷиатҳои воридшуда маълумот пешниҳод намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, беҳтарсозии равандҳои роҳнамоӣ ва дастгирии ҳуқуқии муҳоҷиронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар доираи ин сафари хизматӣ, маводҳои иттилоотӣ дар байни аҳолӣ ва кормандони сохторҳои дахлдор паҳн карда шуданд. Вохӯриҳо бо раисони ҷамоатҳо баргузор гардида, тавсияҳо оид ба муҳоҷирати бехатар, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои хариду фурӯши одамон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон пешниҳод гардиданд. Агар Шумо ният доред, ки ба муҳоҷират бароед ё ҳангоми будубош дар хориҷ дучори мушкил шудед – Хати оҷилӣ дар ихтиёри шумост!
+992 900 800 800
Хати оҷилӣ аз ҷониби аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (IOM) дастгирӣ ёфта дар заминаи ташкилоти Маркази “Зеркало” фаъолият дорад.