Вазорати меҳнат
11.6K subscribers
292 photos
49 videos
5 files
53 links
Саҳифаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Official channel of the Ministry of Labor, Migration and Employment of Population of the Republic of Tajikistan
Download Telegram
Вохӯрӣ бо директори Колеҷҷи Лифтҳои Корея Хенсук Ли

Нимаи дуюми рӯзи 17 декабр, Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо аъзои ҳайати Коллеҷи Лифтҳои Корея (КЛК) таҳти роҳбарии директори он Хенсук Лиро ба ҳузур пазируфт.

Мақсади вохӯрӣ ин фароҳам овардани замина барои сохтори ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои «Барномаи табодули донишҷӯён» ва «Курсҳои забони кореягӣ» байни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи Лифтҳои Корея мебошад.
👍677😁3
👍148😁15👎1074🔥2❤‍🔥1💔1
Дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба муҳоҷират дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” баргузор гардид.
Гурӯҳи корӣ аз мутахиссисони муассисаҳои зерини Вазорат меҳнат иборат аст:
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ, МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва КВД Рӯзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”.
Ҳадаф аз ташкили гурӯҳи корӣ – гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар минтақаҳои дурдаст ва тақвият додани ҳамкорӣ бо Хати оҷилӣ мебошад.
Муовини вазири меҳнат Нодирӣ Шаҳноза Анвар қайд карданд: “Сокинони ҷамоатҳои дурдаст бештар ба муҳоҷират сафар мекунанд ва бояд аз маълумотҳои боэътимод ва роҳҳои қонунии сафари меҳнатӣ хабардор бошанд.”
Ҳамчунин дар рафти муҳокимаҳои гурӯҳи корӣ ба масъалаи омода намудани маводҳои таблиғотии диққатҷалбкунанда оид ба масъалаҳои муҳоҷират таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
👍304🔥1🥰1
👍184🤡2👏1
ЭЪЛОН!!!
Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маълумоти шаҳрвандон – корҷуён мерасонад, ки дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея шуруъ аз семоҳаи аввали соли 2025 сафарбаркунии шаҳрвандон бо мақсади анҷоми фаъолияти меҳнатӣ дар доираи созишномаи мазкур ба Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ оғоз мегардад.
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши кор ва фаъолиятро дар ин кишвар доранд метавонанд дар доираи талаботи корфармо ба Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Тибқи дархости корфармоёи Ҷумҳурии Корея гурӯҳи аввали интиқолшаванда бо ихтиссоси Кафшергар (Сварщик) дар назар аст.
Шарти қабул ва интиқоли корҷуён аз ҷониби корфармо:
Ба қайд гирифтани корҷуй дар Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сину соли мувофиқ аз 18 то 39 сола тибқи созишнома;
Донистани забони кореягӣ ҳатмӣ (дар сатҳи муошират);
Доштани шаҳодатномаи тахассусӣ бо ихтисоси кафшергар.
Шаҳрвандон метавонанд дар марказҳои зерин Забони кореягӣ ва дигар касбу ихтисосҳои лозимиро омӯзанд:
Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе, (+992 909 22 21 22 ва +992 988 50 78 70)
Маркази касбомӯзи ва хизматрасонӣ воқеъ дар шаҳри Бохтари вилоти Хатлон ( +992 907 99 84 89 ва +992 933 28 83 83)
Маркази касбомӯзи ва хизматрасонӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд (назди Тролебусний парк), (+992 92 807 9999)
Супоридани имтиҳони Забони кореягӣ, интихоб ва омодасозии ҳуҷҷатҳо барои сафарбаркунӣ аз ҷониби шахсони масъул (намояндаи Ҷумурии Корея) анҷом дода мешавад.
Эзоҳ: Илова бар ин, шаҳрвандон метавонанд дар дилхоҳ марказҳои
забономӯзии ба онҳо мувофиқ Забони кореягиро омӯзанд.
Барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Лоҳутӣ бинои 108 муроҷиат намоед.
Телефонҳо барои маълумот: 250-32-42 (Вазорат), 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 930 934 994, +992 934 53 51 93 ва +992 906 88 93 13
https://khorijakor.tj/wp-admin/post.php?post=1912&action=edit
👍88🤔6👎53🔥3
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Вохӯрии гурӯҳи кории Хати оҷилӣ!
👍27💩142🍓1
🗣🗣🗣🗣🗣 Эълон. Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон! Ба ин пайванд ворид шавед ва мухтасари эълонро пайгирӣ намоед. http://tajmigration.ru/news/2255-elon-ba-tava12071207u1203i-sha1203rvandoni-1206um1203urii-to1207ikiston.html
👍15💩102👎2🔥1🤡1
Ин боти сохтаи мо барои осонии кори Шумост. Бо истифода аз ин бот Шумо метавонед номи худро аз рйхати 120 000 буда бо дарҷи сана моҳ ва соли таваллуд ёбед. @mehnat_tj_bot
бо ёрии ин бот номи худро аз руйхати шахсони назоратшаванда ҷуед.
👍24👎12😁8🌚5🥴2