МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҶОПОН🇯🇵 ДАР 🇹🇯ДУШАНБЕ
9 декабри соли 2024 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо Сафири Ҷопон дар Душанбе Тошиҳиро Аики мулоқоти арзи адаб (хайрбодӣ) намуд.
Зимни мулоқот тарафҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба раванди муҳоҷират, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.
Гулнора Ҳасанзода миннатдории худро ба Сафир барои мусоидат ва саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла баимзорасонии Ёддошти ҳамкорӣ дар бораи асосҳои заминавии ҳамкории иттилоотӣ ҷиҳати роҳандозии низоми захираҳои инсонии хориҷии дорои мақоми “Мутахассиси соҳибмалакаи махсус” аз 8 августи соли 2024 баён дошта, ҳавасмандии худро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санади мазкур бо назардошти манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар ва ҳарчӣ зудтар сафарбар кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷопон изҳор кард.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфт.
Ба @mlmert обуна шавед!

👍70❤17
Мулоқот бо намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати 🇶🇦Қатар
10 декабри соли равон дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин, муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир, МД “Агентии бокортаъминкунӣ ба хориҷа”, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва суъбектҳои хоҷагидор дар шакли маҷозӣ мулоқот бо намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ, пеш аз ҳама бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Қатар мебошад.
Бояд қайд кард, ки намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар даъват карданд, ки тамоми шароитро барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ - мутахассисон фароҳам меоранд. Тибқи қонунҳои давлати Қатар ҳуқуқи коргаррон ҳамаҷониба ҳимоят карда мешавад ва дар назди кордеҳ ё корфармо масъулияти бештаре гузошта шудааст.
Дар рафти мулоқот зиёда аз 20 субъектҳои хоҷагидор, ки иҷозаи интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар доранд, розигии худро барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои давлати Қатар доданд.
Ҳамзамон, мутобиқи Созишномаи Тоҷикистону Қатар теъдоди муҳоҷирон маҳдуд нест ва вобаста ба талаботи давлати Қатар ва омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвар сафарбар мегарданд.

👍68🔥5
Масъалаҳои марбут ба тартиби бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шарту шароит ва будубоши довталабон, пешниҳоди дархостҳои расмӣ ва ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби корфармоён, инчунин платформаи нави электронии ширкати Ҷусур (www.tawzeef.qa), ки барои корҷӯён роҳандозӣ шудааст, мавриди муҳокима қарор доданд.
👍38❤7🖕2
📢📢📢📢📢ТАВАҶҶУҲ! ТАВАҶҶУҲ! ТАВАҶҶУҲ!
Ба диқати ҳамаи сокинону меҳмонони пойтахт расонида мешавад, бо мақсади иҷрои банди 29 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” (қорори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570) 13 декабри соли ҷорӣ соати 14 00 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни “Ҳунарманди сол” доир мегардад, даъват менамоем.

👍63👎4🤔4😱3❤2🔥1
Заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан Дилрабо Мансури ознакомилась с недавно созданным в рамках проекта «Улучшение профессиональных навыков и возможностей трудоустройства» Центром профессиональной подготовки и обслуживания в Бохтаре, сообщает НИАТ «Ховар».
В Центре наряду с обучением 5 видам профессий, в том числе электрика, сварщика, штукатура, слесаря-сантехника и мастера по установке солнечных панелей, организованы курсы обучения корейскому, английскому и русскому языкам. После окончания учёбы каждый слушатель получает документ государственного образца.

👍49👎3👏3❤2🖕2
Вохӯрӣ бо директори Колеҷҷи Лифтҳои Корея Хенсук Ли
Нимаи дуюми рӯзи 17 декабр, Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо аъзои ҳайати Коллеҷи Лифтҳои Корея (КЛК) таҳти роҳбарии директори он Хенсук Лиро ба ҳузур пазируфт.
Мақсади вохӯрӣ ин фароҳам овардани замина барои сохтори ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои «Барномаи табодули донишҷӯён» ва «Курсҳои забони кореягӣ» байни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи Лифтҳои Корея мебошад.

👍67❤7😁3
Дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба муҳоҷират дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” баргузор гардид.
Гурӯҳи корӣ аз мутахиссисони муассисаҳои зерини Вазорат меҳнат иборат аст:
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ, МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва КВД Рӯзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”.
Ҳадаф аз ташкили гурӯҳи корӣ – гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар минтақаҳои дурдаст ва тақвият додани ҳамкорӣ бо Хати оҷилӣ мебошад.
Муовини вазири меҳнат Нодирӣ Шаҳноза Анвар қайд карданд: “Сокинони ҷамоатҳои дурдаст бештар ба муҳоҷират сафар мекунанд ва бояд аз маълумотҳои боэътимод ва роҳҳои қонунии сафари меҳнатӣ хабардор бошанд.”
Ҳамчунин дар рафти муҳокимаҳои гурӯҳи корӣ ба масъалаи омода намудани маводҳои таблиғотии диққатҷалбкунанда оид ба масъалаҳои муҳоҷират таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

👍30❤4🔥1🥰1