Баргузории машварати байниидоравии Тоҷикистон ва Россия вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ
29 январи соли 2025 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷиҳати иҷроиши тавофуқҳои мулоқоти роҳбарияти олии ду кишвар машваратҳои байниидоравии Тоҷикистон ва Россия вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ баргузор гардид.
Машваратро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар ва муовини вазири тандурустии Федератсияи Россия Плутнитский Андрей Николаевич роҳбарӣ карданд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ширкат варзиданд.
#Таджикистан #Россия #труда #мигрант
#Тоҷикистон #Россия #муҳоҷират #меҳнат
Ба канали мо обуна шавед❗️✅@mlmert

👍44❤9👎5🥴3
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Аз хизматрасонии #Хати оҷилӣ ройгон истифода намуда, дар бораи ҳуқуқҳои худ доир ба самти меҳнат ва муҳоҷират баҳравар гардед!
Ба канали мо обуна шавед❗️✅@mlmert
Ба канали мо обуна шавед❗️✅@mlmert
👍38❤3👀2
САНҶИШ ДАР ФЕҲРИСТИ ШАХСОНИ НАЗОРАТШАВАНДА ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия аз 5 феврали соли 2025 Феҳристи шахсони назоратшаванда дар қаламрави кишвари иқомат ба фаъолият оғоз намуд.
Феҳристи шахсони назоратшаванда дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ҷойгир буда, ҳар шаҳрванд вобаста ба муйаян намудани вазъи ҳуқуқии худ метавонад тавассути линки мазкур ваъзияти буду боши худро дар қаламрави Федератсияи Россия муайян намояд. http://xn--b1aew.xn--p1ai/rkl
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар портали худхизматрасонии “Хизматрасониҳои давлатӣ” (госуслуги) ҳуҷраи шахсӣ доранд, онҳо низ метавонанд тавассути барномаи мазкур вазъи ҳуқуқии будубоши худро санҷиш намоянд. http://gosuslugi.ru/655781/1/form?_=1739004601525
Мавриди зикр аст, ки ба Феҳристи шахсони назоратшаванда шаҳрвандони хориҷие шомил мешаванд, ки пас аз ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия будубоши худро ба қайд нагирифтаанд, бе иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дар кишвари иқомат фаъолият доранд ва ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави кишвари иқомат содир намудаанд.
Аз 5 ферал то инҷониб зиёда аз 688 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар Феҳристи шахсони назоратшаванда вазъи худро санҷиш намудаанд. Айни замон, тибқи иттилои мақомоти марбутаи кишвари иқомат аз ин шумора 592663 нафар дар кишвари иқомат қонунӣ фаъолият дошта, 95608 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ғайриқонунӣ фаъолият доранд.
Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки агар ғайриқонунӣ дар кишвари иқомат фаъолият доред ё имкони тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмиро надоштед ва дар ин самт ҳамеша мушкилӣ пеш меомад, тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 имкон доред, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошатонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият ва будубош намоед.
Вобаста ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шӯъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, филлиалҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намоед.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;
5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

👍56❤3😢2👏1
ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ БАРОИ МУҲОҶИРОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия телефони боварии Намояндагӣ +7(495)967 98 44 фаъолият дорад, ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба ҳалли мушкилоташон муроҷиат намоянд.
Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 9:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиатҳоро қабул менамоянд.
Инчунин вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандон мутахассисони соҳа пусух гардонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон медиҳанд.
Дар ин замина, Намояндагӣ телефонҳои кории иловагиро вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва ҳавзаҳои федералии Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки ҳар шаҳрванд метавонад вобаста ба вақти корӣ ба рақамҳои дар зеровардашуда дар тамос шаванд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

👍32❤5👎2🥰1🤣1🍌1
12 феврали соли 2025 дар шаҳри Ваҳдат ва ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо корманди Хати оҷилии муҳоҷирати бехатар ва мубориза бо савдои одамон вохӯриҳои иттилоотӣ бо сокинони маҳаллӣ ва ҷавонон баргузор намуд.
Дар чорабинӣ инчунин намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо иштирок намуда, аҳамияти муҳоҷирати бехатар ва риояи қонунгузории кишварҳои қабулкунандаро таъкид карданд.
Хати оҷилии +992 900 800 800 дар доираи Барномаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар заминаи Маркази “Зеркало” фаъол гардонида шудааст.

👍48❤3👎2🔥2⚡1🥰1👏1
РАСМАН БА ҚАЙД ГИРЕД, БА МИЁНАРАВҲО БОВАР НАКУНЕД!!!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки аз 26 октябри соли 2023 тағйирот ба Қонуни федералӣ аз 18 июни соли 2006, таҳти № 109 - ФЗ "Дар бораи номнавишти муҳоҷиратии хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия" (Қонуни федералӣ аз 28 апрели соли 2023, №156-ФЗ “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 20 ва 22 Қонуни федералӣ “Дар бораи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия”) ба ҳукми иҷро даромад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, ки бо соҳибмулк тавассути портали “Госуслуги” худро дар қайди муҳоҷиратӣ монанд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштан дар қаламрави Федератсияи Россия ба миёнаравҳо бовар накарда, тавассути портали “Госуслуги” бо соҳибмулк фосилавӣ ба қайди муҳоҷиратӣ худро гузоранд. Дар ҳолати қайд надоштани соҳибмулк дар портали мазкур метавонанд ба мақомоти қабулкунандаҳои ҳуҷҷатҳои давлатӣ “Мои документы” ташриф оварда, ҳуҷҷатҳои худро расман ва қонунӣ ба қайд гиранд.
Иттилоъ дода мешавад, ки вақтҳои охир дар қаламрави Федератсияи Россия гуруҳи миёнаравҳо дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони хориҷиро қайди муваққатии қалбакӣ омода намуда истодаанд, ки ваъзи будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишвари иқомат зери хатар мемонанд.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат намоянд.

👍57❤5🔥1👏1
ҶИҲАТИ ҚОНУНИГАРДОНИИ БУДУБОШ ДАР РОССИЯ 35 РӮЗ БОҚӢ МОНДААСТ
Намояндагӣ ба иттилоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки то анҷоми қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия танҳо 35 рӯз боқӣ мондааст.
Аз ин лиҳоз ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош дар кишвари иқомат шаҳрвандон вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии шуъбаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, шуъбаҳои Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои худро ба танзим дароред.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

👍39❤10👎3🔥2👏2🎄1