ЭЪЛОН!!!
Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маълумоти шаҳрвандон – корҷуён мерасонад, ки дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея шуруъ аз семоҳаи аввали соли 2025 сафарбаркунии шаҳрвандон бо мақсади анҷоми фаъолияти меҳнатӣ дар доираи созишномаи мазкур ба Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ оғоз мегардад.
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши кор ва фаъолиятро дар ин кишвар доранд метавонанд дар доираи талаботи корфармо ба Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Тибқи дархости корфармоёи Ҷумҳурии Корея гурӯҳи аввали интиқолшаванда бо ихтиссоси Кафшергар (Сварщик) дар назар аст.
Шарти қабул ва интиқоли корҷуён аз ҷониби корфармо:
Ба қайд гирифтани корҷуй дар Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сину соли мувофиқ аз 18 то 39 сола тибқи созишнома;
Донистани забони кореягӣ ҳатмӣ (дар сатҳи муошират);
Доштани шаҳодатномаи тахассусӣ бо ихтисоси кафшергар.
Шаҳрвандон метавонанд дар марказҳои зерин Забони кореягӣ ва дигар касбу ихтисосҳои лозимиро омӯзанд:
Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе, (+992 909 22 21 22 ва +992 988 50 78 70)
Маркази касбомӯзи ва хизматрасонӣ воқеъ дар шаҳри Бохтари вилоти Хатлон ( +992 907 99 84 89 ва +992 933 28 83 83)
Маркази касбомӯзи ва хизматрасонӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд (назди Тролебусний парк), (+992 92 807 9999)
Супоридани имтиҳони Забони кореягӣ, интихоб ва омодасозии ҳуҷҷатҳо барои сафарбаркунӣ аз ҷониби шахсони масъул (намояндаи Ҷумурии Корея) анҷом дода мешавад.
Эзоҳ: Илова бар ин, шаҳрвандон метавонанд дар дилхоҳ марказҳои
забономӯзии ба онҳо мувофиқ Забони кореягиро омӯзанд.
Барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Лоҳутӣ бинои 108 муроҷиат намоед.
Телефонҳо барои маълумот: 250-32-42 (Вазорат), 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 930 934 994, +992 934 53 51 93 ва +992 906 88 93 13
https://khorijakor.tj/wp-admin/post.php?post=1912&action=edit

👍88🤔6👎5❤3🔥3
🗣🗣🗣🗣🗣 Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон! Ба ин пайванд ворид шавед ва мухтасари эълонро пайгирӣ намоед. http://tajmigration.ru/news/2255-elon-ba-tava12071207u1203i-sha1203rvandoni-1206um1203urii-to1207ikiston.html
👍15💩10❤2👎2🔥1🤡1
Ин боти сохтаи мо барои осонии кори Шумост. Бо истифода аз ин бот Шумо метавонед номи худро аз рйхати 120 000 буда бо дарҷи сана моҳ ва соли таваллуд ёбед. @mehnat_tj_bot
бо ёрии ин бот номи худро аз руйхати шахсони назоратшаванда ҷуед.

👍24👎12😁8🌚5🥴2
Шаҳрвандони гиромӣ!
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз 1-уми январи соли 2025 Қоидаи 90/365 амали худро оғоз намудааст. Дар асоси ин, Қоидаи 90/180 қатъ карда шуд ва муҳлати 180 шабонарӯз ба 365, яъне соли тақвимӣ иваз карда шудааст.
Мутобиқи ин Қоида ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки пас аз 1 январи соли 2025 ба Федератсияи Россия бе раводид ворид мешавад ва Патент ё Иҷозат барои истиқомати муввақатӣ (РВП) ё Иҷозати доимӣ (ВНЖ) ба даст намеорад, метавонад аз рӯзи воридшавӣ ба Россия дар муддати соли тақвимӣ танҳо 90 шабонарӯз будубош намояд. Пеш аз ба итмом расидани 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ ҳатман бояд убури сарҳад намояд ва то ба охир расидани соли тақвимӣ, яъне 31 декабр, ҳуқуқи дубора ба Федератсияи Россия ворид шуданро надорад. Муҳлати ин Қоида ҳар сол аз 1 январ оғоз мешавад ва 31 декабр ба итмом мерасад.
Барои дастрас намудани маълумоти мухтасар доир ба Қоидаи 90/365 Шумо метавонед ба мутахассисони шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳо муроҷиат намоед ё ба телефони “Хати оҷилӣ” 900 800 800 занг занед.

👍83😭16🍌8👎7❤6😢2🤔1🙏1
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30.12.24, №1126 нашр шудааст, ки ба пурзӯр кардани назорат дар соҳаи муҳоҷират равона гардида, хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро, ки бояд ба феҳристи шахсони назоратшаванда дохил карда шаванд, муайян мекунад.
Фармон бо мақсади татбиқи Қонуни федералии аз 8 августи соли 2024, №260-ФЗ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия» инчунин мӯҳлати чормоҳаро (аз 1 январи соли 2025 то 30 апрели соли 2025) муқаррар кардааст, ки дар давоми он шаҳрвандони хориҷӣ, шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бо вайрон кардани мӯҳлати будубош қарор доранд ва ё корфармоёни онҳо метавонанд ба мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия, аз ҷумла тавассути муассисаҳои ваколатдор (намояндагиҳои Муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Россия, ки қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар фаъолият менамоянд ё Муассисаи давлатии буҷетӣ ММБ "Сахарово") барои танзими вазъи ҳуқуқӣ ва гирифтани иҷозатномаҳои зарурӣ муроҷиат намоянд.
Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузаронидани расмиёти муайянкунии биометрии шаҳрвандони хориҷӣ, ташхиси тиббӣ барои бемориҳои хатарнок, истифодаи маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, инчунин санҷиши қарзҳо оид ба пардохти боҷҳо, андозҳо, пардохтҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пешбинӣ шудааст.
Мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия аризаҳоро оид ба дароз кардани муҳлатҳои иқомат аз шаҳрвандони хориҷие қабул мекунад, ки ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат надоранд.
Аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, ки қоидаҳои иқоматро вайрон кардааст, барои танзими вазъи ҳуқуқии худ бояд ба мақомоти минтақавӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии ВКД Россия ё намояндагиҳои Муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Россия дар ҷойи иқомати худ муроҷиат кунад.
Мутобиқи Фармони мазкур нисбати шахсони муроҷиатнамуда чораҳои вобаста ба ихроҷ, ҷойгир кардан дар муассисаҳои махсус ва инчунин манъи вуруд татбиқ карда намешаванд. Баъд аз гузаштани расмиётҳои муайяншуда, ба онҳо ҳуҷҷати қонунӣ барои будубош дода мешавад.
Бо фармони мазкур асосҳо барои рад кардани танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин манъи истифодаи ягон маҳдудият ва чораҳои маҷбуркунии давлатӣ нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки бо Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия шартнома бастаанд, муайян карда шудаанд.
Ҳалли масъалаи барасмиятдарории вазъи ҳуқуқӣ пас аз 1 майи соли 2025 ғайриимкон мегардад. Аз санаи мазкур нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубош дар қаламрави Федератсияи Россия асосҳои қонуниро аз даст додаанд, то ихроҷ шудани онҳо аз Россия тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун барои маҳдуд кардани қисме аз ҳуқуқҳо, аз ҷумла дар оянда ворид шудан ба Россия татбиқ карда мешаванд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;
5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

👍53❤10👎1🥰1💩1
Ҳатман бо ин Фармон шинос шавед ба манфиати коратон аст! Алалхуссус он нафароне ки дар ФР ҳастанд.
👍43👎6